Все записи автора nansmit

Журналистон 10-гонаи беҳтарин варзишгарони соли 2016-ро муайян карданд

20 декабр Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) чемпиони олимпӣ Дилшод Назаровро дар садри феҳристи 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2016 ҷой дод. Читать далее Журналистон 10-гонаи беҳтарин варзишгарони соли 2016-ро муайян карданд →

Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет аз кор монд. САДО

Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон пас аз 13 соли фаъолияташ аз кор монд. Давоми ин солҳо анҷуман танҳо созмоне буд, ки аз маҳдудияти Интернет, қатъи ногаҳонии он ва нақзи ҳуқуқи корбарон интиқод карда, аз вуҷуди амрҳои пасипардагии мақомот барои бастани вебсайтҳо низ хабар медод. Читать далее Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет аз кор монд. САДО →

Конфронс оид ба мақоми ВАО баргузор шуд

Бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи «Тирози ҷаҳон»- нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Мақоми васоити ахбори омма дар пешрафти ҷомеа» конфронси илмӣ доир гашт. Читать далее Конфронс оид ба мақоми ВАО баргузор шуд →

ГЖК-мероси ларзонаки Шӯравӣ

Субҳи 19 декабр кормандони Маҷмааи табъу нашри марбут ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон “Шарқи озод”, ки дар байни мардум бо номи “ГЖК” машҳур аст, бо ҳарос ба коргоҳи худ медаромаданд. Читать далее ГЖК-мероси ларзонаки Шӯравӣ →

«Бинои ГЖК-ро нимтайёр ба истифода дода буданд». АКСУ САДО

Дар пайи фурӯ рафтани қисмате аз айвон ё «балкон»-и бинои «Шарқи озод», муассисаи таҳти идораи дастгоҳи иҷроияи президент, дафтари хабаргузории «Авесто» хароб шудааст. Ғафур Ҳасанов – посбони бинои «Шарқи озод» – рӯзи 19 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ҳодиса тақрибан соати 11 шаби гузашта рух дод». Ӯ афзуд, «аз ошёнаи 12-ум «бетон» ба боми ошёни дувум афтода ва онро сӯрох кардааст. Дар ошёнаи чорум низ як бетони дигар афтода, вале зиён нарасондааст. Сабаби афтоданашро намедонам.» Читать далее «Бинои ГЖК-ро нимтайёр ба истифода дода буданд». АКСУ САДО →

Хабаргузории “Авесто”-ро муваққатан ба ҷойи нав кӯчондаанд

Масъулини Муҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод” барои кормандони хабаргузории “Авесто”, ки дафтари кориашон дар пайи фурӯрезии қисмате аз айвони бино хароб шуд, утоқи нави корӣ ҷудо кардаанд. Читать далее Хабаргузории “Авесто”-ро муваққатан ба ҷойи нав кӯчондаанд →

Айвони «Шарқи озод» фурӯ рафт. АКС

Бар асари фурӯравии қисмате аз айвон ё «балкон»-и бинои нашриёти «Шарқи озод» дафтари хабаргузории «Авесто» хароб шудааст. Абдураҳмон Раҳмонов, корманди ин хабаргузорӣ, рӯзи 19 декабр гуфт, ҳодиса соати 12-и шаби гузашта рух дода ва ба ҳамин далел талафоти ҷонӣ надоштааст. Раҳмонов гуфт, шаби гузашта гурӯҳи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои ин фалокат даъват шуда, вале то ҳол ин гурӯҳ ба маҳалли ҳодиса нарасидааст. Читать далее Айвони «Шарқи озод» фурӯ рафт. АКС →