Все записи автора nansmit

Самти ҳуқуқии иштироки ВАО дар маъракаҳои интихоботӣ

Иштироки воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар маъракаҳои сиёсӣ, ба монанди раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ба сатҳи амалӣ намудани ҳуқуқи конститутсионии ҳар кас ба озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор пайваста мебошад. Кафолати ин ҳуқуқ аз моҳияти демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани давлат, аз усули соҳибихтиёрии халқ бармеояд. Зеро ки ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ фақат дар муҳити демократӣ ва таъмини волоият ва риояи Конститутсия ва қонунҳо ҳарчи пурратар татбиқ шуда метавонанд. Берун аз муҳити демократӣ ва сарфи назар кардани қоидаҳои раванди демократӣ ҳеҷ як ҳуқуқу озодӣ мувофиқи таъиноти аслии худ амалӣ намегардад. Муҳити демократӣ бошад иборат аз маҷмўи қоидаҳое аст, ки барои ҳарчи бештар ҷалб кардани шаҳрвандон ба ҳаёти сиёсии мамлакат, ба идоракунии корҳои ҷомеа ва давлат ва муайян кардани роҳҳалҳои устувори амалӣ намудани онҳо зарур мебошанд. Читать далее Самти ҳуқуқии иштироки ВАО дар маъракаҳои интихоботӣ

Фаъъолияти бахшҳои родиюи «Озодӣ» дар Осиёи Миёна арзёбӣ шавад

Раҳбарони 10 созмони хабанигорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ ва байналмилалӣ бо интишори баёнияе муштарак вазъи бахшҳои Осиёи Марказии родиюи омрикоии “Озодӣ” (Radio Liberty)-ро «бӯҳронӣ» тавсиф кардаанд. Читать далее Фаъъолияти бахшҳои родиюи «Озодӣ» дар Осиёи Миёна арзёбӣ шавад

Нигаронии сафорат аз афзоиши ахбори дурӯғи ВАО-и Русия оиди тоҷикон

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав имрӯз, 14-уми май бо пахши як иттилоия хабари расонаҳои русиро дар мавриди фавти тоҷикон дар сониҳаи нақлиётӣ дар вилояти Пенза рад кард. Читать далее Нигаронии сафорат аз афзоиши ахбори дурӯғи ВАО-и Русия оиди тоҷикон

Додгоҳ баҳси Қаюмзоду «Озодӣ»-ро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвоии Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори шинохтаи тоҷикро алайҳи Радиои Озодӣ қабул намуда, расман истеҳсолоти судиро оғоз намудааст. Читать далее Додгоҳ баҳси Қаюмзоду «Озодӣ»-ро баррасӣ мекунад

«Моддаи марбут ба таҳқири президентро бояд ба Кодекси шаҳрвандӣ кӯчонанд»

Ҳумайрои БАХТИЁР. 

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон, ҳуқуқдонҳо ва намояндагони расонаҳои хабарӣ дар як нишасти бахшида ба рӯзи ҷаҳонии озодии баён дар Душанбе хостанд, банди марбут ба таҳқири раисиҷумҳур (137) аз Кодекси ҷиноӣ ҳазф гардад. Ҳамчунин онҳо тақозо карданд, банди 330-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба қонуни шаҳрвандӣ кӯчонда шавад. Хабарнигори “Озодагон” аз ҳуқуқдони тоҷик Ҷунайд Ибодов пурсид, ки иллати боқӣ мондани бандҳои 137 ва 330 дар қонуни ҷиноӣ чист ва оё ба фаъолияти озодонаи хабарнигорон монеае эҷод намекунад? Читать далее «Моддаи марбут ба таҳқири президентро бояд ба Кодекси шаҳрвандӣ кӯчонанд»

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ ДАР БОРАИ ҚАЮМЗОД ВА «ОЗОДӢ»

Бори аввал Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қазияи хабарнигори Радиои “Озодӣ” Абдуқаюми Қаюмзодро шарҳ дода, гуфт: Қаюмзод бо сабаби вайрон кардани Низомномаи аккредитатсионии вазорати мазкур сабти ном нашудааст. Читать далее ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ ДАР БОРАИ ҚАЮМЗОД ВА «ОЗОДӢ»

Изҳороти Намояндаи олӣ Кэтрин Эштон аз номи Иттиҳоди Аврупо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, 03 маи соли 2013

Даррўзи20-мин солгарди Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот Иттиҳоди Аврупо сари хам фуруд меоварад назди хабарнигорони тамоми ҷаҳон, ки ҳаёти хешро ба тавзеҳи ҳаводис ва баёни нукта – баъзан ҳатто аз ҳи соби талафоти шахсӣ -бахшидаанд, дарҳолате, ки гумон дорем бисёреҳо сукутро афзал мешумориданд.

Матбуоти озод, мустақил ва фаъол дар ҳар ҷо меаи демократӣ бебадал аст.  Иттиҳоди Аврупо дар мубориза барои озодии матбуот дар тамоми ҷаҳон устувор аст, ва баландшави исатҳи таҳдид,  зўроварӣ ва сензураро, ки хабарнигорони дунё рў ба рў мешаванд,  маҳкум медорад.  ИА даъват ба ҳукуматдорон менамояд, то ба хабарнигорон фазои меҳнат дар амният, бе тарси сензура ё таъқиби судӣ имконият диҳанд.

Озодии баён бояд чӣ дар васоити анъанави ахбори умум, чӣ дар торнома ҳимоят карда шавад. Иттиҳоди Аврупо кўмак барои ҳимоят аз озодбаёниро дар оянда низ ба таври ҳузурӣ (online) ва ғайриҳузурӣ (offline) идома хоҳад дод, азбаски технологияи иттилоотии навин дар пешбарии ҳуқуқи инсон ва демократия ҷанбаи асосӣ шуда метавонанд. ИА давоман поймонсозии ҳуқуқ ба озодии баёнро дар кулли васоити ахбори умум маҳкум месозад, ва мекўшад, то хабарнигорони дунё тавонанд ўҳдадориҳои касбии хешро бе мамонеа иҷро намоянд.

ХУРШЕДИ АТОВУЛЛО: МЕДИА-АЛЯНС АЗ РАЙЪАШ НАГАШТААСТ!

Хуршеди Атовулло, дабири куллиМедиа Алянси Тоҷиистонба хабарнигориОзодӣ”, Мирзонабии Холиқзод, новобаста ба ин ки муваққатан ҳамкориҳояшро бо ин расонаи хориҷӣ қатъ кардааст, масоили ҷойизаҳои журналистие, ки ин созмон ба Рӯзи озодии матбуот таъсис шудааст, шарҳ додааст. Читать далее ХУРШЕДИ АТОВУЛЛО: МЕДИА-АЛЯНС АЗ РАЙЪАШ НАГАШТААСТ!

Дар Рӯзи байналмилалии озодии баён дурнамои озодии ВАО баррасӣ мешавад

«Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии ВАО дар Тоҷикистон». Зери ҳамин унвон 3-уми май дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе ҳамоиши вижае баргузор мешавад.  Читать далее Дар Рӯзи байналмилалии озодии баён дурнамои озодии ВАО баррасӣ мешавад

Иброҳим Усмонов: Радиои Озодӣ бояд Қаюмзодро бо кор таъмин намояд

Проефессор Иброҳим Усмонов, раҳбари Бунёди «Муколамаи Тамаддунҳо», мегӯяд, Радиои Озодӣ бояд, Абдуқаюми Қаюмзодро бо кор таъмин намояд. Читать далее Иброҳим Усмонов: Радиои Озодӣ бояд Қаюмзодро бо кор таъмин намояд