Все записи автора admin

Ҷумъаи МИРЗО: «Мо омодаем корманди худро ҳимоя кунем»

Хабарнигори маҳаллии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Муҳаммадюсуф Исмоилов дар ноҳияи Ашт боздошт шудааст. Аммо то ҳол рӯшан нест, ки ӯро воқеан бо кадом далел боз доштаанд. Читать далее Ҷумъаи МИРЗО: «Мо омодаем корманди худро ҳимоя кунем»

WikiLeaks 7 барқияи дигари марбут ба Тоҷикистонро нашр кард

Торнамои ифшогари Викиликс боз 7 барқияи Сафорати Амрико дар Тоҷикистонро мунташир кард, ки мӯҳтавои сетои онҳо ду рӯз пеш дар рӯзномаи бритониёии «Гордиан» интишор ёфта буд.

Дар номаҳои нав, ки ба солҳои 2005, 2006 ва 2007 марбутанд, аз ҷумла зиёфати вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев барои сафири Амрико Ричард Ҳугланд, ҷузъиёти барканории як афсари баландпояи Оҷонси зидди маводи мухаддир ва корманди Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо дастури шахсии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, сӯҳбатҳои президент дар бораи фишори Русия ба Тоҷикистон қаламдод шудаанд. Дар як номаи соли 2010 маълумот дар бораи вазъи кишвар ва интизориҳои мақомоти тоҷик аз Амрико ба муносибати сафари Ричард Ҳолбрук, намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳида барои Афғонистон ва Покистон ба Душанбе баён шудаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/latest/538/538.html?id=2248538

Дастрасӣ ба Интернет: комёбӣ ва дурнамо

17 декабри соли 2010 дар ш.Душанбе дар мавзӯи «Дастрасӣ ба Интернет: комёбӣ ва дурнамо» сӯҳбати «мизи мудаввар» барпо мешавад. Маъракаи мазкурро Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) дар доираи лоиҳаи «Вусъат додани дастрасӣ ба иттилоот дар Интернет», бо дастгирии намояндагии «Internews Network» дар Тоҷикистон барпо менамояд. Дар сӯҳбати «мизи мудаввар» Фонди ҷамъиятии ГИПИ ва Анҷумани интернет-сервис провайдерони Тоҷикистон ҳамчун шарик иштирок мекунанд.

— Сӯҳбати «мизи мудаввар», бо мақсади оммавӣ гардондани истифодабарии Интернет-манбаъҳо ҳамчун сарчашмаи алтернативии иттилоот, ният дорад ба мубоҳисаҳои ҷамъиятӣ мусоидат намояд, — гуфт Нуриддин Қаршибоев, раиси АМРМТ. – Ба сӯҳбати «мизи мудаввар» намояндагони Интернет-провайдерон, операторони хизматрасонии алоқа, расонаҳо ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват шудаанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои сӯҳбати «мизи мудаввар» ба имзо расондани тавофуқномаи байни иштирокчиён пешбинӣ мегардад, ки он барои беҳтар намудани вазъи дастрасӣ ба Интернет, ҳамчун сарчашмаи алтернативии иттилоот, бояд хизмат кунад.

Источник: Хадамоти мониторинги АМРМТ.

АРМТ: Хабарнигор барои матолиби интиқодӣ боздошт шудааст

Анҷумани Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон (АРМТ) гуфтааст боздошти Маҳмадюсуф Исмоилов ба чопи матолиби интиқодии ӯ рабт дорад.

Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақили “Нури зиндагӣ” ду ҳафта қабл аз сӯйи кормандони додситонии ноҳияи Ашт дар шимоли Тоҷикистон боздошт шуда ва танҳо ду рӯзе қабл хабари дастгир шудани ӯ мунташир шуд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси АРМТ рӯзи душанбеи 13 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки то ҳол маҳалли нигаҳдории оқои Исмоилов маълум набуд ва танҳо имрӯз рӯшан шудааст, ки ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад.

Оқои Қаршибоев гуфт, ки додситонии ноҳияи Ашт ба ин хабарнигори маҳаллӣ бар асоси чаҳор моддаи Қавонини ҷиноӣ ё кайфарии Тоҷикистон, яъне, тӯҳмат, таҳқир, барангехтани низоъи маҳаллгароӣ ва тамаъҷӯйӣ парвандаи ҷинойӣ боз кардааст.

Аммо Ҷумъаи Мирзо, сардабири нашрияи “Нури зиндагӣ” мӯътақид аст, ки Маҳмадюсуф Исмоилов барои чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти пулис ва кормандони додситонӣ боздошт шудааст.

Оқои Мирзо ба унвони мисол аз матолиби интиқодие чун “Ашт валангор мешавад”, “Қотили Наргис кист?” ва “Худкушӣ дар Ашт” ном бурд, ки пас аз чопи ин матолиб фишору таҳдид болои хабарнигор зиёд шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Анҷумани Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон гуфтанд, ки аз Маҳмадюсуф Исмоилов аз лиҳози ҳуқуқӣ пуштибонӣ карда ва барои ҳимояти ӯ вакили мудофеъи ботаҷрубаро таъйин хоҳанд кард.

