Все записи автора nansmit

Зиёиён аз даъво алайҳи Тутубалина даст кашидаанд?

Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-плюс” мегӯяд, то ҳол расман аз даъвои такрории зиёиён алайҳи ӯ касе хабар надодааст.

Тутубалина имрӯз, 5-уми август, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ӯро расман аз муроҷиати дубораи зиёиён ба додгоҳ огоҳ накардаанд, “аммо овоза ҳаст, ки зиёиён ба суди умумии ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат кардаанд.” 

Барои тасдиқ намудани хабар ба Меҳмон Бахтӣ, раиси иттифоқи нависандагон, яке аз даъвогарони асосӣ алайҳи Тутубалина дар тамос шудем, аммо ӯ гуфт, “ман ин хел одамро намешиносам ва намедонам.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд. Аммо додгоҳи иқтисодӣ ба далели он, ки аризаи даъвогии зиёиёни тоҷик бо забони русӣ навишта шудааст рад намуд ва то 23-юми июл барои ислоҳи ин камбудӣ муҳлат дода буд. Аммо то ҳол зиёиён аз муроҷиати дубора ба додгоҳ хабар надодаанд.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд» кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

http://www.ozodagon.com/casia/tj/11624-zieien-az-davo-alayi-tutubalina-dast-kashidaand.html

Ҳоҷӣ Ҳусейн: “Мо омадем, аммо ҷониби Тӯраҷонзода ҳозир нашуд”

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 30-юми июл баррасии даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори саршиноси тоҷикро, аз болои се уламои Суғд ба таъхир гузошт. Ин тасмим ба далели ҳузур наёфтани вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова, ки намояндаи оқои Тӯраҷонзода дар ин баҳси додгоҳист, гирифта шуд.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода як сол пеш ба додгоҳи Хуҷанд аз болои Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода — раиси Шӯрои уламои Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло — имомхатиби масҷиди Исфара ва Ҳоҷӣ Мақсудҷон — имомхатиби масҷиди Конибодом ба додгоҳи Хуҷанд шикоят бурда гуфта буд, онҳо соли гузашта дар барномаи “Сӯҳбати озод”-и телевизиони давлатии Суғд ба ӯву хонаводааш туҳмат задаанд. Ба гуфтаи ӯ, се рӯҳонӣ дар ин барнома, ки дақиқан дар шабу рӯзи баҳси “Ошӯро” пахш гардида буд, Тӯраҷонзодаҳоро сабабгори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хонда, онҳоро ба пуштибонӣ аз манофеи бегонагон низ муттаҳам кардаанд.

Дар ин парвандаи шаҳрвандӣ Тоҳир Искандарӣ, хабарнигори “СТВ”, ки барномаи «Сӯҳбати озод»-ро гардонандагӣ мекард, низ ҷавобгар мебошад.

Аммо Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, ки рӯзи сиюми июл ба додгоҳи Хуҷанд ҳозир шуда буд, дар сӯҳбат ба “Озодагон” даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷозодаро беасос донист. Ӯ гуфт, “Тоҷикистон давлати демократӣ ва озод аст. Ҳар кас ҳаққи худашро метавонад ҳимоя кунад, лекин он даъвое, ки гӯиё дар барномаи мо таҳқир буд, ин даъво нодуруст аст. Имрӯз даъват карда буданд, омадем. Аммо ҷониби даъвогар наомад, ҳозир нашуд.”

Бо ин ҳол, аз даъвои Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба додгоҳ як сол мегузарад, вале ҳанӯз додгоҳ хулосаи худро баён доштааст. Ҳамакнун, интизор меравад ин баҳс рӯзи 31-уми июл дар додгоҳи Хуҷанд идома ёбад.

http://www.ozodagon.com/casia/tj/11524-o-useyn-mo-omadem-ammo-onibi-traonzoda-ozir-nashud.html

Бахши форсии сайти Ҳизби Наҳзати Исломӣ фаъол шуд

Бахши форсии торнамои расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 18-уми июл бо нишонии http://fa.pivt.org фаъол гардид.

