Все записи автора admin

Онлайн журналистика дар Тоҷикистон: ояндаи дурахшон ё ноумедӣ?

[b]Дар ҳоле, ки онлайн-журналистика дар кишварҳои Ғарб ба яке аз расонаҳои иттилоотии пуриқтидортарин табдил меёбад, дар мамолики Осиёи Марказӣ акнун зуҳур мекунад ва дар сари роҳаш ба монеаҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавад. Онлайн журналистика дар Тоҷикистон аксаран бо фаъолияти журналистон ба манфиати нашрияҳои интернетии хориҷӣ анҷом меёбад, зеро манбаъҳои ҷиддии тоҷикӣ амалан мавҷуд нест. Ба андешаи коршиносони маҳаллӣ, адами мутахассисон дар соҳаи мазкур ва сатҳи пасти зиндагии аҳолӣ, инчунин бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ба рушди журналистикаи интернетии мамлакат халал мерасонанд.[/b]

[b]Технологияҳои иттилоотии иртиботӣ ва онлайн-журналистика
[/b]

Истифодабарии технологияҳои муосири иттилоотии иртиботӣ дар фаъолияти расонаҳои чопӣ ва электронии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба фаъол гаштани фаъолияти расонаҳо оид ба иттилоотони шаҳрвандон дар бораи воқеаҳои баамаломадаи минтақа мусоидат менамояд. Раванди мазкур барои фароҳам овардани шароити фаъолияти таъҷилии идораҳои расонаҳо ва баланд гаштани нақши расонаҳо дар ҷомеа ва пешомади рушди онлайн-журналистика аҳамияти муҳим касб мекунад.

Интернет ба истифодабарандагонаш намудҳои мухталифи хизматҳоро пешниҳод менамояд, ки баъзеи онҳо ҳоло дар марҳилаи таҳиясозӣ қарор доранд. Онҳо барои коргарон, махсусан барои журналистон, дар аксари мавридҳо ҳамчун воситаи ивазнашаванда хизмат мекунанд. Ҳоло журналистикаи муосирро бидуни почтаи электронӣ, интернет ва дигар технологияҳои муосир тасаввур кардан мумкин нест. Ба андешаи мудири кафедраи журналисткаи байналмилалии Донишгоҳи Миллиии Тоҷикистон, профессор И.Усмонов, Интернет расонаи хабарӣ нест, вале Интернет-рӯзнома, Интернет-радио, сомонаҳои интернетии оҷонсиҳои иттилоотиро расонаи хабарӣ номидан мумкин аст.

Мутобиқи ҳисобҳои омории бунёди «Ташаббуси Шаҳрвандии Сиёсати Интернет», анқариб ба 10-15 фоизи аҳолии Тоҷикистон шабакаи Интернет дастрас аст. Тибқи маълумоти дигар, дар кишвар барои ҳамаги 5 фоизи аҳолӣ Интернет мудом дастрас мебошад. Сатҳи пасти зиндагӣ имкон намедиҳад, ки ҳар як оила компютер дошта бошад, ҳамаи журналистон ҳам дар хонаашон компютер надоранд. Илова бар ин, хизмати Интернет дар Тоҷикистон, вобаста ба истифодабарии провайдерҳои сервиси Интернет аз каналҳои моҳвораӣ, пурқимат мебошад.

Масъалаи дигаре, ки монеаи онлайн-журналистика мегардад – миқдори ночизи иттилоот бо забони тоҷикӣ дар Интернет аст, ки фаъолияти журналистони тоҷикзабонро мушкил мегардонад. Дар баробари он, ҷавонон фаъолтарин истифодабарандагони интернет мебошанд, ки дар байни онҳо иттилооти хосияти фароғатидошта бештар маъмул аст. Бо ҳамин сабаб, манбаъҳои иттилоотию фароғатӣ, шабакаҳои иљтимої дар байни манбаъҳои интернетии Тоҷикистон нисбатан маъмул мебошанд.

