Все записи автора nansmit

«Насими Исфара» акнун бо радио ҳам дастрас аст

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара — газетаи «Насими Исфара» шабакаи радиои худ дар Интернетро фаъол намуд. Читать далее «Насими Исфара» акнун бо радио ҳам дастрас аст →

“Тоҷикистон буҷае надорад, ки аз Ҳолливуд филмро мустақим бихарад”

Аз соли 2016 дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ — “ТВ-Варзиш” ва “ТВ-Синамо” ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Дар зимн “Озодагон” назари соҳибназаронро дар ин робита пурсид. Читать далее “Тоҷикистон буҷае надорад, ки аз Ҳолливуд филмро мустақим бихарад” →

Парлумон «қатъи интернет ва телфон дар ҳолатҳои зарурӣ»-ро қонунӣ кард

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро қабул кард, ки бар асоси он дар рӯзҳои баргузории амалиёти зиддитеррористӣ қатъи гуфтугуи телефонӣ ва интернет дар қаламравӣ Тоҷикистон мумкин шуд.  Читать далее Парлумон «қатъи интернет ва телфон дар ҳолатҳои зарурӣ»-ро қонунӣ кард →

Қатъи мухобироту шабакаҳои интернетиро дар Тоҷикистон қонунӣ карданд

Парлумони Тоҷикистон ба мақомоти қудратӣ ва сохторҳои амниятии кишвар ҳақи қатъи иртиботҳои телефонӣ ва Интернет дар ҷараёни баргузории амалиётҳои зиддитеррористиро дод. Тағйиру иловаҳо ба қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза зидди терроризм” дар ҷаласаи субҳи имрӯзи парлумон бо аксари овозҳо қабул шуд.  Читать далее Қатъи мухобироту шабакаҳои интернетиро дар Тоҷикистон қонунӣ карданд →

Қатъи дастрасӣ ба интернет ва алоқаи мобилӣ қонунӣ шуд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо терроризм»-ро маъқул шуморида, қатъи дастрасӣ ба шабакаи Интернет ва алоқаи мобилӣ дар вақтҳои заруриро расман қонунӣ кард. Читать далее Қатъи дастрасӣ ба интернет ва алоқаи мобилӣ қонунӣ шуд →

Натиҷагирӣ аз озмуни «Хомаи созанда-2015» дар Суғд

Дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 100 нафар журналистон маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда — 2015» баргузор гардид ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ғолибони озмун диплом ва ҷоизаҳои пулиро  маҷмуан ба миқдори 150 000 сомонӣ тақдим намуд. Читать далее Натиҷагирӣ аз озмуни «Хомаи созанда-2015» дар Суғд →

Мансабҳои нави Шоҳона ва Зиннатулло Исмоилзода

Дафтари матбуотии президент хабар медиҳад, ки имрӯз зимни як тағироти кадрӣ Одиназода Шоҳона ва Зиннатулло Исмоилзода вазифаҳои навро соҳиб шудаанд. Читать далее Мансабҳои нави Шоҳона ва Зиннатулло Исмоилзода →

Парлумон: Алоқаю интернетро масдуд месозем, агар…

Бо тасдиқи вориди тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби парлумони кишвар аз ин ба баъд мақомот дастрасӣ ба алоқаю интернетро дар ҳолатҳои зарурӣ дар сартосари кишвар масдуд месозад. Читать далее Парлумон: Алоқаю интернетро масдуд месозем, агар… →

Ҳимояти парлумон аз масдудсозии алоқаю интернет: Зуҳуров ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро мисол овард

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи мубориза бо терроризмро тасдиқ кард, ки тибқи он дар ҳолатҳои зарурӣ мақомоти тоҷик метавонанд дастрасӣ ба алоқаю интернет на танҳо дар минтақаҳои алоҳида, балки дар тамоми қаламрави Тоҷикистонро масдуд кунанд.

Хайрулло Суфиев, вакили парлумон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, тағйироти мазкур имкон медиҳанд, ки зимни гузарондани амалиёти террористӣ фазои иттилоотӣ халалдор нагардад. Тибқи тағйирот ба моддаи 20-и қонуни феълӣ “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, қисми 3 илова карда мешавад, ки бар асоси он бо дархости субъекти асосии бевосита ба зидди терроризм муборизабаранда дар минтақаи амалиёти зидди террористӣ, инчунин дар тамоми қаламрави кишвар ва ё минтақаҳои гуногуни он хизматрасонӣ тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва истифодабарии воситаҳои вобаста ба он метавонанд, муваққатан боздошта шавад”.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон низ аз ин тағйирот ҳимоят карда, афзуд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ барои таъмини амният алоқа бояд зери назорат бошад. Ӯ талоши Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиа барои табаддулоти давлатиро мисол оварда, афзуд, ки дар чунин ҳолатҳо Ҳоҷӣ Ҳалимро мисол оварда, афзуд, ки дар чунин ҳолатҳо гурезондани ҷинояткорон имкон дорад ва ин тағйирот бисёр муҳим аст.

Тибқи тағйироти нав мақомоти қудратӣ, аз ҷумла Кумитаи амнияти миллӣ ҳақ доранд, ки дар минтақаи амалиёт алайҳи террористон дастрасӣ ба алоқаи электронӣ, аз ҷумла алоқаи мобилӣ, интернет ва ғайраро маҳдуд кунанд.

 

 

http://www.ozodagon.tj/24248-imoyati-parlumon-az-masdudsozii-aloayu-internet-zuurov-oshbi-o-alimro-misol-ovard.html

Қатъи иртиботи телефонӣ ва Интернет дар Тоҷикистон қонунӣ шуд

Парлумони Тоҷикистон бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қатъи иртиботи телефонӣ ва Интернет дар рӯзҳои баргузории амалиёти зиддитеррористиро расмӣ кард. Читать далее Қатъи иртиботи телефонӣ ва Интернет дар Тоҷикистон қонунӣ шуд →