Торнамои расмии ҲНИТ то кунун бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ дастраси корбаронаш буд. Дар ин торнамо хабарҳо дар мавриди фаъолияти ҲНИТ ва ахбори муҳими фарҳангӣ, сиёсию иҷтимоии дохилию хориҷӣ, ба хусус ҷаҳони Ислом бо ду забон ва се хат, тоҷикӣ, форсӣ ва русӣ нашр мешавад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби умдаи мухолиф дар ин кишвар маҳсуб мешавад, ки торнамо ва нашрияи худро дорад. Инчунин ин ҳизб борҳо барои таъсис шабакаи телевизионии худ талош карда, ба Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон муроҷиат намуда, вале ҷавоби мусбат нагирифтааст.

http://www.ozodagon.com/casia/tj/11508-bahshi-forsii-sayti-izbi-nazati-islom-faol-shud.html

 

Шаш баҳси додгоҳӣ бо матбуот дар соли интихобот

Дар 7 моҳи соли равон 6 ҳолати муроҷиат ба додгоҳ аз фаъолияти хабарнигорон ва расонаҳо сабт шудааст, ки дар солҳои қаблӣ собиқа надоштааст.

Аксарияти ин даъвоҳоҳои додгоҳӣ алайҳи нашрияҳо ва хабарнигорон ба ҳифзи шаъну шараф ва одобу ахлоқи журналистӣ рабт дорад. Даъвогарон бо бурдани шикоят ба додгоҳ бо талаби нашри раддия ва ё узрхоҳии хабарнигор дар наздашон инчунин талаби пардохти ҷубронпулии ҳангуфт ҳам мекунанд.

Барои мисол, даъвои Рустам Ҳукумов бо нашрияи «Имрӯз Нюс»  бо 50 000 сомонӣ ҷарима бастани нашрия анҷомид. Даъвои ширкати «Тоҷирон»-и марбут ба яке аз домодҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон алайҳи матлаби «Мурдафурӯшӣ дар «Тоҷирон», ки низ дар «Имрӯз Нюс» нашр шуда буд, бо ҳамагӣ 1 сомонӣ ҷарима бастани нашрия ва 30 000 сомонӣ ҷарима шудани вакили мудофеъ Файзинисо Воҳидова анҷомид.

Афзоиши баҳсҳои додгоҳии матбуот дар соли интихобот

Ширкати «Тоҷирон» ба дунбол эълон кард, ки ин пули ҷаримаро «дар самти баланд  бардоштани  одоби   касбии   рӯзноманигорон ва инкишофи  этикаи  журналистӣ   дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   истифода  намуда, ин маблағро  ҳамчун  маблағи   грантӣ   ба  созмонҳои  журналистие  медиҳад,  ки  дар  соҳаи баланд  бардоштани  масъулияти  касбию этикии    журналистон  фаъолият  мекунанд.»

Ҳоло чанд созмони эҷодӣ алайҳи хабарнигори «Азия Плюс» Олга Тутубалина дандон тез карда, тавассути додгоҳ мехоҳанд ки аз ӯ барои «таҳқир»-и зиёиён 200 000 сомонӣ ҷуброн бирӯёнанд. Як мавриди дигари баҳси додгоҳӣ даъвои як мудири кӯдакистон алайҳи Радиои Озодӣ буд, ки ба фарқ аз мавридҳои дигар, ба фоидаи Озодӣ анҷомид, ва ду мавриди дигар — даъвои намояндагони Кумитаи дин бо хабарнигори «Тоҷнюс» ва баҳси як сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳафтаномаи «Самак.»

