Все записи автора nansmit

НАЗДИКОНИ ЗАЙД САИД БАЁНОТ ДОДААНД БО ВАО СУҲБАТ НАКУНАНД

Суд аз наздикони Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва раиси боздоштшудаи Гуруҳи Ташаббускори Таъсиси «Ҳизби Тоҷикистони нав» баёнот дар бораи ошкор накардани иттилоъ дар бораи муроофиаҳои додгоҳӣ гирифтаанд.  Читать далее НАЗДИКОНИ ЗАЙД САИД БАЁНОТ ДОДААНД БО ВАО СУҲБАТ НАКУНАНД

МАОШИ КАБИРӢ БАРОИ АБДУҚАЮМИ ҚАЮМЗОД

Абдуқаюми Қаюмзод, журналисти маъруф сухангӯи Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳ ба мақоми президентӣ дар интихобот таъин гардид.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар ҷаласаи имрӯзаи ИНИТ пешниҳод намуд, ки Абдуқаюми Қаюмзод дар маъракаи интихоботӣ сухангӯи номзад ба мақоми президентӣ аз ҷониби ИНИТ гардад. Ин пешниҳоди Кабирӣ бидуни баҳс аз ҷониби ҳозирин пазируфта гардид.

Қабл аз ин пешниҳод Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ба ташкили ин вазифа мо як нафарро соҳиби ҷои кор ва маош низ мегардонем ва баъд аз ин аз Абдуқаюми Қаюмзод ном бурд.

Абдуқаюми Қаюмзод, журналисти маъруфи тоҷик, ки тайи солҳои ахир дар радиои «Озодӣ» фаъолият мекард, аз ибтидои соли 2013 Вазорати корҳои хориҷӣ барои идомаи фаъолият акредитатсияи ӯро тамдид накард.

http://www.tojnews.tj/maoshi-kabiri-ba-abduqayumi-qayumzod

А. Саттор: Нақзи ҳуқуқи журналистон дар интихобот ҷавобгарӣ дорад

Акбаралӣ Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, имрӯз, 6-уми сентябр, дар ҳузури Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ҳуқуқҳои журналистонро дар ҷараёни интихобот номбар карда, таъкид намуд, ки ҳар ҳолати нақзи ҳуқуқҳои журналистон дар мақомоти суду прокуратура баррасӣ хоҳанд шуд.

Акбаралӣ Саттор гуфт, хабарнигорон ҳақ доранд, ҷараёни маъракаи таблиғотии пешазинтихоботиро инъикос намоянд, бо намояндагони аҳзоби мухолиф мулоқот кунанд, дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҳузур дошта бошанд ё бо қутии сайёри интихоботӣ бираванд, аммо ҳақ надоранд, бигӯянд, ки ба тарафдории ин ё он номзад овоз диҳед.

Раиси иттифоқи журналистон гуфт, ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи хабарнигорӣ дар мақомоти прокуратура ва суд баррасӣ шуда, дастандаркорон муҷозот хоҳанд шуд.

Шермуҳаммади Шоҳиён низ нақши Васоити ахбори оммаро дар ҷараёни интихобот муҳим хонда, аз расонаҳо даъват намуд, то ҳаводисро яктарафа инъикос накунанд.

Аз ҷумла Шоҳиён хабари бархе аз расонаҳоро, ки гӯиё КМИР аз мақомоти маҳаллӣ хостааст, рӯйхати фаъолони аҳзоби мухолифро пешкаш кунанд, нодуруст гуфт. Ӯ гуфт, назорат ва талаби аъзои аҳзоби сиёсӣ ба салоҳияти КМИР нест, ба ин кор Вазорати адлияи Тоҷикистон машғул аст.

Шоҳиён аз расонаҳо даъват намуд, ҳар иттилое, ки дар мавриди фаъолияти комиссияи интихоботӣ пайдо мешавад, пеш аз нашр назари КМИР пурсида шавад.

http://www.ozodagon.com/casia/tj/12205-a-sattor-nazi-uui-zhurnaliston-dar-intihobot-avobgar-dorad.html

 

Матбуоти Тоҷикистон сафорати Русияро асабонӣ кардааст

Сафорати Русия гуфтааст, аз навиштаҳои матбуоти Тоҷикистон чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки «алайҳи тоҷикон дар Русия ҷанги воқеъӣ идома дорад.»

Сафорати Русия дар Душанбе дар як баёнияи ғайримуқаррарии дипломатӣ матбуоти Тоҷикистонро ба “бадном” кардани Русия муттаҳам кардааст.  Сафорат бо нашри шарҳе дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштааст, аз гузоришҳои пайвастаи матбуоти Тоҷикистон дар бораи нақзи ҳуқуқ ва ҷиноят алайҳи шаҳрвандони тоҷик дар Русия чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки «гӯиё алайҳи онҳо дар Русия ҷанги воқеъӣ идома дорад.»

Аммо ба гуфтаи сафорат, маълум аст, ки аз миёни “якуним ё ду миллион нафар“ аз муҳоҷирони тоҷик, теъдоде аз онҳо ногузир ҳалок мешавад, вале набояд инро “онгуна ки бадхоҳон” дар матбуоти Тоҷикистон мекунанд, кори дасти сартарошидаҳои рус номид. Сафорат омори вазорати умури дохилии Русияро оварда ва гуфтааст, соли 2012, дар қаламрави он кишвар 1700 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аз ҷумла дар заминаи қатли шаҳрвандони тоҷик дар Русия 66 парванда боз кардаанд. Сафорат эътироф кардааст, ки бо вуҷуди онки аз соли 2009 шумори ҷиноятҳое, ки тоҷикон дар Русия содир кардаанд, 40 дар сад кам шудааст, аммо ҷиноят нисбат ба онҳо 4 баробар афзудааст.

