Бегоҳии рӯзи 5 апрел бахши тоҷикии «Радиои Озодӣ» гузориш дар бораи он нашр кард, ки дар шимоли Тоҷикистон як мард фавтидааст ва тамоми кормандони тиббие, ки ӯро нигоҳубин мекарданд, карантин шудаанд. Ин хабар на танҳо дар миёни мардуми оддӣ воҳима ба бор овард, балки ВАО-ро ба нашри як силсила мақолаҳо ва мақомотро барои муошират бо ВАО водор сохт. Читать далее Чӣ гуна «Радиои Озодӣ» Тоҷикистонро тарсонд ва ба расонаҳо таъсир расонд
Все записи автора nansmit
Пандемия ба реклама эҳтиёҷ надорад: расонаҳо дар Тоҷикистон дар интизории бӯҳрон карахт шудаанд
Тоҷикистон ва Туркманистон дар тамоми қаламрави пасошӯравӣ ягона кишварҳое боқӣ мондаанд, ки дар онҳо COVID-19 ҳанӯз ба қайд гирифта нашудааст. Аммо агар мӯъҷизае рух диҳад ва коронавирусро воқеан ба ин кишварҳо нарасонад ҳам, оқибатҳои иқтисодии пандемия, эҳтимолан, онҳоро бетаъсир намегузорад. Дар ҳар сурат, пешгӯиҳои иқтисодӣ барои Тоҷикистон умедбахш нестанд ва расонаҳои маҳаллӣ аллакай аз амалӣ шудани онҳо пай бурда истодаанд. Читать далее Пандемия ба реклама эҳтиёҷ надорад: расонаҳо дар Тоҷикистон дар интизории бӯҳрон карахт шудаанд
Таъхири мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори боздоштшуда Далер Шарифов
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасии парвандаи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷикро, ки имрӯз дар назар буд, ба таъхир гузоштааст
Читать далее Таъхири мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори боздоштшуда Далер Шарифов
Нахустин мурофиаи парвандаи Далер Шарифов ба таъхир афтод.
Нахустин мурофиаи додгоҳии Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик, ки қарор буд баъд аз зӯҳри 13-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баргузор шавад, ба таъхир афтод. Вакили дифои Далер Шарифов сабаби таъхири мурофиаро ҳозир нашудани намояндаи додситонӣ гуфт. Читать далее Нахустин мурофиаи парвандаи Далер Шарифов ба таъхир афтод.
RSF гуфт, иттиҳомот ба зидди хабарнигори тоҷик «пуч» аст
Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, Далер Шарифов хабарнигори тоҷикро, ки қарор аст, имрӯз муҳокимааш оғоз ёбад, фавран раҳо кунад. Читать далее RSF гуфт, иттиҳомот ба зидди хабарнигори тоҷик «пуч» аст
Додгоҳ қазияи Шарифов, рӯзноманигори боздоштшударо баррасӣ мекунад
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба баррасии парвандаи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик оғоз мекунад.
Читать далее Додгоҳ қазияи Шарифов, рӯзноманигори боздоштшударо баррасӣ мекунад
Аз журналистика чӣ мехоҳам?
Ин таъбир, ки журналистон ҳақиқатро мегӯянд, барои ман ҳамчун як нафари ҳамакнун дар ин роҳ ба сафар баромада ҷолибу ширин садо медиҳад. Вале ин бебаҳс аст, ки ҳақиқати мутлақ хоси ҳеҷ давру замону ҳеҷ касе нест, ҳатто нафароне, ки мехоҳанд ҳақиқат побарҷо бошаду он ҳукм фармояд. Яъне, ҳақиқат ҳамеша нисбист ва ҳамин моро вомедорад, ки ҳамеша барои мутлақ буданаш саъй намоем. Читать далее Аз журналистика чӣ мехоҳам?
Тоҷикистон сабти IMEI-и телефонҳои мобилиро ҳатмӣ кард. Амният ё назорат?
Ҳукумати Тоҷикистон сабти рақами IMEI-и ҳама гуна телефонҳои мобилӣ, планшет ва ноутбукҳоро ҳатмӣ кард. Қарор дар ин бора рӯзи 31-уми марти имсол содир шудааст. Читать далее Тоҷикистон сабти IMEI-и телефонҳои мобилиро ҳатмӣ кард. Амният ё назорат?
Додгоҳ «Ахбор»-ро баст. Мирзои Салимпур: Ин ҳамлаи ошкор ба озодии матбуот аст
Додгоҳи олии Тоҷикистон сомонаи мустақили «Ахбор»-ро, ки қароргоҳаш дар шаҳри Прага аст, ба рӯйхати вебсайтҳои мамнуъ дар кишвар ворид кард. Мақомот торнаморо ба он айбдор кардаанд, ки ба созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифин дар Аврупо, «хидмат мекунад». Читать далее Додгоҳ «Ахбор»-ро баст. Мирзои Салимпур: Ин ҳамлаи ошкор ба озодии матбуот аст
Парвандаи рӯзноманигор Далер Шарифов дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ мешавад
Парвандаи рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов бо моддаи 189 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) рӯзи 13-уми апрел, соати 14:00 дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад. Читать далее Парвандаи рӯзноманигор Далер Шарифов дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ мешавад