Все записи автора nansmit

Блогерҳо: «Танҳо хостем воқеиятро бигӯем». ВИДЕО

Блогерҳои тоҷик, ки барои нашри навори сербинанда дар бораи занҳои танфурӯш, муттаҳам мешаванд, мегӯянд, фақат хостанд воқеиятро бигӯянд ва ҷинояте содир накардаанд.

Читать далее Блогерҳо: «Танҳо хостем воқеиятро бигӯем». ВИДЕО

“Ҷавонони Тоҷикистон” ҳар ҳафта шояд 2-3 маротиба нашр шавад

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам дар нишасти матбуотии кумитаи мазкур зикр кард, ки барои дар як ҳафта ду ё се маротиба нашр шудани рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” имкониятҳо ҳаст ва ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад. Читать далее “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳар ҳафта шояд 2-3 маротиба нашр шавад

Ба Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев аз 15 то 25 соли ҳабс таҳдид мекунад

Қарор аст, парвандаи ҷиноятӣ дар нисбати сардори пешини дафтари матбуотии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев имрӯз, 29-уми июл оғоз шавад. Улуғхоҷаев бо моддаи «хиёнат ба ватан» айбдор мешавад ва парвандаи ӯ мақоми «махфӣ» гирифтааст. Читать далее Ба Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев аз 15 то 25 соли ҳабс таҳдид мекунад

Internews қабули дархостҳо барои иштирок дар озмуни минтақавии рузноманигориро эълон менамояд

Internews дар доираи Барномаи расонаӣ дар Осиёи Марказӣ (MediaCAMP) оғози қабули дархостҳоро барои иштирок дар озмуни нахустини рузноманигорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – MediaCAMP Award-ро  эълон менамояд. Читать далее Internews қабули дархостҳо барои иштирок дар озмуни минтақавии рузноманигориро эълон менамояд

Озмунҳо

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд. Читать далее Озмунҳо

Амри раисиҷумҳур: вазирону раисон сар аз 15 июл ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд

Бар асоси нақшаи тасдиқкардаи Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз 15 июл то 2 август вазирон ва раисони дигари идораҳои давлатӣ аз ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон ба рӯзноманигорон гузориш медиҳанд.

“Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд”, — хабар додааст “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки масъулини вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, метавонанд бо рақамҳои 221-34-24, 888-08-34-04 занг зада, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ мувофиқа намоянд.

Эълонҳо дар бораи вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тариқи хабаргузории “Ховар” нашр карда мешаванд.

Нишастҳои матбуотӣ мутобиқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 баргузор мегарданд ва феълан соле ду бор дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа ва яксола баргузор мешаванд.

https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190711/1029384099/Amri-raisijumhur-vazironu-raison-az-15-iyul-ba-ruznomanigoron-hisobot-medihand.html

Нишастҳои матбуотӣ оғоз мешаванд

Шурӯъ аз 15-уми июл дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳова ташкилоту муассисаҳо дар робита ба ҷамъбасти натиҷаҳои шашмоҳаиаввали соли 2019 оғоз мешаванд.

Читать далее Нишастҳои матбуотӣ оғоз мешаванд

Сӯҳбати сафири Амрико доир ба ҳуқуқи инсон, ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва «шасти моҳидорӣ». ВИДЕО

Ҷон Марк Поммершайм сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, мушкили марбут ба амният набояд ҳамчун як восита барои нақз ё маҳдуд кардани озодиҳои динӣ истифода шавад.

Читать далее Сӯҳбати сафири Амрико доир ба ҳуқуқи инсон, ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва «шасти моҳидорӣ». ВИДЕО

Чаро мансабдорон қонунро иҷро намекунанд?

Боби 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» «Муносибатҳои воситаҳои ахбори омма бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо» ном дорад. Боби мазкур моддаҳои 23-27-ро фаро гирифтааст. Моддаи 23, ки «Ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот» ном дорад, муносибатҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва ташкилотҳоро бо воситаи ахбори омма ба танзим медарорад. Читать далее Чаро мансабдорон қонунро иҷро намекунанд?