Сатҳи пасти талабот ва доираи начандон калони хонандагон ҳаргиз ба рушди онлайн-журналистикаи ватанӣ мусоидат намекунанд. Дар баробари он, дар Тоҷикистон ҳамагӣ чанд адад манбаъҳои маҳаллии иттилоотию таҳлилӣ фаъолият доранд, ки онҳо ба гурӯҳҳои расонаҳои амсоли «Азия Плюс», «Вароруд», «Авеста» марбут мебошанд. Тибқи маълумоти мавҷуда, танҳо чор-панҷ рӯзнома нусхаҳои электрониашонро ба Интернет пайваст мекунанд. Аз ин лиҳоз, рӯзномаҳои мустақил нисбат ба рӯзномаҳои давлатӣ маҳбубияти бештар касб кардаанд.

[b]Он-лайн журналистика дар Тоҷикистон: дурнамои рушд[/b]

Онлайн-журналистика дар Тоҷикистон ҳамагӣ таърихи 3-4-сола дошта, дар муҳити иттилоотии ҷумҳурӣ зуҳуроти нав мебошад. Табиист, ки дар кишвар журналистоне фаъолият менамоянд, ки барои нашрияҳои интернетӣ менависанд, вале аксарияти онҳо худомӯз буда, сабақи ягон машғулияти махсус ва тренингҳоро нагирифтаанд. Бо ҳамин сабаб зарурати ба роҳ мондани курсҳои махсуси омодасозии онлайн-журналистон, ба андешаи ман, дар Тоҷикистон ҳам масъалаи рӯзмарра мебошад. Барномаҳои таълимӣ барои он зарур мебошанд, ки маҳорат ва малакаи бо роҳи мустақилона омӯхтани онлайн-журналистакаашонро ҳамкасбонамон ба низом дароварда, беҳтар кунанд, ба журналистонамон бо манбаъҳои онлайнӣ нисбатан самаранок фаъолият карданро омӯзем ва сатҳи касбиашонро баланд бардорем.

Дар аксари расонаҳо инчунин норасоии мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ мушоҳида мегардад. Имрӯз хизматҳои мутахассисони соҳаи IT арзиши баланд доранд, зеро он дар олам аз ҷумлаи ихтисосҳое мебошад, ки арзиши баланд дорад ва замоне, ки ширкатҳо ба мутахассисони мазкур маоши пасттар пешниҳод менамоянд, мутахассисони мазкур ширкатеро интихоб менамоянд, ки он маоши баланд медиҳад. Дар ҳамин ҳолат ба намояндагони расонаҳо зарур аст, ки худашон технологияҳои иттилоотию иртиботӣ, таҳия намудани сомонаҳо, истифодабарии почтаи электронӣ, донишҳои маҳорати замонавии компютериро омӯзанд.

Аз соли 2006 сар карда, дар Тоҷикистон чандин семинарҳо ва тренингҳо оид ба онлайн-журналистика барпо карда шуд. Калонтарин донишгоҳи кишвар — Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҳам созмон додани ҳамин гуна машғулиятҳоро ба нақша гирифта буд. Тренингҳои созмонҳои журналистон, расонаҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои донорӣ ҳам барои журналистон, ҳам барои муаллимони макотиби олӣ барпо карда шудаанд. Барпо намудани чунин тренингҳо як ҳиссаи муаяни масъалаҳои мавҷудаи мутахассисонро аз байн мебардоранд, вале бо сабаби таъсири бӯҳрони амиқи молиявӣ ва мавҷуд набудани маблағ онлайн-журналистика дар Тоҷикистон бо суръати паст рушд мекунад.

Блогҳо (ёддоштҳои шабакавӣ) ҳам гирифтори ҳамин гуна вазъ мебошанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ бештар аз даҳҳо блогҳо фаъолият мекунанд, ки онҳо бо забонҳои тоҷикию русӣ дар Тоҷикистон иттилоъ пахш менамоянд.

