Все записи автора nansmit

Сокинони ноҳияи Балҷувон ҳафтанома мехонанд

Масъулини ҳафтаномаи Балҷувон “Паёми Балҷувон”, ноҳияи дурдаст дар ҷануби кишвар мегӯянд, ки дар маъракаи обунашавӣ ба ҳафтаномаҳои мухталиф ба ҳафтаномаи онҳо камтар обуна мешаванд. Читать далее Сокинони ноҳияи Балҷувон ҳафтанома мехонанд

Файзинисо Воҳидова: Ширкатҳои мобилӣ дар назди мақомот забонкӯтоҳанд

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик чанде қабл эълон кард, аз истифодаи телефони ҳамроҳ даст мекашад. Ӯ ин тасмимашро як навъ эътироз ба гӯш кардани суҳбатҳои телефонияш аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон маънидод кард. Хабарнигори “Озодагон” бо ин ҳуқуқдони маъруф мусоҳибае орост ва нахуст аз ҳамин мавзӯъ суол кард. Читать далее Файзинисо Воҳидова: Ширкатҳои мобилӣ дар назди мақомот забонкӯтоҳанд

Баррасии парвандаи Қамари Аҳрор ба фардо монд

Додгоҳи Хуҷанд нимарӯзи 21 октябр баъд аз бозпурсии як шоҳид, идомаи баррасии парвандаи маъмурӣ алайҳи рӯзноманигор Қамари Аҳрорро ба фардо гузошт.

Пулиси Хуҷанд даъво дорад, Қамари Аҳрор, рӯзноманигори нашрияи “Нигоҳ” ва Оҷонси иттилоотии “Тоҷнюс” дар толори мусобиқаи байнулмилалии муштзанӣ дар шаҳри Хуҷанд ба амри пулис, ки ба вай наворгирӣ аз масофаи наздик ба саҳна (ринг)-ро иҷозат надод, итоат накардааст. Алайҳи ин рӯноманигор мутобиқи банди 479-и  Кодекси  мурофиавии Тоҷикистон маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз сӯи пулис мавод таҳия шудааст. Додгоҳ ба барасии ин қазия рӯзи 16-уми октябр оғоз карда буд. Қамари Аҳрор ва вакили дифоаш Файзиннисо Воҳидова даъвои пулисро “сохта” ва маҳдуд кардани ҳуқуқи хабарнигорон меноманд. Қамари Аҳрор дар толори додгоҳ гуфт, вақте вай барои ҳифзи худ ҳарф зад, пулис хашм гирифт, ҳатто ба шаҳодатномаи рӯзноманигории вай назар накард, носазо гуфт, имкон надод амрашро иҷро кунад, зӯран ба идораи пулис бурданд ва алайҳаш мавод тартиб доданд. Ӯ инро нақзи ҳуқуқи худ номид. Дар ҳоле, ки пулис худро ҳамчун журналист муаррифӣ намудани Қамари Аҳрорро радд мекунад, вале ин рӯзноманигор ва вакили дифоаш мегӯянд, фардо ба додгоҳ шоҳидеро хоҳанд овард, ки ба нафъи онҳо шаҳодат хоҳад дод ва нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ аз тарафи Қамар ба пулисро бо чашмони худ дидааст.

http://www.ozodi.org/archive/news/latest/538/538.html?id=26648033

Муроҷиати 12 созмон ба Тоҷикистон дар мавриди «сайтбандон»

12 созмони ҷамъиятӣ ва ҳомии ҳуқуқи Осиёи Марказӣ дар як изҳороти муштарак масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистонро маҳкум карда, аз мақомоти ин кишвар хостаанд, то ба даъватҳои ниҳодҳои байналмилии ҳуқуқи башар гӯш дода, дастрасии бидуни маҳдудияти мардуумаш ба Интернетро таъмин кунад. Худдорӣ аз шеваҳо, чун маҳдуд кардани дастрасӣ ба Интернет, ки ба ақидаи муаллифони изҳорот, нақзи ҳуқуқи инсон аст, ва эҳтиром гузоштан ба озодии баёну озодии гирдиҳамоӣ аз дигар талабҳои омада дар ин муроҷиатнома аст. Зери ин изҳороти муштарак 12 созмони минтақавӣ, аз ҷумла Анҷумани дастраскунандаҳои Интернети Тоҷикистон, Дафтарҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистону Қазоқистон, НАНСМИТ. Ташабууси ҳуқуқи башари Туркманистон, “Нота бене” ва созмонҳои дигар имзо кардаанд. Читать далее Муроҷиати 12 созмон ба Тоҷикистон дар мавриди «сайтбандон»

