Намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон 15 марти соли равон тренинги дурӯза дар мавзӯи «Ҳамкории ВАО ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон» доир кард. Читать далее Тренинги «Ҳамкории ВАО ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон» баргузор шуд
Все записи автора nansmit
СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА ҲАРБӢ ДАЪВОИ ҲНИТ-РО РАД КАРДАНД
Суди иқтисодӣ ва суди ҳарбии шаҳри Душанбе даъвои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон баррасӣ накарданд.
Дар ин бора сомонаи расмии ҲНИТ иттилоъ дод. Читать далее СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА ҲАРБӢ ДАЪВОИ ҲНИТ-РО РАД КАРДАНД
Сомонаи «Мавҷи озод» аз нав фаъол шуд
Сомонаи «Мавҷи озод» ахиран фаъолияти худро дар баробари дигар сомонаҳои хабарӣ ҷоннок кард. Читать далее Сомонаи «Мавҷи озод» аз нав фаъол шуд
Аъзои ҳукумат журналистонро шодбош гуфтанд
Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил мешавад, роҳбарони вазорату кумита ва сохторҳои давлатии Тоҷикистон рӯзноманигоронро таҳният гуфтанд. Читать далее Аъзои ҳукумат журналистонро шодбош гуфтанд
неожурналИСТ
Журналистикаро аз баъзе «журналистон» ё неожурналистон озод бояд кард! Читать далее неожурналИСТ
«САҲНАСОЗӢ» ДАР ҶОИЗАИ ЛОҲУТӢ
Суҳроби Зиё, хабарнигори тоҷик, узви Комиссияи Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо нишони эътироз аз ҳайати комиссияи мазкур хориҷ гардида, муайян намудани барандагони ҷоизаро «саҳнасозӣ» ном бурдааст. Читать далее «САҲНАСОЗӢ» ДАР ҶОИЗАИ ЛОҲУТӢ
Ҷоизаи Вазорати фарҳанг ба “Озодагон”
Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми март дар ҳамоиши бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик дар Душанбе ба як қатор нашрияҳо ҷоиза супоридааст. Читать далее Ҷоизаи Вазорати фарҳанг ба “Озодагон”
Эътои ҷоизаи Лоҳутӣ боиси баҳси рӯзноманигорон шуд
Бо вуҷуди даъватҳо ба баррасии вазъ ва мушкилоти расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон дар Рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми март, тақсими ҷоизаҳои Иттиҳодияи журналистон ба муҳимтарин мавзӯъ табдил ёфт. Читать далее Эътои ҷоизаи Лоҳутӣ боиси баҳси рӯзноманигорон шуд
«Азия-Плюс» баҳс бо зиёиёнро идома медиҳад
Вакилони мудофеи нашрияи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он — Олга Тутубалина аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикояти кассатсионӣ мебаранд.
Тавре аз «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, Иноят Иноятов, яке аз вакилони мудофеашон шикояти кассатсиониро рӯзи 12 март ба коллегияи судӣ пешниҳод мекунад.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ ба баҳси додгоҳии як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик бо Олга Тутубалина, муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции” ба манфиати аввалиҳо нуқта гузошт. Додрас Сурайё Ҷобирова ҳангоми қироати қарор гуфта буд, ин матлаби Тутубалина як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён мебошад ва “Азия-Плюс” вазифадор аст, дар тӯли ду ҳафта раддия чоп намояд.
Тутубалина дар ин матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд» кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Худдории ВАО-и ҳукуматӣ аз гирифтани ҷоизаи идонаи ҲНИТ
Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Суғд мегӯяд, намояндагони ВАО-и ҳукуматӣ аз иштирок дар чорабинии ин ҳизб бахшида ба 102-солагии матбуоти тоҷик худдорӣ кардаанд. Читать далее Худдории ВАО-и ҳукуматӣ аз гирифтани ҷоизаи идонаи ҲНИТ