Все записи автора nansmit

Саргузашти «Азия-Плюс». Як «О» ба «0» иваз шуд ё воқеа амиқтар аст? ВИДЕО

Пажуҳиши Радиои Озодӣ нишон дод, ки аз кор мондани сомонаи хабаргузории “Азия-Плюс” на мушкили техникӣ, балки дасткории инсонҳост. Аз нигоҳи коршиносон тағйири нишонии фаннии вебгоҳ, мумкин аст, аз тарафи ашхос ё гуруҳҳои манфиатбардор, мақомоти марбута ё рахнагарон (ҳакерҳо) рух дода бошад.

Читать далее Саргузашти «Азия-Плюс». Як «О» ба «0» иваз шуд ё воқеа амиқтар аст? ВИДЕО

Google ва Mozilla «сертификати бехатарӣ»-и мақомоти Қазоқистонро масдуд мекунанд

Ширкатҳои Mozilla ва Google, ки браузерҳои Chrome ва Firefox ба онҳо тааллуқ доранд, гуфтанд, имкони насби «сертификати бехатарӣ»-и мақомоти Қазоқистонро дар дастгоҳҳои пайвасткунанда ба Интернет масдуд хоҳанд кард.

Читать далее Google ва Mozilla «сертификати бехатарӣ»-и мақомоти Қазоқистонро масдуд мекунанд

Умед Бобохонов: «Asia-Plus» ба фишор тан намедиҳад»

Сомонаҳои хабаргузории «Азия-Плюс» (news.tj ва asiaplus.tj) аз рӯзи 19-уми август боз пурра дастнорас аст. Хонандагони хабаргузорӣ шикоят мекунанд, ки ҳатто ба воситаи VPN ё филтршиканҳо наметавонанд ба сомона ворид гарданд. Умед Бобохонов, муассис ва роҳбари гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол мақомот ҷавоб надодаанд, ки ба чӣ далел дастрасӣ ба сомонаи онҳо масдуд шудааст. Аммо вай эҳтимоли сиёсӣ будани қазияро рад кард ва гуфт, “ин кори дасти афроди алоҳида аст, ки оқилона нест”. Тафсилоти бештарро дар гузориши видеоӣ бубинед.

https://www.ozodi.org/a/30121194.html

Сомонаи «Азия-Плюс» бо VPN ҳам боз намешавад, чаро?

Сомонаҳои хабаргузории «Азия-Плюс» (news.tj ва asiaplus.tj) аз рӯзи 19-уми август боз пурра дастнорас аст. Хонандагони ин хабаргузорӣ шикоят мекунанд, ки ҳатто ба воситаи VPN ё филтршиканҳо наметавонанд ба сомона ворид гарданд.

Читать далее Сомонаи «Азия-Плюс» бо VPN ҳам боз намешавад, чаро?

НАНСМИТ: «Танҳо 1%-и рӯзноманигорон аз посухҳои мақомот розиянд»

Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ бар пояи як пажӯҳиши худ ба натиҷае расид, ки танҳо як дарсади хабарнигорони тоҷик аз посухҳои мақомот ба дархостҳояшон барои гирифтани иттилоъ қаноатманданд.

Читать далее НАНСМИТ: «Танҳо 1%-и рӯзноманигорон аз посухҳои мақомот розиянд»

Ҳуқуқшиносон роҳҳои ҳимояи ҳаққи рӯзноманигоронро меомӯзанд

Дар Тоҷикистон ба хотири пуштибонӣ аз рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил як гурӯҳи вакилони мудофеъро омода мекунанд. Онҳо мегӯянд, қонунҳои кишвар озодии баёнро замонат медиҳанд, аммо дар амал ин озодӣ рӯ ба коҳиш ниҳода, ниёз ба ҳимоят дорад.

Читать далее Ҳуқуқшиносон роҳҳои ҳимояи ҳаққи рӯзноманигоронро меомӯзанд

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев ба 15 соли зиндон маҳкум шуд, ВИДЕО

Сухангӯи пешини Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст. Як манбаъ рӯзи 15-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Муҳаммадҷон Улуғхоҷаевро ба «хиёнат ба давлат» гунаҳкор карданд. Ҳукм рӯзи 14-уми август аз сӯи ҳайати мушовараи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон эълон шудааст.

Читать далее Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев ба 15 соли зиндон маҳкум шуд, ВИДЕО

Қирғизистонро ба ҳифзи «озодии баён» даъват доранд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон — «Гузоришгарони бидуни марз» аз мақомоти Қирғизистон даъват дорад, ки ба телевизиони мухолифи «Апрел» имкон диҳанд, то дубора пахши барномаҳои худро ба роҳ монад.

Читать далее Қирғизистонро ба ҳифзи «озодии баён» даъват доранд

Bloomberg: Facebook паёмҳои садоиро рамзкушоӣ мекард

Шабакаи иҷтимоии Facebook тайи муддати тӯлонӣ барои рамзкушоии паёмҳои садоии корбаронаш ба ширкатҳои севум маблағ пардохт кардааст. Дар ин бора Bloomberg бо истинод ба манобеи худ дар ширкатҳои мазкур иттилоъ додааст.

Читать далее Bloomberg: Facebook паёмҳои садоиро рамзкушоӣ мекард

Манбаъ: «Муҳлати сабти симкортҳо дароз карда шуд»

Манобеъ дар ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки мӯҳлати сабтиноми симкортҳо бо шиносномаи намунаи нав (палстикӣ) тамдид шудааст. Пештар ин муҳлат то 15-уми август муқаррар шуда буд.

Читать далее Манбаъ: «Муҳлати сабти симкортҳо дароз карда шуд»