Нигоҳе ба вазъи расонаҳои чопии Хатлон (чандрасонаӣ)

Камии теъдоди нашр, дер ба чоп расидан, дастмузди ночиз (аз 250 то 450 сомонӣ), норасоии дастгоҳҳои замонавӣ, дурии роҳ то чопхонаи Қӯрғонтеппа ё Душанбе, кор накардани бештари чопхонаҳои ноҳиявӣ, воҳидҳои кории кам ва худдории мутахассисони ҷавон аз фаъолият дар редаксияҳо, садамавию таъмирталаб будани бинои баъзе идораҳои ВАО ва нарасидани ҳуҷраҳои корӣ, маблағгузории нокофии рӯзномаи музофотӣ, пардохт нашудани ҳаққи қалам, пешбурди кор бо усули куҳнашудаи идорӣ дар расонаҳо, роҳандозӣ нашудани менеҷменти дуруст, дер дастрас шудани рӯзнома ба хонанда… Читать далее Нигоҳе ба вазъи расонаҳои чопии Хатлон (чандрасонаӣ)

Нигоҳе ба вазъи расонаҳои чопии Хатлон (чандрасонаӣ)

Камии теъдоди нашр, дер ба чоп расидан, дастмузди ночиз (аз 250 то 450 сомонӣ), норасоии дастгоҳҳои замонавӣ, дурии роҳ то чопхонаи Қӯрғонтеппа ё Душанбе, кор накардани бештари чопхонаҳои ноҳиявӣ, воҳидҳои кории кам ва худдории мутахассисони ҷавон аз фаъолият дар редаксияҳо, садамавию таъмирталаб будани бинои баъзе идораҳои ВАО ва нарасидани ҳуҷраҳои корӣ, маблағгузории нокофии рӯзномаи музофотӣ, пардохт нашудани ҳаққи қалам, пешбурди кор бо усули куҳнашудаи идорӣ дар расонаҳо, роҳандозӣ нашудани менеҷменти дуруст, дер дастрас шудани рӯзнома ба хонанда… Ин ҳама аз мушкилоти аслии нашрияҳои музофотӣ дар вилояти Хатлонанд, ки роҳи ҳалли зудрас мехоҳанд. Читать далее Нигоҳе ба вазъи расонаҳои чопии Хатлон (чандрасонаӣ)

Кормандони ҳафтаномаи “Дӯстлик” бо дархост муроҷиат мекунанд

Хабарнигорони  ҳафтаномаи “Дӯстлик”, ягона ҳафтаномаи узбекзабон дар Хатлон гуфтаанд, ки аз ин баъд агар инттилооти барои ҳафтанома муҳимро аз мақомот пайдо карда натавонистанд, ба онҳо дархост пешниҳод мекунанд. Читать далее Кормандони ҳафтаномаи “Дӯстлик” бо дархост муроҷиат мекунанд

Боздошти Муаттара Ҷӯраева, муҷрии собиқи телевизиюни Тоҷикистон

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як муҷрии собиқи барномаҳои телевизиюни давлатии ин кишвар ба занни тақаллуб ё кулоҳбардорӣ хабар дод. Читать далее Боздошти Муаттара Ҷӯраева, муҷрии собиқи телевизиюни Тоҷикистон

Қазияи Муаттара полковники милисаро пушти панҷара бурд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар доираи парвандаи қаллобии МуаттараҶӯраева, собиқ наттоқи телевизиони Тоҷикистон, як афсари Вазорати корҳои дохилии кишварро низ боздошт кардааст. Читать далее Қазияи Муаттара полковники милисаро пушти панҷара бурд

Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорон мусоҳиба орост

Нимаи дуюми рӯзи 16 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии United World мусоҳиба ороста, ба саволҳои онҳо посух гуфт. Читать далее Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорон мусоҳиба орост