Все записи автора nansmit

Одоби касбии журналистӣ дар баррасии муҳаққиқон

Риояи бемайлони меъёрҳои ахлоқии касбӣ дар баробари риояи қонун, омили аслии фаъолияти озод ва таъсиргузори журналистон аст.

Ин нукта меҳвари суханронии раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Қироншоҳи Шарифзода дар Конфронси ҷумҳуриявии «Риояи меъёр ва принсипҳои байналхалқии касбии журналистон дар журналистикаи тоҷик» буд, ки рӯзҳои 22 ва 23 ноябри соли равон, дар факултети журналистикаи ДМТ баргузор гардид. Читать далее Одоби касбии журналистӣ дар баррасии муҳаққиқон

Баҳси одоби журналистони тоҷик ва нигоҳе ба қазияи Тутубалина

Кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо баргузории як конфронси ҷумҳуриявӣ одоб ё худ этикаи касбии журналистони тоҷикро ба баҳс кашидааст.  Читать далее Баҳси одоби журналистони тоҷик ва нигоҳе ба қазияи Тутубалина

НАНСМИТ: Лоиҳаи тағйиру иловаҳо барои фаъолияти интернетӣ нашр шавад

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Маркази милии қонунугузорӣ мехоҳад, ки матни «Тарҳи тағйиру иловаҳои ба қонунгузории Тоҷикистон оид ба фаъолияти интернет дар Тоҷикистон»-ро барои мавриди таваҷуҳи ҷомеаи кишвар қарор додани он дар саҳифаи матбуот нашр кунанд. Читать далее НАНСМИТ: Лоиҳаи тағйиру иловаҳо барои фаъолияти интернетӣ нашр шавад

Билайн, Тоҷнет ва Телеком Технолоҷӣ — зидди озодии баён?

Баъзе аз шабакаҳои мобилӣ ва интернетрасони Тоҷикистон ҳанӯз ҳам бо овардани баҳона маҳдудияти ворид шудан ба сайти хабаргузории “Озодагон”-ро нигаҳ медоранд.

Муштариёни шабакаи мобилии “Билайн” ва ширкатҳои интернатрасони “Телеком Технолоҷӣ” ва “Тоҷнет” шикоят аз он доранд, ки аз рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ ба ин сӯ наметавонанд, бевосита ба сайти “Озодагон” дастрасӣ дошта бошанд. Аксари онҳо мегӯянд, барои ворид шудан ба ин торнамо аз филтршиканҳо ё проксӣ истифода мебаранд.

Бештари онҳо, бахусус муштариёни “Билайн” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, ҳангоми муроҷиаташон ба ин шабака аз кормандони он, танҳо як посухро мешунаванд: “Мушкили мо нест, Шумо ба худи маъмурияти “Озодагон” шикоят баред.” Аммо муштариёни нахустин шабакаи интернетрасони Тоҷикистон “Телеком Технолоҷӣ” аз он дар ташвишанд, ки намедонанд, ба куҷо шикоят ё муроҷиат кунанд. Зеро яке аз онҳо дар сӯҳбат бо мо гуфт, чун ба кормандони колл сентри ширкати мазкур муроҷиат кардем, онҳо мегӯянд, мо низ ба ин торнамо ворид шуда наметавонем, “аслан ингуна сайт вуҷуд дорад?”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, баъд аз шарҳу тафсилоти зиёди ӯ ба кормандони “Телеком Технолоҷӣ” дар бораи вуҷуд ва фаъолияти хабаргузори “Озодагон”, гуфтаанд: “Ҳоло маъмурияти мо ҳузур надорад, баъдан тамос гиред.” Дастрасӣ ба сайти хабаргузории “Озодагон” шоми 4 ноябр, дақиқтараш як рӯз пеш аз интихоботи президентии Тоҷикистон қатъ гардида буд. Вале баъд аз баргузории ин маъракаи сиёсси кишвар дастрасӣ ба торнамои “Озодагон”тавассути аксари шабакаҳои интернетрасон дубора имконпазир шуд. Аммо танҳо се ширкат — “Билайн”, “Телеком Технолоҷӣ” ва “Тоҷнет” ин иқдоми маҳдудкуниро идома медиҳанд.

http://www.ozodagon.com/13485-ozodagon-dar-bandi-bilayn-tonet-va-telekom-tehnolo.html

Журналист дар зиндон: Тӯҳмат ё ҳақиқат?

