Все записи автора nansmit

Директори собиқи “Ҷаҳоннамо” сухангӯи Рустами Эмомалӣ шудааст

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави ДушанбеАбдумаҷид Ҳакимзода, роҳбари акнун собиқи телевизиони “Ҷаҳоннамо”-ро раиси Шӯъбаи иттилоот ва таҳлили пойтахт таъин кардааст. Читать далее Директори собиқи “Ҷаҳоннамо” сухангӯи Рустами Эмомалӣ шудааст →

Абдумаҷид Ҳакимзода – сухангӯи Рустами Эмомалӣ шуд

Рӯзи 23 январ бо як тасмими президент Эмомалӣ Раҳмон журналисти собиқадор ва як корманди пешини дафтари матбуоти президент Абдумаҷид Ҳакимзода (дар гузашта Усмонов) раиси шӯъбаи иттилоот ва таҳлили шаҳрдории Душанбе таъин шуд. Ин мақом масъулияти иҷрои вазифаҳои сухангӯро ҳам дар назар мегирад. Читать далее Абдумаҷид Ҳакимзода – сухангӯи Рустами Эмомалӣ шуд →

Вазир: Парвандаи латукӯби Доро Суҳробӣ ба Прокуратура ирсол шудааст

Қазияи латукӯби Доро Сӯҳробӣ, хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» барои санҷиш ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон супорида шудааст. Читать далее Вазир: Парвандаи латукӯби Доро Суҳробӣ ба Прокуратура ирсол шудааст →

(ВИДЕО) Вазири фарҳанг: Раҳбари “Нигоҳ”-ро огоҳ карда будем

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, нашрияи “Нигоҳ” хилофи якпорчагии кишвар ва арҷгузорӣ ба бузургии инсону шахсиятҳои алоҳида матолиб чоп мекард. Читать далее (ВИДЕО) Вазири фарҳанг: Раҳбари “Нигоҳ”-ро огоҳ карда будем →

Ҳусейн Идиев: Рӯзномаву маҷалларо мебандам

Ҳусейн Идиев, роҳбари «Тоҷикматлубот» сабабҳои бастани рӯзномаи «Набзи Тоҷикматлубот» ва маҷаллаи «Файзи Истиқлол»-и ин ниҳодро шарҳ дод. Читать далее Ҳусейн Идиев: Рӯзномаву маҷалларо мебандам →

Баҳси раис бо сармуҳаррир барои басташавии 2 нашрияи “Тоҷикматлубот”

Ҳусейн Идиев, раиси ҷамъияти “Тоҷикматлубот” қарор кардааст, ки нашрияҳои ин ниҳод-“Набзи Тоҷикматлубот” ва “Файзи истиқлол” баста шаванд.

Ӯ имрӯз, 19-уми январ зимни нишасти хабарӣ далели басташавии нашрияҳоро набудани талабот ба онҳо арзёбӣ кард: “Таҷриба нишон дод, ки маводи ин нашрияҳо ба талаботи кормандони “Тоҷикматлубот” ҷавобгӯ нест. Тасмим гирифтем, таблиғи сиёсатро дар ин соҳа ба таври муосир тариқи сомонаи интернетӣ ба роҳ монем”.

Далели раис, ки маводи нашрияҳои басташуда ба талабот ҷавобгӯ набуд, норозигии Ҳабибулло Ёров, сармуҳаррири ин ду расонаро ба вуҷуд овард. Ӯ дар хитоб ба раис изҳор дошт, ки мушкил на дар мавод, балки дар он аст, ки моликияти соҳа аз даст рафт: “Сабаби қатъ шудан дар ин нест, ки талабот надорад. Моликияти ин соҳаро аз даст додед, бозорҳо фурӯхта шуданд, коргар кам шуд ва ба ҳамин восита талабот кам шуд. Ин маънои онро надорад, ки мавод ба талабот ҷавобгӯй набуд”.

Дар посух Идиев гуфт, изҳор дошт, ки “ман дар доираи ваколати худам барои басташавии инҳо қарор баровардам. Агар тавонед, ки ин нашрияҳо бозоргир шаванд, ман зид нестам”.

Дар ин нишаст кормандони нашрияҳои басташуда аз раис маошашонро талаб карданд, ки ба гуфтаи онҳо давоми 5 моҳи охир пардохт нашудааст.

http://www.ozodagon.tj/index.php?newsid=29008