Оқои Қаршибоев гуфт, ки боздошти Маҳмадюсуф Исмоилов ба фаъолияти хабарнигории ӯ рабт мегирад

Маҳмадюсуф Исмоилови 50-сола дар канори “Нури зиндагӣ” бо нашрияи “Истиқлол” ҳамкорӣ карда ва бо матолиби интиқодию таҳлилии худ дар миёни хонандагон шӯҳрат дошт.

Дар ҳамин ҳол, Анҷумани Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон аз афзоиши мавориди нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва таҳдиду иттиҳомот алайҳи нашрияҳои мустақил хабар додааст.

Гуфта мешавад. Дар зарфи як соли ахир беш аз 10 мавриди нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва расонаҳои мустақили Тоҷикистон сабт шудааст.

Дар соли ҷорӣ нашрияҳои мустақили “Озодагон”, “Нигоҳ”, “Пайкон”, “Asia-Plus” ва “Миллат” барои чопи матолиби интиқодӣ дар мавриди фаъолияти ниҳодҳои давлати Тоҷикистон ба додгоҳ кашонда шуданд.

Дар соли гузашта додгоҳи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Пӯлод Умаров, сардабир, Сурайё Умарова, сармуҳосиби нашрияи ӯзбакзабони “Тонг” (Субҳ) ва Додоҷон Қосимов, тоҷири маҳалиро ба иттиҳоми тақаллубкорӣ дар таҳияи асноди молӣ аз ду то дуву ним сол ба ҳабс маҳкум кардааст.

Ҳамзамон, ин додгоҳ бар асоси моддаи 71-и қавонини ҷиноӣ ё кайфарии Тоҷикистон иҷрои ҳукми ҳабсро то ба ду сол ба таъвиқ андохт.

Ҳамчунин, Озодбек Хосабеков, хабарнигори ҳафтаномаи “Азия Плюс”-ро додгоҳи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон барои чопи матлаби ба гуфтаи додгоҳ “бӯҳтономез” ба 200 соъат корҳои иҷборӣ маҳкум карда буд.

Радио ВВС

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101213_mm_journalist_arrest.shtml

Таъкиди Раҳмон ба мубориза бо «ҷароими иттилоъотӣ»

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ дар Маскав гуфтааст, ки кишвараш ҷонибдори муқобала бо ҷароим дар арсаи иттилоърасонӣ ва фанновариҳои иттилоъотӣ аст.

Дар сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз қавли Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Тоҷикистон ҷонибдори устувори муқовимати муштарак бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи иттилоъот ва технологияҳои иттилоъотӣ мебошад.»

Вай афзудааст: «Такмил додани қонунгузорӣ вобаста ба таъмини амнияти иттилоъотӣ бояд аз самтҳои афзали фаъолияти муштарак дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гардад.»

Ин суханони оқои Раҳмон дар ҳолест, ки нашри иттилоъоти маҳрамона дар бораи ҷанги Ироқу Афғонистон ва ҳамчунин, мукотиботи диплумотики сафоратхонаҳои Омрико дар сойти Викиликс ахиран шӯре дар саросари ҷаҳон ба по андохтааст.

Мақомоти Омрико ва бархе аз кишварҳои дигари ҷаҳон ин иқдомро маҳкум карданд ва Ҷулиан Асанж, муассиси Викиликс дар Ландан боздошт шуд, вале интишори асноди маҳрамона дар ин сойт ҳамчунон идома дорад.

Қаблан масъулони ин сойт эълом карда буданд, ки аснодеро низ дар бораи фасоди густарда дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, интишор хоҳанд дод.

Нашри бархе иттилоъот дар бораи Тоҷикистон, аз ҷумла иттилоъоти марбут ба фишори эҳтимолии Омрико барои барканории Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло дар зиндон аст, нигарониҳоеро дар Душанбе ба ҳамроҳ доштааст.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон иддаъоҳои матраҳшуда дар асноди Викиликсро рад кард. Аммо оқои Раҳмон дар ин бора ибрози назаре накардааст. Бо ин ҳол, ба назар мерасад, ки мақомоти тоҷик аз идомаи нашри иттилоъоти маҳрамона дар интернет нигаронанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта муқаррароте дар бораи ончи «амнияти иттилоъотӣ» хонда мешавад, низ тасвиб карда буданд, ки ҳадаф аз он «ҳимоят аз фазои иттилоъотии» ин кишвар дар баробари нуфузи расонаҳои хориҷӣ унвон шуда буд.

Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки масдуд шудани чанд сойти интернетӣ дар остонаи интихоботҳои гузашта ва дар ин авохир, яъне дар пайи бозтоби вазъи амниятии минтақаи Рашт дар расонаҳои мухталиф, низ дар чорчӯби сиёсати «таъмини амнияти иттилоъотӣ» сурат пазируфтааст.

Бозтоби ҳамлаи як гурӯҳи пайкорҷӯи мухолифи давлат ба сутуне аз комюнҳои низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон, ки дар авохири моҳи сентябр дар дараи Камароб рух дода ва дастикам 25 кушта барҷо гузошт, хашми мақомоти Тоҷикистонро барангехт.

Дар пайи нашри хабар ва мақолоти марбут ба ин ҳодиса, вазири дифоъи Тоҷикистон бархе аз нашрияҳои мустақилро ба «ҳамкорӣ бо теруристон» муттаҳам кард ва худи оқои Раҳмон дар як суханронии худ гуфт «бархе аз нашрияҳо ҷангҷӯ шдаанд».

Тӯле накашид, ки чопи нашрияҳои мустақилли «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» мутаваққиф ва дастрасӣ ба сойтҳои интернетии хабаргузориҳои «Авеста», «Сентразия», «Фергана» ва «Тоҷнюз» масдуд шуд.

Ин амр интиқодоти густардаи созмонҳои мудофеъи озодии баён ва диплумотҳои хориҷии муқими Тоҷикистонро ба ҳамроҳ дошт. Агарчи бархе аз мақомоти тоҷик дастури масдуд кардани сойтҳоро ба гардан гирифтанд, вале иддаъоҳо дар бораи даст доштани худ дар тавқифи чопи нашрияҳоро рад карданд.

Ҳамакнун Президент Раҳмон дар ҳоле хостори «такмили қонунгузорӣ барои таъмини амнияти иттилоъотӣ» дар қаламрави кишварҳои узви СПАД мешавад, ки гурӯҳҳои мудофеъи озодии баён ҳамвора аз ӯ барои тасвиби муқаррароти марбут ба тавҳин ва туҳмат дар интирнет дар тобистони соли 2007 интиқод кардаанд.

Аз он замон то кунун созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон борҳо аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки моддаҳои марбут ба туҳмат ва тавҳинро аз қонуни кайфарӣ (коддекси ҷиноӣ) барандозад ва ба гунаи кишварҳои пешрафта ва мутамаддин шомили қонуни маданӣ (кодекси шаҳрвандӣ) кунад, вале мақомоти тоҷик ҳеч эътиное ба ин дархост накардаанд.

Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар моддаҳои марбут ба туҳмату тавҳин дар қонуни кайфарии Тоҷикистонро афзоре муҳим барои бим додани рӯзноманигорон ва кунтрули фаъолияти онҳо аз сӯйи давлат ба шумор меоваранд, ки гӯё замина барои худсонсурии густардаро фароҳам кардааст.

Вале мақомот ин иддаъоро рад карда ва мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон ҳама гуна шароит барои озодии баён ва фаъолияти матбуъоти озодро фароҳам кардааст ва ниёзе ба ислоҳи қонуни кайфарӣ мавҷуд нест.

Радио ВВС

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101211_ea_rahman_infotech_crimes.shtml

Викиликс асноди марбут ба фасод дар Осиёи Миёнаро нашр мекунад

Викиликс дар чанд моҳи ахир миқдори зиёде аз иттилоъоти маҳарамонаи давлати Омрикоро мунташир кардааст

Сойти интернетии Викиликс эълом кардааст, ки ҳафтаи оянда иттилоъоти маҳрамона дар бораи фасодкорӣ дар миёни мақомоти кишварҳои Осиёи Марказиро мунташир хоҳад кард.

Масъулони ин сойт гуфтаанд, ки миқдори чунин мавод бештар аз он хоҳад буд, ки қаблан дар бораи ҷанг дар Ироқ дар ин сойт мунташир шуда буд.

Вазоратҳои хориҷа ва дифоъи Омрико конгресси ин кишварро дар бораи ин иқдоми Викиликс огоҳ сохта ва изҳор доштаанд, ки интишори ин мавод ба манофеъи ин кишвар латма хоҳад зад.

Филип Кроули, ёвари вазири хориҷаи Омрико дар умури равобит бо расонаҳои гурӯҳӣ, гуфтааст: «Чопи ин мавод дар равобити диплумотҳои омрикоӣ бо дӯстони мо дар куллияи кишварҳо мушкил эҷод мекунад.»

[b]»Давлатҳои фосид»[/b]

Масъулони Викиликс мегӯянд, ки ин мавод умдатан ба фасодкорӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, Урупои Шарқӣ ва Афғонистон рабт дорад. Таъкид мешавад, ки ин иттилоъоти сиррӣ аз сӯйи сафоратхонаҳои Омрико дар кишварҳои мухталиф дар тӯли солҳои 2005 то 2007 таҳия шудаанд.

