Қарор аст рӯзи панҷшанбеи 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе 9-умин музокироти сатҳи баланди мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи башар, баргузор шавад. Интизор меравад барои ширкат дар ин ҷаласа аз Брюссел Питер Буриан, намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва Тайво Клаар, раиси бахши Осиёи Марказӣ дар департаменти умури хориҷӣ, ташриф биёранд.
Читать далее HRW Тоҷикистонро ба риояи ҳуқуқи башар даъват кард
Все записи автора nansmit
Директори «Ховар» монополия ба маълумоти ҳукуматро рад кард
Ахиран намояндагони ВАО-и мустақили Тоҷикистон ба баъзе мушкилоти дастрасӣ ба маълумот аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ дучор мешаванд.
Читать далее Директори «Ховар» монополия ба маълумоти ҳукуматро рад кард
Бобоҷон Икромов 60–сола шуд
Вақте сухан аз телевизон равад, пеши назарам ҳатман кору корномаи Бобоҷони Икром падидор мешавад. Ӯ дар 35-солагӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон интихоб шуд. Собит кард, ки агар рӯзноманигор намебуд ҳам як вазири тавоно буда метавонист. Таърих ҳамоно ёд надорад (шояд танҳо ман), ки як вазири тоҷик рӯзноманигор шуда бошад. Ҳамон гуфтаи Отто фон Бисмарк, асосгузор ва аввалин канслери Олмон, ки мегуфт, “аз 10 рӯзноманигор метавон 10 вазир сохт, вале аз 10 вазир наметавон ҳатто як рӯзноманигор берун овард”, шояд ба дарди мо хӯрад. Аммо дар мавриди ҳатто рӯзноманигороне, ки ба курсиҳои қудрат такя задаанд, бозгашт ба рӯзноманигорӣ як қаҳрамонӣ ё садоқат ба касб аст. Бобоҷони Икром аз ҳамин қабил аст. Ӯ дар вазифа дер намонд. Рафт. Аммо худро ба дарёи пурталотуми рӯзноманигорӣ андохт… Читать далее Бобоҷон Икромов 60–сола шуд
«Замини зархез» — озмун барои журналистон
Дирӯз дар дафтари USAID-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки як қатор журналистон аз Душанбе ва вилояти Хатлон семинари машваратӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид. Читать далее «Замини зархез» — озмун барои журналистон
Шикояти рӯзноманигор аз роҳбараш ба суд
Рӯноманигор ва собиқ сармуҳаррири радиои “Дунё Fm”-и шаҳри Истаравшан, аз болои муассис ва роҳбарияти радиои мазкур ба суди ин шаҳр шикоят бурдааст. Читать далее Шикояти рӯзноманигор аз роҳбараш ба суд
Директори «Ховар»: Дар гирифтани иттилоъ аз ҳукумат афзалияте надорем
Саидалӣ Сиддиқ, директори Агентии миллии иттилоотии “Ховар” мегӯяд, дар гирифтани иттилоъ аз ҳукумат афзалияти қонуние надоранд ва бо хабаргузориҳои мустақил барои таваҷҷуҳи аудитория дар рақобатанд. Читать далее Директори «Ховар»: Дар гирифтани иттилоъ аз ҳукумат афзалияте надорем
Семинар оид ба инъикоси масъалаҳои экстремизм ва терроризм дар ВАО бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон
АМВАОМТ бо шарики худ — Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон баргузор намудани семинар дар мавзуи инъикоси масъалаҳои экстремизм ва терроризм дар ВАО ба нақша гирифтааст. Семинар барои намояндагони ВАО пешбинӣ гардидааст. Хоҳишмандон метавонанд бо ирсоли Дархост ҷиҳати иштирок дар кори семинар худро номнавис кунанд.
«Телевизиони Мусиқии Тоҷикистон» кушода мешавад!
Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ фаъол хоҳад шуд.
Ба иттилои як манбаи мутамад ин шабака “Телевизиони мусиқии Тоҷикистон” ном гирифта, қарор аст аст, фардо, 5 октябр ба эфир барояд.
Читать далее «Телевизиони Мусиқии Тоҷикистон» кушода мешавад!
“Телевизиони мусиқии Тоҷикистон” 24 соат эфир хоҳад дошт
Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ фаъол хоҳад шуд. Ба иттилои манобеи “Озодагон” ин шабака “Телевизиони мусиқии Тоҷикистон” ном гирифта, қарор аст аст, фардо, 5 октябр ба эфир барояд. Читать далее “Телевизиони мусиқии Тоҷикистон” 24 соат эфир хоҳад дошт
Дастури президент оид ба таъсиси портали интернетии маълумоти ҳуқуқӣ чаро иҷро намешавад?
Дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси портали интернетии маълумоти ҳуқуқӣ то 1 июли соли равон то ҳол иҷро нашудааст. Читать далее Дастури президент оид ба таъсиси портали интернетии маълумоти ҳуқуқӣ чаро иҷро намешавад?