Маҳзи ба бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кардани баҳсҳо миёни хабарнигорон бо ширкатҳо ва ё афроди алоҳида ва ба истилоҳ то ба додгоҳ нарасондани моҷаро ахиран созмони ҷамъиятии Шӯрои ВАО сомонаи вижаеро бо номи Odob.tj раҳандозӣ кард.  Мақсад аз таъсиси ин сомона ба гуфтаи аъзои Шӯро,   инъикоси фаъолияти ин сомзон ва ҳам нашру баррасии  шикояти мардум алайҳи журналистон ва баҳои коршиносон дар бораи нигоштаҳои журналистӣ аз назари меъёрҳои ахлоқи журналистӣ мебошад.

Қурбон Аламшоев, узви Шӯрои ВАО мегӯяд, дар тӯли солҳои фаъолияташ ин Шӯро чандин баҳсҳои миёни шаҳрвандон ва хабарнигоронро бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кардааст: «Дар аксар кишварҳои мутамаддини дунё ин гуна Шӯроҳо дар шаклҳои гуногун вуҷуд доранд. Дар Тоҷикистон азбаски дар бораи фаъолияти чунин шӯро маълумоти кам доранд, шаҳрвандон бевосита ба додгоҳ шикоят мебаранд. Ин Шӯро кӯшиш мекунад, ки қазияҳои додгоҳӣ низ бо роҳи мусолиҳатомез ҳал шавад. Масалан дар қазияи ахири миёни зиёиён ва хабарнигори «Азия плюс» Олга Тутубалина Шӯрои матни хабарнигорро таҳлил карда, ба хулосае омад, ки журналист дар ин қазия айбе надорад.»

Ҷаноби Аламшоев мегӯяд, ин ҷанбаи фаъолияти Шӯрои ВАО танҳо хислати машваратӣ дорад ва наметавонад ягон нашрияро ба чопи ягон мавод ваё баръакс ба нашр накардани ягон матлаб водор кунад.

Бинобар мониторинги созмонҳои дифоъ аз озодии сухан ва ҳуқуқи хабарнигорон, ҳар сол дар Тоҷикистон маъмулан 2-3 парванда алайҳи журналистону расонаҳо боз мешавад. Аммо қазияҳои  додгоҳӣ алайҳи хабарнигорон алалхусус дар арафаи маъракаҳои сиёсӣ, мисли интихобот зиёд мешаванд.  Ба таъкиди коршиносон, мақомот маъмулан дар арафаи чунин маъракаҳо бо шеваи «ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ, ё ба зар» мехоҳад аз озодбаёнии хабарнигорон ҷилавгирӣ кунад.

Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, зиёд шудани баҳсҳои додгоҳӣ бо хабарнигорон ва нашрияҳо аз боло рафтани савияи ҳуқуқии мардум низ гувоҳӣ медиҳад: «Ин хуб аст, ки акнун даъвогарон ба додгоҳ шикоят мебаранду мисли солҳои қаблӣ назди журналистон бо автомату гурӯҳҳои авбош намеоянд. Ман фикр мекунам, ки зиёд шудани баҳсҳои додгоҳӣ ба боло рафтани қадри сухан рабт дорад ва ҳушдор ба журналистон аст, ки давраҳои бесоҳибӣ сипарӣ шуд ва акнун ҳар шахс, ҳар ширкат аз ҳуқуқи худаш дифоъ мекунад.»

Ҷаноби Сатторов афзуд, Шӯрои ВАО дар ҳал кардани қазияҳои баҳснок миёни хабарнигорону шаҳрвандон метавонад нақши бориз дошта бошад, вале дар ҳоли ҳозир на ҳамаи расонаҳо узв ин шӯроянд ва онро эътироф мекунанд.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон моҳи январи соли 2010 таъсис шудааст. Муассисони ин шӯро созмонҳои бонуфузи  журналистие, чун Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, гурӯҳҳои расонаии “Азия-Плюс”, “Чархи гардун” ва «Оила», шабакаи телевизионии СМТ ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақил мебошанд.

odob.tj

Баҳси журналистикаи сиёсӣ дар Душанбе

Бархе аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, дар ҳоли ҳозир расонаҳо аробаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро мекашанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон расонаҳои фаъол надоранд ва ин вазифаро матбуот ба иҷро мерасонад.