Коршиносон бар онанд, ки онлайн-журналистика, эҳтимол, дар оянда рушд кунад ва Интернет дар мамлакат васеътар доман паҳн намояд ва маҳбубияти он на танҳо дар байни ҷавонон, инчунин дар байни одамони миёнсол ва калонсол ҳам афзун мегардад. Дар баробари он, вусъати алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон барои рушди расонаҳое, ки ба истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ тамоюл доранд, пешомадҳои васеъ фароҳам месозад. Дар ҷумҳурӣ 10 ширкати рақамӣ, аз ҷумла Babilon-M», «Индиго-Тоҷикистон» («Tcel»), «МЛТ» (ҳоло «Мегафон»), «Билайн» ва ғайраҳо фаъолият мекунанд. Ҳоло телефонияи мобилӣ ба канали ҷиддии интишор додани иттилооти оммавӣ ва иртиботӣ табдил ёфта, каналҳои маъмулии расонаҳоро мукаммал месозанд. Тибқи маълумоти дар дасти мо буда, аз байни даҳ операторони алоқа ду адади онҳо бештар аз 1 миллион мизоҷ доранд. Тибқи маълумоти ГИПИ, 60 фоизи аҳолӣ абоненти операторони алоқаи мобилӣ мебошанд, 20 фоизи дигар бошанд аз Интернети мобилӣ истифода мебаранд. Фаъолияти 10 Интернет-провайдерҳо барои вусъати расонаҳои шабакавӣ ва манбаъҳои онлайнӣ шароити мусоид фароҳам месозанд.

Бартарии муҳити васеъи манбаъҳои онлайн ва сели озоди иттилоот хатари сӯистифода аз Интернетро аз байн мебаранд. Вақте дар бораи эҳтимоли сӯистифода аз Интернет сухан мегӯем, айбро ба сари технология гузоштан лозим нест, зеро дар ин масъала технология айб надорад. Садди роҳи рушди пешрафти техникӣ шудан мумкин нест. Инчунин истифода бурдани Интернет ба мақсадҳои ҷинояткорона низ мумкин нест.

Интернет ба шумораи зиёди одамон имконият медиҳад, ки ба доираи рӯзафзуни одамоне андешаҳояшонро баён кунанд, ки онҳо ба расонаҳои электрониро аз анъанавӣ авлотар медонанд. Дар кишвари мо, бо вуҷуди ихтилофоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, парламон бо роҳи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба моддаҳои марбути Кодекси ҷиноятии ҶТ саҳифаҳои Интернетиро ба расонаҳо баробар кард. Тағйироти мазкур ба масъалаи дифаматсия марбут мебошад. Аз як тараф, афрод ва расонаҳо вазифадоранд, ки барои рафтору кирдори худ масъул бошанд ва истеҳсоли контенти ғайриқонунӣ бояд бо роҳи судӣ ҳаллу фасл карда шавад, аз тарафи дигар, ба маҳрамияти мукотибаи шахсии шаҳрвандон эҳтиромро бояд қоил бошем.

Инфрасохторҳои Интернет мақсадҳои зиёд дошта, мақомоти танзимкунанда ҳамин масъаларо бояд ба эътибор гиранд. Амалҳои мақомоти қонунгузорӣ ва ҳимояи қонун бояд ба пешгирӣ намудани контенти номақбул – мӯҳтавои манбаъҳои онлайн нигаронда шавад ва ба инфрасохтори худи Интернет дахл накунад.

Дар баробари он, нақши калидӣ доштани журналистикаи онлайнро дар дигаргунсозиҳои демократии ҷомеа эътироф намуда, қабули ихтиёрии стандартҳои касбии журналистон, худтанзимкунии расонаҳо ва дигар механизмҳои ба мақсад мувофиқро барои таъмини касбияти бештар, тавозуни андешаҳо ва саҳеҳии иттилоот, инчунин риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар байни журналистонро ҳавасманд гардондан зарур мебошад.