Зимнан, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамвора ба хотири густариши фасод ва тамаркузи қудрат ва сарват дар дасти раҳбарони ин кишварҳо ва пайвандонашон мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ ва мунтақидону мухолифони дохилӣ қарор гирифтаанд.

Тибқи гузориши созмони Шаффофияти Байналмилалӣ, баландтарин мизони фасод дар миёни ҷумҳуриҳои шӯравии пешин дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Ҷулиан Ассанҷ мегӯяд, ки Вазорати дифоъи Омрико ӯро таъқиб мекунад

Дар ҳамин ҳол, масъулони Викиликс эълом кардаанд, ки рӯзномаи омрикоии “Ню-Йорк Таймз”, нашрияи бритониёии “Гордиан” ва маҷаллаи “Шпигел”-и Олмон ба ин мавод дастрасӣ доранд.

Расонаҳои гурӯҳӣ ба унвони мисол аз ду маводде зикр кардаанд, ки яке аз онҳо ба фаъолияти Исмаил Исаков, вазири вақти дифоъи Қирғизистон дар ҳукумати Қурмонбек Боқиев, рабт дорад.

Ин мақоми пешини Қирғизистон дар сӯҳбат бо Эван Фейгенбаум, ёвари вазири хориҷаи Омрико, гуфтааст, ки раҳбарияти кишвараш барои дар ихтиёри Омрико гузоштани пойгоҳи Манас омода аст.

Вале ба гуфтаи оқои Исаков, давлати Қирғизистон таъаҳҳудотеро дар чорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бар дӯш дорад. Ҳарчанд ба гуфтаи вай, кишвараш ба рушди ҳамкориҳо бо Омрико алоқаманд аст.

Дар матлабе дигар Ҷон Пурнелл, сафири пешини Омрико дар Ӯзбакистон, андешаҳои худро дар бораи ин кишвар изҳор дошта ва гуфтааст, ки Ӯзбакистон “кишваре пулисӣ” (мустабид) маҳсуб мешавад.

[b]Беэътимодӣ ба Тошканд[/b]

Ба навиштаи сафири собиқи Омрико, давлати Ӯзбакистон танҳо ба манзури таъмини манофеъи хонаводаи раиси ҷумҳурии ин кишвар фаъолият мекунад.

Ҷон Пурнелл афзудааст: «Сарфи назар аз натоиҷи интихоботи қарибулвуқӯъ Ислом Каримов барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мешавад. Оқои Каримов ба ҳеҷ гуна ислоҳот алоқаманд нест. Вай танҳо мехоҳад ҳокимияти худро тақвият диҳад.»

Ҳамчунин, Викиликс гузориш карда, ки иттилоъоти маҳрамонаи вай ба равобити Омрико бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ рабт дорад. Бархе аз ин иттилоъот феълан дар сойти Викиликс мунташир шудааст.

Аз ҷумла, дар санаде перомуни дидори ҳайъате аз намояндагони НОТУ ба Тошканд дар моҳи майи соли 2007 манобеъи сафорати Омрико ба Вошингтун навиштаанд, ки ин дидор хуб анҷом шуда ва Ӯзбакистон усулан барои ҳамкорӣ бо НОТУ омодагии худро эълом кардааст.

Дар ин матлаб омадааст: «Дар ҷараёни мубоҳисот, ӯзбакҳо истифодаи кишварҳои узви ОЙСОФ аз фурудгоҳи Тирмиз барои интиқоли нерӯ ба Афғонистонро мустасно накарданд ва «таъаҳҳуди устувор»-и худро ба раванди азсаргирии барномарезӣ ва таҷдиди назар эълом карданд. Онҳо усулан бо табодули иттилоъоти амниятӣ умдатан дар бораи Афғонистон мувофиқат карданд.»

Бо ин ҳол, ин санад нишон медиҳад мақомҳои омрикоӣ чандон эътимоде ба давлати Ислом Каримов надоранд: «Бо вуҷуди ваъдаҳои ҳамкорӣ, сафорат исрор меварзад, ки дар ин замина эҳтиёт ба харҷ дода шавад, бавижа дар мавриди табодули иттилоъот, то имтинон ҳосил шавад, ки ҳамкорӣ дуҷониба ва баробар бошад. Суханони давлати Ӯзбакистонро, чун ҳамеша, бояд имтиҳон кард.»

[b]Нигаронӣ аз «қудрати порсӣ»[/b]

Дар канори ин аснод, Викиликс иттилоъотеро дар бораи равобити хориҷии Тоҷикистон ва равобити ин кишвар бо Омрико ва низ интишор додааст, ки аз ҷумла, яке аз онҳо нигаронии мақомоти омрикоӣ аз «равобити рӯзафзуни Тоҷикистон бо Эронро» бозгӯ мекунад.