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик, ки дар ҳамоиши «Масоили ташакулли журналистикаи сиёсии Тоҷикистони мустақил» рӯзи панҷшанбеи 25-уми июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, “ҳоло ба ҷуз Ҳизби Назҳати Исломии Тоҷикистон аҳзоби дигари сиёсӣ, ВАО-и худро надорад ва агар дошта бошад, ҳам фаъол нест.”

Аммо Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бар ин андеша аст, ки ғайр аз журналистикаи озод, бояд журналистикаи дигаре вуҷуд надошта бошад: “Ман пурра зид ҳастам, ки ғайр аз рӯзномаи озод, ки на давлатӣ аст, на опазитсионӣ ва на ҳизбӣ, рӯзномаи дигаре вуҷуд дошта бошад. Бигзор танҳо ҷамъиятӣ бошанд. Ин аст, ки мо то имрӯз дар ҳизби худ рӯзнома таъсис надодаем.”

Дар ин ҳамоиш, ки масоили ташакулли журналистикаи сиёсии Тоҷикистони мустақил баҳс мешуданд, Раҷаби Мирзо, журналист ва раҳбари созмони тадқиқотии “Бозтоб” гуфт, журналистикаи сиёсӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст. Аммо ба гуфтаи ӯ, “аз замони пайдоиши аввалин рӯзномаҳо фишор болои журналистикаи сиёсӣ ҷой дорад. Мушкили дигари журналистикаи сиёсии мо дар ин аст, ки бархе аз журналистони мо дар бораи сиёсат менависанду аз сиёсат хабар надоранд. Махсусан дар байни журналистони ҷавон, ки ҳатто номи ҳизбҳои сиёсиро намедонанд ва роҳбарони онро намешиносанд. Дар бисёре аз факултаҳои журналитикаи ҷаҳон кафедраҳо тақсимбандӣ шудаанд, мутаассифона дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чунин нест ва ҳанӯзам факулта бо қолаби шахшудаи замони шӯравӣ тақсимбандӣ шудааст.”

Хилватшоҳи Маҳмуд, мудири гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” дар баромади худ афзуд, журналистикаи сиёсӣ ба унвони як ҷузъи муҳими журналистика имрӯз таъсири чашмгире дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инсонӣ дорад: “Моҳиятан журналистикаи сиёсӣ ин самти фаъолият ва ё қисмати амалкардҳои васоити ахбори омма аст, ки ба инъикоси амалкардҳои ҳокимияти иҷроия, шохаҳои дигари ҳокимият низоми сиёсӣ, масъалаҳои давлатдорӣ ва иҷрои уҳдадориҳои ҳукумат, ки пеши мардум дорад, сари кор мегирад. Агар мушаххастар суҳбат кунем, тақрибан тамоми расонаҳо ба фаъолияти журналистии сиёсӣ даст мезананд аммо намешавад гуфт, ки онҳо фаъолияти сиёсии журналистӣ дорад. Журналистикаи сиёсӣ як фаъолияти журналистии ҳадафмандона, мушаххас ва моҳитнок аст.”

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳам таъкид кард, ки худи журналистика аз сиёсат берун шуда наметавонад: “Яъне ғайр аз журналистикаи сиёсӣ журналистика вуҷуд надорад ва журналистикаи сиёсӣ ҳама вақт вуҷуд дорад. То замоне равандҳои сиёсӣ вуҷуд дорад, журналистикаи сиёсӣ ҳам вуҷуд дорад. Агар равандҳои сиёсӣ барҳам хуранд, журналистикаи сиёсӣ низ барҳам мехурад. Агар дар ҷомеа сиёсати оммавӣ инкишоф наёфта бошад, журналистикаи сиёсӣ дар ин ҷомеа ҷойи худро гирифта наметавонад. Дар ҳақиқат журналистикаи сиёсӣ вуҷуд дорад ва заиф ҳам нест балки шакл наёфтааст. Шаклгирӣ накардааст. Яъне дар ягон шакли чаҳорчӯбаи қонун шакл ёфтанаш даркор аст.” 

Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон, ки дар ин ҳамоиш иштирок дошт, гуфт, сиёсатро сиёсатмадорон ба вуҷуд меоранд, “аммо журналистон дар раванди он саҳм доранд. ”

Ин дар ҳолест, ки профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, вақте, ки журналистика қудрати чорум аст ва худашро баробари се қудрати қонунӣ медонад ва баъзан худашро аз он болотар баровардан мехоҳад вай худаш сиёсатро ба вуҷуд меорад:“Журналистикаи имрӯзаи интернетӣ фикрро аз як хонаи майда ба тамоми дунё паҳн карда истодааст ин худ сиёсат аст. Барои ҳамин гумон кардан, ки журналист ва журналистика чун силоҳ асту сиёсатдонҳо аз он истифода мебаранд ин фикри ғалат аст. Журналист худ пеш аз ҳама сиёсатмадор аст. Журналистоне, ки адабиёт не, публисистика менависанд, онҳо сиёсатмадоранд. Аксарияти онҳое, ки ба ҳизбҳо меоянд аз нуқтаи назари сиёсатмадорӣ кор мекунад ва бисёри онҳое, ки ба сиёсат расидаанд, онҳо аз журналистика баромадаанд.

ozodagon.tj

Журналистони мустақил муттаҳид мешаванд

Дар шаҳри Душанбе дар мизи гирде имкони таъсиси як созмони муваққатии дифоъ азҷойгоҳи рӯзноманигорон дарҷараёни пӯшиши гузоришҳои марбут ба интихоботи раёсатиҷумҳурӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар ин нишаст ҳамчунин инъикоси воқеъии ҷараёни тадорукот, раъйдиҳӣ ва натиҷагирии интихоботи имсолва роҳ надодан ба иштибоҳот ба ҳангоми пӯшиши ин мавзӯъ дар расонаҳои мустақил матраҳ шуд.

Ин ҳамоиш, ки дар остонаи оғози тадорукот ба интихобот доир мешавад, рӯзи душанбеи 15 июл намояндагони созмонҳои марбут ба рӯзноманигорӣ ва сардабирони расонаҳо ва нашрияҳои мустақили Тоҷикистонро гирдиҳам овард. Ҳамчунин иддае аз ҳуқуқшиносони саршинос низ дар ин мизи гирд ширкат доштанд.

Мубтакирони баргузории ин мизи гирд рӯзноманигорони бархе аз расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон буда ва тавре, ки Лола Олимова, масъули Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Бритониё дар Тоҷикистон гуфт ин намояндагӣ барои баргузор кардани ин ҳамоиш саҳм гирифтааст.

Марат Мамадшоев, журналисти маъруфи кишвар мегӯяд, ки яке аз сабабҳои сарҷамъ омадани рӯзноманигорон дар ин нишаст, таъйини хатти машйи расонаҳо ва нашрияҳои мутақил дар ҷараёни баргузории маъракаҳои марбут ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст.

Вай  гуфт: «Мо ба намояндагони расонаҳои мустақил ва нашрияҳо ин назарро пешниҳод кардем, ки дар мавриди зарурати таъсиси як эътилоф ва ё созмони муваққатӣ барои рӯзноманигорон ва дифоъ аз мавқеъи онҳо дар замони пӯшиши интихобот фикр кунанд.»

