Все записи автора nansmit

Кумитаи забон «СССР»-ро ба нақзи қоидаи забон айбдор кард. ВИДЕО

Нашрияи мустақили «СССР» ба нақзи қоидаҳои забони давлатӣ муттаҳам шудааст. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, баъди мутолиаву санҷиши тахминан 40 шумораи «СССР» аз Додситонии кул хостаанд, ки нашрияро ҷарима бандад. Читать далее Кумитаи забон «СССР»-ро ба нақзи қоидаи забон айбдор кард. ВИДЕО

Хайрулло Мирсаидов: «Чаро баргардам? Барои дар зиндон нишастан?»

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари пешини КВН-и Тоҷикистон, таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифтааст. Ӯ ҳоло дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад. Мақомоти Тоҷикистон Мирсаидовро барои сарпечӣ аз корҳои ислоҳӣ ва тарки маҳалли зист ғоибона ба ҳашт моҳи зиндон маҳкум кардаанд ва ӯ дар сурати боздошт ба зиндон интиқол хоҳад ёфт. Читать далее Хайрулло Мирсаидов: «Чаро баргардам? Барои дар зиндон нишастан?»

«Дар дами марг». Журналистикаи тоҷик чӣ оянда дорад?

Сарфи назар аз зиёд шудани давраҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои дигар барои рӯзноманигорони тоҷик, вазъи умумии ин соҳа дар Тоҷикистон ғайри қобили таҳаммул баҳогузорӣ мешавад ва ба таваҷҷуҳи бештар ниёз дорад. Читать далее «Дар дами марг». Журналистикаи тоҷик чӣ оянда дорад?

Вазорати фарҳанг барои беэътиноӣ ба вазъи расонаҳо «гап шунид»

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, аз фаъолият мондани нашрияи мустақили «Озодагон» ба сабаби мушкили молӣ буд ва ҷанбаи сиёсӣ надорад. Баёнияе, ки сабаби танқиди вазорат барои беэътиноӣ ба озодии сухан ва гуногунандешӣ дар ҳамин нишаст шуд. Читать далее Вазорати фарҳанг барои беэътиноӣ ба вазъи расонаҳо «гап шунид»

Холикназар Ҷумаев сазовори ҷойи дуввум гашт

Натиҷаи озмуни минтақавии «Қалами созанда» 5 феврали соли 2019 эълон карда шуд. Дар ҷаласаи тантанавие, ки ба хотири қадрдонии ғолибон доир гардид,  раиси вилоят Раҷабой Аҳмадзода низ иштирок дошт.  Читать далее Холикназар Ҷумаев сазовори ҷойи дуввум гашт

Хатлон: Тоҷикматлубот нишасти матбуотиашро баргузор накард

Бояд имрӯз, соати 13:00, дар  Раёсати иттифоқи ҷамъиятҳои Тоҷикматлубот нишасти матбуотӣ баргузор мегашт, аммо мутаасифона хабаре аз ин нишаст нашуд. Читать далее Хатлон: Тоҷикматлубот нишасти матбуотиашро баргузор накард

Дар Тоҷикистон филмҳоро «қайчӣ» мекунанд. Ахлоқ ё сензура? ВИДЕО

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки қайчӣ кардани саҳнаҳои ишқварзӣ аз филмҳои хориҷӣ «далели ахлоқӣ» дорад. Охири соли гузашта як гуруҳи вижа дар Тоҷикистон муваззаф шуда буд, ки қабл аз пахши филмҳои хориҷӣ саҳнаҳои бӯсу канор ва ҳамхобагиро бибурад. Читать далее Дар Тоҷикистон филмҳоро «қайчӣ» мекунанд. Ахлоқ ё сензура? ВИДЕО

Шоҳиён: «Буридани саҳнаҳои ишқварзӣ далели ахлоқӣ дорад»

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки қайчӣ задани саҳнаҳои ишқварзӣ аз филмҳои хориҷӣ «далели ахлоқӣ» дорад. Охири соли гузашта як гуруҳи вижа дар Тоҷикистон муваззаф шуда буд, ки қабл аз пахши филмҳои хориҷӣ саҳнаҳои бӯсу канор ва ҳамхобагиро бибурад. Читать далее Шоҳиён: «Буридани саҳнаҳои ишқварзӣ далели ахлоқӣ дорад»