Лоиҳаи “Одобномаи шаҳрванди электронӣ (эТИКет)” натиҷаи ҳамкории ҷонибҳои манфиатдор бо мақсади вусъат додани муҳтавои (контенти) ватании Интернет ва рушди таҷрибаи худтанзимкунии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳа яке аз ташаббусҳои ватанӣ дар баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии ҷомеа буда, аз ҷониби гурӯҳи коршиносони ватанӣ таҳия гардидааст. Читать далее Одобномаи шаҳрванди электронӣ (эТИКет)
Все записи автора nansmit
Додгоҳ аз Аскар Ҳаким 1050 сомонӣ талаб кардааст
Имрӯз, 24-уми сентябр, дар нахустин мулоқоти додгоҳии масъулини нашрияи “Самак” бо намояндагони шоир, Аскар Ҳаким, додрас аз Аскар Ҳаким 1050 сомонӣ боҷи давлатӣ талаб намудааст. Читать далее Додгоҳ аз Аскар Ҳаким 1050 сомонӣ талаб кардааст
ПАРВАНДАИ МАҲМАДЮСУФ ИСМОИЛОВ БА СУД РАФТ
Парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори собики нашрияи «Нури зиндагӣ» дирӯз 23-юми сентябр ба суд ирсол шудааст. Читать далее ПАРВАНДАИ МАҲМАДЮСУФ ИСМОИЛОВ БА СУД РАФТ
Мурофиаи судии “Самак” ба таъхир афтод
Тавре хабар дода будем санаи 20 сентябр, соати 14:00 дар Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт мурофиа тибқи даъвои Аскар Хаким аз болои нашрияи «Самак» оғоз мешуд.
Хуршеди Ниёзов, муассиси ҳафтаномаи “Самак” ба мо хабар дод, ки мурофиа имрӯз бо сабаби ҳузур надоштани ҷонибҳо ба рӯзи номуайян гузошта шуд.
Ҷасур Абдуллоев, сардабири ҳафтаномаи «Самак» гуфта буд, ки барои як навиштаи ин нашрия таҳти унвони «Зиёиёнибемушкили тоҷик ё чаро зиёиён дар мулоқот бо президент танҳо мадҳия мехонанд», Аскар Ҳаким шоири шинохтаи тоҷик ва собиқ раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон алайҳи нашрия ба додгоҳ ариза пешниҳод кардааст.
Аскар Ҳаким аз суд талаб дорад, ки барои ҷуброни маънавӣ 150 000 сомонӣ аз ҳафтанома ситонида шавад.
Ин парванда зери роҳбарии судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ Н. Азимова баррасӣ хоҳад шуд.
ҲНИТ Кумита, ТВТ, «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо»-ро ба додгоҳ кашид
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукуматро ба додгоҳ кашида, узрхоҳияшро тақозо намудааст. Ин ҳизб рӯзи 19-уми сентябр ба ин мазмун ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аризаи шикоятӣ навиштааст. Читать далее ҲНИТ Кумита, ТВТ, «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо»-ро ба додгоҳ кашид
“Расонаҳои хориҷӣ Тоҷикистонро ба таври манфӣ муъаррифӣ мекунанд”
Як масъули давлати Тоҷикистон гуфт, бархе аз расонаҳои хориҷӣ огоҳона ба симои (имиҷ) байналимлалии ин кишвар латма ворид мекунанд. Читать далее “Расонаҳои хориҷӣ Тоҷикистонро ба таври манфӣ муъаррифӣ мекунанд”
Чопхонаи Қурғонтеппа дорои таҷҳизоти мудерн шуд
Ҳукумати вилояти Хатлон ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ барои танҳо чопхонаи шаҳри Қурғонтеппа аз як ширкати ҳиндӣ таҷҳизоти ҷадид харидорӣ кардааст. Читать далее Чопхонаи Қурғонтеппа дорои таҷҳизоти мудерн шуд
НИГАРОНИИ БОБОНАЗАРОВА АЗ ТӮҲМАТ ВА ИҒВОИ РАСОНАҲО
Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба курсии президенти Тоҷикистон аз Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳ имрӯз 19-уми сентябр бо пахши як изҳорот аз мардуми тоҷик даъват кардааст, ки ба ҳар гуна туҳмату ҳангомаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо бовар накунанд. Читать далее НИГАРОНИИ БОБОНАЗАРОВА АЗ ТӮҲМАТ ВА ИҒВОИ РАСОНАҲО
СУДИ АСКАР ҲАКИМ БО «САМАК» ВА ДАЪВОИ 150 ҲАЗОР СОМОНИИ ШОИР
Пагоҳ, 20-уми сентябр соати 14-00 дар суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт, аввалин мурофиаи даъвогии Аскар Ҳаким, шоири тоҷик, аз болои нашрияи «Самак» баргузор мегардад. Читать далее СУДИ АСКАР ҲАКИМ БО «САМАК» ВА ДАЪВОИ 150 ҲАЗОР СОМОНИИ ШОИР