Все записи автора nansmit

Каблукҷанг. Занозании 2 зани мансабдор

Додгоҳи ноҳияи Ховалинг сардабири нашрияи «Ҳақиқати Ховалинг” Матлуба Назароваро дар занозанӣ бо мудири шӯъбаи занони ҳукумати ин ноҳия Гулҷаҳон Сафарова гунаҳкор дониста, барои авбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ 27 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима баст. Читать далее Каблукҷанг. Занозании 2 зани мансабдор →

Сайфиддин Назарзода шабакаи аввалро ба суд дод

Мудири пешини Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода шабакаи телевизюнии «Тоҷикистон»-ро барои туҳмат ба додгоҳ кашидааст. Читать далее Сайфиддин Назарзода шабакаи аввалро ба суд дод →

Собиқ директори Китобхонаи миллӣ “Тоҷикистон”-ро ба суд додааст

Як манбаъ ба АИ “АП” хабар додааст, ки директори барканоршудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон шабакаи телевизионии “Тоҷикистон”-ро барои бӯҳтон заданаш ба суд додааст. Читать далее Собиқ директори Китобхонаи миллӣ “Тоҷикистон”-ро ба суд додааст →

Баҳси «калӯшзанак». Сардабири «Ҳақиқати Ховалинг» ба авбошӣ маҳкум шуд

Додгоҳе дар ҷануби Тоҷикистон як рӯзноманигорро дар авбошӣ гунаҳгор кард. Додгоҳи ноҳияи Ховалинг Мавлуда Назарова, сардабири нашрияи “Ҳақиқати Ховалинг”-ро бар асоси шикояти раиси бахши занони ин ноҳия наздики 30 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Читать далее Баҳси «калӯшзанак». Сардабири «Ҳақиқати Ховалинг» ба авбошӣ маҳкум шуд →

Журналистро ҷарима карданд

Дар суди ноҳияи Ховалинг, ки таҳти раисии судя Наимзода Фарҳод бо котибии Қосимзода Шаҳром ва айбдоркунандаи давлатӣ Шамсуллозода Изатулло дар таърихи 15.08.2017 баргузор шуд, парвандаи ҷиноятӣ нисбати сармуҳаррири нашрияи «Ҳақиқати Ховалинг» Назарова Матлуба, ки аз тарафи мудири шуъбаи зан ва оилаи МИҲД-и Ховалинг Сафарова Гулҷаҳон лату кӯб шуда буд, дида баромада шуд. Читать далее Журналистро ҷарима карданд →

Ҳимояти Президент аз ҳамкории “Ховар” бо хабаргузориҳои Туркия ва Кувайт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат аз ҳамкориҳои хабаргузории давлатии “Ховар” бо хабаргузориҳои Туркия ва Кувайт ҷонибдорӣ кардааст. Читать далее Ҳимояти Президент аз ҳамкории “Ховар” бо хабаргузориҳои Туркия ва Кувайт →

Озмун дар мавзӯи инъикоси масъалаҳои тамокукашӣ дар васоити ахбори омма

Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОМТ) оид ба инъикоси масъалаҳои тамокукашӣ дар васоити ахбори оммаи кишвар озмун эълон менамояд. Читать далее Озмун дар мавзӯи инъикоси масъалаҳои тамокукашӣ дар васоити ахбори омма →

Қатъи 5-соатаи интернет дар Тоҷикистон чиро нишон дод? ВИДЕО

Тоҷикистон дар як ҳодисаи камсобиқа шоми 15-уми август шоҳиди маҳдудяти шадиди дастрасӣ ба интернет шуд. Дар давоми панҷ соат дар аксар манотиқи Тоҷикистон иртибот бо шабакаи ҷаҳонӣ маҳдуд, дар бархе ҳолатҳо комилан қатъ шуд ва муштариёни зиёдро ҳайрон гузошт. Читать далее Қатъи 5-соатаи интернет дар Тоҷикистон чиро нишон дод? ВИДЕО →

Тоҷикистон: Дастнорас гаштани интернет дар шимоли кишвар

Бархе аз муштариёни ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки баъд аз зуҳри 15-уми август дастрасӣ ба Интернет якбора маҳдуд шуд. Намояндагони баъзе ширкатҳои интернетрасон дар Тоҷикистон низ ин хабарро тасдиқ карданд. Читать далее Тоҷикистон: Дастнорас гаштани интернет дар шимоли кишвар →

Созмонҳои ҷамъиятӣ: Қонуни навро бе мо таҳия накунед

Даҳҳо созмони ҷамъиятии Тоҷикистон дар як нома ба унвонии вазири адлия Рустам Шоҳмурод дархост кардаанд, ки зимни баррасии тарҳи қонуни нав «Дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ» намояндагони ташкилоти маданиву шаҳрвандии кишвар ҳам ҷалб шаванд. Читать далее Созмонҳои ҷамъиятӣ: Қонуни навро бе мо таҳия накунед →