Все записи автора nansmit

«Хабарҳоро аз даҳони мардум мегирем» ВИДЕО

Дар Кӯлоб чун дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҳафтаномаву рузномаҳо камтар шудааст ва сабабҳояш ҳам яксон аст. Ру овардани мардум ба манобеи хабарии интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ. Читать далее «Хабарҳоро аз даҳони мардум мегирем» ВИДЕО

Аз вазирону раисони тоҷик чӣ мехоҳанд? ВИДЕО

Хабарнигорони тоҷик ин шабу рӯз ба вазирон ва раисони идораҳои давлатӣ бастаи суолҳои худро омода мекунанд. Онҳо мехоҳанд, паҳлӯҳои норӯшани чанд ҳодисаро, ки дар давоми беш аз ним соли охир дар кишвар рух додааст, маълум кунанд. Аз ҷумла, дар бораи ошӯб дар зиндони Хуҷанд, ки аз ду тараф беш аз бист кушта бар ҷо гузошт ва ба ҷуз аз изҳороти пароканда ва иттилои манобеи мухталиф чизи дигаре ошкор нашуд. Читать далее Аз вазирону раисони тоҷик чӣ мехоҳанд? ВИДЕО

Баҳси 100 акси Ратушенко. Додгоҳ ба нафъи аксбардор ҳукм кард

Аксбардор Геннадий Ратушенко дар баҳси додгоҳӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, баранда шудааст. Читать далее Баҳси 100 акси Ратушенко. Додгоҳ ба нафъи аксбардор ҳукм кард

Рӯзноманигорон бояд пешсафи мубориза алайҳи терроризм бошанд

Иқдомҳои ахири даҳшатафканӣ дар Афғонистон, Покистон ва Мисру Яман, ки аз ҷониби намояндагони гуруҳҳои мусаллаҳи террористӣ анҷом дода мешаванд, бори дигар чеҳраи манфури ин падидаи шум ва тахрибгарро барои мо нишон медиҳад.

Читать далее Рӯзноманигорон бояд пешсафи мубориза алайҳи терроризм бошанд

Тоҷикистон: Намоиши саҳнаҳои бӯсу канор дар ТВ манъ карда шуд

Аз ин ба баъд ҳамагуна лаҳзаҳои бӯсу канор ва ҳамхобагии филмҳо ба телевизионҳои давлатии Тоҷикистон роҳ нахоҳанд ёфт. Як гуруҳи махсус вазифадор шудаанд, ки филмҳоро пеш аз пахш мӯшикофона тамошо карда ва чунин саҳнаҳоро қайчӣ зананд.

Читать далее Тоҷикистон: Намоиши саҳнаҳои бӯсу канор дар ТВ манъ карда шуд

28 январ оғози нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо

Тавре қаблан хабар дода будем, 28 январи соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2018 оғоз мешаванд. Читать далее 28 январ оғози нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо

28-уми январ «ҳисоботдиҳӣ» сар мешавад?

28-уми январ дар ҷумҳурӣ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2018 оғоз мешаванд. Читать далее 28-уми январ «ҳисоботдиҳӣ» сар мешавад?

Манъи намоиши саҳнаҳои бӯсу канор дар ТВ-ҳои Тоҷикистон. ВИДЕО

Ҳамагуна лаҳзаи бӯсу канор ва ҳамхобагӣ дар филмҳо аз ин ба баъд ба телевизионҳои давлатии Тоҷикистон роҳ нахоҳанд ёфт. Як гуруҳи махсус муваззаф шудаанд, ки филмҳоро қабл аз пахш мӯшикофона тамошо карда ва чунин саҳнаҳоро қайчӣ зананд. Масъулони телевизионҳои давлатӣ чунин саҳнаҳоро «фаҳш» ва «муғойир ба арзишҳои миллӣ» унвон мекунанд. Читать далее Манъи намоиши саҳнаҳои бӯсу канор дар ТВ-ҳои Тоҷикистон. ВИДЕО

Интиқоди сахти HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон соли 2018 бисёр бад шудааст ва ба ҳадде, ки мақомот тоби дидани нармтарин интиқодро ҳам надоштаанд. Читать далее Интиқоди сахти HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Хайрулло Мирсаидов ба 8 моҳи зиндон маҳкум шуд

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори тоҷик ва раҳбари пешини КВН-и Тоҷикистон, ки феълан дар хориҷ аз кишвар қарор дорад, ғоибона ба ҳашт моҳи зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ӯро ба сарпечӣ аз корҳои ислоҳӣ ва низ тарки маҳалли зист муттаҳам кардааст. Манобеи додгоҳ гуфтанд, ки мурофиа дар ғайби Хайрулло Мирсаидов рӯзи 11-уми январ баргузор шуд. Читать далее Хайрулло Мирсаидов ба 8 моҳи зиндон маҳкум шуд