Все записи автора nansmit

«ТВ5»-И КОНИБОДОМ АЗ УЗВИЯТИ ШӮРОИ ВАО ДАСТ КАШИД

Ширкати телевизионии «ТВ5»-и Конибодом аз узвияти Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, бино ба моҷарои миёни ин шӯро ва рӯзномаи «Имрӯз-News» даст кашид.  Читать далее «ТВ5»-И КОНИБОДОМ АЗ УЗВИЯТИ ШӮРОИ ВАО ДАСТ КАШИД

ТВ «ПОЙТАХТ» «РАФТ», Ё РАҲБАРАШ?

Хабари ба истеъфо рафтани Абдулқодири Абдуқаҳҳор, директори ТВ “Пойтахт” як тасмими шахсӣ намешавад унвон кард. Ба назар мерасад, баробари ӯ он “Пойтахт” – е, ки ӯ асос гузошта буд, низ ба истеъфо меравад. Читать далее ТВ «ПОЙТАХТ» «РАФТ», Ё РАҲБАРАШ?

Гуруҳи махсус ояндаи телевизионҳои мустақилро дар Тоҷикистон меомӯзад

Гуруҳи махсуси корӣ, ки дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Точикистон аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳайати 13 нафар таъсис ёфтааст, гузариши телевизионҳои кишварро ба пахши рақамӣ ва тақдири телевизионҳои мустақилро дар ин раванд мавриди омӯзиш қарор медиҳад.  Читать далее Гуруҳи махсус ояндаи телевизионҳои мустақилро дар Тоҷикистон меомӯзад

Истеъфои Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз раҳбарии «Пойтахт»

Абдуқодири Абдуқаҳҳор — директори телевизиони “Пойтахт” баъд аз мулоқоташ боМаҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, рӯзи 27 январи соли ҷорӣ аз мақоми худ истеъфо додааст. Оқои Абдуқаҳҳор дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, аз вазифаи директори “Пойтахт” ба он хотир истеъфо дод, ки мехоҳад ҷои корашро иваз кунад.  Читать далее Истеъфои Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз раҳбарии «Пойтахт»

ШӮРОИ ВАО-И ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ МОҶАРОИ ЖУРНАЛИСТӢ

Рӯзномаи «ИмрӯзNews» бо ирсоли мактуби расмӣ ба унвони раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва норизоӣ аз натиҷагирии мониторинги ахири ин созмон талаб кардааст, «калаванда» номидани ин рӯзномаро шарҳ бидиҳад. Читать далее ШӮРОИ ВАО-И ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ МОҶАРОИ ЖУРНАЛИСТӢ

Акбари Саттор: «Мониторинги Шӯрои ВАО тафриқаандозӣ аст»

Раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон мониторинги Шӯрои ВАО-ро хато ва як гуна кӯшиши тафриқангезӣ миёни ҷомиаи рӯзноманигории кишвар унвон кард. Читать далее Акбари Саттор: «Мониторинги Шӯрои ВАО тафриқаандозӣ аст»

Эътирози «ИмрӯзNews» ва таҳдиди хориҷ шудан аз Шӯрои ВАО

Масъулони “ИмрӯзNews” тасмим гирифтаанд, узвияташон дар Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистонро қатъ карда, онро эътироф нанамоянд. Ин тасмим баъд аз нашри натиҷаи мониторинги Шӯрои ВАО (23 январ) дар бораи риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар нашрия ва сайтҳои интернетӣ гирифта шудааст.  Читать далее Эътирози «ИмрӯзNews» ва таҳдиди хориҷ шудан аз Шӯрои ВАО

АНОНС: НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО САИДУМАР ҲУСАЙНӢ

Имрӯз,24-уми январ соати 14:00 дар дафтари марказии ҲНИТ нишасти матбуотӣ бо ширкати Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ ва вакили мардумӣ дар Парлумон кишвар робита ба сафари ахири вакил ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд баргузор мегардад.

 

Нишаст барои ҳамагон озод буда, хоҳишмандон метавонанд ба саволҳои худ посух гиранд.

Нишонӣ: Ш. Душанбе, кӯчаи Борбад, 1.

Телефонҳо барои тамос: 239-05-79 ва 239-05-80

http://www.tojnews.tj/anons-nishasti-matbuoti-bo-saidumar-husayni

Шӯрои ВАО «бадахлоқ»-ҳои матбуоти тоҷикро ном бурд

Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон риояи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар 43 нашрияи чопӣ ва 10 расонаи интернетии кишварро тайи соли 2013-ум мавриди омӯзиш қарор додааст.  Читать далее Шӯрои ВАО «бадахлоқ»-ҳои матбуоти тоҷикро ном бурд

Озодии ман то нӯги бинии рақибам ҳаст?!

(Мулоҳизаҳо дар ҷамъбасти мониторинги Шӯрои ВАО)

Бо ибтикори Шӯрои ВАО, аз нимаи дуюми моҳи июл то охири декабри соли гузашта, вобаста ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», пайгирии (мониторинги) воситаҳои ахбори омма гузаронида шуд. Пайгирии мазкур 43 нашрияи чопӣ ва 10 нашрияҳои электрони (интернетӣ)-ро, ки миёнашон нашрияҳои ҳукуматӣ (давлатӣ), ҷамъиятӣ, ҳизбӣ ва хусусӣ буданд, дар бар гирифт.    Читать далее Озодии ман то нӯги бинии рақибам ҳаст?!