Все записи автора nansmit

“РӮЗГОР” — НАШРИЯИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН

«Рӯзгор» нашрияи навини фарҳангӣ ва иҷтимоиест, ки нахустин шумораи он дар ибтидои июни соли равон ба дасти хонанда хоҳад расид. Дар ин бора муассиси он Султони Ҳамад, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, хабар дод.

 

Ба иттилои ӯ, ин нашрия чанд сол қабл таъсис ва сабти ном шуда буд, вале бинобар камбуди молӣ ва потенсиали корӣ дар вақти муайянгардида роҳандозӣ нашуд.

“Рӯзгор” талош мекунад, ки ҳар ҳафта кулли матолиби худро ба дур аз сиёсат ва матолиби сиёсӣ ба рӯзгори фарҳангӣ, фараҳмандӣ ва иҷтимоии мардум бибахшад.

Султони Ҳамад, муҳаққиқ ва рӯзноманигори маъруфи Тоҷикистон, собиқаи наздик ба 25 соли кор дар соҳаи журналистикаро дорад. Вай дар соли 2009 сомонаи хабарии худро бо номи “Рӯзгор” дар шабакаи ҷаҳонии Интернет таъсис дод ва то ҳол ин сомонаи хабарӣ фаъолият дорад.

Идеяи нашрияи навини “Рӯзгор” низ зода ва бархоста аз андешаҳои ҳамин рӯзноманигори варзида аст, ки сомона ва нашрияро тавъам таъсис дод, вале фурсат ва имконият барояш даст надоданд, ки ҳар дуро дар як вақт роҳандозӣ кунад.

Ба таъкиди муаллифи идеяҳо, ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст ва вақт дер нашудааст, ки нашрияи навини “Рӯзгор” дар шаҳри Душанбе ба дасти чоп бирасад ва пайваста аз рӯзгори фарҳангӣ, фараҳмандӣ ва иҷтимоии мардум нақл карда, матолиби ҷолиб ва дилкашро ба чоп бирасонад.

http://tojnews.tj/ruzgor-nashriyae-navini-tojikiston

Ҷузъиёти сӯҳбати Рамзия Мирзобекова дар Кумитаи амният

Рамзия Мирзобекова, муовини сардабири “Азия-Плюс”, ки субҳи 29-уми май барои “як сӯҳбат” ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват шуда буд, ҷузъиёти суҳбаташро бо масъулини Кумитаи амнияти миллӣ дар сафҳаи фейсбукии худ нашр кардааст.  Читать далее Ҷузъиёти сӯҳбати Рамзия Мирзобекова дар Кумитаи амният

«ДАЪВАТ»-И МУХБИРИ TOJNEWS БА КУМИТАИ АМНИЯТ

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамроҳ бо нозири минтақавии милиса Маҳмурод Одинаев, мухбири ҷамъиятии «TojNews» ва ҳафтаномаи «Нигоҳ», падари маҳбус Суннатулло Ризоевро, ки дар қазияи куштори Ҳамза Икромзода шоҳидӣ додааст, субҳи барвақти имрӯз 29-уми май дар манзили истиқоматияш дар ноҳияи Ҳисор кӯшиши боздошт кардаанд. Читать далее «ДАЪВАТ»-И МУХБИРИ TOJNEWS БА КУМИТАИ АМНИЯТ

Рамзия Мирзобекова ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват шудааст

Рамзия Мирзобекова, хабарнигори “Азия- Плюс”, дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, барои “як сӯҳбат” ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват шудааст.  Читать далее Рамзия Мирзобекова ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват шудааст

Раиси Хатлон: «Ба дасисаҳои ҳизбу ҳаракатҳо бовар накунед»

Раиси вилояти Хатлон дар яке аз мулоқотҳои худ бо сокинони ин вилоят, аз сокинон дархост кардаст, ки мардум, ба он чӣ ӯ дасисаҳои ҳизбу ҳаракатҳои машкук хонда, бовар накунанд. Читать далее Раиси Хатлон: «Ба дасисаҳои ҳизбу ҳаракатҳо бовар накунед»

Суоли мақомот аз модари Додоҷони Атовуллоҳ: Ӯ дар куҷост?

Хонаводаи Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва сиёсатмадори мухолифи ҳукумат, дар рустои Шӯрчаи ноҳияи Панҷакент мегӯянд, рӯзҳои охир зери фишори мақомот қарор доранд.  Читать далее Суоли мақомот аз модари Додоҷони Атовуллоҳ: Ӯ дар куҷост?

ПЕШВОЗИ ҲУКУМАТИИ БОЗОР СОБИР ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ

Шоми 27-уми май шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргашт. Читать далее ПЕШВОЗИ ҲУКУМАТИИ БОЗОР СОБИР ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ

ТАМОШОИ РЕКОРДИИ ТӮЙИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ЮТУБ

Сарфи назар аз он ки, дар чанд рӯзи ахир дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (Youtube) дар Тоҷикистон масдуд аст, лаҳзае аз навори тӯйи арӯсудомодии Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистонро, дар торнамо давоми 10 рӯз беш аз 231 ҳазор маротиба тамошо кардаанд. Читать далее ТАМОШОИ РЕКОРДИИ ТӮЙИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ЮТУБ

БОЗПУРСИИ НАЗДИКОНИ ЖУРНАЛИСТ ДОДОҶОН АТОВУЛЛОЕВ

Наздикони Додоҷон Атовуллоев, журналисти маъруф ва яке аз мухолифини сарсахти Ҳукумати Тоҷикистон, муассиси Ҷунбиши сиёсии «Ватандор» мегӯяд, таҳти таъқиб қарор гирифта, пурсуҷӯи модари журналистро дар манзили истиқоматиаш ба навор гирифтаанд.   Читать далее БОЗПУРСИИ НАЗДИКОНИ ЖУРНАЛИСТ ДОДОҶОН АТОВУЛЛОЕВ