Дар ин таҳқиқ моҳият ва аҳамияти Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон «Дар бораи ташкил ва баргузар кардани нишастҳои матбуотӣ» ва дар заминаи он ташкил намудани нишастҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф дар асоси мушоҳида ва таҷрибаи шахсӣ нақши ин Амрро дар баланд гардидани мақоми журналистон дар ҷомеа ва беҳтар шудани дастрасии иттилоот нишон медиҳад. Ҳамзамон ӯ зимни баррасии мавзӯъ баъзе камбудиҳоро дар усули ташкили нишастҳои матбуотӣ, муносибати журналистон ва роҳбарияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба ин чорабинӣ, сифати варақаҳои иттилоотӣ ва амсоли ин ошкор намуда, барои ислоҳи онҳо пешниҳодҳои судманд ироа медорад.
Читать далее БАЪЗЕ ПРОБЛЕМАҲО ДАР БАРГУЗОРИИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Все записи автора nansmit
Курси ройгони омӯзиши забони англисӣ барои журналистони тоҷик
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои рӯзноманигорони тоҷик курсҳои ройгони омӯзиши забони англисӣ ташкил кардааст. Читать далее Курси ройгони омӯзиши забони англисӣ барои журналистони тоҷик
Таъини ҷазо барои нашунидани арзи сокинон (ВИДЕО)
Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби қонуни нав масъулияти ниҳодҳои давлатиро барои расидагӣ ба муроҷиати сокинони кишвар бештар кард. Читать далее Таъини ҷазо барои нашунидани арзи сокинон (ВИДЕО)
Муроҷиат ба ҳукумат тариқи ВАО мақоми расмӣ гирифт
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз лоиҳаи қонун «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро қабул намуд, ки қонуни ҳанӯз соли 1996 қабулшуда «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон»-ро иваз мекунад. Читать далее Муроҷиат ба ҳукумат тариқи ВАО мақоми расмӣ гирифт
«Газета»- китоби нави Шарифзода мунташир шуд
Китоби нави Қироншоҳ Шарифзода, устоди факултети журналистикаи ДМТ бо номи “Газета (рӯзнома) ба табъ расидааст. Читать далее «Газета»- китоби нави Шарифзода мунташир шуд
Сомонаҳои «бесомон» дар Суғд (чандрасонаӣ)
Аз 19 торнамои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд айни замон танҳо сеякашон фаъолияти мунтазам доранд. Масъулин нокифоятии маблағ ва камбуди мутахассисонро сабаби чунин вазъият медонанд. Чӣ бояд кард, то мушкили дастрасии мардуми маҳаллӣ ба иттилоот ҳалли худро ёбад? Читать далее Сомонаҳои «бесомон» дар Суғд (чандрасонаӣ)
Сомонаҳои «бесомон» дар Суғд (чандрасонаӣ)
Аз 19 торнамои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд айни замон танҳо сеякашон фаъолияти мунтазам доранд.
Аз 19 торнамои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд айни замон танҳо сеякашон фаъолияти мунтазам доранд.

Масъулин нокифоятии маблағ ва камбуди мутахассисонро сабаби чунин вазъият медонанд. Чӣ бояд кард, то мушкили дастрасии мардуми маҳаллӣ ба иттилоот ҳалли худро ёбад?
Чӣ буду чӣ шуд…
Мутахассисони ташкилоти ҷамъиятии «Кова» дар солҳои 2012-2013 барои мақомоти вилояти Суғд ва 18 шаҳру ноҳияи он сомонаҳои иттилоотӣ тарроҳӣ кардаву дар шабакаи Интернет ҷой доданд.
Сароғоз интизор мерафт, ки ҳар як мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ин пас иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятиро дар сомонаи худ пайваста ҷойгир хоҳад кард.
Вале алъон танҳо торнамоҳои вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанд,Конибодом, Гулистон (собиқ Қайроққум), Бӯстон (собиқ Чкалов) ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъол буда, ба таври муназзам иттилоот пешниҳод мекунанд. Аснои боз кардани сомонаҳои боқимонда, онҳо ё фаъол нестанд, ё дар сафҳаи аслияшон навиштаи «Санҷиши техникӣ» намудор аст (масалан, дар вебсайтҳои навоҳии Мастчоҳ ва Деваштич).
Оё мардум огоҳ аст?
Барои фаҳмидани сатҳи огоҳии мардум аз мавҷудияти сомонаҳои мақомоти маҳаллӣ, дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ як назарпурсиро дар 2 гурӯҳи фейсбукӣ – «Хуҷанд шаҳри ман» (зиёда аз 9000 иштирокдор) ва « Хуҷандро дӯст медорам» (беш аз 11600 иштирокдор) ҷойгир кардем. Бо овардани номгӯйи торнамоҳои фаъол, пурсиши мо ба забонҳои тоҷикию русӣ аз корбарон чунин буд:
«Муҳтарам фаъолони гурӯҳ! Лутфан, ба ин суол посух диҳед: Шумо аз кадом торнамо (сайт)-ҳои айни замон фаъоли мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилояти Суғд истифода мекунед?».
Дар маҷмӯъ аз шумори иштирокдорони ҳар ду гурӯҳи фейсбукӣ 58 нафар овоз додаанд. Зимнан яке аз корбарони интернетӣ дар номгӯйи торнамоҳои фаъоли мақомоти вилояти Суғд ва шаҳру навоҳии он сатри «аз ягонтааш» (имло бетағйир, ба манзури «Ҳеҷ кадом»)-ро илова кард, ки теъдоде аз иштирокдорони гурӯҳ ҷонибдори ин мавқеъ шуданд.
