Все записи автора nansmit

Коронавирус, ҳамлаи толибон ва Ваҳдати миллӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 20 то 27 июн

Пахши барномаҳои ҷамъбастии ҳафтаи сипаришуда ба рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омад, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад. Аммо аз чӣ бошад, ки шабакаи асосии телевизионии кишвар “Тоҷикистон” дар ин бобат хомӯш буд, «Ҷаҳоннамо» перомуни ин мавзӯъ дар пешгуфтораш кӯтоҳ гуфта гузашт ва  «Сафина» ба он таваҷҷӯҳ намуду сеяки эфирашро бахшид. Аммо  гузоришҳо на  бо мақсади таҳлил намудани аҳамияти муҳими ин руйдоди таърихӣ омода шуданд, балки танҳо характери ҳисоботӣ доштанд. Читать далее Коронавирус, ҳамлаи толибон ва Ваҳдати миллӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 20 то 27 июн

Муколамаи кушоди Русия ва Тоҷикистон: журналистика, расонаҳо ва форматҳо

24-уми июни соли 2021 дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе (МИФР) мизи мудаввари «Муколамаи кушоди Русия ва Тоҷикистон: журналистика, расонаҳо ва форматҳо» бо иштироки рӯзноманигорони Русия ва Тоҷикистон, намояндагони миссияи сафорати Русия дар кишвар, Россотрудничество ва профессорон — ҳайати омӯзгорӣ баргузор гардид. Читать далее Муколамаи кушоди Русия ва Тоҷикистон: журналистика, расонаҳо ва форматҳо

Этика ва одоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мафҳуми ахлоқ дар адабиёти фалсафии аврупоӣ бо истилоҳи “этика” ифода меёбад. Аксари муҳаққиқон, ба мисли О. Дробнитский, А. Гусейнов ва дигарон Арастуро асосгузори ин илм мепиндоранд ва ҳатто таъкид мекунанд, ки маҳз Арасту ба ин илм номи “этика”-ро гузоштааст.

Боиси зикр аст, ки асри XXI ҳамчун асри инноватсионӣ ва техникаву технология дар таърихи ҷаҳон дарҷ хоҳад шуд. Мо насли ҷавон аз он меболем, ки дар ин аср ба дунё омада, аз воситаҳои техникии муосир истифода мебарем.

Тарзи муносибат ва гуфтугӯ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ низ яке аз санъатҳои муоширати этикӣ ба ҳисоб меравад. Муколама ва музокирот дар шаклҳои гуногун ва дар доираи фарогирии худ навъҳои хоси мулоқоти сиёсӣ ва тарзҳои маъруфтарини пешбурди фаъолияти дипломатӣ ва байналмилалӣ мебошанд. Дар онҳо талаботи умумӣ ва кулли одоби муошират ва одоби суҳбат хусусияти ҳатмӣ доранд ва ҳамзамон шароит ва хусусиятҳои хос бояд мадди назар бошанд.

Мутаассифона, имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби истифодабарандагон этика ва одоби муошират риоя намешавад. Борҳо шоҳид шудаем, ки бархе аз истифодабарандагон дилхоҳ акс, хабар ё матнеро мегузоранд, ки ҳатто барои ба забон овардан шармам меояд.

Ҳоло шабакаи иҷтимоии Facеbook-ро зери таҳлил қарор медиҳем. Шабакаи мазкур аз дигар сомонаҳо, амсоли Одноклассники, Инстаграм ва дигарон фарқу аҳамияти алоҳидаро дорост, зеро бештари истифодабарандагони сомонаи «Фейсбук»-ро шахсони бомасъулияту бофарҳанг ташкил медиҳанд, ки боиси таваҷҷуҳ аст. Аммо ба замми ин нафароне низ кам нестанд, ки бо баъзе матну аксҳояшон диққати маро ба худ ҷалб накарда бошанд. Якчанд бор тариқи сомонаи мазкур “баъзе” постҳоеро мушоҳида кардам, ки бисёр ҳам пучу бемазмун аст. Масалан истифодабарандае чунин пост менависад: «Дӯстон, ман ба нафаре дил бастам, аммо ӯ маро қабул накард. Сарамро ба кадом девор занам? Маслиҳат диҳед». Ана баъд бо суханҳои қабеҳ, дашному гуфторҳои беҳад нохонданӣ ва ё шӯхиҳои белутфу бемазмун “маслиҳатдиҳӣ” шуруъ мегардад.

Сараввал, гузоштани ҳар гуна постҳое, ки ба ҷомеа ва истифодабарандогони ҳамон сомона рабт надорад ва ба касе фоидарасон нест, набояд сурат гирад. Ба василаи шарҳҳое, ки ба талаботи этикаи муколама мувофиқ нестанд, мумкин аст бархе истифодабарандагони шабакаи иҷтимоӣ сомонаи мазкурро батамом тарк созанд ва дилхунук гарданд.

Бояд гуфт, ки дар сомонаи «Фейсбук» кам нестанд истифодабарандагон ва гуруҳҳое, ки дигаронро ба роҳи одобу ахлоқ ва этика ҳидоят мекунанд. Ба ин гуруҳи “Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб” мисол шуда метавонад. Ин гуруҳ аз ҷониби шахсони дӯстдори адабиёт ташкил дода шуда, барои сайқал додани этикаи гуфтору рафтор саҳми арзанда мегузорад.

Этика ва одоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Як шеъру як навиштаи фейсбукӣ ҳуқуқшинос Ризоевро 5,5 сол пушти зиндон бурд

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳуқуқшиноси ҷавон Абдулмаҷид Ризоевро бо гумони “даъвати пинҳонкорона ба терроризм” гунаҳкор дониста, ӯро 5,5 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора вакили дифои  Ризоев Дилафрӯз Самадова хабар дод. Ҳукми додгоҳ рӯзи 14-уми июн содир шуд. Читать далее Як шеъру як навиштаи фейсбукӣ ҳуқуқшинос Ризоевро 5,5 сол пушти зиндон бурд

Ҳуқуқшиноси тоҷик барои навиштаҳояш дар Facebook 5,5 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ризоев, ҳуқуқшиноси тоҷикро барои навиштаҳояш дар Фейсбук ба 5,5 сол зиндон маҳкум кардааст. Читать далее Ҳуқуқшиноси тоҷик барои навиштаҳояш дар Facebook 5,5 сол зиндонӣ шуд

Расонаҳои Тоҷикистон дар бораи дин: иттилооти зиёд ва таҳлили кам

Дар Тоҷикистон, ки сатҳи диндории аҳолиаш баланд аст, расонаҳо ба мавзӯъи дин таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Расонаҳо атрофи мавзӯъҳое, ки бо дин алоқаманданд, чӣ ва чӣ гуна менависанд? Читать далее Расонаҳои Тоҷикистон дар бораи дин: иттилооти зиёд ва таҳлили кам

Омодагиҳо дар Тоҷикистон ба сафари Мирзиёев: Вазорат хабарнигоронро номнавис мекунад

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон шарту шароити номнавис кардани хабарнигорони хориҷ ва дохилро нашр намуд.

Читать далее Омодагиҳо дар Тоҷикистон ба сафари Мирзиёев: Вазорат хабарнигоронро номнавис мекунад