Моҳлиқо Шарифова сардори маркази матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Читать далее Кадри Федератсияи футбол сардори маркази матбуоти Кумитаи сармоягузорӣ таъйин шуд
Все записи автора nansmit
Нишастҳои матбуотӣ 28 январи соли 2019 оғоз мегарданд
ар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату кумита ва агентию идораҳо 28 январи соли 2019 оғоз мегарданд. Читать далее Нишастҳои матбуотӣ 28 январи соли 2019 оғоз мегарданд
Даргузашти рӯзноманигори варзида Холмаҳмад Мавлонов
Субҳи имрӯз, 19-уми декабр, қалби яке аз рӯзноманигорони варзидаи тоҷик, филологи беназир Холмаҳмад Мавлонов дар синни 67-солагӣ аз тапидан бозмонд. Читать далее Даргузашти рӯзноманигори варзида Холмаҳмад Мавлонов
Дар соли равон 80 рӯзноманигор кушта шудаанд
Дар 11 моҳи соли равон дар ҷаҳон на камтар аз 80 рӯзноманигор дар робита ба фаъолияти касбиашон кушта шудаанд. Ин рӯйхатро созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи “Хабарнигорони бидуни марз” (RSF) нашр кард. Читать далее Дар соли равон 80 рӯзноманигор кушта шудаанд
RSF доир ба кушта шудани на камтар 80 журналист дар соли 2018 маълумот дод
Мексика ягона кишварест, ки хабарнигорон дар замони осоишта кушта шудаанд.
Читать далее RSF доир ба кушта шудани на камтар 80 журналист дар соли 2018 маълумот дод
Ёрии ҳуқуқии ройгон барои ВАО
Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” амалигардонии лоиҳаи “Ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО”-ро бо дастгирии молиявии Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, идома медиҳад. Читать далее Ёрии ҳуқуқии ройгон барои ВАО
Аз таҳсил дар вагонҳо то роҳҳои вайрон – Феҳристи мавзӯъҳои танқидӣ ба ТВ-ҳои Тоҷикистон. ВИДЕО
Хабарнигорони телевизионҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла шабакаи “Тоҷикистон” ва “Ҷаҳоннамо” дастур гирифтаанд, ки аз ин ба баъд бештар ба таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва танқидӣ пардозанд. Читать далее Аз таҳсил дар вагонҳо то роҳҳои вайрон – Феҳристи мавзӯъҳои танқидӣ ба ТВ-ҳои Тоҷикистон. ВИДЕО
Вохӯрии кормандони МТЖТ бо донишҷӯёни ДМТ
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултети журналистикаи ин даргоҳ баргузор гардид. Читать далее Вохӯрии кормандони МТЖТ бо донишҷӯёни ДМТ
Вера Исмоилова “Мир”-ро муаррифӣ мекунад
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, журналист Вера Исмоилова Директори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» дар Тоҷикистон таъин шуд. Читать далее Вера Исмоилова “Мир”-ро муаррифӣ мекунад
Узбекистон – як зина боло, Тоҷикистон – «мавриди нигаронии хос»
Департаменти давлатии Амрико дар гузориши солонаи худ дар бораи озодиҳои динӣ мақоми Узбекистону Покистонро тағйир додааст. Масъулони департамент рӯзи 11-уми декабр дар Вашингтон гуфтанд, ки номи Узбекистон аз гуруҳи «кишварҳои мавриди нигаронии хос» берун шуда, баръакс, номи Покистон ба ин гуруҳ ворид гардидааст. Дар бораи ин тасмим шоми 11 декабр Котиби давлатии Амрико Майк Помпео хабар дод. Қарор аст гузориши озодиҳои динии Департаменти давлатӣ барои соли 2018 соли оянда нашр шавад.
- Узбекистон аз соли 2006 ба ин тараф аз ҷониби Департаменти давлатӣ ба гурӯҳи кишварҳои «мавриди нигаронии хос» ворид мешуд.
