Гулчеҳра Холматова, вакили дифоъи рӯзномаи «Имрӯз-News» дар як конфрос, ки ба мавзӯи мушкилоти ВАО ва ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон бахшида шуда буд, аз тасмими наве хабар дод.
Читать далее Қазияи Рустам Ҳукумов ба Созмони Милали Муттаҳид меравад (ВИДЕО)
Все записи автора nansmit
Эълон оид ба қайдгирии намояндагони ВАО барои инъикоси Конфронси об
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, оғоз намуд. Читать далее Эълон оид ба қайдгирии намояндагони ВАО барои инъикоси Конфронси об
Кӯмак ва дифоъ аз рӯзноманигори зиндонӣ Маҳмадюсуф Исмоилов
Муҳайё Нозимова, гардонандаи конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи мушкилоти ҳимояи ҳуқуқии ВАО ва таъқиби беасоси судӣ дар анҷоми конфронс гуфт, ки пешниҳод мешавад, то ҳамкасбон ба оилаи Маҳмадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори маҳкумшуда дар Суғд кӯмак намоянд. Читать далее Кӯмак ва дифоъ аз рӯзноманигори зиндонӣ Маҳмадюсуф Исмоилов
Баҳсҳои судӣ: Сухан аз забони худи журналистон
Санаи 25-уми апрел дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мушкилоти ҳимояи ҳуқуқии ВАО, таъқиботи беасоси судӣ ва маблағҳои ҳангуфти қазияҳои зидди ВАО» аз тарафи МТЖТ бо дастгирии сафорати Амрико дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар конфронс зиёда аз 50 нафар хабарнигор иштирок намуданд. Читать далее Баҳсҳои судӣ: Сухан аз забони худи журналистон
ВКД: Нафаре, ки тоҷири ришдорро боздошт кард, милиса нест
Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри раддияе ба матлаби “Озодагон”, ки таҳти унвони “Ришҳота қоқоқоқ метарошам…Киай шӯйи ин ҳиҷобдор?” чоп шуда буд, посух гуфтаанд. Читать далее ВКД: Нафаре, ки тоҷири ришдорро боздошт кард, милиса нест
Нархи «зарари маънавӣ» чанд сомонист — 1000, 10000 ё 100000?
Созмонҳои хабарнигорӣ мегӯянд, талаби ҷуброни зарари маънавӣ аз тарафи мақомдорон ва афроди алоҳида зиёд шуда, дар сурати ба ин шакл идома ёфтанаш, расонаҳоро варшикаста хоҳад кард Читать далее Нархи «зарари маънавӣ» чанд сомонист — 1000, 10000 ё 100000?
АЗ ДУШМАНТАРОШӢ ТО МУКОЛАМАИ БОЗИ МИЛЛӢ
Ба ҷойи муқаддима бояд гуфт, ки чаро мо ба як муколамаи бози миллӣ ниёз дорем. Чун дида мешавад, ки бидуни муколамаи миллӣ ҳукумат дар иҷрои уҳдадориҳояш чандон муваффақ нест. Аз сӯйи дигар, ин номуваффақии ҳукумат боиси интиқоди шадиди мухолифон мегардад. Ҳукумат худро аз интиқоди мухолифон бо интиқоди мустаори ҷонибдоронаш ҳимоят мекунад. Вале шароит фароҳам нашуда, ки дар як муколамаи боз ҳукумат ва мухолифону интиқодгарон короии якдигарро ба баррасӣ бигиранд. Читать далее АЗ ДУШМАНТАРОШӢ ТО МУКОЛАМАИ БОЗИ МИЛЛӢ
Пешниҳоди ҷомеаи журналистӣ барои бозбинии ҳукми Исмоилов
Иштирокчиёни конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи мушкилоти ҳимояи ҳуқуқии ВАО ва таъқиби беасоси судӣ, имрӯз, 25-уми апрел пешниҳод карданд, ки дар арафаи Рӯзи озодии матбуот ва ҷомеа мақомот ба қазияи Маҳмадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори маҳкумшуда дар Суғд расидагӣ кунанд.
