“Ман гап намезанам”, “корманди давлатӣ ҳастам, ба ман мумкин нест”, “дарди сар чӣ даркор?”, “илтимос, аз дигарон пурсед”, “ба раис мактуби расмӣ нависед”, “аз раис иҷозат пурсед”… Ин “сипар”-и аслии масъулони давлатӣ, дафтарҳои матбуотии сохторҳои расмӣ ва баъзе афрод аст, ки ҳангоми муроҷиати хабарнигорон аз сӯҳбат фирор мекунанд. Читать далее “Дарди сар чӣ даркор, аз раис иҷозат пурсед” ВИДЕО
Все записи автора nansmit
Хадамоти алоқа: Минбаъд Интернетро танҳо ШҶТМ бихаред!
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мухобиротӣ дар кишвар дастур додааст, ки аз ин ба баъд Интернетро танҳо аз “Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот” ё ШҶТМ бихаранд. Ин шабака тоза таъсис шуда, мутааллиқ ба “Тоҷиктелеком” гуфта мешавад. То кунун баъзе аз ширкатҳои мухобиротӣ Интернетро аз Қирғизистон ва кишварҳои дигар мегирифтанд. Читать далее Хадамоти алоқа: Минбаъд Интернетро танҳо ШҶТМ бихаред!
Дастури Хадамоти алоқа: Интернетро танҳо аз ШҶТМ бигиред
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мухобиротӣ дар кишвар дастур додааст, ки аз ин ба баъд Интернетро танҳо аз “Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот” ё ШҶТМ бихаранд. Читать далее Дастури Хадамоти алоқа: Интернетро танҳо аз ШҶТМ бигиред
NGN-ро боз бастанд, қаҳри муҳоҷиронро оварданд. ВИДЕО
Дар Тоҷикистон аз рӯзи 11-уми январ истифодаи барномаи NGN-ро дигарбора бастанд. Истифодаи онро бори аввал рӯзи 18-уми декабри соли гузашта мамнӯъ карда, дертар боз намуда буданд.
- “Илтимос, ҳамин NGN-ро набанданд. Мо инро бисёр истифода мебарем. Дар Тоҷикистон ба қимати 60 сомонӣ мехарем. NGN-ро хомӯш карданд, танқисӣ мекашем.”
- “Бастани NGN барои мо бисёр сахт меояд, барои инки нархи гуфтугӯ тавассути он арзонтар аст. Муроҷиат карданӣ ҳастем, ки кормандони давлат NGN-ро набанданд.”
Чунин муроҷиатҳои видеоиву садоӣ аз муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ зиёд мерасанд. Бастану боз кардани паёмрасонҳои интернетӣ мавзӯи сӯҳбати даҳҳо ҳазор муҳоҷир аст, ки дар Русия кор мекунанд. Мегӯянд, ки мақомот як риштаи ҳаётӣ байни онҳову волидонашонро буридаанд.
https://www.ozodi.org/a/28969015.html
Яке аз онҳо, ки мегӯяд, донишҷӯ аст, дар муроҷиатномаи тақрибан 10-дақиқаӣ мегӯяд, “ду дақиқа гап мезанам, дар ду дақиқа ман падарамро дуруст аҳволпурсӣ кунам ё модарамро? Ҳамин қадар мегӯям, ки падарҷон пул фирист, ки барои ғизохарӣ маблағ надорам. Дигар намедонам. Агар NGN-ро бастед, ягон чизи дигар боз кунед, то гап занем.”
Кори NGN – як василаи арзони гуфтугӯро мақомоти Тоҷикистон рӯзи 18-уми декабри соли гузашта қатъ карданд ва сабабҳояшро Ҷонибек Дадоматов, намояндаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон чунин шарҳ дод: “Таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирӣ истифодаи хизматрасонии алоқаи барқӣ бо мақсади содир шудани ҷинояткорӣ, ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористӣ экстремистӣ.”
Манъи NGN мардум, бахусус муҳоҷиронро асабӣ кард ва ду ҳафта баъди он, Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, қонунӣ ва ғайриқонунӣ будани манъи НҶН-ро таҳқиқ мекунад. Баъди ин қарор, баъзе аз ширкатҳои мобилӣ дигарбора онро боз карданд, вале рӯзи 11-уми январ боз бастанд.
Бастану боз кардани ин паёмрасон аз тарафи Хадамоти алоқа идома дорад. Аз тарафи дигар норозигиву эътирози муштариён, ки бо наздиконашон ва бо қимати арзон гуфтугӯ карда наметавонанд.
