Все записи автора nansmit

«Як рӯзи хомӯшӣ». Пеш аз референдум “Ютюб” ва “Фейсбук” баста шуданд

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ва “Ютюб”-ро аз дирӯз, 20-уми май маҳдуд кардаанд. Читать далее «Як рӯзи хомӯшӣ». Пеш аз референдум “Ютюб” ва “Фейсбук” баста шуданд →

Баррасии нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ДМТ

Имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар мавзӯи «Нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ» конфронси илмию амалии байналхалқӣ доир мегардад. Читать далее Баррасии нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ДМТ →

Комиссияи марказии интихобот беш аз 300 намояндаи расонаҳои хабариро сабти ном кардааст

Комиссияи интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон хабар дод, ки барои инъикоси ҳамаҷонибаи райъпурсии рӯзи 22-уми июн намояндагони беш аз 300 расонаи хабарии ватаниву хориҷиро ба қайд гирифтааст. Читать далее Комиссияи марказии интихобот беш аз 300 намояндаи расонаҳои хабариро сабти ном кардааст →

Комиссияи марказии интихобот беш аз 300 намояндаи расонаҳои хабариро сабти ном кардааст

Комиссияи интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон хабар дод, ки барои инъикоси ҳамаҷонибаи райъпурсии рӯзи 22-уми июн намояндагони беш аз 300 расонаи хабарии ватаниву хориҷиро ба қайд гирифтааст. Читать далее Комиссияи марказии интихобот беш аз 300 намояндаи расонаҳои хабариро сабти ном кардааст →

Шабакаи аввал расман ТВ Тоҷикистон шуд

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба ТВ Тоҷикистон тағйири ном кардааст.

Суҳроб Рауфзода, директори Телевизиони Тоҷикистон имрӯз, 17 май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тағйири номи шабака дар асоси қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 20 апрел сурат гирифтааст.

Ба “Тоҷикистон” иваз кардани “Шабакаи аввал” пешниҳоди раисиҷумҳур буд. Ин пешниҳод аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон 1 марти 2016 дар мулоқот бо кормандони ВАО дар расми ифтитоҳи шабакаҳои “Варзиш”-у “Синамо” ва Академияи ВАО садо дод.

Суҳроб Рауфзода, директори Телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, тағйри номи шабака ба беҳтар шудани сифати барномаҳо ҳам сабаб мешавад: “Иваз шудани номи шабака водор месозад, ки гуруҳҳои эҷодӣ дар таҳия ва инъикоси ҳаёт ва воқеаҳои Тоҷикистон масъулияти бештар дошта бошанд. Ин масъулияти хело бузург аст, вақте роҳбарияти давлат ба телевизион ва номи он таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд”.

 

http://www.ozodagon.tj/26371-shabakai-avval-rasman-tv-toikiston-shud.html

Декани нави факултаи журналистика сомона таъсис дод

Факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сомонаи интернетии худро бо суроғаи www.journalism.tnu.tj фаъол кардааст. Читать далее Декани нави факултаи журналистика сомона таъсис дод →

Парлумон журналистонро ба ҷаласа роҳ надод

Қаблан аз дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ иттилоъ дода буданд, ки имрӯз санаи 13-уми моҳи равон соати 10:00 ҷаласа баргузор мегардад. Читать далее Парлумон журналистонро ба ҷаласа роҳ надод →

Раис ба журналистон: Дар мавриди ВМКБ эҳтиёткор бошед

Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз журналистони Тоҷикистон, ки феълан дар Хоруғ қарор доранд, хоҳиш кардааст, ки зимни инъикоси мавзӯҳои марбут ба ин вилоят эҳтиёткор бошанд. Читать далее Раис ба журналистон: Дар мавриди ВМКБ эҳтиёткор бошед →

Директори «Ховар»: Дар саҳифаҳои иҷтимоии рӯзноманигорон ягон сухани созандае нест!

Сайҷаъфар Ашӯрзод, директори радиои «Ховар» зимни баромадаш дар мизи гирд бахшида ба «Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» пешниҳод намуд, ки рӯзноманигорон дар саҳифаҳои иҷтимоии худ вобаста ба Ваҳдати миллӣ матолиб нашр намоянд ва баҳси солимро ба миён оранд. Читать далее Директори «Ховар»: Дар саҳифаҳои иҷтимоии рӯзноманигорон ягон сухани созандае нест! →

Қатъи дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои хабаргузориҳо дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои васоити ахбори умуми ватанӣ ва хориҷӣ қатъ карда шуд. Читать далее Қатъи дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои хабаргузориҳо дар Тоҷикистон →