Все записи автора nansmit

Шикояти дубораи гурӯҳе аз шаҳрвандон алайҳи Олга Тутубалина ба додгоҳ

Муътаризон ба мақолаи ҷанҷолбарангези “Тасвире бефарҳанг аз фарҳангиён”, ки як моҳе қабл дар нашрияи “Asia-Plus” нашр шуда буд, шикояти худро алайҳи муаллифи ин матлаб бори дувум ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол карданд. Читать далее Шикояти дубораи гурӯҳе аз шаҳрвандон алайҳи Олга Тутубалина ба додгоҳ

Сиддиқов дар бораи ҲНИТ, рӯйхати сиёҳ ва рақсу бозӣ дар телевизион

Гуфтугӯи хабарнигори «Озодагон» Ҳумайрои Бахтиёр бо муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов дар бораи ҷавоби рад ба дархости Муҳиддин Кабирӣ ва мавзӯҳои вобаста ба он. Читать далее Сиддиқов дар бораи ҲНИТ, рӯйхати сиёҳ ва рақсу бозӣ дар телевизион

Сиддиқов дар бораи ҲНИТ, рӯйхати сиёҳ ва рақсу бозӣ дар телевизион

Гуфтугӯи хабарнигори «Озодагон» Ҳумайрои Бахтиёр бо муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов дар бораи ҷавоби рад ба дархости Муҳиддин Кабирӣ ва мавзӯҳои вобаста ба он. Читать далее Сиддиқов дар бораи ҲНИТ, рӯйхати сиёҳ ва рақсу бозӣ дар телевизион

Вазири фарҳанг нашрияи ҲНИТ-ро дар қонуншиканӣ муттаҳам мекунад

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳафтаномаи “Наҷот”, нашрияи Ҳизби наҳзати исломиро дар пахши иттилои носанҷидаю туҳматомез дар мавриди ҳаводиси Хоруғ муттаҳам карда, бо ирсоли як огоҳинома ҳушдор додааст, ки агар такрор шавад, нисбати нашрия чораҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.  Читать далее Вазири фарҳанг нашрияи ҲНИТ-ро дар қонуншиканӣ муттаҳам мекунад

Идораи иртиботот шабакаи “К+”-ро масдуд накардааст

Мақомоти Идораи иртибототи Тоҷикистон мегӯянд, ки ин ниҳод дар масдуд кардани дастрасӣ ба шабакаи телевизиюнии «К+» дар ин кишвар, ки ахиран барномаҳои интиқодӣ дар бораи давлати Тоҷикистон пахш карда, нақше надорад. Читать далее Идораи иртиботот шабакаи “К+”-ро масдуд накардааст

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ИНИТ ҚАБУЛ НАШУД

Тарҳи Барномаи амали Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) пазируфта нашуда, номзади воҳиди мухолифони ҳукумати феълӣ дар интихоботи президентӣ муайян нагашт. Читать далее БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ИНИТ ҚАБУЛ НАШУД

Корикотурҳои сиёсии Парвиз Расулов

Парвиз Расулов, низомӣ ва корманди собиқи пулиси Тоҷикистон, ки аз давлати Омрико дархости паноҳандагии сиёсӣ карда, аз маъдуд корикотурнависҳои сиёсист, ки осори худро бештар дар Фейсбук мунташир мекунад. Читать далее Корикотурҳои сиёсии Парвиз Расулов

“Имрӯз” дар 6-умин солгардаш Хоруғро ҳам тасхир кард

Имрӯз соати 9-00 радиои “Имрӯз” пахши барномаҳои худро дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон оғоз кард, ки ба рӯзи таҷлили 6-солагии ин радио рост омад.

Назири Нусрат, муҳаррири радиои мазкур дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки бахшида ба 6 солагӣ бахши радиои “Имрӯз” дар шаҳри Хоруғ фаъол шуд. Ба гуфтаи Назири Нусрат бахшида ба ин сана, “имрӯз дар Хоруғ ва 11-уми август дар шаҳри Душанбе консерти идонаи гуруҳи “Барака”, ки махсус аз ҷониби ширкати “Ориёно медиа” аз кишвари Латвия даъват шуданд, баргузор мегардад.”

“Имрӯз”, нахустин радиои сирф тоҷик дар мавҷи кутоҳ аст, ки шаш сол пеш фаъол шуда, дар як муддати кӯтоҳ ба машҳуртарин радиои Тоҷикистон табдил ёфт. Айни ҳол гуфта мешавад, он маъруфияте, ки ин радио қаблан дошт, аз байн рафтааст. Аммо Назири Нусрат дар ин маврид назари дигар дорад: “Дар мавриди фаъолияти ин радио дар гузашта ва ҳозира ҳар кас ҳақ дорад, назари худро баён кунад. Аммо ман фикр намекунам, ки радиои мо маъруфияти худро аз даст дода бошад. Пахши барномаҳои мо чи гунае, ки 6 сол пеш буд ҳамон хел истодааст. Баръакс теъдоди шунавандагони мо нисбат ба солҳои пештар зиёд шудаасту кам не.” 