Сензура дар ҳар шакле, ки набошад барои расонаҳои анъанавӣ ва расонаҳои онлайнӣ қобили қабул нест.

Рушди босуръати технологияҳои иттилоотию иртиботӣ майдони фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва иртиботро вусъат бахшида, самти расонаҳои навзуҳури онлайниро муайян месозад. Вале масъалаи расонаҳои интернетӣ ду қисми асосӣ дорад: аввалан – камбуди кадрҳо, ки интернетро рушд медиҳанд, дуюм – мавҷуд набудани техникае мебошад, ки ба воситаи он Интернет-рӯзномаро сохтан мумкин аст. Вале мавҷуд набудани техникаро ба қатори масъалаи дуюмдараҷа гузоштан лозим аст. Зеро, бо вуҷуди техникаи олидараҷа доштан, бо мағзи заиф ба комёбӣ муяссар гаштан эҳтимол мебошад.

Нуриддин Қаршибоев,раиси АМВАОМТ

Источник:

Ассенҷ дар боздошт аз WIKILEAKS дифоъ кард

Баъд аз як рӯзи боздошт дар Лондон Ҷулиан Ассенҷ-муассиси WikiLeaks аз сомонаи интернетии худ дифоъ кард.

Дар сармақолаи як рӯзномаи Австралия Ассенҷ гуфтааст, демократия ба матбуоти қаввӣ ниёз дорад, то ҳукуматҳоро ростқавл нигоҳ дорад ва WikiLeaks дар ин кор нақш хоҳад дошт. Ассенҷ ин иддаоро қабул надорад, ки маводи маҳрами чопшуда дар сомонаи WikiLeaks ҳаёти баъзеҳоро ба хатар рӯ ба рӯ кардааст. Раҳоии Асенҷро бо васиқа рад карданд ва вай дар зиндон қарор дорад.

Вайро барои таҷовузи ҷинсӣ муттаҳам медонанд. Вале худаш ин иттиҳомотро қабул надорад. Сухангӯи WikiLeaks гуфт, ин боздошт ҳамла ба озодии матбуот аст ва вай қавл дод, ки чопи асноди маҳрамро идома медиҳад.

Источник:

IDEAS сабаби ба Женева сафар накардани Нуралӣ Давлатовро шарҳ дод

6 декабр вохўрии директори ТҶ «Хома» Шаҳло Акобирова ва журналист Нуралӣ Давлатов бо директори IDEAS Center ҷаноби Николас Имбоден баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ сухан атрофи сабаби сафар накардани Нуралӣ Давлатов ба Женева барои инъикоси рафти гуфтушуниди ҳайати расмии Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) мерафт. Ҷаноби Николас Имбоден чунин шарҳ дод, ки сабаби ин ҳолат имконнопазир будани шароити мувофиқи кор барои журналист дар музокирот буд. Ҷаноби Николас Имбоден изҳор дошт, ки IDEAS Center ўҳдадории дар атрофии лоиҳа ба зимма гирифтаашро ба ҷо меорад ва ў мутмаин аст, ки рўзҳои наздик ғолиби озмун дар форуми бонуфузи иктисодӣ дар Женева ширкат мекунад.

Моҳи авгуси соли ҷорӣ миёни журналистони тоҷик озмун оид ба инъикоси беҳтарини ҷараёни воридшавии Тоҷикистон ба СУС эълон шуда буд. Озмун бо дастгирии Интерньюз Европа ва IDEAS Center дар доираи барномаи иқтисодии ТҶ «Хома», ки аз моҳи апрели соли 2010 амалӣ мегардад, гузаронида шуд. Аз рўи натиҷаҳои озмун журналисти рўзномаи мустақили «Фараж» Нуралӣ Давлатов ғолибият ба даст овард. Мувофиқи шартҳои озмун ў бояд ба шаҳри Женева (Швейцария) сафар карда, рафти гуфтушуниди навбатии ҳайати расмии Тоҷикистонро дар қароргоҳи СУС аз 21 то 26 ноябр инъикос мекард.

