Все записи автора nansmit

Суҳроб Рауфзода аз мақоми директори “Телевизиони Душанбе” барканор шуд

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Маъруф Оқилов таъин шудааст.

Читать далее Суҳроб Рауфзода аз мақоми директори “Телевизиони Душанбе” барканор шуд

Барои “поделиться” 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Рустам Мамаҷонов, як узви собиқи ҳизби демократ дар вилояти Суғдро додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бо ҷурми бознашри видеоҳои мухолифин ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Читать далее Барои “поделиться” 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Зери асбоби нафасгирӣ буд: даргузашти Ҳабиба Қурбонова дар бемористони касалиҳои сироятӣ

Ҳабиба Қурбонова, корманди собиқи Телевизион даргузашт. Читать далее Зери асбоби нафасгирӣ буд: даргузашти Ҳабиба Қурбонова дар бемористони касалиҳои сироятӣ

Чаро Facebook дар Тоҷикистон фалаҷ шуд?

Чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба як мушкили ғайримаъмулӣ рӯ ба рӯ шудааст. Бархе корбарони Фейсбук аз он шикоят доранд, ки паёмрасони ин шабака дуруст кор намекунад ва баъзан хабарҳои саҳифаи асосӣ нав намешаванд. Мақомот мушкилро рад мекунанд, вале мутахассисон мегӯянд, мушкил эҳтимолан аз Маркази ягонаи комутатсионӣ аст, ки чанд сол пеш Хадамоти алоқа сохта буд. Читать далее Чаро Facebook дар Тоҷикистон фалаҷ шуд?

Чаро Facebook дар Тоҷикистон фалаҷ шуд?

Чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба як мушкили ғайримаъмулӣ рӯ ба рӯ шудааст. Бархе корбарони Фейсбук аз он шикоят доранд, ки паёмрасони ин шабака дуруст кор намекунад ва баъзан хабарҳои саҳифаи асосӣ нав намешаванд. Мақомот мушкилро рад мекунанд, вале мутахассисон мегӯянд, мушкил эҳтимолан аз Маркази ягонаи комутатсионӣ аст, ки чанд сол пеш Хадамоти алоқа сохта буд.

Ҳасан Аҳмадов, сокини шаҳри Душанбе панҷ сол аст, ки дар Фейсбук саҳифа дорад. Мегӯяд, се рӯз пеш вақте вориди ин шабакаи иҷтимоӣ шуд, хабарҳои саҳифаи асосӣ нав намешуданд. “Фейсбук маҳкам буд ва даромадан намешуд. Сабабашро ҳам касе нагуфт. Аз хешу табор дар Русия пурсидам, гуфтанд, ки дар инҷо Фейсбук ягон мушкил надорад.”-, иброз дошт ӯ. Читать далее Чаро Facebook дар Тоҷикистон фалаҷ шуд?

Хабарнигорони маҳфили экожурналистон аз Корхонаи алюминийи тоҷик дидан намуданд

Дараҷаи ҷоизнокии партовҳо дар Корхонаи алюминийи тоҷик дар ҳадди меъёр қарор дошта, миқдори ҳудуди иҷозатдодашудаи ғализнокӣ баланд нест ва он ба маҳалҳои аҳолинишин таъсир намерасонад. Ин матлабро  сардори озмоишгоҳи  саноатии Корхонаи алюминийи тоҷик Салтанат Соҳибова дар суҳбат ба  гурӯҳи хабарнигорони маҳфили экожурналистон баён намуд. Читать далее Хабарнигорони маҳфили экожурналистон аз Корхонаи алюминийи тоҷик дидан намуданд

Дар Тоҷикистон ба сабти IMEI-кодҳо омодагӣ мегиранд. Ин бепул аст

Соли гузашта ҳукумат “Дар бораи бақайдгирии воситаҳои алоқаи барқӣ” қарор қабул кард, ки дар доираи он IMEI-кодҳои ҳамаи дастгоҳҳои мобилӣ ба қайд гирифта мешаванд. Читать далее Дар Тоҷикистон ба сабти IMEI-кодҳо омодагӣ мегиранд. Ин бепул аст

Омодасозии кадрҳои амнияти иттилоотӣ чаро заруранд?

Пешрафти инфрасохтори иттилоотӣ, телекоммуникатсионӣ ва технологияҳои нав дар замони муосир хусусияти хос пайдо намуда, бевосита ба қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа табдил ёфтааст.
Читать далее Омодасозии кадрҳои амнияти иттилоотӣ чаро заруранд?

Дастовардҳои журналисти роҳнавард

Журналистика шахсони тасодуфиро дар соҳаи кор намепазирад. Журналистика таҷассуми  амалии маслаку мақсад, эҳсосоти амиқи  эҷод ва садоқат ба касб  аст. Шукр, ки дар мактаби журналистикаи тоҷики Ӯзбекистон қаламбадастоне кор мекунанд, ки собиқаи касбиашон  қариб ба ним аср  расида, таҷрибаашон арзишманду қобили омӯзишу тадқиқ аст. Мирасрор Аҳророви Фарғонӣ айнан аз зумраи он хабарнигорон  ба шумор меравад, ки дар ҳар  макону дар ҳама замон  бори гарони журналистикаро бо муваффақият бар дӯш мекашад. Читать далее Дастовардҳои журналисти роҳнавард

Журналистони тоҷике, ки дар мавзӯъҳои динӣ менависанд, чиро бояд донанд?

Моҳи июни соли равон, дар доираи лоиҳаи «Дастгирии фарогирӣ ва таблиғи озодии эътиқод» Internews барои рӯзноманигороне, ки махсус бо мавзӯъҳои динӣ сару кор доранд, омӯзиш доир кард. Читать далее Журналистони тоҷике, ки дар мавзӯъҳои динӣ менависанд, чиро бояд донанд?