Ин санад «Қудрати эронӣ (порсӣ): Равобити афзояндаи Тоҷикистон бо Эрон» ном дорад, ки дар моҳи июни соли 2007 таҳия шуда ва дар он аз ҷумла омадааст: «Тоҷикистон равобити худ бо Эронро «комилан иқтисодӣ» тавсиф карда, вале равобити рӯ ба рушди сиёсӣ, низомӣ ва диплумотики онҳо нишон медиҳад, ки сармоягузорӣ танҳо чизе нест, ки ин ду кишварро ба ҳам меорад.»

Дар ин санад омадааст, ки дар 18 моҳи гузашта (дар соли 2007) Президент Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ба кишварҳои ҳам сафарҳое карда ва асноду эъломияҳоеро дар заминаҳои мухталиф, аз омӯзишу парвариш ва илму фарҳанг гирифта, то ҳамкориҳои порлумонӣ ва дифоъӣ, имзо кардаанд.

Ин санад дар идома меафзояд: «Ҳарчанд дӯстӣ бо кишваре, ки аз растохези мазҳабӣ дар кишварҳои ҳамсояаш пуштибонӣ мекунад, бозии хатарноке барои Тоҷикистон аст, на Раҳмон ва на Тоҷикистон, наметавонанд пешниҳоди тарҳҳо барои рушди зербиноӣ ва сармоягузориро рад кунанд. Дар кӯтоҳмуддат, ҳарду кишвар аз равобити наздик суд мебаранд: Тоҷикистон ба пул, Эрон ба дӯст ниёз дорад.»

Зимнан, дар чанд моҳи ахир Викиликс маводди зиёди маҳрамонаеро дар бораи фаъолияти нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон ва Ироқ мунташир кард, ки боъиси нигаронии мақомоти омрикоӣ шуд.

Раҳбарони бархе аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Покистон, низ аз чопи ин мавод изҳори норизоятӣ кардаанд. Вале масъулони Викиликс мегӯянд, ки ҳоло маводди зиёдеро дар ихтиёр доранд, ки тадриҷан дар сойти интернетии ин созмон мунташир хоҳанд кард.

Аз сӯйи дигар, иқдомоте барои боздошти Ҷулиан Ассанҷ, раҳбари созмони Викиликс, низ сурат гирифтааст. Мақомоти Суед оқои Ассанҷро дар иртикоби таҷовуз ба як зани табаъаи ин кишвар мазнун медонанд.

Раҳбари Викиликс ин иттиҳомро рад карда ва мегӯяд, ки талошҳо барои боздошти вай ба хотири фаъолияти сойти интернетияш ва дар иртибот бо нашри иттилоъоти маҳрамона дар бораи ҷангҳо дар Ироқ ва Афғонистон сурат мегирад.

Источник: Радио ВВС.

Боздошти хабарнигори “Нури зиндагӣ” дар Ашт

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллии нашрияи “Нури зиндагӣ” дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд боздошт шудааст. Ҷумъаи Мирзо, сардабири “Нури зиндагӣ”, дар ин бора ба Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки “Муҳаммадюсуф Исмоилов ду ҳафта ба ин сӯ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.”[/b]

Муҳаммадюсуф Исмоилов, сокини ноҳияи Ашт, аз соли 2008-ум ҳамкории худро бо ҳафтаномаи “Нури зиндагӣ” ба роҳ монда, дар он матолиби мухталиферо дар бораи ҳаёти сокинони ин ноҳия ба нашр мерасонд. Вай ҳамчунин тавзеъ ва фурӯши “Нури зиндагӣ”-ро дар ноҳияи Ашт ба ӯҳда дошт.

[b]Сарнавишти норӯшани хабарнигор[/b]

Додситонии ноҳияи Ашт бо ирсоли як нома аз масъулони “Нури зиндагӣ” хостааст, ки дар бораи фаъолиятҳои Исмоилов дар ин ҳафтанома маълумот дода, инчунин, матолиби нашркардаи ӯро барои бозрасӣ фиристанд.

Аммо Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, дар ин номаи додситонии ноҳияи Ашт гуфта нашудааст, ки хабарнигори онҳо дақиқан аз рӯйи кадом бандҳои қонуни ҷиноӣ ва дар асоси чӣ шикояте мавриди боздошт қарор гирифтааст.

Вай афзуд, “мо нусхаи ба кор қабул кардани ӯ, тибқи қарордод фаъолият доштан ва замони фаъолияташ дар “Нури зиндагӣ”-ро ба унвони додситонии ноҳияи Ашт фиристодем. Аммо дар номаи худ навиштем, ки агар лозим бошад, кормандони додситонӣ ба идораи нашрия омада, бо матолиби навиштаи ӯ ошно шаванд.”

Яке аз наздикони Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки аз ноҳияи Ашт сӯҳбат мекард, низ гуфт, ки дар бораи вазъу ҳоли ӯ то кунун чизе барояшон рӯшан нест. Ҳатто онҳо намедонанд, ки феълан оқои Исмоилов дар боздоштгоҳи ноҳияи Ашт ба сар мебарад ва ё дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд.