Пеш аз парвоз ба Женева, ногаҳон аз ҷониби IDEAS Center сафари журналист мавқуф гузошта шуд. Мутаассифона оид ба ин ҳолат он вақт аз тарафи IDEAS Center эзоҳе дода нашуд. Ин боиси дар ВАО пайдо шудани ҳар гуна овозаҳо гардид. Масалан, сабаби нарафтани Нуралӣ Давлатовро дар он медиданд, ки ў журналисти рўзномаи мустақили ба «рўйхати сиёҳ» афтодаи «Фараж» аст ё тахмин мекарданд, ки ў дар Женева мемонаду паноҳгоҳи сиёсӣ талаб мекунад.

Источник: Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.

Чопи “ИмрӯзNews” аз сар гирифта шуд

Чопи рӯзномаи “ИмрӯзNews” баъд аз вақфаи ду ҳафтаӣ аз сар гирифта шуд.

Масъулони нашрия гуфтанд, сабаби таъвиқи чопи “ИмрӯзNews” сиёсӣ набуда ва ба гуфтаи онҳо таъвиқ дар нашр ба онҳо имкон дод, сиёсати дохилии корӣ ва молии марбут ба фаъолияти кормандони ин нашрияро мушаххас кунанд.

Рустами Ҷонӣ, муассиси нашрияи “ИмрӯзNews” ба Би-би-сӣ гуфт: «Яке аз мушкилоти аслии мо он буд, ки сармояе, ки мо барои чопи рӯзнома ихтисос медодем бо сармояи фурӯши он мувофиқ набуд. Мушкилоте дар тавзеъи рӯзнома низ вуҷуд дошт. Дар ин муддат мо роҳҳои аслӣ барои бамавқеъ расидани ин рӯзнома ба хонанадагонро муаъйян кардем.»

Ба гуфтаи оқои Ҷонӣ аз рӯзи душанбеи 6-уми декабр, “ИмрӯзNews” панҷ маротиба дар ҳафта ба дасти хонандагон хоҳад расид.

Дар ҳамин ҳол дар авохири моҳи ноябр баъд аз панҷ рӯзи таввақуфи чопи рӯзнома Раҷаби Мирзо, сардабири ин нашрия ба расонаҳо иттилоъ дод, ки аз симмати худ истеъфо дод.

Ҳарчанд Раҷаби Мирзо далели ин тасмими худро шарҳ надода буд, аммо гуфт, ки «шояд замоне дар бораи сабабҳои ин тасмим» иттилоъ хоҳад дод.

Ҳамакнун Исфандиёри Назар, яке аз кормандони рӯзнома, сардабири он таъйин шудааст. «ИмрӯзNews»танҳо рӯзномаи хусусӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Источник: ВВС

Намунаи тоҷикии сомонаи Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)

Намунаи тоҷикии сомонаи Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мутақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) аз рӯзи 7 декабри соли 2010 ба фаъолият оғоз кард.

Тибқи нақша дар намунаи тоҷикии сомонаи АМВАОМТ ба табъ расондани навигариҳои ҳаёти расонаҳо ва рӯзноманигорон, саволу ҷавоб, санадҳои қонунгузорӣ, маводи таҳлилӣ, ҳисоботҳои мониторинги нақзи ҳуқуқи ВАО ва хабарнигорон, эълонҳои семинару тренингҳо ва озмунҳо барои хабарнигорон пешбинӣ мегарданд. Дар саҳифаи тоҷикӣ инчунин ба табъ расондани хабарҳои воқеаҳои муҳимтарини ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат дар назар аст.

Тавре раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев дар сӯҳбат бо хабарнигори мо гуфт, намунаи тоҷикии сомона бо дастгирии молиявии ташкилоти Интернюс нетуорк Тоҷикистон татбиқ гаштааст.

Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.