Бино ба гузоришҳо дар Тоҷикистон тақрибан 1 миллион нафар аз корбарон барои гуфтугӯ аз NGN истифода мекарданд.
Бег Сабур: “Гапи ман яктост!”
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур шоми 10 январ намояндагони ширкатҳои мобил ва интернетро даъват карда, аз нав дастур додааст, ки рақамҳои НҶН-ро бубанданд.
Бег Сабур рӯзи 18 декабр рақамҳои НҶН-и 10 ширкатро баста буд, вале рӯзи 9 январ, дар пайи мавҷи интиқодҳо бо дахолати комиссияи давлатӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ин навъи арзони зангҳои телефонӣ дар Тоҷикистон аз нав барқарор шуд. Аммо ҳамагӣ барои якуним рӯз…
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шоми 10 январ намояндагони тамоми ширкатҳои мобил ва интернетро даъват карда, ба онҳо дастури шифоҳӣ додааст, ки рақамҳои НҶН-ро дубора бубанданд.
Бег Сабур гуфтааст, ки ширкатҳо рӯзи 9 январ бидуни иҷозат ин навъи арзони хидматрасониро барқарор кардаанд. «Ман қарорамро бекор накардаам,» — гуфтааст Бег Сабур хитоб ба роҳбарони ширкатҳои мобил ва Интернети Тоҷикистон дар ин ҷаласа.
Муштариёни НҶН мегӯянд, аз шоми 10 январ ин навъи алоқа дубора дастнорас шуд.
Бег Сабур 27 ноябр дар як ҷаласа аз ширкатҳои мобил талаб карда буд, ки «барои амнияти давлат” телефонҳои НҶН-ро бубанданд. Дар ҳамон ҷаласа Бег Сабур ҳамчунин ба ширкатҳои мобил дастур дод, то роҳҳои бастани мессенҷерҳои маъруфе, чун Viber, WhatsApp, Telegram ва IMO-ро низ биомӯзанд.
http://tajikistantimes.tj/tajikistan/beg-sabur-gapi-man-yaktost/
Ҳама NGN-ҳо фаъол шуданд, ба ҷуз аз «Вавилон-Т». Чаро?
Баъд аз се ҳафтаи масдудшавӣ, инак ширкатҳо паи ҳам хабар доданд, ки фаъолияти хизматрасонии мобилии NGN (Next Generation Network – Шабакаи насли баъдӣ)-ро дубора фаъол карданд. Дар ин бора нахуст масъулини ширкати «Билайн» рӯзи 8 январ аз дубора фаъол шудани нармафзори «Салом» хабар дода, ба расонаҳо иброз доштанд, ки «Салом» низ як навъе аз хадамоти NGN ба шумор меояд. Читать далее Ҳама NGN-ҳо фаъол шуданд, ба ҷуз аз «Вавилон-Т». Чаро?
Дар Тоҷикистон NGN дубора фаъол шуд, лекин на дар ҳамаи операторон
Алҳол танҳо ширкати фароҳамсози интернет (провайдер)-и «Телеком Технолоҷи» кори Next Generation Network (NGN) телефонияро фаъол намуд. Читать далее Дар Тоҷикистон NGN дубора фаъол шуд, лекин на дар ҳамаи операторон
Бозгашти NGN
Тавре, ки сомонаи Ozodi хабар медиҳад, нимаи дуввуми рӯзи 9-уми январ аксар ширкатҳои мобиливу мухобиротии Тоҷикистон, ки ба муштариён алоқаи навъи NGN-ро фароҳам мекарданд, хизматрасониро дубора барқарор карданд. Читать далее Бозгашти NGN
«Сипоснома» ба хабарнигорони «Тоҷикистон» ва «Оила» дар Соли ҷавонон
Имрӯз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ду хабарнигори нашрияҳои бисёрхонандаи «Тоҷикистон» ва «Оила» «Сипоснома»-и худро дар вазъияти тантанавӣ супорид. Читать далее «Сипоснома» ба хабарнигорони «Тоҷикистон» ва «Оила» дар Соли ҷавонон
Алоқаи навъи NGN дар Тоҷикистон дубора барқарор шуд
Нимаи дуввуми рӯзи 9-уми январ аксар ширкатҳои мобиливу мухобиротии Тоҷикистон, ки ба муштариён алоқаи навъи NGN-ро фароҳам мекарданд, хизматрасониро дубора барқарор карданд. Читать далее Алоқаи навъи NGN дар Тоҷикистон дубора барқарор шуд