Иштирокчиёни ин конфронс, ки феълан дар Душанбе идома дорад, зарур хонданд, ки созмонҳои журналистӣ бо як муроҷиатнома аз Додгоҳи Олии Тоҷикистон дархост кунанд, то қазияи Маҳмадюсуф Исмоилов, журналисти маҳкумшуда ба 11 соли зиндон бозбинӣ шавад. Ташаббускорони ин иқдом муътақиданд, ки 11 соли зиндон ҳукми сангин буда, татбиқи он нисбати як журналист аз рӯи адолат нест.
Оқои Исмоилов ҳанӯз охирҳои моҳи июни соли 2013 аз сӯи мақомоти умури дохилӣ боздошт гардида буд. ВКД он вақт дар иттилоияи худ гуфт, Исмоилов кӯшиш дошт, аз Санавбар Аҳадова, як сокини ноҳияи Ашт, 100 доллар “пора” бигирад. “Рӯзи 21 июни соли 2013 дар ҳудуди шаҳраки Шайдон шаҳрванд Маҳмадюсуф Исмоилови 53-сола, аз Санавбар Аҳадова бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 сомонӣ гирифтааст. Маҳмадюсуф Исмоилов боз такроран рӯзи 24 июн барои нашр накардани ин маълумот бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 доллари амрикоӣ талаб менамояд”,-таъкид шуда буд дар хабарномаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Аммо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуфта шуд, ки оқои Исмоилов натанҳо аз Санавбар Аҳадова, балки аз чаҳор сокини дигари Ашт ҳудуди 6 ҳазор сомонӣ “пора” гирифтааст. Иттилое, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов онро ба куллӣ рад карда, танҳо сад доллари Санавбар Аҳадоваро кумакпулӣ донист, на ришвату пора. Вай гуфт, аслан аз касе тамаъҷӯӣ накардааст ва ҳаргуна қарори додгоҳро дар нисбати худ ноадолатӣ мешуморад.
Дар пайи омӯзиши қазия додгоҳ Исмоиловро ба 11 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Муҳаммадюсуф Исмоилов танҳо сарпарасти хонаводааш аст, ки ду кӯдаки хурд дорад ва инчунин, нигоҳубини хоҳари бузургаш, ки маъюб аст, ба дӯши ӯ мебошад. Ин барои бори дувум аст, ки оқои Исмоилов ба гумони тамаъҷӯӣ боздошт мешавад. Соли 2010, замоне ки ӯ ба ҳафтаномаи мустақили “Нури зиндагӣ” гузориш медод, мақомот ӯро бо ҷурми туҳмату таҳқир, маҳалгароӣ ва тамаъҷӯӣ боздошт карда буд. Вале дар моҳи октябри соли 2011 таҳти фишори созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалии дифоъ аз озодии матбуот аз боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд раҳо гардид.
http://www.ozodagon.com/21327-video-peshniodi-omeai-zhurnalist-baroi-bozbinii-ukmi-ismoilov.html
Изҳороти тунди Кумитаи дин алайҳи шабакаи телевизионии “Висоли ҳақ”
Кумитаи дин бо нашри як изҳорот шабакаи телевизионии “Висоли ҳақ”-ро бо дурӯғпароканиву буҳтон ва иғвоангезиву найранг мехоҳад ба эҳсосоти динии мардуми Тоҷикистон нохун занад. Читать далее Изҳороти тунди Кумитаи дин алайҳи шабакаи телевизионии “Висоли ҳақ”
Шикояти “ИмрӯзNews” аз пирӯзии Рустам Ҳукумов ба СММ
Читать далее Шикояти “ИмрӯзNews” аз пирӯзии Рустам Ҳукумов ба СММ