Ӯ гуфт, ки озодбаёнии нисбӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, аммо маълум нест, ки дар замони интихобот чи иттифоқоте хоҳад уфтод. Ҳамчунин мегӯяд, ӯ  дар Тоҷикистон маъмулан расонаҳои давлатӣ ба номзадҳои мустақил имкони таблиғ ва ё изҳори ақидаро намедиҳанд. Ва ман фикр мекунам, ки мардум бояд ақидаронии ҳамаи довталабони ширкаткунанда дар интихоботро дошта бошад. Ва ин имконро ба онҳо расонаҳои мустақил метавонад, фароҳам кунад.»

Ширкаткунандагони дигар дар ин ҳамоиш гуфтаанд, ки рӯзноманигорон ҳаққи дахолат ба сиёсатро надоранд ва бештар рисолати пахш кардани иттилоъот ва хабарҳои дақиқ дар мавриди ҳодисоти сиёсӣ ва иҷтимоъиро доранд.

Бо ин далел иддае аз намояндагони расонаҳои мустақил дар ин мизи гирд гуфтаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна иттифоқот бо рӯзноманигорон расонаҳои мустақил дар пӯшиши гузоришҳои интихоботӣ бояд ба се нукта, яъне бетарафӣ, таъодул ва адами ҷонибдорӣ аз касе таваҷҷуҳ кунанд.

Ҳамчунин дар ин мизи гирд  намояндагони расонаҳои мустақил гуфта шуд, ки имкон дорад дар ҷараёни пӯшиши масоили марбут ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон таъқибу фишор ба расонаҳо ва рӯзноманигорони мустақил дар  кишвар афзоиш ёбад. Аз ин рӯ дар ҳамоиш ба зарурати иттиҳоди журналистон дар Тоҷикистон низ таъкид шуд.

millat.tj

Мирзошоҳрух Асрорӣ: Тутубалинаро ба суд набояд медоданд

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣбар он ақида астки муҳаррири ҳафтаномаи«АзияПлюс» бо иқтибос овардани суханҳои Ленин дарбораи зиёиён «аз ҳад гузаронидааст», аммо дар ҳарсуратӯ аризаи даъвоии иттиҳодияҳои эҷодиро дарнисбати журналист дастгирӣ намекунад.

Тавре хабаргузории “Азия-Плюс”овардааст 22-юми июл дар рафти нишасти матбуотӣ вазир қайд кард, ки дар давоми солҳои охир айбмониҳо ва интиқодҳо дар нисбати рӯшанфикрон ва зиёиёни Тоҷикистон хеле зиёд садо медиҳанд ва ин кор аксаран қабл аз мулоқоти доимии президенти мамлакат бо аҳли зиё сурат мегирад.

Ҳамчунин вазир гуфтааст: «Ман баробари хондани навиштаҳои Тутубалина гуфтам, ки ин хонум аз ҳад гузаронидааст. Зеро нисбат ба зиёиён эродҳои хеле зиёд буданд, лекин ба ин дараҷа, ки ба иззати нафси онҳо расида бошанд, онҳоро таҳқир карда бошанд, то имрӯз нашуда буд».

Ӯ бовар дорад, ки таҳқири як қишри ҷомеа таҳқири миллат аст ва миллатро бо зиёиёнаш мешиносанд. Аз ин рӯ, ӯ ҷонибдори тамоми фикру мулоҳизаҳое мебошад, ки бар зидди навиштаи Тутубалина садо доданд. Аммо, ба гуфтаи М.Асрорӣ, ӯ муроҷиати даъвоии иттиҳодияҳои эҷодиро ба суди иқтисодии шаҳр дастгирӣ намекунад.

Ҳамчунин Мирзошоҳрух Асрорӣ зикр кардааст, ки: «Дар мавриди ба маҳкама кашидани ӯ ҳамфикр нестам, чун ин ҳеҷ зарурат надошт. Мо боз як қаҳрамони дигар эҷод карда истодаем дар шахсияти Тутубалина, ки шояд кирои ин қадар воҳима кардан набошад. Лекин ҷавоб додан зарур аст».

