Раиси вилояти Хатлон таъхир дар нашри ҳафтаномаҳо дар вилояти Хатлон ибрози нигаронӣ кардааст. Читать далее Нигаронии мақомот аз таъхир дар нашри ҳафтаномаҳо дар Хатлон
Все записи автора nansmit
Diyor FM — нахустин радиои интернетии тоҷикони Амрико
Дар шабакаи Интернет радиои тоҷикони Амрико бо номи Diyor FM ба фаъолият оғоз намуд. Барномаҳои радиои Diyor FM-ро мешавад тариқи онлайн, яъне тавассути Интернет гӯш кард -http://www.radiodiyor.com/. Дар сайти интернетии ин радио инчунин аксу нигораҳои муаррификунандаи фарҳанги миллии тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ нашр шудаанд. Читать далее Diyor FM — нахустин радиои интернетии тоҷикони Амрико
ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БА ЖУРНАЛИСТОН НЕТБУК ТӮҲФА КАРД
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик журналистони вилояти Суғд бо тӯҳфа ва Сипосномаи раиси вилоят Қоҳир Расулзода қадрдонӣ гардиданд. Ба бархе аз журналистони мустақил ва мухбирони расонаҳои ғайридавлатӣ Қоҳир Расулзода нетбук тӯҳфа кард.
Дар ин бора аз Ҳукумати вилояти Суғд ба TojNews иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз, 11-уми март бо иштироки раиси вилоят Қоҳир Расулзода адибон, рӯзноманигорон, намояндагии расонаҳои хабарии вилоят дар Корхонаи воҳиди давлатии «Кохи матбуот» 101-солагии матбуоти тоҷик таҷлил гардид.
Дар оғози чорабинӣ раиси вилоят Қоҳир Расулзода рӯзноманигорон, аҳли эҷоду сухан ва ноширони матбааҳои вилоятиро ба муносибати иди касбӣ — Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11-уми март — рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» таҷлил мешавад, табрик намуд.
Дар бораи нақши расонаҳои хабарӣ ва электронӣ дар рушду нумӯи ҷомеа изҳори ақида намуда, раиси вилоят гуфт, воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеоти рӯзгор нақши муассир доранд…
Дар ин чорабинӣ ба журналистони вилоят унвони Аълочии матбуот ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Аз ҷумла, Акрамҷон Урунов, директори Ширкати телевизионӣ ва радиошунавонии СМ1 ва Саъдулло Файзиев бо унвони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Ҷовид Ниёзӣ бо унвони Аълочии Телевизион ва радио қадрдонӣ шуданд.
Тӯҳфаи раиси вилояти Суғд — нетбукҳо ба мухбирони ҳафтаномаҳои «СССР», Раҳим Ҳасанов, «Фараж», Қамари Аҳрор ва журналистони мустақил — Тилав Расулзода, Илҳом Ҳошимов, Абдусабури Абдуваҳҳоб ва Нуъмон Раҷабов супурда шудааст.
Маврид ба зикр аст, дар маркази вилояти Суғд 12 шабакаи телевизионӣ, 48 рӯзнома ва 6 маҷаллаи давлативу хусусӣ фаъолият мебаранд.
http://tojnews.tj/netbook-ba-journalistoni-mustakil-az-rasulzoda
ХАТЛОН: ҚАДРДОНӢ АЗ ЖУРНАЛИСТОН ДАР РӮЗИ МАТБУОТ
Cубҳи имрӯз, 11-уми март, Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик хабарнигоронро ба ҳузур пазируфт. Читать далее ХАТЛОН: ҚАДРДОНӢ АЗ ЖУРНАЛИСТОН ДАР РӮЗИ МАТБУОТ
Зуҳуров аз хабарнигорон хост, дар арафаи интихобот “дақиқкор” бошанд
Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон, дар арафаи интихоботи президентии соли 2013 хабарнигорони тоҷикро ба дақиқкорӣ хонда, таъкид намуд, ки аз афзоиши баҳсҳои додгоҳӣ наҳаросанд. Читать далее Зуҳуров аз хабарнигорон хост, дар арафаи интихобот “дақиқкор” бошанд
Нашрияи «ИмрӯзNews» ба додгоҳи Душанбе шикоят бурд
Нашрияи «ИмрӯзNews» аз болои ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки баҳси миёни онҳо ва Рустам Ҳукумов, писари раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистонро ба нафъи дувумӣ поён бурд, ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Дар ин бора ба «Озодагон» Назири Нусрат, сардабири «Имрӯз Нюс», хабар дод ва гуфт, онҳо ҳукми додгоҳи Исмоили Сомониро, ки нашрияро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷуброн ба Рустам Ҳукумов масъул кардааст, қабул надоранд ва онро «ғайриқонунӣ» мешуморанд. Читать далее Нашрияи «ИмрӯзNews» ба додгоҳи Душанбе шикоят бурд
Таманниёт ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик
Рӯзи 11 март дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай мо – журналистони тоҷик солгарди навбатии ҷашни касбиамонро таҷлил менамоем. Ҳарчанд он рӯзи таъсисёбии рӯзномаи нахустини тоҷикӣ «Бухорои шариф» аст, вале имрӯз намояндагони ҳамаи намудҳои воситаҳои ахбори омма – коркунони телевизиону радио, агентиҳои иттилоотӣ, коркунони соҳаи интишори китоб, хабарнигорони сомонаҳои интернетӣ низ онро ҳамчун рӯзи касбиашон таҷлил менамоянд. Читать далее Таманниёт ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик
Табрикоти идонаи Раиси ИЖТ
Имрӯз мо, журналистон, онҳое, ки барои ҳам дохил ва ҳам барои хориҷи мамлакат чигунагии ҳақиқати Тоҷикистонро ҷилвагар месозем, иди касбӣ дорем. Сафҳаи навбатии таърихи журналистикаи муосири ватаниро баргардонида, ба ҳукми анъана, аз муваффақияту пешравиҳо ва инчунин мушкилоту нокомиҳои соҳа дар соли сипаришуда ёд кардан ба маврид аст. Читать далее Табрикоти идонаи Раиси ИЖТ
ГОВСУДИ ЖУРНАЛИСТ ВА ҚОРИИ ҚУРЪОН
Ба ҷонибдорони Озодии баён, муҳофизони Сарқонуни Тоҷикистон ва 101-солагии Матбуоти тоҷик бахшида мешавад! Читать далее ГОВСУДИ ЖУРНАЛИСТ ВА ҚОРИИ ҚУРЪОН
«Афсӯс, озодии сухан дар мо ба дараҷаи зарурӣ нест»
Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, дар остонаи рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил мешавад, дар номае вазъи матбуот, озодии баён ва таъқиби хабарнигоронро баррасӣ кардааст. Читать далее «Афсӯс, озодии сухан дар мо ба дараҷаи зарурӣ нест»