Қазияи судии рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов ба анҷом расид. Аммо 11 сол зиндон барои қаллобӣ (агар бигзор он воқеан ҳам бошад) аз рӯи ягон ахлоқ дуруст намегирад. Ин магар аз он шаҳодат намедиҳад, ки фаъолияти суд дар кишвар ба ислоҳоти хеле ҷиддӣ ниёз дорад?

Вақте ки ин ҳукмро шунидам, чанд лаҳза моро эҳсоси хомӯшӣ фаро гирифт ва ба худ савол гузоштам, ки чаро хомӯшем? То имрӯз нисбати тақдири ин ҳамкасби мо танҳо «Нигоҳ» 1 матлаб чоп намудаву ба он ҷиддӣ назар афканд.

Ҳамкасбон, ин эрод нест, ин муроҷиати як ҳамкасби шумост!

Мо бояд сарҷамъ шуда, ӯро дастгирӣ намоем. Зеро ин ҳодиса ба сари ҳар нафари мо омаданаш мумкин аст. Бубинед, дар баъзан маврид ҳатто ба одамкуш чунин ҳукм дода намешавад. Ва ё миллионҳо сомонӣ куҷое ғайб мезананду касе на суд мешавад, на пулҳо пайдо. Аммо ин нафар, ки рӯзноманигор аст, имрӯз ба ин ҳол ва ба чунин ҳукми ноодилона гирифтор шуд.

Воқеан, чаро дар музофот нисбат ба рӯзноманигорон бо чашми дигар менигаранд ва дар симои рӯзноманигорони ошкорбаён «правокатор» мебинанд?

Ёд дошта бошед, як сол қабл хабарнигори минтақавии ҳафтаномаи «Фараж» Маҳмудҷон Раҳматовро, ки ба таҳқиқоти ҷиддӣ машғул буд, фишор овардаву ӯро бо «супориши махсус» ба хизмати ҳарбӣ равон намуданд. Хуб, имрӯз Маҳмудҷон хизмати аскариро адо намудаву боз ба фаъолияти касбиаш баргашт, аммо нисбати Муҳаммадюсуф бояд инсоф мекарданд, ки бо синну соли ба ҷое расида ба муддати 11 сол аз озодӣ маҳкум мешавад.

Агар кор ин гуна сурат гирифтан гирад, пас фардо ҳуқуқҳои журналистӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳимоя ва ҳифз мешаванд?

Ҳуқуқҳоямонро, ки аз тарафи қонунгузорӣ муайян шудаанд, чӣ гуна истифода намоем.

Имрӯз, ки нисбати як ҳамкори мо тӯҳмат карданд, фардо аз хомӯшиамон истифода бурда, нисбати дигари мо низ дастдарозӣ менамоянд.

Нафаре низ қазияи Муҳаммадюсуф Исмоиловро аз матбуот хонда, чанд сол пеш ба суд додани 3 нашрия — «Фараж», «Азия Плюс» ва «Озодагон»-ро ёдовар шуда, афзуд: «Қазияи ин 3 нашрия чунон ба дили сармуҳарриронаш зада буд, ки ҷон ба лабашон омад. Аммо имрӯз ба кадом ҳол гирифтор шудани яке аз 3 судяҳоро, ки нашрияҳоро ба суд кашида буд, ҳама дидем ва бори дигар дарк намудем, ки ҳеҷ амале беҷавоб нахоҳад монд, ҳадди ақал дар назди Парвардигор».

http://faraj.tj/security/3468-zhurnalist-dar-zindon-t12631203mat-e-1203a1179i1179at.html

БАҲСИ «ИМРӮЗ-NEWS» БО ҲУКУМОВ БА СУДИ ОЛӢ РАСИД

Баҳси судии «Имрӯз-News» бо Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳ Ҳукумов, раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ки барои паст задани шаънаш аз рӯзнома 50 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб дорад, ба Суди Олӣ рафт.

