Имрӯз 3-юми январ бо ташаббуси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи «Мушкилоти ҳимояи ҳуқуқии ВАО, таъқибҳои беасоси судӣ ва маблағҳои ҳангуфти қазияҳои зидди ВАО» оғоз ёфт. Читать далее Мизи гирд: Мушкилоти ҳимояи ҳуқуқи ВАО ва баҳсҳои судӣ баррасӣ мешаванд
Все записи автора nansmit
РӮЗНОМАИ «ХАТЛОН» СОМОНАИ ХУДРО ТАЪСИС ДОД
«Хатлон» — нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шабакаи ҷаҳонии интернет дорои сомонаи худ гардид. Читать далее РӮЗНОМАИ «ХАТЛОН» СОМОНАИ ХУДРО ТАЪСИС ДОД
Қрим, видеоҳои фаҳш ва «митинги Қувватов» дар як назарсанҷӣ
Дар назарсанҷии ғайрирасмии Радиои Озодӣ 1350 нафар ширкат карда, қурби рубл ва сомонӣ, ишғоли Қрим, минтинги барпонашудаи Қувватов ва анҷоми ташхиси Роғунро муҳимтарин рӯйдодҳои сол номиданд.
Чаро видеои фаҳши муллои «Лолазор» ё як хонуми солманд дар назарсанҷии, бигзор ҳатто ғайрирасмӣ, метавонад муҳимтарин рӯйдоди сол шавад? Аз чӣ наворҳои шаҳвонӣ аз задухӯрди мусаллаҳона дар марзҳои кишвари соҳибистиқлол ва ҳалокати шаҳрвандони он дида, раъйи бештар овард? Ё як эълону даъвати гирдиҳамоие, ки баргузор нашуд, ба маротиб «муҳимтар» аз падидаи ДОИШ ё гурӯҳи «Давлати Исломӣ» аст?
Аммо аксарият (244 нафар) коҳиши қурби рубл ва сомониро дар ҷойи аввал ва ишғоли Қрим (манзур рӯйдодҳои Украина)-ро дар ҷойи дувум гузошта ва 131 нафар поёни ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғунро муҳимтарин падидаи соли 2014 номидаанд.
Изҳори назари 1350 нафар аз хонандагони торнамои Радиои Озодӣ дар 14 рӯз ба чунин шакл поён ёфт. Ин ҳам дар ҳоле, ки номгӯйи рӯйдодҳоро низ худи хонандагон пешниҳод карда буданд.
http://www.ozodi.org/content/ozodi-site-polling-results/26767907.html
Даргузашти раҳбари собиқи ТВ «Пойтахт»
Раҳмон Остон, хабарнигор ва адиби тоҷик, рӯзи 27 декабр дар синни 61 бар асари хунрезии мағзӣ аз олам чашм пӯшид. Ҷанозаи Раҳмон Остонро рӯзи якшанбе дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурдаанд. Читать далее Даргузашти раҳбари собиқи ТВ «Пойтахт»
Моҳи январ нишастҳои хабарии вазорату идораҳо оғоз мегарданд
Аввали моҳи январи соли оянда нишастҳои хабарии навбатии ҷамъбастии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз мегарданд, Роҳбарони вазорату идораҳо ба журналистон аз натиҷаҳои фаъолият дар соли 2014 гузориш хоҳанд дод. Читать далее Моҳи январ нишастҳои хабарии вазорату идораҳо оғоз мегарданд
Нақши ВАО дар тарғибу ташвиқи фарҳанги муҳоҷират
Имрӯз, 25-уми декабри соли 2014 дар Хадамоти муҳоҷират дар мавзӯи «Нақши ВАО дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатии муҳоҷират ва фарҳанги он» семинари омӯзишӣ доир гардид. Читать далее Нақши ВАО дар тарғибу ташвиқи фарҳанги муҳоҷират
Ҳаштсолагии «Фараж» ва «Нигоҳ», 1000-умин шумораи «ИмрӯзNews»
Давоми ҳафтаи охир матбуоти муосири тоҷик 8-солагии ду рӯзномаи мустақили сиёсӣ-ҷамъиятӣ ва нашри 1000-умин шумораи рӯзномаи нахустини Тоҷикистон «ИмрӯзNews»-ро таҷлил кард. Читать далее Ҳаштсолагии «Фараж» ва «Нигоҳ», 1000-умин шумораи «ИмрӯзNews»
КМИР барои ВАО дастурамал чоп кард
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба баргузории интихоботи парлумонӣ дар кишвар, ки 1 марти соли 2015 таъйин гардидааст, дастурамал баровард. Читать далее КМИР барои ВАО дастурамал чоп кард
Шумораи нави “Нигоҳ” баъди таваққуфи ду ҳафтаина ба нашр расид
Шумораи 421-и ҳафтаномаи иттилотиву сиёсии “Нигоҳ” баъди ду ҳафтаи таваққуфи нашри ҳафтанома чоп шуд. Читать далее Шумораи нави “Нигоҳ” баъди таваққуфи ду ҳафтаина ба нашр расид
Рустами Ҷонӣ: Миёни расонаҳоро андоз мешиканад
Рустами Ҷонӣ, муассиси ягона рӯзномаи Тоҷикистон ва собиқ директори генералии “Ориёно Медиа” дар бораи шебу фарози рӯзномадорӣ, дар садади нашри 1000-умин шумораи “ИмрӯзNews” дар суҳбат бо TojNews нақл кард. Читать далее Рустами Ҷонӣ: Миёни расонаҳоро андоз мешиканад