Маврид ба зикр аст, ки 9-уми августи соли 2007 аввалин радиои сирф точикӣ руйи мавҷи кутоҳи 107,4 fm барномахои худро пахш карда буд.

http://www.ozodagon.com/casia/tj/11683-imrz-dar-6-umin-solgardash-horuro-am-tashir-kard.html

Нашри дубораи “Рӯзи нав”

6-уми август аз нашри нахустин шумораи ҳафтаномаи “Рӯзи нав” 10 сол сипарӣ хоҳад шуд ва бахшида ба ин рӯз муассисон тасмим гирифтаанд, шумораи охирини онро, ки дар Бишкеки Қирғизистон нашр шуда буд, бознашр кунанд.

Дар ин бора Оҷонсии ТоjNews аз қавли  Раҷаби Мирзо, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Рӯзи нав”, овардааст:

— Рӯзи 7-уми август аз нашри нахустини «Рӯзи нав» 10 сол пур мешавад. Нашри ҳафтанома баъди як соли фаъолият боздошта шуда, то ҳол сабабҳои нашр нашудани он ба мо рӯшан нест.

Шумораи охиринро, ки мо бо душворӣ берун аз Тоҷикистон, дар Бишкек ба нашр расонида будем ва тавассути қатора ба Тоҷикистон овардем, ҳангоми ворид шудан аз тарафи мақомот боздошт шуд.

Мо ин шумораи охиринро ҳар сол дар рӯзи таъсисёбии «Рӯзи нав», дар шакли электронӣ ва чопӣ ба дасти хонандагон мерасонем. Мо умед дорем, ки замони аз нав рӯйи саҳнаи матбуот омадани “Рӯзи нав” дур нест, — гуфт Раҷаби Мирзо.

“Рӯзи нав” яке аз ҳафтаномаҳои маъруфтарини сиёсӣ дар солҳои 2003-2004 дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Шумораи нахустини “Рӯзи нав” бо теъдоди 1000 (ҳазор) шумора чоп шуда, баъдан, ҳафтанома бо тиражи то 15 000 нусха нашр мешуд.

http://www.odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=77%3A2013-08-06-06-41-32&catid=1%3A2011-11-19-11-50-21&Itemid=89&lang=tj

Пахши барномаҳои нахустини телевизиони Сафо дар Hotbird

Телевизиони тоҷикии “Сафо” дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, шоми ҳаштуми август расман ба пахши барномаҳояш оғоз бахшид.

Барномаҳои нахустини телевизиони мустақили “Сафо”, ки аз тариқи Hotbird (11585/27500) пахш шуд, аз табрикоти Муҳиддин Кабирӣ — раиси ҲНИТ,Мавлон Мухторов — муовини раиси Кумитаи дин ва Маҳмудҷони Тӯраҷонзода — рӯҳонии шинохтаи тоҷик бахшида ба Иди саиди Фитр иборат буд. Дар ин рӯз Максим Шевченко, Алексей Симонов ва Ҳайдар Ҷамол аз Русия низ бо сӯҳбатҳои худ рӯи экранҳои ТВ “Сафо” пайдо шуданд.

Дар рӯзи нахустини кори расмии ТВ “Сафо” бахши хабарии он бо забонҳои тоҷикиву русӣ манзури тамошобинон гардид. Як масъули телевизиони “Сафо” гуфт, дигар даври барномаҳои озмоишии он ки дар нимаи дувуми моҳи июл шуруъ шуда буд, хотима ёфта, ҳоло фаъолияти онҳо расман оғоз ёфтааст. Манбаъ дар посух ба суоли мо дар ин бора ки ТВ “Сафо” оё иҷозаи расмӣ барои пахши барномаҳояшро пайдо кардааст ё не, гуфт, “агар иҷозат намебуд, аз куҷо кор оғоз меёфт?”

Баҳси ташкили телевизионе бо номи “Сафо” дар Маскав моҳи июли соли ҷорӣ ба миён омад. Як масъули он ба “Озодагон” гуфта буд, ин телевизион бештар аз ҳаёти муҳоҷирон суҳбат карда, барномаҳои фарҳангӣ пахш хоҳад кард. Ҳоло сардабирии барномаҳои ТВ “Сафо”-ро хабарнигор ва адиби шинохтаи тоҷик Темури Варқӣ ба уҳда дорад. “Мо барои як бор ба эфир баромадан ба ин шабака наомадем. Худо хоҳад, ин шабакаи барҷаста на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ва дар Афғонистону Эрону Русия хоҳад шуд”,-гуфта буд ӯ чанде пештар ба «Озодагон».

http://www.ozodagon.com/casia/tj/11678-tv-safo-dar-maskav-rasman-ba-kori-hud-ooz-kard.html