Рӯзномаи «Имрӯз-News» аз болои қарори Суди шаҳри Душанбе дар бораи бетағйир мондани ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Суди Олӣ шикоят бурдааст.

Дар ин бора ба TojNews Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи «Имрӯз-News», иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин даъвои худ «Имрӯз-News» аз Суди Олии Тоҷикистон хостааст, ё ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомониро бекор кунанд, ё барои аз нав дидани парванда иҷозат диҳанд.

3-юми ноябр Суди шаҳри Душанбе даъвои назоратии рӯзномаи «Имрӯз-News» ва сармуҳаррири он Назири Нусратро оид ба бекор кардани ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Қарори кассатсионии Суди шаҳри Душанберо рад кард буд.

Суд нашрияро ба пардохти 50 000 сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ба Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳи Ҳукуматулло, раиси ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон», муваззаф карда буд.

Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи «Имрӯз-News», мегӯяд, «дирӯз ба шикояти онҳо, ки ҳанӯз моҳи июл фиристода буданд, ҷавоби рад гирифтаанд».

— Таъиноти Раёсати Суди шаҳри Душанбе таърихи 19-уми август бо имзои судяи Суди шаҳри Душанбе Қосимов бароварда шудааст. — Суди шаҳри Душанбе, шикояти рӯзномаро аз болои ҳамин ҳукм низ рад карда буд. Мо тасмим дорем, ки ба зинаҳои болотари судӣ шикоят барем, — мегӯяд журналист.

Рустам Ҳукумов аз болои рӯзномаи «Имрӯз-News» ва сармуҳаррири ин рӯзнома Назири Нусрат дар робита ба матлабе дар бораи бо маводи мухаддир боздошт шудани писари мансабдори давлатӣ, ки моҳи октябри соли гузашта дар рўзномаи мазкур чоп шуда буд, ба Суд шикоят кард ва Суд талаби ӯро дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ қонеъ карда буд.

http://tojnews.tj/Imruz-news-ba-sudi-oli-shikoyat-burd

Ташхиси матлаби Тутубалина ба уҳдаи Кумитаи истилоҳот вогузор шуд

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, имрӯз, 13-уми ноябр ташхиси лингвистии матлаби баҳсбарангези муҳаррири “Азия Плюс”, Олга Тутубалинаро ба уҳдаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гузоштааст.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Иноят Иноятов, вакили дифои Олга Тутубалина хабар дода, афзуд, ки баъди дастрас намудани ин таъиноти додрас, масъалаи шикоят аз болои онро баррасӣ хоҳанд кард. Иноятов дар шарҳи норозигияш аз ин таъинот гуфт, ҷониби ҳимояи Тутубалин бовар надорад, ки Кумитаи забону истилоҳот ташхиси холисона хоҳад гузаронд.

Иноят Иноятов мегӯяд, дар дохили Тоҷикистон танҳо ду ниҳод — Кумитаи забон ва истилоҳот, таҳти роҳбарии Додихудо Саймуддинов ва Пажуҳишгоҳи забону адабиёт ташхиси лингвистикӣ мегузаронанд, ки ҳардуяшон то ҷое ба Акдемияи улум алоқа доранд. Дар ҳоле ки Академияи улум яке аз даъвогарон аст, Иноят Иноятов пешниҳод дорад, ташхиси лингвистикӣ дар хориҷи Тоҷикистон гузаронда шавад.

Ин пешниҳоди ҷониби Тутубалинаро намояндагони зиёиён танҳо баҳона барои ба дарозо кашидани мурофиаи додгоҳӣ арзёбӣ мекунанд.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.

Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд» кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

http://www.ozodagon.com/13400-tashhisi-matlabi-tutubalina-ba-udai-kumitai-istiloot-voguzor-shud.html

Нобоварӣ барои ташхиси мунсифонаи мақолаи Тутубалина

Интизор меравад имрӯз, 13 ноябр, дар мурофиаи додгоҳии зиёиён алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи «Азия-Плюс» додраси парванда қарорро дар мавриди гузарондани ташхиси лингвистикӣ эълон кунад. Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Иноят Иноятов, вакили мудофеи Олга Тутубалина, хабар дод.