Узбекистону Русия — дар як қатор
Мақомоти Департаменти давлатии Амрико гуфтанд, ҳамакнун вазъи озодиҳои динӣ дар Узбекистонро дар қатори кишварҳое арзёбӣ мекунад, ки «зери назорати вижа» ҳастанд. Дар ин гурӯҳ имсол Русия ҳам ворид шудааст. Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, дар Русия даҳҳо гурӯҳҳои диние ба мисли «Шоҳидони Яҳво», баптистҳо, лютеранҳо ва дигарон мавриди ҳадаф қарор доштанд ва аз соли 2016 дар ин кишвар фаъолияти созмонҳои миссионерӣ мавриди пайгарди ҷиноӣ қарор гирифтаанд.
«Мавриди таҳримҳои иқтисодӣ қарор мегиарнд»
Котиби давлатии Амрико Майк Помпео рӯзи сешанбе дар Вашингтон гуфт, имсол дар мувофиқа бо Конгресс ба гурӯҳи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” Покистон ҳам шомил шудааст. Чунин мавқеи Ислобомод дар ин феҳрист ба он маъност, ки Покистон метавонад мавриди таҳримҳои Амрико қарор мегирад.
Дар феҳристи кишварҳои поймолкунандаи озодиҳои динӣ қарор додани Покистон равобити миёни Вашингтону Исломободро мушкилтар мекунад. Вашингтон гуфтааст, ки ин тасмим бештар ба он хотир гирифта шуд, ки Покистон барои иҳонат ба арзишҳои дини Ислом ҳукми марг ҷорӣ кард.
Дар Покистон, ки бахши аъзами сокинонаш суннӣ ҳастанд, созмонҳои ҳомии озодии баён дар робита бо шеваи бархӯрд бо ақаллиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла шиаҳо, аҳмадиҳо ва масеҳиён изҳори нигаронӣ кардаанд. Чунин арзёбиҳои Департаменти давлатӣ боис ба эътирози ҳукумати Покистон шуд.
Тоҷикистон мавриди нигаронии хос
Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар гузоришҳои худ дар бораи озодиҳои динӣ Тоҷикистонро низ ба гуруҳи «кишварҳои мавриди нигаронии хос» ворид кардааст.
Департаменти давлатӣ моҳи майи имсол Тоҷикистонро ба гуруҳи кишварҳои мавриди нигаронии хос ворид намуд ва аз маҳдуд шудани озодиҳои динӣ дар кишвар интиқод карда буд. Дар посух мақомот гуфтанд, дар кишвар озодиҳои динӣ риоят мешавад.
Дар миёни кишварҳои дигари мавриди нигаронии хос, ки даст ба “нақзи мунтазам ва доимии озодиҳои динӣ” мезананд, Чину Эрон, Мянмар, Куриёи Шимолӣ, Судон, Арабистони Саудӣ, ва Туркманистон ном бурда мешаванд. Ин гузориш рӯзи 11-уми декабр дар Вашингтон муаррифӣ шуд.
«Гуноҳи онҳо чист?»
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, “дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон нафарони алоҳида бо озору ҳабс рӯ ба рӯ шуда, бархеро марг таҳдид мекунад. Айби онҳо ин аст, ки мехоҳанд мувофиқ ба талаботи дини худ зиндагӣ кунанд”.
Ӯ афзуд, ки «Амрико наметавонад дар баробари чунин фишорҳо як тамошобин бошаду бас».
Гузориши Департаменти давлатӣ исми чанд гуруҳи ҷангҷӯро ба унвони “сохторҳои мавриди нигаронии хос” ҳам ёд кардааст, ки дар миёни онҳо “Ҷабҳат-ан-Нусра”-и Сурия, “Ал-Қоида”, аз ҷумла “Ал-Қоида”-и амалкунанда дар Яман, “Аш-Шабоб”-и Сомалӣ, “Боко Ҳаром”-и Африқои Ғарбӣ, Ҳусиҳои шӯришии Яман, гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ва Толибон ном бурда мешаванд.