[b]Иллати аслии боздошт чист?[/b]

Талошҳои мо барои доштани тамос бо додситонии ноҳияи Ашт ҳам бенатиҷа буд, то аз онҳо иллати аслии боздошт ва нигаҳдории Муҳаммаюсуф Исмоиловро пурсем. Аммо як манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд, Муҳаммадюсуф Исмоилов барои бадгӯӣ, талаби ришва ва маҳалгароӣ муттаҳам мешавад.

Ҷумъаи Мирзо, сардабири “Нури зиндагӣ” мегӯяд, вале асли боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов ба матолиби танқидии ӯ рабт мегирад, ки тайи як соли ахир дар “Нури зиндагӣ” ва “Истиқлол” ба чоп расида, вокунишҳои мухталифро дар пай доштааст.

“Бояд ёдоварӣ кунам, ки ҳар мақолае, ки ба чоп мерасонд, ҳатман аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд, прокуратураи ноҳияи Ашт, раиси ноҳияи Ашт ҳамоно вокуниш мешуд, ҷавоб меомад. Мақолае, ки зиёд пурсару садо шуда буд, “Худкушӣ дар Ашт” буд, ки каме фаъолияти прокуратураи ноҳия зери танқид гирифта шуд. Як мақолаи дигараш буд дар бораи ноободиҳои Ашт, вазъи роҳҳову фурӯши замин. Ҳар як мақолае, ки нашр мекард матолиби танқидӣ дар мавриди қонуншиканиҳое, ки дар ноҳияи Ашт буданд”,-илова кард Ҷумъаи Мирзо.

Дар ҳамин ҳол, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳам таҳқиқи боздошти Муҳаммадюсуф Исмоиловро оғоз кардааст.

[b]Вокуниши созмонҳои хабарнигорӣ[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси ин созмони хабарнигорӣ мегӯяд, онҳо мехоҳанд муайян кунанд, ки боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов ба фаъолиятҳои касбияш муртабит аст ва ё зиндагии шахсияш.

Дар сурате, ки мегӯяд оқои Қаршибоев, агар ин боздошт ба фаъолияти касбии ӯ рабт мегирад, пас, онҳо барои озодии ӯ кӯмак ва ӯро дар додгоҳ ҳимоят хоҳанд кард.

Созмони хабарнигорони бидуни марз ҳам гуфтааст, дар сурати ба фаъолиятҳои касбияш рабт доштани боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов, онҳо низ кӯмаки ҳуқуқии худро хоҳанд расонд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов тақрибан 50 сол дошта, соҳиби се фарзанд аст ва дар чанд соли ахир бо бархе аз нашрияҳои Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монда буд. Охирин мақолаи ӯ дар се ҳафтаи пеш дар ҳафтаномаи “Истиқолол” рӯйи чоп омад.

Каюмарси Ато, радиои «Озодӣ»

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2246027.html

Форуми Авруосиёгии ВАО дар Киев

Дар Форуми мазкур дурнамои рушди ВАО дар фазои собиқ Шӯравӣ, ҳамчунин рушди технологияи нави бисёрсоҳа ва гузаштан ба воситаҳои рақамӣ, падидаҳои мушобеҳи ВАО, рақобати анъанавӣ миёни ВАО ва эҷодкунандагони барномаҳои нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд.

Тоҷикистонро дар Форуми мазкур директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Садриддин Шамсуддинов, директори Агентии иттилоотии «Авесто» Зафар Абдуллоев, ҷонишини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров, роҳбари Маркази медиа-хизматрасонии «Килк» Комилҷон Холов, директори радиои «Ватан» Вера Кулакова, сармуҳаррирони ВАО-и мустақил Сайёфи Мизроб, Гулнора Амиршоева, Хуршеди Атовулло, Ҷамшед Ӯлмасов муаррифӣ менамоянд.

Дар чаҳорчӯби баргузории Форум намоиши суратҳо ташкил ва дар он маҳсули кори суратгирҳои давлатҳои ИДМ намоиш дода шуд.

АМИТ«Ховар»

Источник: http://www.khovar.tj/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=16608&Itemid=13

Навбати кӣ?