Дар зер доданамои раъйдиҳии корбарони Facebook:
Мушкилот дар асри фанноварӣ
Музаффар Юнусов, сухангӯйи раиси вилояти Суғд фаъол набудани аксари торнамоҳои расмии маҳаллиро ба мушкили молӣ ва камбуди мутахассисони варзида рабт медиҳад. Вай бар ин назар аст, ки роҳандозии сомонаҳои иттилоотӣ дар сохторҳои давлатӣ як ҷузъи муҳими ҳукумати электронӣ маҳсуб ёфта, он ҳамчун пуле миёни ҷомеа ва мақомоти давлатӣ буда метавонад.
Ҳамзамон Маҳмудҷон Дадобоев, котиби матбуотии шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, ки асри XXI қарни технологияи иттилоотӣ аст ва имрӯз наметавон бо васоити куҳнаи таъсиррасонӣ ба хонаҳои мардум роҳ ёфт. Ба андешаи ӯ, мардум бояд дар баробари дастрасӣ ба иттилоот, роҷеъ ба масъалаю муаммоҳое, ки онҳоро ба ташвиш овардааст, тавассути сомонаҳои интернетӣ посух бигиранд.
Аз супориш то амал
Ҳанӯз 3 сол қабл собиқ муовини раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов дар як мулоқоташ бо рӯзноманигорон аз фаъол набудани торнамоҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ изҳори нигаронӣ кард: «Ҳамчун масъули ҳамин самт ҳисоб мекунам, ки кори мо имрӯз дар масъалаи таъсиси сомонаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудааст. Тамоми фишангҳоро истифода бурдем. Гумони банда ҳамин аст, ки дар ин ҷо омили тарс ҳам вуҷуд дорад — аз тарафи шахсоне, ки намехоҳанд имрӯз сомонаи мақомоти иҷроияи ин ё он шаҳру ноҳияро таъсис диҳанд».
Зимнан Сангинов ба масъулин супориш дода буд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъсис додани ҳукумати электронӣ» то охири соли 2013 сомонаҳои расмии ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғдро фаъол созанд.
Аммо ба назар мерасад, ки масъулини сохторҳои дахлдор, аз ҷумла, бахши идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо то ҳанӯз аз нақши таъсиррасони васоити электронии ахбор мақсаднок истифода намекунанд. Мисоли чунин ҳолат ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)аст, ки зиёда аз 140 ҳазор аҳолӣ дорад, вале торнамои расмияш аз соли 2013 инҷониб бо навиштаи «Санҷиши техникӣ» фаъол нест.
Сабабашро муовини аввали раиси ин ноҳия Рафоат Каримова ба камбуди маблағ ва норасоии мутахассисони идоракунанда марбут медонад.
Чӣ бояд кард?
Дар робита ба ин масъала Сӯҳроб Ниёзов, коршиноси фанновариҳои иттилоотиву иртиботӣ мегӯяд, ки пеш аз оғози фаъолияти сайтҳо бояд нақшабандӣ кард ва заминаи кадрию техникиро фароҳам сохта, бо мутахассисон дар ин самт ҳамкории зич ба роҳ монд. Ҳамзамон хароҷоте, ки ин сайтҳо талаб мекунанд, бояд рӯйпӯш карда шавад, то фаъолияташон қатъ нагардад.
Дастрасӣ ба иттилоот = шаффофияти мақомот
Дар замони рушди фанновариҳои навин мавҷуд ва фаъол будани торнамоҳои мақомоти давлатӣ заминаи дастрасии мардум ба иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва таъмини шаффофияти кори масъулин буда, қадами устувор дар самти татбиқи ҳукумати электронӣ мебошад.
https://news.tj/news/tajikistan/society/20160601/somona-oi-besomon-dar-su-d-chandrasona
РИСОЛАТИ ВАО — И ВАТАНӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
Дар замони муосир иттилоот ва рушди технологияи иттилоотӣ тамоми соҳоти ҷомеаро фаро гирифта, аз сатҳу сифати он суботу амнияти давлатҳо ва ояндаи неки мардум вобастагӣ дорад. Дар баробари ин, иттилоот ба амнияту пойдории давлатҳои миллӣ хатарҳои ҷиддиро низ эҷод намудааст. Иттилоот ба сифати «неруи нарм» шинохта шуда, бо истифода аз он бозигарони сиёсӣ ҳадафмандона ба равандҳои сиёсии давлатҳо таъсир мерасонанд. Читать далее РИСОЛАТИ ВАО — И ВАТАНӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
Сиёсати редаксионии расонаҳо бозбинӣ шавад? (ВИДЕО)
Мавзӯи таъмини озодии баён ва матбуот баҳси гармеро миёни намояндагони ҳукумат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва худи хабарнигорон ба бор овард.
Читать далее Сиёсати редаксионии расонаҳо бозбинӣ шавад? (ВИДЕО)
Конференсия ба ифтихори 60-солаии Гулмуродзода
Ба ифтихори 60 солагии муҳаққиқи забардаст, шодравон Пайванд Гулмуродзода, рӯзи 2-июни соли ҷорӣ, соати 9:00 дар факултети Журналистикаи ДМТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои таҳқиқи ҷараёни маорифпарварӣ ва матбуот” баргузор мегардад. Читать далее Конференсия ба ифтихори 60-солаии Гулмуродзода