Все записи автора nansmit

Кабирӣ хост, роҳи мухолифон ба ТВ-ҳои Тоҷикистон боз шавад

Бархе аз намояндагони аҳзоби мухолиф дар парлумон аз он норизоӣ карданд, ки телевизонҳои давлатии Тоҷикистон аз намоиш ва пахши суҳбату суханрониҳояшон худдорӣ мекунанд. Ин ҳарфҳо дар ҷараёни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни «Телевизион ва радиошунавонӣ», ки аз сӯи Сайидалии Сиддиқ, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, муаррифӣ мешуд, дар Маҷлиси Намояндагон садо доданд.  Читать далее Кабирӣ хост, роҳи мухолифон ба ТВ-ҳои Тоҷикистон боз шавад

Давлат Назриев ба сафорати Тоҷикистон дар Белорус меравад

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба фаъолияти дипломатии худ дар сафорати Тоҷикистон дар Белорус идома медиҳад. Читать далее Давлат Назриев ба сафорати Тоҷикистон дар Белорус меравад

ҲУКУМАТ САФИАЛЛО ДЕВОНАЕВРО БА РИОЯИ ҚОНУН ДАЪВАТ КАРД

Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон қазияи ба нишасти матбуотии Хадамоти муҳоҷират роҳ надодани хабарнигоронро баррасӣ карда, ба Сафиалло Девонаев, раиси ин хадамот, огоҳӣ додааст, то минбаъд ба ин амали ғайриқонунӣ роҳ надиҳад. Читать далее ҲУКУМАТ САФИАЛЛО ДЕВОНАЕВРО БА РИОЯИ ҚОНУН ДАЪВАТ КАРД

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 8 ҚОНУНРО ИМЗО КАРД

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ», «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи боҷи давлатӣ»-ро имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба имзо расонид.  Читать далее ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 8 ҚОНУНРО ИМЗО КАРД

БАРРАСИИ ШИКОЯТИ ХАБАРНИГОР ДАР СУДИ ШАҲРӢ

Субҳи 20-уми март Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии Суди шаҳри Душанбе шикояти Амруллоҳи Низом, хабарнигори “TojNews”-ро аз болои қарори суди марҳилаи якум (қарори суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт) баррасӣ мекунад. Читать далее БАРРАСИИ ШИКОЯТИ ХАБАРНИГОР ДАР СУДИ ШАҲРӢ

Раҷаби Мирзо мустақилона вориди корзори интихоботӣ мешавад

Раҷаби Мирзо, журналисти шинохтаи тоҷик мегӯяд, ки дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи шумораи 39-и Восеъ, на аз тариқи ҳизбӣ, балки аз роҳи инфиродӣ вориди корзор мешавад. Читать далее Раҷаби Мирзо мустақилона вориди корзори интихоботӣ мешавад

Оғози муҳокимаи шикояти «Тоҷирон» алайҳи нашрияи «ИмрӯзNews»

Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон ба баррасии шикояти ширкати «Тоҷирон» алайҳи рӯзномаи «ИмрӯзNews» оғоз кард. Читать далее Оғози муҳокимаи шикояти «Тоҷирон» алайҳи нашрияи «ИмрӯзNews»