Все записи автора nansmit

Исмоилзода: Журналистон, аз хушунат худдорӣ кунед!

Дар иртибот ба муноқишаҳои даргире, ки охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифтанд, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ба журналистон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон ва Қирғизистон муроҷиатнома ирсол намудааст. Читать далее Исмоилзода: Журналистон, аз хушунат худдорӣ кунед!

Иршод Сулаймонӣ: Тоҷикистон худ бештар ба озодии сухан ниёз дорад.

Рӯзи 3-юми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии озодии баён ё як ҳаққи бунёдии инсон таҷлил мешавад. Созмонҳои зиёде солҳои охир мегӯянд, ки дар Тоҷикистон мардум аз ин ҳаққи худ маҳруманд, ё ҳукумат ин ҳаққи онҳоро маҳдуд кардааст ва ё риоят намекунад. Суҳбати мо бо Иршод Сулаймонӣ, хабарнигор ва муҳаррири бахши тоҷикии хабаргузории «Азия-Плюс» дар ҳамин бора аст. Читать далее Иршод Сулаймонӣ: Тоҷикистон худ бештар ба озодии сухан ниёз дорад.

Нашри маҷҷалаи нави илмиву пажуҳишии тоҷикӣ дар Аврупо бо номи «Тӯроннома»

Дар  Суед (Шветсия)-и Аврупо нахустин шумораи маҷаллаи нави илмӣ-пажӯҳишии «Тӯроннома» бо забонҳои тоҷикиву русӣ нашр шуд. Ин маҷаллаи илмӣ аз сӯйи «Институти байналмилалии таҳқиқоти тоҷикпажўҳӣ»  воқеъ дар Суед таъсис дода шудааст. Читать далее Нашри маҷҷалаи нави илмиву пажуҳишии тоҷикӣ дар Аврупо бо номи «Тӯроннома»

Озмуни грантҳои хурд барои иштирокчиёни давраи омӯзишии “Дастрасӣ ба иттилоот”.

АМВАОМТ дар доираи лоиҳаи “Таҳкими иқтидори рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Институти “Ҷамъияти кушода” Бунёди мадад маблағгузорӣ мегардад, озмуни грантҳои хурд барои иштирокчиёни даври омӯзишии “Дастрасӣ ба иттиллот” эълон менамояд. Читать далее Озмуни грантҳои хурд барои иштирокчиёни давраи омӯзишии “Дастрасӣ ба иттилоот”.

Тоҷикистон аз назари озодии баён як зина поён «лағжид».

Тоҷикистон дар шохиси матбуоти озоди «Гузоришгарони бидуни марз» аз нишондоди порсола як зина поин рафта, дар ҷои 162-юм қарор гирифт. Читать далее Тоҷикистон аз назари озодии баён як зина поён «лағжид».

Далер Шарифов: «Дар ҷомеаи мо ҳанӯз муҳаббат ҳам ҳаст.»

Далер Шарифов, хабарнигори мустақил ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, баъд аз тақрибан се моҳи озодӣ аз маҳбас дар бораи ҳукмаш, шароити зиндону мулоқот бо Хӯҷа-командир ва нигоҳи дигар ба кори ҳукумат бо Радиои Озодӣ суҳбат кард. Читать далее Далер Шарифов: «Дар ҷомеаи мо ҳанӯз муҳаббат ҳам ҳаст.»

Дастрасӣ ба иттилооти расмӣ: мушкил ҳанӯз боқӣ мондааст

Масъалаи дастрасӣ ба иттилооти расмӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам мушкил боқӣ мондааст. Рӯзноманигорон мегӯянд, ниҳодҳои давлатӣ аз тафсилоти ин ё он хабар хеле эҳтиёткор шудаанд ва аз додани иттилоъ худдорӣ менамоянд. Барои тасдиқ ё инкори маълумот дархости расмӣ талаб мекунанд, аммо ҷавоби дархостҳоро ё бо гузашти вақти зиёд ва ё бидуни тафсилоти аниқ равон мекунанд. Читать далее Дастрасӣ ба иттилооти расмӣ: мушкил ҳанӯз боқӣ мондааст

Телевизиони «Илм ва табиат» корашро оғоз кард

Шабакаи нави телевизионии Тоҷикистон «Илм ва табиат» соати 11.30 имрӯз, 14-уми апрел корашро оғоз кард. Маросими расмии оғози кори ин шабака бо ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатторӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Нуриддин Саид ва дигар намояндаҳои сохторҳои давлативу фарҳангиёну донишмандон сурат гирифт. Читать далее Телевизиони «Илм ва табиат» корашро оғоз кард

Рӯзноманигорони тоҷик “меъёрҳои ахлоқии нав” -ро таҳия карданд

Дар оғози моҳи май рӯзноманигорон дар Тоҷикистон бояд меъёрҳои ахлоқии навро қабул кунанд. Бо назардошти он, ки риояи меъёрҳои ахлоқӣ ихтиёрӣ аст, оё ВАО амалан ин қоидаҳоро риоят мекарда бошанд ё не, ин саволи калон аст.”Новый репортер” дар ин мавзӯъ бо иштирокчиёни бозори ВАО сӯҳбат кард. Читать далее Рӯзноманигорони тоҷик “меъёрҳои ахлоқии нав” -ро таҳия карданд

АМВАОМТ ба рӯзноманигорон машварати равоншиносӣ пешниҳод мекунад

 АМВАОМТ дар доираи аҳдофи оинномавиаш дар баробари кӯмаки ҳуқуқӣ ва маслиҳати касбӣ  машварати равоншиносиро низ барои журналистон пешниҳод менамояд. Читать далее АМВАОМТ ба рӯзноманигорон машварати равоншиносӣ пешниҳод мекунад