Все записи автора nansmit

Вазъи дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ

Сарфи назар аз қабул шудани Қонуни ҶТ  «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (№ 961 аз19 марти соли 2013) ва ворид намудани механизми мукаммали дастрасӣ ба иттилоот, ҳамоно вазъи дастрасӣ ба иттилоот нигаронкунанда боқӣ мемонад. Гурӯҳи мониторингии АМВАОМТ (НАНСМИТ) тасмим гирифт, ки ба расонаҳо ташриф оварда, мушкили ҳар яки онҳоро барои дастрасӣ ба иттилоот бифаҳмад. Читать далее Вазъи дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ

Конфронси илмӣ-амалӣ дар Иттифоқи журналистон

22-юми май, соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии «Нақши Субҳон Раҳматов дар журналистикаи тоҷик» бахшида ба 80-солагии устоди каломи бадеъ ва арбоби сухан, корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, наттоқи дараҷаи олӣ Раҳматов Субҳон баргузор мегардад. Читать далее Конфронси илмӣ-амалӣ дар Иттифоқи журналистон

Шикояти рӯзномафурӯш аз монеагузории нозир

Бо як тамоси телефонӣ ба faraj.tj Давлатбекова Гулнора аз рафтори ношоиста ва дағалонаи як нозири минтақавӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки барои фурӯши рӯзномаҳо монеагузорӣ кардааст, шикоят намуд. Читать далее Шикояти рӯзномафурӯш аз монеагузории нозир

Зангҳои таҳдидомез ба Орзу Исоев, муҷрии “Баҳси имрӯз”

Орзу Исоев, муҷрии барномаи “Баҳси имрӯз” дар Радиои “Имрӯз”, мегӯяд, тӯли тақрибан даҳ рӯзи охир афроди ношинос барояш занг зада, ӯро мавриди таҳқиру таҳдид қарор додаанд. Ба қавли Орзу, ин афрод ҳатто дар ҳаққи модараш дашномро раво дида, ба ӯ гуфтаанд, “алафи худро паст чарида гард”. 

“Намехоҳам, аз пашша фил созам. Дар аввал чандон таваҷҷӯҳ надоштам, аммо баъдан ин авҷ гирифт. Чанд рӯз пеш дар як тӯй баромад доштам, ки ба ман занг зада, дар ҳаққи модарам дашноми зиёд карданд”,-афзуд ӯ.

Орзу Исоев мегӯяд, аз сабаби зиёд ворид шудани зангҳои телефонӣ натавонистааст, ҳамон рақами таҳдидкардаро ҳифз намояд ва аз болояш расман ба мақомот шикоят кунад. Ин хабарнигори тоҷик давоми 2 моҳи охир аз соати ҳафти субҳ то даҳи рӯз барномаи “Баҳси имрӯз”-ро ба шунавандагон ба таври мустақим тақдим мекунад, ки бештар дар он мардум дарди дили худро ошкоро баён мекунанд. Чунин баҳсҳо дар бораи “облава”-и ҷавонон, маъюбии Шаҳбол Мирзоев ва марги мармузи бархе аз шаҳрвандон шуда буд.

http://www.ozodagon.com/16199-zangoi-tadidomez-ba-orzu-isoev-murii-basi-imrz.html 

Интиқоди Хонаи Озодӣ аз ҳукми додгоҳ алайҳи Тутубалина

Cозмони Хонаи Озодӣ дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ алайҳи нашрияи «ASIA-Plus» ва сардабири он Олга Тутубалина ҷарима шудани ӯро «намунаи рӯшане аз сонсур» дар Тоҷикистон хондааст. Читать далее Интиқоди Хонаи Озодӣ аз ҳукми додгоҳ алайҳи Тутубалина

Таҳдид ба рӯзномафурӯш дар Автовокзал

Бо як тамоси телефонӣ, фурӯшандаи газета аз нуқтуи назди Автовокзали маркази Душанбе аз таҳдиди роҳбари милитсияи Сино 2-и пойтахт шикоят кард. Читать далее Таҳдид ба рӯзномафурӯш дар Автовокзал

Вазъи дастрасӣ ба иттилоот ҳангоми офатҳои табиӣ

Санаи 12-13 апрел бар асари боришоти шадид, ба деҳаи Одинабойӣ, ҷамоати Саричашма сел фаромада, боиси марги 13 нафар гашт. Аммо барои дастрасии иттилоот ва ҳузури кормандони васоити ахбори омма дар ҷойи ҳодиса монеа эҷод шудааст ва журналистон натавонистанд ба таври возеҳ ҳодисаро шарҳ диҳанд.  Дар пайи эҷоди мушкилӣ аз ҷониби кормандони мақомоти полис барои ворид шудани хабарнигорон ба маҳалли офати табиӣ дар ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, як қатор хабарнигорон тариқи телефон ба Бахши мониторингии Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)  хабар доданд.  Читать далее Вазъи дастрасӣ ба иттилоот ҳангоми офатҳои табиӣ

«ХОМА»: 60%-И СОКИНОН ТЕЛЕВИЗИОНҲОИ ДАВЛАТИРО ТАМОШО НАМЕКУНАНД

Таҳлилгарони созмони ҷамъимятии «Хома» ба хулосае расидаанд, ки 49 дар сади аҳолии кишвар шабакаҳои давлатиро тамошо намекунанд, вале агар аз рўи  рейтинг хулоса барорем, натиҷа зиёда аз 60 дар садро ташкил медиҳад.

«Хома» ин матлабро дар гузорише расонаӣ кард, ки таҳти унвони «Тадқиқоти бозори телевизионии Тоҷикистон» интишор шудааст ва муаллифонаш мегўянд «новобаста аз суръати инкишоф индустрияи рекламавии мамлакат дар маҷмуъ аз дигар мамлакатҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ қафо мемонад».

Аз сўи дигар рекламаи телевизионӣ аз кулли бозори рекламаи Тоҷикистон ҳамагӣ 25,7 дар садро ташкил додааст. Даромади аз ҳама калон аз ҳисоби реклама бештар ба шабакаҳои умумиҷумҳуриявӣ ворид мешавад, зеро онҳо фарогирии васеъи пахш доранд.

Бино ба ин гузориш телевизионҳои давлатӣ рўзе аз 10 то 2,5 соат пахши реклама доранд, телевизионҳои мустақил бошанд аз 2 то 25 дақиқа вақти худро сарфи пахши реклама мекунанд.

Ва нуктаи дигар: телевизионҳои мамлакат бо панҷ забон барнома пахш мекунанд: тоҷикӣ (65%), русӣ (32%) ва узбакиву инглисиву  арабӣ, ки дар маҷмуъ 3 дар садро ташкил медиҳанд.

Хулосаи ин таҳқиқот, ки тибқи як лоиҳаи созмони ҷамъиятии «Хома» бо маблағгузории барномаи грантҳои хурди Комиссия оид ба рушди демократияи Сафорати ИМА роҳандозӣ шудааст, ахиран он дастгирии Намояндагии «Интернюс Нетуорк» дар Тоҷикистон чоп шудааст.

http://www.tojnews.tj/60-fisad-television-hoi-davlatiro-tamosho-namekunand