Ёдовар мешавем, дар оғози моҳи июл аҳли зиё ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвоӣ дар нисбати муҳаррири нашрияи «Азия-Плюс» муроҷиат карданд. Даъвогарон барои ҷуброни зарари маънавӣ хостаанд, ки ҷавобгар ва ҳамҷавобгар – «Азия-Плюс» 200 ҳазор сомонӣ пардозанд. Сабаби даъво андешаи шахсии О.Тутубалина гашт, ки зери сарлавҳаи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» нашр шуд.

odob.tj

Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Ҷанбаҳоии ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот» татбиқ мегардад

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» аз моҳи июли соли 2013 бо дастгирии молиявии Фонди Миллии дастгирии Демократия (NED) лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот» — ро оғоз кард. Мусоидат ба намояндагони аъзои коалитсияи мубориза бар зидди шиканҷа ва кормандони ВАО барои ба даст овардани иттилооти аҳамияти ҷамъиятидошта ва маълумот дар бораи фаолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ мақсади асосии лоиҳаи мазкур мебошад. Дар доираи лоиҳа сӯроғаи электорнии access.info.tj@gmail.com тартиб дода шудааст, ки рӯзноманигорон метавонанд барои гирифтани ёрии ҳуқуқии хаттӣ вобаста ба масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот муроҷиат кунанд. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе қабулгоҳи ҳуқуқии ройгон фаъолият хоҳад кард, ки ба аъзои Коалитсия ва кормандони ВАО, ки масоили шиканҷаро инъикос мекунанд, ёрии ҳуқуқӣ медиҳад. Тибқи суханони директори Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов, ба ташкилот дархостҳо ва пешниҳодҳои зиёде оид ба эҷод шудани монеъа дар дастрасии маълумот, пешниҳод кардани намунаи дархост ба мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин шикоят бурдан нисбати амал ё беамалии шахсони мансабдор ворид мешуданд. «Мо мехоҳем, дар робита ба масъалаҳои зикршуда машваратҳо ва ёрии ҳуқуқӣ диҳем. Ба ҷуз ин, барои ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ВАО дар бораи дастрасӣ ба иттилоот чорабиниҳои таълимӣ гузаронем». Илова бар ин, дар ҳолатҳои зарурӣ ба аъзои Коатитсияи ва кормандони ВАО барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиӣ дар дастрасӣ ба иттилоот адвокатҳо пешниҳод мегарданд. Маълумоти мухтасар: «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» ташкилоти ҷмъиятӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ буда, дар он ҳуқуқшиносон ва гурӯҳи адвокатони дорои иҷозатнома фаъолият мекунанд. Ташкилоти мазкур дорои иқтидори таҳлилбуда, фаъолияташ ба ҳифзи манфиатҳои аҳли ҷомеа равона шудааст. Ба лоиҳаи номбурда ҳуқуқшиносон ва адвокатоне ҷалб мешаванд, ки дар давраҳои омӯзишӣ оид ба ҳуқуқ ва ВАО иштирок кардаанд ва таҷрибаи корӣ дар масоили дастрасӣ ба иттилоот ва фаолияти ВАО доранд.

odob.tj

Раҳмонов: Барномаҳои мо ҷавоб ба Додоҷони Атовулло аст

Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи маҳдудияти Шабакаи телевизиони моҳвораии «К+» дар Тоҷикистон гуфт, «Кумита ба маҳдудияти мавҷи ин шабака дар ҳудуди кишвар даст надорад». Читать далее Раҳмонов: Барномаҳои мо ҷавоб ба Додоҷони Атовулло аст

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО МУНТАЗИРИ ҲУҶҶАТҲОИ ҲНИТ

Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро барои ба қайд гирифтани телевизиони ин ҳизб интизор аст. Читать далее КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО МУНТАЗИРИ ҲУҶҶАТҲОИ ҲНИТ