[b](ё сабаби афзоиши моҷароҳои судӣ нисбати нашрияҳои мустақил чист?)[/b]

[b]Моҷароҳои судӣ алайҳи нашрияҳо ба ҳукми анъана медароянд. Акнун, нисбати ҳафтаномаи мустақили «Чархи гардун», аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ бо ҷурми «тӯҳмат» ва «таҳқир» ба собиқ депутати Маҷлиси намояндагон Сайвалӣ Нуров парванда оғоз шудааст, ки нахустин мурофиаи он 27- уми август баргузор гардид.[/b] Тавре Сайвалӣ Нуров гуфт, ӯ аз болои ҳафтанома бинобар нашри мақолаи «Депутати авбошро говсуд мекунанд?», ба суд шикоят кардааст. Дар нахустин мурофиа додрасӣ даъват кард, ки масъаларо ҳарду ҷониб бо роҳи муросо ҳал намоянд, вале ҷониби даъвогар хостааст, ки парванда идома ёбад. Дар мақолаи чопшуда, сухан мавриди парвандаи ҷиноие мерафт, ки 17-уми марти соли равон, нисбати собиқ намояндаи парлумон, собиқ муовини раиси вилояти Хатлон Сайвалӣ Нуров аз ҷониби суди вилояти Хатлон, дар асоси моддаҳои кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба мисли авбошӣ, монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқи интихоботию кори комиссияи овоздиҳӣ ва ҳамчунин қасдан расонидани зарар ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.

Сардабири «Чархи гардун», Маҳмадалии Мақсадулло мегӯяд ин чизе нест, ки боиси нигаронии Сайвалӣ Нуров шавад:

— Мо аслан ба моддаи Кодекси ҷиноӣ, ки Сайвалӣ Нуровро ба авбошӣ мутаҳам мекунанд, такя карда, сарлавҳа гузоштем. Гумон мекунам, ин ҷо ягон намуди расидан ба изати нафс ё таҳқир нест. Мо нагуфтаем, ки вай авбош аст, агар диққат карда бошед, ҳатто сарлавҳа бо аломати савол гузошта шудааст,- қайд мекунад Муҳамадалии Мақсадулло.

Боз шудани парвандаи судӣ нисбат ба «Чархи гардун» дар ҳолест, ки парвандаҳои судии дигар нашрияҳои мустақил ҳалли худро наёфтаанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки давоми ду соли охир теъдоди оғоз шудани парвандаҳо нисбати ҳафтаномаҳои мустақил зиёд ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, парвандаи судии ҳафтаномаҳои «Азия Плюс», «Фараж» ва «Озодагон». Моҳи январи соли равон ҳар се нашрия мактуби саркушодаи адвокат Солеҳҷон Ҷӯраевро ба унвони Президент, Маҷлиси намояндагон, Додситони кулл ва Омбудсмени кишвар ба нашр расонданд, ки сабаби шикояти ду додраси Суди олӣ Нур Нуров, Улуғбек Мамадшоев ва судяи суди шаҳри Душанбе Фахриддин Додоматов ба додгоҳи ноҳияи Сино гардид. Дар номаи мазкур адвокат додрасҳоро дар муҳокимаи ғайримунсифона ва инчунин ҳукми қайриқонунӣ баровардан нисбати баъзе аз парвандаҳои ҷиноӣ айбдор карда, аз мақомоти кишвар хостааст, то пеши роҳи ба гуфти онҳо «қонуншиканиҳо» гирифта шаванд. Ба гуфтаи ҳарсе додрас матлаби чопкардаи нашрияҳо «тӯҳматомез» буда, барои зарари маънавӣ аз онҳо 5,5 миллион сомонӣ талаб кардаанд. Ҳамчунин аз суд то анҷоми таҳқиқу ҳукми додгоҳ ва пардохти маблағи зикршуда, қатъи фаъолияти ин нашрияҳоро талаб кардаанд. Ғайр аз ин, аз муаллиф — Солеҳҷон Ҷӯраев 1,1 миллион сомонӣ талаб намуданд. Ба гуфтаи Марат Мамадшоев, сардабири «Азия-плюс», алҳол дар бораи ин қазия ягон маълумоти наве мавҷуд нест:

— Дар охирин мурофиа ба мо гуфтанд, ки мақолаҳо барои экспертиза ба Институти забон ва дабиёти тоҷик фиристода мешаванд ва баъд аз хулосаи онҳо, ҷаласаи нави судӣ баргузор мешавад.

Парвандаи дигари судие, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нисбати нашрияи «Миллат» моҳи феврал бо шикояти Вазорати кишоварзӣ боз карда буд, шумораи моҷароҳои судиро нисбати нашрияҳо зиёд кард. 10-уми декабри соли гузашта, дар ин ҳафтанома матлабе таҳти унвони «Вазорати кишоварзӣ – фасодзадатарин ниҳод» ба чоп расид, ки сабаби ба додгоҳ шикоят кардани вазорати мазкур гардид. Ҷониби давогар иброз доштааст, ки нашрия бо чопи ин мақола вазоратро тӯҳмат карда аст ва барои зарари маънавӣ ҳудуди 1 миллион сомонӣ ҷуброн талаб намуд. Барасии ин қазия низ бинобар ба ташхиси забоншиносӣ фиристодани маводи нашршуда мавқуф гузошта шудааст.