Зиёиён талаб доранд, ташхиси лингвистикии матлаби Тутубалина, “Неинтеллегентно об интеллегенции”, ки боиси ин баҳси додгоҳӣ шудааст, ҳар чӣ зудтар гузаронда шавад. Рустам Устобоев, намояндаи зиёиён дар мурофиаи рӯзи 12 ноябр дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфтааст, танҳо мехоҳанд, ташхиси лингвистикӣ мунсифона ва мустақилона гузаронда шавад.

Аммо ҷониби дифои Тутубалина дар мунсифонаю мустақилона гузарондани ташхиси лингвистикии матлаб дар дохили Тоҷикистон шубҳа дорад. Иноят Иноятов мегӯяд, дар дохили Тоҷикистон танҳо ду ниҳод — Кумитаи забон ва истилоҳот ва Пажуҳишгоҳи забону адабиёт ташхиси лингвистикӣ мегузаронанд, ки ҳардуяшон то ҷое ба Акдемияи улум алоқа доранд. Дар ҳоле ки Академияи улум яке аз даъвогарон аст, Иноят Иноятов пешниҳод дорад, ташхиси лингвистикӣ дар хориҷи Тоҷикистон гузаронда шавад.

Ин пешниҳоди ҷониби Тутубалинаро намояндагони зиёиён танҳо баҳона барои ба дарозо кашидани мурофиаи додгоҳӣ арзёбӣ мекунанд. Интизор меравад, қарори додгоҳ дар мавриди замону макони гузарондани ташхиси лингвистикӣ 13 ноябр содир шавад.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.

Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд» кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

http://www.ozodagon.com/13387-nobovarii-vakili-tutubalina-baroi-tashkhisi-munsifonai-lingvistiki.html

Қатъи барномаҳои ТВ «Сафо» дар Тоҷикистон

Тӯли ду рӯз аст дар ҳудуди Тоҷикистон пахши барномаҳои Телевизиони моҳвораии «Сафо», ки ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рабт медиҳанд, маҳдуд шудаст.

Дар Телевизиони «Сафо», ки дар Маскав мустақар аст, ба TojNews гуфтанд, пахши мавҷи барномаҳои ин шабака тариқи моҳвора дар ҳудуди Тоҷикистон аз дирӯз 8-уми ноябр, соати 13:00 бо вақти Маскав, (14:00 бо вақти Душанбе) масдуд шудааст. Дар назар аст соатҳои наздик баёнияи ТВ «Сафо» дар ин бора пахш шавад.

Дар Кумитаи радио ва телевизион масдуд кардани мавҷи барномаҳои моҳвораиро аз нигоҳи техникӣ номумкин медонанд.

Ҳодисаи монанд моҳи май низ рух дода буд, вақте Додоҷон Атовуллоев, журналисти мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба интиқоди шадиди низоми ҳукмрон тариқи Шабакаи моҳвораии «К+» шуруъ кард.

 

Саъдулло Сафаров, муҳандиси Шабакаи «Телерадиоком»-и Тоҷикистон гуфта буд, «барои таҷҳизонидани чунин дастгоҳҳое, ки мавҷро дар фазои як кишвар қатъ кунад, садҳо ҳазор доллар маблағ сарф мешавад. Ҳамзамон, мутахассисони варзидае дар ин соҳа лозим аст, ки тавонад ба моҳвора “вирус” фиристад. То ҷое ман медонам, мо дар Тоҷикистон чунин имкониятро надорем.

— Барои мисол, дар ин шабака ман метавонам чунин кореро анҷом диҳам, вале амалан мо ин корро накардаем, зеро барои анҷом додани чунин корҳо таҷҳизоти заруриро дар дохили шабака надорем, — мегӯяд Саъдулло Сафаров.

Вай мегӯяд, Чин ва Эрон дар ин самт таҷрибаи зиёде доранду техника низ дар ин кишварҳо пеш рафтааст.

