Все записи автора nansmit

“Порагирии журналисти сиёсии шабакаи 1 исбот нашудааст”

Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, Хайрулло Мадисоев, собиқ журналисти сиёсии Шабакаи аввал, ки соли гузашта аз ҷониби Оҷонсии зидди фасод ба иттиҳоми порагирию қаллобӣ боздошт шуд, тавонистааст, бегуноҳияшро исбот кунад.

Маҳмадсаид Шоҳиён имрӯз, 15-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, Мадисоев ҳуҷҷати исботкунандаи бегуноҳияшро ба Раёсати кадрҳои Кумита пешниҳод кардааст: “Вақте ки ҳамон фактҳо тасдиқ нашуданд, мо маҷбур ҳастем, ки барои дастгирии журналистҳо, ки корманди худи мо аст, кӯшиш ба харҷ диҳем. Он чизе, ки аз тарафи худи журналист пешниҳод шуд, тавонист бегуноҳияшро исбот кунад ва дар вақти исбот кардан бо ҳуҷҷат ба Раёсати кадрҳо пешниҳод кард. Мо ин масъаларо боз як соли дигар омухтем, баррасӣ кардем”.

Роҳбарияти Кумитаи телевизион гуфт, қазияи Мадисоев ба фаъолияти касбияш низ дахл надошт: “Худо кунад, ки чунин иштибоҳҳо ё хатоиҳое, ки мегӯянд, барои мою Шумо дарс бошад”.

Аввали моҳи апрели соли гузашта Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти Хайрулло Мадисоев, рӯзноманигори идораи барномаҳои сиёсии Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон хабар дода, гуфта буд, ки боздошти ӯ ба фаъолияти журналистияш рабт надорад. Оз замон аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, ки “бар асоси тафтишот Мадисоев дар маслиҳат бо Абдусаттор Мирзоев, муҳандис-заминсози ҷамоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ аз шиносашон, шаҳрванд “А” барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ шаш ҳазор доллар пора талаб кардаанд. Мадисоев 9-уми апрел дар назди идораи телевизиони Тоҷикистон, ҳангоми гирифтани 3 ҳазор доллар аз шаҳрванд “А” боздошт гардида буд”.

Мақомот давоми тафтишоти қазия Мадисоевро аз боздошт раҳо карда буданд.

 

http://www.ozodagon.tj/27084-poragirii-zhurnalisti-siesii-shabakai-1-isbot-nashudaast.html

Раиси Кумитаи телевизион: Ягон бор нагуфтаам, ки фалон проблемаро нишон надиҳед…

Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, гуфт, ягон бор дастур надодааст, ки фалону мавзӯю мушкилӣ тариқи телевизион пахш нашавад. Читать далее Раиси Кумитаи телевизион: Ягон бор нагуфтаам, ки фалон проблемаро нишон надиҳед… →

Раҳимӣ : 250 вокуниш нишон додем

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои кишвар ба саволи он, ки чаро ба сомонаҳои хориҷие, ки бар зиддӣ мо тоҷикон матолибҳо нашр мешаванд ҷавоб гуфта намешавад, гуфт, мо ба қарди имкон илман ҷавоб мегӯем. Читать далее Раҳимӣ : 250 вокуниш нишон додем →

Анонс: Нишастҳои матбуотии Кумитаи телевизион ва Тоҷикстандарт

15-уми июл нишастҳои матбуотии Кумитаи телевизион, Агентии Тоҷикстандарт ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ баргузор мешавад. Читать далее Анонс: Нишастҳои матбуотии Кумитаи телевизион ва Тоҷикстандарт →

Суруд доир ба ҷангҳо дар Ироқу Сурия ба телевизиони Тоҷикистон роҳ наёфт

Шабакаи телевизиони давлатии «Сафина» суруди «Пайкара гиря мекунад»-ро, ки аз ҷониби овозхони маъруфи кишвар Афзалшоҳи Шодӣ дар шаби эҷодии шоир Озарахш пеш аз ҷашни Наврӯз иҷро карда шуда, ба даргирҳои хунин дар Шарқи Наздик аз ҷумла, Ироқу Сурия бахшида шудааст, ба намоиш нагузошт. Читать далее Суруд доир ба ҷангҳо дар Ироқу Сурия ба телевизиони Тоҷикистон роҳ наёфт →

Анонс: Нишастҳои матбуотии Кумитаи ҷавонон ва Академияи илмҳо

14-уми июл нишастҳои матбуотии Кумидаи ҷавонон, Академияи илмҳо ва КВЖ “Хоҷагии манзилию комуналӣ” баргузор мешавад. Читать далее Анонс: Нишастҳои матбуотии Кумитаи ҷавонон ва Академияи илмҳо →

“Маликаи хушхиром”-и Орзу Исо ва эроди сарвари давлат

Раҳбарияти муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” далели қатъи пахши барномаи “Маликаи хушхиром”-и ровии машҳур Орзу Исоевро эроди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон арзёбӣ кард. Читать далее “Маликаи хушхиром”-и Орзу Исо ва эроди сарвари давлат →

«Таронаи Афзалшоҳ мушкили ахлоқӣ дошт, на сиёсӣ». ВИДЕО

Масъулони телевизиони “Сафина” мегӯянд, таронаи «Пайкара гиря мекунад»-и Афзалшоҳи Шодӣ ба далели «ҷавобгӯ набудан» ба талаботи телевизиони давлатӣ пахш нашудааст. Онҳо гуфтанд, ин тарона аз нигоҳи ахлоқӣ мушкил дошт, на сиёсиаш.

Читать далее «Таронаи Афзалшоҳ мушкили ахлоқӣ дошт, на сиёсӣ». ВИДЕО →

Ноиби раиси “Сафина”: Суруди А.Шодӣ мушкили сиёсӣ не, этикӣ дошт (ВИДЕО)

Карим Азизов, муовини директори телевизиони “Сафина” далели “қайчӣ” шудани суруди Афзалшоҳ Шодиевро ҳангоми намоиши шаби шоир Озарахш тариқи ин шабака дар моҳи марти соли равон шарҳ дод. Читать далее Ноиби раиси “Сафина”: Суруди А.Шодӣ мушкили сиёсӣ не, этикӣ дошт (ВИДЕО) →

Азизов: “Маликаи хушхиром”-и Исоев баъди эроди Президент қатъ шуд

Раҳбарияти муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” далели қатъи пахши барномаи “Маликаи хушхиром”-и Орзу Исоевро эроди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт. Читать далее Азизов: “Маликаи хушхиром”-и Исоев баъди эроди Президент қатъ шуд →