Все записи автора nansmit

Радиои Хатлон 44-сола шуд

Дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон бахшида ба 91-солагии рӯзи Радиои Тоҷик чорабинӣ баргузор гашт. Дар чорабинии мазкур  намояндаи ҳукумати вилоят Рамазон Насридинзода, собиқадорони бахши радиои вилояти Хатлон ва дигар меҳмонон иштирок доштанд. Читать далее Радиои Хатлон 44-сола шуд

Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот: Изҳороти Намояндаи олӣ аз номи Иттиҳоди Аврупо

Дар замоне, ки васоити ахбори мустақил ва озод аз ҳарвақта муҳимтаранд, озодии матбуот ҳамоно зери таҳдид қарор дорад. Рӯзноманигорон ҳамчунон ба шароити вазнини кор бо афзоиши фишорҳои молиявӣ ва сиёсӣ, назорат, ҳукмҳои беасоси боздошт ё зӯроварӣ барои иҷрои вазифаҳояшон рӯ ба рӯ мешаванд. Тибқи маълумоти Расадхонаи ЮНЕСКО, аз соли 2020 инҷониб 76 журналист кушта шудааст ва миқдори бисёртаре дар саросари ҷаҳон боздошт, таъқиб ё таҳдид шудаанд. Зӯроварии ҷинсӣ бар зидди занони рӯзноманигор боиси нигаронии хосае аст. Читать далее Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот: Изҳороти Намояндаи олӣ аз номи Иттиҳоди Аврупо

ВКД ба қирғизҳо: Дурӯғ нагуеду нанависед…

Дар ноҳияи Лахш қирғизтаборони дорои ду шаҳрвандӣ зиндагӣ мекунанд. Ин падидаи муқаррарист. Аммо, ҳолатҳои шадид шудани назорати шиносномаҳо ва ихроҷи шаҳрвандони Қирғизистон вуҷуд надоранд. Читать далее ВКД ба қирғизҳо: Дурӯғ нагуеду нанависед…

Дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ҷашн гирифта шуд

5-уми май дар Душанбе мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот (РҶОМ) бо иштироки рӯзноманигорон, коршиносон ва намояндагони васоити ахбори омма, созмонҳои ҷамъиятӣ, мақомоти давлатӣ, инчунин ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндагони агентиҳои СММ баргузор гардид. Читать далее Дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ҷашн гирифта шуд

Манбаъ: SMS дар Тоҷикистон монополия мешавад, як ширкати оффшорӣ соҳиби ин тиҷорат шуд

Арзиши паёмакҳо баъди ба ихтиёри як ширкат гузаштани сервис метавонад 60 баробар боло равад.

Читать далее Манбаъ: SMS дар Тоҷикистон монополия мешавад, як ширкати оффшорӣ соҳиби ин тиҷорат шуд

Маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот хилофи манфиатҳои миллату давлат аст

Муноқишаҳои рӯзҳои ахир дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон бори дигар ҳолати ташвишовар ва паёмадҳои ногувори махдуд кардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро дар кишвар баръало нишон доданд. Масалан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи кишвар дар ин рӯзҳо ягон маълумоти расмӣ пахш накарданд ва ба зангҳои телефонии рӯзноманигорон ҷавоб надоданд.       (https://asiaplustj.info/ru/stories/20210429/297035). Читать далее Маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот хилофи манфиатҳои миллату давлат аст

Ду муносибат ба озодии сухан. Бурд чист ва бохт чист?

Мақомоти Қирғизистон барои рӯзноманигорони расонаҳои байналхалқӣ ба вилояти Бодканди он кишвар сафари корӣ ё пресс-тур ташкил кардааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти президенти Қирғизистон, рӯзноманигорон аз мавзеҳое дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дидан мекунанд, ки дар натиҷаи муноқишаи марзии ҳафтаи гузашта зиён диданд. Галина Байтерек, сухангӯи президенти Қирғизистон гуфт, “мо рӯзноманигоронро ба он хотир ба он ҷо мебарем, ки иттилои ростинро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонем.” Читать далее Ду муносибат ба озодии сухан. Бурд чист ва бохт чист?

Сулҳу суботу осоиштагӣ, ҷангҳои итилоотӣ ва «Ворух-Истиқлол». Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 25 апрел то 2 май

Ҳафтаи сипаришуда дар шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» масъалаҳои амнияти Афғонистон, пирузии дастаи “Истиқлол” ва ҳатто обшавии пиряхҳоро баррасӣ намуданд, аммо доир ба вазъияти муташанниҷ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Исфара, ҳатто як ишорае нашуд, гарчанде дар ин бора тамоми расонаҳои ҷаҳонӣ хабар паҳн карданд. Читать далее Сулҳу суботу осоиштагӣ, ҷангҳои итилоотӣ ва «Ворух-Истиқлол». Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 25 апрел то 2 май