Все записи автора nansmit

З.Саидов хост, парвандаи нави ӯ дар ҳузури хабарнигорон баррасӣ шавад

Зайд Саидов — раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав аз раиси Додгоҳи олӣ хостааст, баррасии парвандаи нави ӯ дар ҳузури хабарнигорон сурат гирад, то гунаҳкор ё бегуноҳ буданаш ба ҳама ошкор шавад. Читать далее З.Саидов хост, парвандаи нави ӯ дар ҳузури хабарнигорон баррасӣ шавад

Анонс: Вохӯрии сафири Эрон бо журналистони тоҷик

9-уми феврал вохӯрии Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба намояндагони ВАО-и кишвар баргузор мегардад. Читать далее Анонс: Вохӯрии сафири Эрон бо журналистони тоҷик

Интихоботи Тоҷикистон. Намоишномаи кӯҳна бо ороиши нав?

Дар ростои интихоботи порлумонии 1-уми март бахше аз коршиносон мегӯянд, аз он ҳеч рӯйдоди ногаҳониеро интизор нестанд, вале ба ақидаи бархи дигар ин раванд ҷои таҳлил дорад. Читать далее Интихоботи Тоҷикистон. Намоишномаи кӯҳна бо ороиши нав?

Мақомоти Тоҷикистон: “Звезда” – ро ба суд мекашем”

«Звезда» — радиои вазорати дифоъи Русия, пахши барномаҳои худ дар Тоҷикистонро аз сар гирифт, аммо мақомот мегӯянд, дар ҳоли қатъ накардани пахши ғайриқонунӣ расонаро ба додгоҳ хоҳанд кашид. Читать далее Мақомоти Тоҷикистон: “Звезда” – ро ба суд мекашем”

Хонанда иқдоми ВАО-ро дастгирӣ мекунад

1 феврал, Таваккал Раҳмонов – сокини ноҳияи Ҳисор бо раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон телефонӣ тамос гирифта, аз инъикоси мавзӯи нафақаҳои ҳангуфт дар нашрияи «Фараж» изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳиш кард, ки рӯзноманигорон ба ифшои фасод дар соҳаи таъмини нафақа идома диҳанд. Читать далее Хонанда иқдоми ВАО-ро дастгирӣ мекунад

Баррасии гузариши шабакаи телевизионҳои мустақил ба пахши рақамӣ

Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон оид ба пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир гардид. Читать далее Баррасии гузариши шабакаи телевизионҳои мустақил ба пахши рақамӣ

Журналистон ва интихобот: хатарҳои ноумедӣ аз қонун

Назарпурсии мухтасари расонаҳои мустақили Тоҷикистон нишон дод, ки дар ҷомеаи журналистон дар робита ба интихоботи дарпешистодаи мамлакат як андоза беэътимодӣ нисбат ба қонун вуҷуд дорад
Читать далее Журналистон ва интихобот: хатарҳои ноумедӣ аз қонун

HRW: Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бадтар шудааст

Ҳукуматҳо бо нодида гирифтани ҳуқуқи башар дар муборизаашон бо таҳдидҳои амниятӣ ба иштибоҳи бузург роҳ медиҳанд. Ба ин нукта дар гузориши солонаи Human Rights Watch (HRW) таъкид шудааст. Читать далее HRW: Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бадтар шудааст

HRW дар бораи бад шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Ҳомиёни ҳуқуқи созмони Human Rights Watch (HRW) бар ин назаранд, ки вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2014 бад шудааст.

Дар гузориши солонаи рӯзи 29-уми январ дар сомонаи расмии Human Rights Watch интишоршуда дар ин робита зикр мегардад, ки бад шудани вазъи ҳуқуқи башар дар ҷумҳурӣ дар партави идомаи фишор ба озодии баён аз ҷониби ҳукуматдорон, аз озодӣ маҳрум кардани пешвоёни мухолифон, фишор болои хабаргузории мустақил ва ҳабси олими ҷавон аз рӯи айбномахои сохташуда сурат гирифтааст.

Дар гузориш ҳабси адвокат Шуҳрат Қудратов таъкид мегардад, ки дар парвандаи Зайд Саидов аз манфиатҳои соҳибкор ва қаблан аз манфиатҳои шахсиятҳои маъруф ва хабаргузории мустақили «Азия-Плюс» ҳимоят мекард.

«Қарори суд нисбати хабаргузории «Азия-Плюс» як зарбае ба озодии баён дар кишвар аст. Барои мақолаи муҳарир Олга Тутубалина «Ғайризиёиёна дар бораи зиёин» суд ҳафтавор ва муҳаррири онро ба нашри раддия ва пардохти ҷубронпулӣ ба даъвогарон дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ (тақрибан 6100 ҳазор $) барои паст задани «шаъну эътибор ва мартаби корӣ» уҳдадор кард», — омадааст дар гузориш.

http://news.tj/tj/news/hrw-dar-borai-bad-shudani-vazi-u-u-i-inson-dar-ikiston

Матбуоти Тоҷикистон мазҳабӣ мешавад?

Ба эътиқоди гурӯҳе аз донишмандони тоҷик, матбуот ба мазҳабитар шудани ҷомеа мусоидат мекунад. Вале нашрияҳо ин иддаоро ғайримантиқӣ медонанд ва дар айни ҳол мегӯянд, ки чун ҷомеаи Тоҷикистон мусалмонист, дар мавзӯҳои мазҳабӣ бояд навишт. Читать далее Матбуоти Тоҷикистон мазҳабӣ мешавад?