Айни замон намояндагии дипломатии Русия гуфтааст, одилона нест, фақат дар бораи нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кишвар навишт ва бо нашри оморе гуфтааст, ки саҳми тоҷикон дар ҷинояткорӣ дар Русия кам нест. Сафорат тавзеҳ додааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон соли 2012 дар Русия 7005 ҷиноят кардаанд, аз ҷумла 59 қатлу 57 таҷовуз ба номус ва 198 роҳзанӣ. Дар ин миён аз ҳама бештар ва 1201 ҷинояти вобаста ба ҳифзу қочоқи маводи мухаддир аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия содир шудааст.

Дар шарҳи баёнияи сафорати Русия дар Душанбе як корбари Фейсбук бо номи Акбар Тиллоев гуфтааст, “Сафорати мӯҳтарам бояд воқеъиятро гуфт. Дар Русия азияту озори ошкори тоҷикон идома дорад, ҳар ҷинояте, ки нашавад, кори тоҷикон медонанд, на шаҳрвандони кишварҳои дигари муштаракулманофеъ, балки тоҷикон. Ҳамаи шабакаҳои саросарии Русия ин хабарро бо иштиқиёти зиёд нашр мекунанд. Масалан, дар бораи қаторҳо се кишварро ном бурданд, вале қатори Тоҷикистонро намоиш доданд.”

Корбари дигари Фейсбук бо номи Алексей Авганов, шарҳи сафоратро бисёр “рӯзмарра” хонда ва навиштааст, «табиист, ки дар миёни муҳоҷирони зиёд ва синну соли гуногун теъдоди аз онҳо мемиранд ва теъдоди ҷиноятҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон бисёр ночиз аст. Аммо ин воқеъият аст, ки ҷиноятҳое ба мисли қочоқи маводи мухаддиру, таҷовузи ҷинсӣ, ғорату куштор сабаби напазируфтани тоҷикон аз тарафи мардуми рус мешавад.”

Сафорати Русия дар гузашта ҳам борҳо матбуоти Тоҷикистонро ба “бадгӯӣ” дар ҳаққи Русия муттаҳам кардааст ва мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам аз ҳукумати Маскав хостаанд, ба тавҳину носазо гуфтан дар ҳаққи муҳоҷирону ҳукумати Тоҷикистон хотима диҳад, ки “як расми маъмул дар матбуоти русӣ” шудааст.

http://www.ozodi.org/content/tajikistan-russia-migrants/25094644.html

Даъвои назоратии «Имрӯз-News» рад шуд

Суди шаҳри Душанбе даъвои назоратии рӯзномаи «Имрӯз-News» ва сармуҳаррири он Назири Нусратро оид ба бекор кардани ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Қарори кассатсионии Суди шаҳри Душанбе рад кардааст. Дар ин бора хабаргузории TojNews иттилоъ додааст.

Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи «Имрӯз-News», ба хабаргузорӣ гуфтааст дирӯз ба шикояти онҳо, ки ҳанӯз моҳи июл фиристода буданд, ҷавоби рад гирифтаанд.

Назири Нусрат дар як сўњбати телефонї ба Odob.tj бо таъйиди ин хабар гуфт, ки  “таъиноти мазкур рўзи 19-уми август бо имзои судяи Суди шаҳри Душанбе Қосимов бароварда шудааст. Дарвоќеъ, Суди шаҳри Душанбе шикояти моро аз болои ҳамин ҳукм низ рад карда буд. Вале мо тасмим дорем, ки ба зинаҳои болотари судӣ шикоят барем».
Ёдрас мешавем, ки  Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барои «паст задани шаъну эътибор» дар мақолаи «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» — и падарҳо шудаанд», рӯзномаи «Имруз News»-ро ба љуброни зарари маънавӣ дар њаљми 50 ҳазор сомонӣ ва расман узр пурсидан аз Рустам Ҳукумов, водор намуда буд.

Odob.tj

 

Салимзода дар бораи барномаҳои телевизионӣ алайҳи ҲНИТ

Олим Салимзода, раиси кумитаи парлумони Тоҷикистон оид ба корҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоотӣ ба суоли “Озодагон”, дар мавриди афзоиши пахши барномаҳои телевизионӣ алайҳи ҲНИТ гуфт, ин назари шаҳрвандон аст. Читать далее Салимзода дар бораи барномаҳои телевизионӣ алайҳи ҲНИТ

Танқисии журналистон аз хона ба самъи Убайдуллоев расонда мешавад

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ва раисони шаҳру навоҳии дигар барои ҷудо намудани замин барои сохтмони манзил ба кормандони воситаҳои ахбори оммаи кишвар, муроҷиат намояд. Читать далее Танқисии журналистон аз хона ба самъи Убайдуллоев расонда мешавад

Шоҳиён ба ВАО тартиби кор дар интихоботро мефаҳмонад

Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр зимни як ҳамоиш дар бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ ба журналистон тартиби кору иштирок дар интихоботро шарҳ медиҳад.  Читать далее Шоҳиён ба ВАО тартиби кор дар интихоботро мефаҳмонад

Нигаронии раиси Шӯрои ВАО аз фаъолшавии «фабрикаи ҷавоб»

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон мегӯяд, дар арафаи интихобот дар расонаҳои кишвар баррасии яктарафаи масоил афзоиш ёфтааст.  Читать далее Нигаронии раиси Шӯрои ВАО аз фаъолшавии «фабрикаи ҷавоб»