Все записи автора nansmit

Журналистон дар ҷустуҷӯи домоди Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон 26-уми ноябр, баъди ҷаласаи Парлумон ба саволҳои журналистон посух додан нахост.

Домоди дуюми Президент Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон ваъда дод, ки ба ҳуҷраи кории муовини аввали спикери Парлумон — Амиршо Миралиев меравад ва баъд ба саволи онҳо посух хоҳад гуфт. Аммо журналистон бенатиҷаи дилхоҳ, ӯро пушти дари бастаи утоқи Миралиев беш аз 30 дақиқа интизор шуданд.

-Хабарнигорон, ки маҷбур шуданд роҳи Нуралиевро дар баромадгоҳи марказии бинои парлумон поянд, ҳамин тавр аз ӯ чизе пурсида натавонистанд.

Ин нахустин бор нест, ки муовини авали вазири молия, ки барои хабарнигорони хориҷӣ дастрас аст,  аз суҳбат бо хабарнигорони тоҷик фирор мекунад. Ҳафтаи гузашта вай дар ҷаласаи Парлумон буд ва ҳатто ба танаффус набаромад.

Аз ӯ журналистон ба буҷаи давлатӣ вогузор кардани қарзӣ беш аз 7-милиардии “Барқи тоҷик”-ро пурсидан мехостанд.

Дар ҷаласаи Парлумон зимни баррасии Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ширкати «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» Нуралиев назди вакилон, пардохти қарзи “Барқи тоҷик”-ро аз буҷети давлат салоҳ донист.

Вай гуфт: «Имрӯз қарзи «Барқи тоҷик» аз Сангутда-1 ва Сангтуда-2 ба 7,1 миллирад сомонӣ баробар аст, ки хеле ташвишовар аст. Он 26 лоиҳаи зерқарзӣ имконияти пардохтани ин қарзро надоранд. Буҷети давлат ин қарзро пардохт карда истодааст».

http://tojnews.org/ru/node/459

Журналист дар додгоҳ: Чӣ бояд кард? Дар як мизигирд дар Душанбе роҳҳои худро дар додгоҳҳои Тоҷикистон чигуна ҳимоят кардани хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ баррасӣ шудааст.

Дар Душанбе нахустин мизи гирде дар мавзӯи “Мурофиаҳои додгоҳии расонаҳо. Чӣ тавр волоияти қонунро бояд таъмин кард?” бо ширкати намояндагони мақомот, расонаҳо, вакилони дифоъ ва коршиносон барпо шуд. Мизи гирд бо ибтикори Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмони «Артикл 19» баргузор шуда, пуштибонии молиявии онро вазорати корҳои хориҷии Норвегия ба зимма дошт. Читать далее Журналист дар додгоҳ: Чӣ бояд кард? Дар як мизигирд дар Душанбе роҳҳои худро дар додгоҳҳои Тоҷикистон чигуна ҳимоят кардани хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ баррасӣ шудааст.

25 ҳазор доллар мукофоти Ғалатӣ Баротова ба прокурор ва ҳукумат

Як зани тоҷик бо муроҷиат ба Президенти Тоҷикистон, Прокурори генералии Тоҷикистон ва дигар мақомоти зирабт гуфтааст, ки агар дастандаркорони “Нури наҳзат”-ро ифшо кунанд, 25 ҳазор доллар мукофот хоҳад дод. Читать далее 25 ҳазор доллар мукофоти Ғалатӣ Баротова ба прокурор ва ҳукумат

Марям Давлатова: «Занро ВАО ҷинояткор кардааст»

Инъикоси ҳаёти бонувон дар васоити ахбори омма имрўз ба масъалаи доғ табдил шудааст. Дар баробари мардон, ки ҳамеша мақоми соҳибназариро дар матбуот доранд, баръакс бонувон ҳангоми содир шудани ин ё он ҷиноят ҳамчун бону муаррифӣ мешаванд, аз ҳаёти шахсии бонувони сароянда қиссабофиҳо нашр мегардад ва ҳоказо. Чаро ВАО ҷойгоҳи занро маҳдуд медонанд? Ин аввалин суол аз Марям Давлатова, коршиноси масоили гендерӣ аст, ки ба тозагӣ инъикоси занон дар ВАО — ро гузориш карда буд: Читать далее Марям Давлатова: «Занро ВАО ҷинояткор кардааст»

Марям Давлатова: «Занро ВАО ҷинояткор кардааст»

Инъикоси ҳаёти бонувон дар васоити ахбори омма имрўз ба масъалаи доғ табдил шудааст. Дар баробари мардон, ки ҳамеша мақоми соҳибназариро дар матбуот доранд, баръакс бонувон ҳангоми содир шудани ин ё он ҷиноят ҳамчун бону муаррифӣ мешаванд, аз ҳаёти шахсии бонувони сароянда қиссабофиҳо нашр мегардад ва ҳоказо. Чаро ВАО ҷойгоҳи занро маҳдуд медонанд? Ин аввалин суол аз Марям Давлатова, коршиноси масоили гендерӣ аст, ки ба тозагӣ инъикоси занон дар ВАО — ро гузориш карда буд: Читать далее Марям Давлатова: «Занро ВАО ҷинояткор кардааст»

Дар Душанбе мушкилоти ВАО-и электрониро баррасӣ карданд

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар мавзӯи «Мушкилоти ВАО-и электронӣ ва дастрасӣ ба иттилоот» конфронс баргузор шуд. Читать далее Дар Душанбе мушкилоти ВАО-и электрониро баррасӣ карданд

100 ҳазор сомонӣ ҷоиза барои рӯзноманигорони Суғд

Субҳи рӯзи душанбе ба 27 нафар рӯзноманигорони расонаҳои чопӣ, телевизион ва радиоҳои давлативу ғайридавлатӣ дар вилояти Суғд ҷоизаҳои раиси вилоят, иборат аз сипоснома ва ҷоизаҳои пулӣ, аз 7 ҳазор то 1.5 ҳазор сомонӣ барои маводҳои беҳтарин тақдим карда шуд. Маросими супурдани ҷоизаҳо дар толори хурди Кохи Рӯдакӣ бо иштироки раисони вилояту шаҳри Хуҷанд ва гурӯҳи бузурги хабарнигорон гирифт. Читать далее 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза барои рӯзноманигорони Суғд

АНОНС: БРИФИНГ БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧЕХИЯ

25-уми ноябри соли 2014, соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг барои намояндагони ВАО дар бобати сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт. Читать далее АНОНС: БРИФИНГ БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧЕХИЯ

“НИГОҲ”: ТИЛИСМИ ТОҶИКСОДИРОТБОНК ШИКАСТ (ИЗҲОРОТ)

Нашрияи иттилоотиву сиёсии «Нигоҳ» дар бораи кӯшиши ғайриқонунӣ қатъ кардани нашри силсиламақолаи “Тилисми Тоҷиксодиротбонк” дар нашрия аз ҷониби ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва қонуншиканиҳои судя Раҷабзода Ҳотам изҳорот пахш кард, ки матни пурраи он чунин аст: Читать далее “НИГОҲ”: ТИЛИСМИ ТОҶИКСОДИРОТБОНК ШИКАСТ (ИЗҲОРОТ)

Акбари Саттор: “Мо талаби қудрати сиёсӣ надорем”

Имрӯз, 18 ноябр аз таъсиси медиа-гурӯҳи “Чархи Гардун”, нахустин ширкати расонаӣ дар фазои матбуоти Тоҷикистон 20 сол пур шуд. Читать далее Акбари Саттор: “Мо талаби қудрати сиёсӣ надорем”