Шӯрои ҳимояи журналистон (Committee to Protect Journalists) як ниҳоди бонуфузи байналхалқӣ раддабандии нави хатарноктарин кишварҳои оламро барои журналистон, ки бештари ҳолатҳои марги журналистон ноошкор мондааст, нашр кард. Раддабандии мазкур дар сомонаи расмии ин Шӯро нашр гардид. Читать далее Беҳимояттарин қишри ҷомеа журналистонанд
Все записи автора nansmit
Чанд тақозо аз Макрон пеш аз мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Дар остонаи мулоқоти раиси ҷумҳури Фаронса бо Эмомалӣ Раҳмон, ду созмони муҳими дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии матбуот аз Эммануел Макрон хостанд, ки ба масъалаи саркӯбу ҳабси мунтақидон, шиканҷа, маҳдудияти озодии баён ва маргумири боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон «чашм напӯшад». Қарор аст, мулоқот рӯзи 8-уми ноябр дар Париж баргузор шавад. Читать далее Чанд тақозо аз Макрон пеш аз мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Ҷеймӣ Флай ва Эмомалӣ Раҳмон озодии баён ва аккредитатсияро баррасӣ карданд
Чанд рӯз баъд аз посухи пароканда ва нисбии Тоҷикистон ба дархости Радиои Озодӣ барои аккредитатсияи хабарнигору кормандонаш, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Дар ин дидор, ки бо дархости Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL) дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон ба Аврупо, дар Сюрихи Швейтсария сурат гирифт, ду ҷониб вазъ ва шароити кори хабарнигорон ва кормандони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Читать далее Ҷеймӣ Флай ва Эмомалӣ Раҳмон озодии баён ва аккредитатсияро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон: Қатъи фаъолияти “Озодӣ” дурӯғи маҳз аст
Президенти Тоҷикистон зимни дидор бо Ҷеймӣ Флай, Президенти Радиои “Озодӣ” хабарҳо мабнӣ бар қатъи фаъолияти дафтари ин радио дар Тоҷикистонро “дурӯғи маҳз” унвон кард. Читать далее Эмомалӣ Раҳмон: Қатъи фаъолияти “Озодӣ” дурӯғи маҳз аст
Эрод ва талаби Эмомалӣ Раҳмон аз Радиои Озодӣ: ӯ овозаи басташавиро дурӯғ хонд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 7 ноябри соли 2019 дар шаҳри Сюрихи Швейтсария бо Ҷеймӣ Флай, президенти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” мулоқот кард.
Читать далее Эрод ва талаби Эмомалӣ Раҳмон аз Радиои Озодӣ: ӯ овозаи басташавиро дурӯғ хонд
Дастрасӣ ба Интернет дар ҷаҳон «осон мешавад». Дар Тоҷикистон чӣ? САДО
50 сол пеш бо пайваст кардани ду компютер паёми аввалини электронӣ фиристода шуд ва ин ҳодиса аз кашфи Интернет дарак дод. Ин таҷриба 29-уми октябри соли 1969 аз тарафи Чарли Клайн, донишҷӯи Донишгоҳи Калифорния дар шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико ба воситаи шабакаи компютерии ARPANET анҷом шуд. Мегӯянд, паёми аввал аз ду ҳарф иборат буд: «Lo». Дертар маълум шуд, ки вақти фиристодани паём система ногаҳон хароб шудааст. Чарли Клайн мехост, калимаи «Login»-ро фиристад. Талоши дуюми ӯ натиҷаи мусбат дод. Читать далее Дастрасӣ ба Интернет дар ҷаҳон «осон мешавад». Дар Тоҷикистон чӣ? САДО
Номаи Президенти Радиои Озодӣ ба Сироҷиддин Муҳриддин
Ҷейммӣ Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми октябр бо ирсоли номае ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон, аз тасмими ин вазоратхона, ки бархе хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодиро сабти ном накард ва барои бархе дигар барои муҳлати кутоҳ иҷозаи фаъолият дод, интиқод намуд. Оқои Флай тайи ин нома гуфтааст, ки ин тасмим монеи анҷоми рисолати рӯзноманигорони Радиои Озодӣ дар дохили Тоҷикистон мешавад. Читать далее Номаи Президенти Радиои Озодӣ ба Сироҷиддин Муҳриддин
ЭЪЛОН: қабули дархост барои иштирок дар тренинг
Моҳи ноябри соли 2019 Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар шаҳри Хуҷанд, дар доираи лоиҳаи «Рушди муносибатҳои ташкилии дохилӣ ва байнисоҳавии АМВАОМТ», бо дастгирии молиявии Интернюс Тоҷикистон, баргузории тренинги дурӯзаи «Баланд бардоштани қобилияти ташкилот»-ро ба нақша гирифтааст. Читать далее ЭЪЛОН: қабули дархост барои иштирок дар тренинг
Эътирози рӯзноманигорон аз феҳристи Бонки Миллӣ
Гурӯҳе аз хабарнигорон ва фаъолони тоҷик муқими Аврупо бо нашри як изҳорот, аз ворид шудани номи худ ба «феҳристи афроди алоқаманд ба терроризм»-и Бонки Миллии Тоҷикистон, нигаронӣ карда ва онро маҳкум намудаанд. Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон то ҳол дар ин бора вокуниш накардаанд ва талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти назари расмӣ то ин лаҳза бенатиҷа будааст. Дар Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, танҳо бо мактуби расмӣ дар ин бора посух медиҳанд. Читать далее Эътирози рӯзноманигорон аз феҳристи Бонки Миллӣ
Намояндаи Вазорати умури хориҷии ИМА гуфт, аз ҳаққи кормандони Радиои Озодӣ ҳимоят мекунад
Элис Уэллс, Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як изҳорот гуфтааст, ки аз маъракаи байналмилалии талаби иҷозаи корӣ ба рӯзноманигор ва кормандони Бахши Тоҷикии Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ пуштибонӣ мекунад. Читать далее Намояндаи Вазорати умури хориҷии ИМА гуфт, аз ҳаққи кормандони Радиои Озодӣ ҳимоят мекунад