Все записи автора nansmit

Дар Конибодом аввалин радиои хусусӣ ба кор шурӯъ кард

Мавҷи радиои «KAND-FM» дар ҳудуди шаҳр ва минтақаҳои атроф дастрас буда, он бо мақсади пурра намудани фазои иттилоотӣ фаъол карда шуд.

Дар шаҳри Конибодом нахустин радиои хусусӣ ба фаъолият оғоз кард, гузориш медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Дар ин бора рӯзноманигорони маҳаллӣ низ гузориш додаанд.

Гуфта мешавад, радиои хусусӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдумалик Қодиров таъсис ёфта, ҳайати эҷодӣ ва техникии онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Тибқи иттилои муассисон мавҷи радиои «KAND-FM» дар ҳудуди шаҳр ва минтақаҳои атроф дастрас буда, он бо мақсади пурра намудани фазои иттилоотӣ фаъол карда шуд.

Ҳайати эҷодӣ ва техникии «KAND-FM» ният доранд, ки бо таҳияву пешниҳоди барнома ва гуфторҳои ҷолиб шунавандагони хешро хушнуд созанд.

https://sputnik-tj.com/culture/20200113/1030529827/konibodom-radio-sohibkor.html

 

 

 

 

 

 

Сарвазири Малта ба хотири куштори рӯзноманигор ба истеъфо рафт

Сарвазири Малта Ҷозеф Мускат дар пайи тафтиши пурмоҷарои куштори рӯзноманигор Дафне Каруана Галисия расман аз мақомаш истеъфо дод. Читать далее Сарвазири Малта ба хотири куштори рӯзноманигор ба истеъфо рафт

Нома ба президент:»Овози тоҷик»-ро наҷот диҳед!

Ашки шодӣ ва ғам

Аввалин рӯзи навбаҳори соли 2018 басо болидаруҳ будам.Зеро маҳз бо иродаи нек ва ибтикори башардӯстонаи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев марзи бастаи Ӯзбекистону Тоҷикистон кушода шуду ҳазорон ҳазор мардуми ташнаи дидор ба висоли ҳамдигар расиданд. Шодию нишот, бӯсу канор ва ашки шодии пиру барноро дида, дили ҳассос якбора ба ваҷд омаду беихтиëр гиристам… Хушбахтона, он гиря аз хурсандӣ буд. Аммо… Читать далее Нома ба президент:»Овози тоҷик»-ро наҷот диҳед!

Сару садоҳо атрофи “Овози тоҷик” зиёданд, натиҷа чӣ?

Дар ин авохир масъалаи аз байн рафтани рӯзномаи ягона дар сатҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон — “Овози тоҷик” ба яке аз масъалаҳои доғтарин табдил ёфтааст. Дуруст аст, ки сару садоҳои зиёд баланд мешаванд, даъватҳо яке аз паси дигар дар саҳифаҳои ин рӯзнома ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашру пахш мегарданд. Читать далее Сару садоҳо атрофи “Овози тоҷик” зиёданд, натиҷа чӣ?

Оё рӯзномаи 95-солаи “Овози тоҷик” баста мешавад?

Рӯзномаи “Овози тоҷик” аз 24 августи соли 1924 то кунун мунашир гардида, имрӯз дар ВАО Ӯзбекистон ҳамчун рӯзномаи Маҷлиси олии Девони вазирони Ӯзбекистон сабти ном шудааст. Читать далее Оё рӯзномаи 95-солаи “Овози тоҷик” баста мешавад?

Тағйироти кадрӣ дар ВКД Тоҷикистон: ба Умарҷони Эмомалӣ вазифаи нав доданд

Тибқи фармони Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ, сардори Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон муовини роҳбари дастгоҳи вазорат таъйин гардид Читать далее Тағйироти кадрӣ дар ВКД Тоҷикистон: ба Умарҷони Эмомалӣ вазифаи нав доданд

RSF: Журналистика “як пешаи хатарнок” боқӣ мемонад

Созмони Гузоришгарони бидуни марз (RSF) мегӯяд, ки соли 2019 журналистика “як пешаи хатарнок” боқӣ мондааст, чун дар ин сол 49 журналист кушта шуда, 389 нафар дар зиндон ва 57 нафар гаравгон боқӣ мемонанд. Читать далее RSF: Журналистика “як пешаи хатарнок” боқӣ мемонад

Рӯзноманигори тоҷик бо кумаки бародарони муҳоҷираш вакил шуданист. ВИДЕО

Завқибек Саидаминӣ (Солеҳов), рӯзноманигори ҷавон ва яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, довталаби курсии вакили порлумон шудааст. Читать далее Рӯзноманигори тоҷик бо кумаки бародарони муҳоҷираш вакил шуданист. ВИДЕО

Озмуни “Солимии деҳаи ман — нерӯи асосии ман” ҷамъбаст шуд

Имрӯз, 27-уми декабр, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар озмун дар мавзӯи “Солимии деҳаи ман — нерӯи асосии ман” ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур аввали соли равон миёни рӯзноманигорони расонаҳои ватанӣ эълон шуда буд.
Читать далее Озмуни “Солимии деҳаи ман — нерӯи асосии ман” ҷамъбаст шуд

ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. АМИТ «Ховар» беҳтарин ВАО дар тарғиби соҳаи варзиш дар соли 2019 эълон гардид

24 декабр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар соли 2019 баргузор гардид. Читать далее ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. АМИТ «Ховар» беҳтарин ВАО дар тарғиби соҳаи варзиш дар соли 2019 эълон гардид