— Тоҷикистон ва ҳар давлати дигаре ҳам метавонанд, ки пахши дилхоҳ шабакаро аз беруни кишвар тавассути дастгоҳҳои махсус қатъ кунанд ва барои ин корро кардан низ ҳам пули зиёде масраф хоҳад шуд. Бо ин усул агар шабакаи телевизионие аз моҳвора қатъ карда шавад, тамошои он дар тамоми кишвар ғайриимкон мегардад.

Коршиносони мустақил мегӯянд, чунин имконият дар Тоҷикистон кайҳост, ки арзи вуҷуд кардааст.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон гуфт: — Шояд, имконияти техникии масдуд кардани барои мисол «К+» дар Тоҷикистон набошад, шояд, бошад. Мо ин чизро дақиқ гуфта наметавонем. Аммо имкони масдуд кардани пахши барномаҳои он тавассути оператори моҳвора ҳаст.

Дар Тоҷикистон қатъи сомонаи интернетии Ютюб ва шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар вақтҳои зарурӣ, барои мисол пеш аз маъракаҳое чун интихобот ба ҳукми анъана даромадааст.

ТВ «Сафо»-ро, ки худро як телевизиони мустақил ва барои ниёзи муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия меномад, дар расонаҳои наздик ба ҳукумат моли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номиданд.

Аз ҷумла «Народная газета»-нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Эронро ба маблағгузории мухолифин ва пуштибонӣ аз роҳандозии телевизиони «Сафо» муттаҳам кард.

Ин нашрияи ҳукуматӣ навишт, ки маъмулан маблағгузори умури Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  ҷониби Эрон аст, ки бо ин мақсад (яъне таъсиси «Сафо») 2,5 миллион доллар ҷудо кардааст».

Дархости ҲНИТ ба Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикитстон дар бораи таъсиси як шабакаи телевизионӣ бо баҳонаҳои бюрократӣ рад карда шуд. ТВ «Сафо» бори аввал нест, ки масдуд мешавад. Масъулини ТВ «Сафо» моҳи сентябри соли ҷорӣ аз қатъ шудани мавҷи ин шабака дар ҳудуди Тоҷикистон хабар дода буданд.

http://www.odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=204%3A-qq-&catid=1%3A2011-11-19-11-50-21&Itemid=89&lang=tj

Фарогирии мавҷи телевизиони «Пойтахт» тавсеъа меёбад

То охири соли ҷорӣ шабакаи телевизионии «Пойтахт» фиристандаи мавҷ (передатчик)-и худро ба наваш иваз мекунад.

Директори шабакаи телевизионӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки то ҳанӯз онҳо аз «Телерадиоком» фиристандаи мавҷро ба иҷора гирифта буданд ва дар арафаи иинтихобот фиристандаи нави фармоишӣ аз хориҷи кишвар дастрас шудааст, ки иқтидори он аз фиристандаи мавҷуда 6-7 маротиба зиёдтар мебошад.

«Таҷҳизот аз корхонаи НПП «Квант-Эфир»-и Украина дастрас шуда, хароҷоти он бо шумули ҳамлу нақл ва расмиёти гумрук 70 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Айни замон тамоми шабакаҳои давлатии телевизиони кишвар дар заминаи фиристандаҳои маҳз ҳамин корхона фаъолият доранд», — гуфт ӯ.

Ба қавли вай, иқтидори фиристандаи нав ба 3,5 кВт ва фиристандаи мавҷуда ба 1 кВт баробар буда, бо назардошти кӯҳнаву фарсудагии он, иқтидори фиристандаи ҳозира ҳамагӣ 500-700 ваттро ташкил медиҳад.

Директори шабака изҳори итминон кард, ки баъди насби фиристандаи нав сифати тасвир бамаротиб беҳтар гардида, акнун дигар шаҳру навоҳии наздики пойтахт низ ба тамошои барномаҳои шабака дастрасӣ пайдо мекунанд.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ҳангоми пурра ба пахши рақамии барномаҳои телевизионӣ гузаштани Тоҷикистон, фиристандаи нав иваз намешавад, зеро он гибридӣ буда, ҳам барои пахши кунунӣ ва ҳам зимни гузаштан ба пахши рақамӣ коршоям хоҳад буд.

http://www.news.tj/tj/news/farogirii-mav-i-televizioni-poitakht-tavsea-meebad