Ҳафтаномаи «Пайкон» низ аз ҷумлаи он нашрияҳоест, ки «таъм»-и моҷарои судиро чашида аст. Ин нашрияро додгоҳ бо шикояти агентии «Тоҷикстандарт» бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. 22-юми июли соли гузашта дар ин нашрия маводе зери унвони «Муроҷиатномаи гурӯҳи соҳибкорон ба президенти ҶТ, Ҷаноби олӣ Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ба нашр расид, ки сабаи ин ҷаримабандӣ шуд. Ҷумъабой Толибов, сармуҳаррири нашрияи мазкур нисбати ин парванда мегӯяд, ки он сирф фармоишӣ аст, зеро барои «Тоҷикстандарт» бетафовут аст, ки поёни ин моҷаро ба куҷо мерасад:

— Чун дар суди зинаи аввал хилофи қонун гӯё пирӯз шуданд, бо ҳамин хомӯш монданд. Вале мо то имрӯз дар зинаҳои болоии судӣ шикоят карда истодаем. Мо се марҳилаи суди шаҳриро гузаштем ва айни замон ба Суди олӣ шикоят овардем, ки он бояд мавриди баррасӣ қарор гирад. Дар ҳолати воқеъбинона баррасӣ накардани он ба мақомотҳои аз он ҳам баланди судӣ муроҷиат мекунем. Агар баъд аз он ҳам риояи қонунро тасдиқ накунанд, ба ягон суди байналмилалии берун аз кишвар муроҷиат менамоем. «Тоҷикстандарт» аз мо ягон даъвои пул надорад. Бори дигар таъкид мекунам, ки ин як фармоиш аст. Бо ҳамин даҳони рӯзноманигорони «Пайкон»-ро гӯё қулф заданд, ки минбаъд ин гуна мақолаҳоро чоп накунанд, — таъкид медорад Ҷ.Толибов.

Нашрияи «Азия-плюс» бори нахуст нест, ба ин ҳолат гирифтор мешавад. Бори аввал шаҳрванд Саломат Сафарова аз болои «Азия плюс» барои чопи мақолаи «Охота на валютчиков», ки 30-уми сентябри соли 2009 нашр шуда буд, бо аризаи шикоятӣ ба суди ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат карда буд, ки он то кунун ҳалли худро наёфтааст. Бояд қайд кард, ки Саломат Сафарова барои зарари маънавӣ, аз рӯзномаи мазкур 12 ҳазор сомонӣ талаб намудааст. Нисбати ин моҷарои судӣ, сардабири «Азия плюс» Марат Мамадшоев фикри худро баён намуда, мегӯяд ин чизи оддие ҳаст ва ягон хусусияти сиёсӣ надорад.

Сабаби зиёд шудани парвандаҳои судӣ нисбат ба нашрияҳои хусусӣ давоми ду соли охир дар чӣ аст?

Абдуфаттоҳ Воҳидов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, моҷароҳои судӣ нисбат ба нашрияҳо дар фаъолияти журналистӣ як чизи муққарарӣ шудааст. Ва ба додгоҳ кашида шудани воситаҳои ахбори омма, махсусан нашрияҳои хусусӣ як чизро нишон медиҳад, ки сатҳи дониши ҳуқуқии ҳам журналистон ва ҳам хонандагони ин нашрияҳо мутаассифона ба он дараҷае, ки лозим аст, кофӣ нест. Вале ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, зиёд шудани моҷароҳҳои судӣ нисбати нашрияҳо аз ҷониби шаҳрвандон аз боло рафтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон гувоҳӣ медиҳад.

Дар ин минвол коршиноси дигари масоили сиёсӣ Рашид Ғанӣ Абдулло иброз медорад, ки боз шудани ҳамин гуна қазияҳо худ далели он аст, ки васоити ахбори умум, ба вижа ВАО-и мустақил хеле фаъол гаштааст. Марат Мамадшоев, сардабири «Азия плюс» ба ин фикр розӣ шуда, тазаккур дод, ки нашрияҳои мустақил хеле шуҷою далер шудаанд ва зиёд менависанд.

— Ҳоло бисёре аз рӯзномаҳо ба рӯшодгӯӣ ҷуръат пайдо кардаанд ва маводҳое ба табъ мерасонанд, ҳадафманданд, — мегуяд Ҷумъабой Толибов, сардабири «Пайкон». — Аз ҳамин лиҳоз, бисёриҳо кӯшиш карда истодаанд, ки дар атрофи нашрияҳои мустақил, ҳар гуна ҷанҷол ба амал оваранду бо ҳамин роҳ обрӯю эътибори нашрияҳоро дар байни омма то андозае кам кунанд.

Ба ин фикр Маҳмадалии Мақсадуллоҳ, сардабири «Чархи гардун» розӣ шуда мегӯяд: «Сабаби аслӣ аз он иртибот мегирад, ки масъулини ҳукумат як навъ ба ин васила мехоҳанд дар партави Амри 622-и Президент дар бораи вокунишҳо ба гузоришҳои танқиди ва таҳлилӣ, ба нашрияҳо фишор оранд. Ин як навъ худсафедкунии худи мақомот аст. Аслан вокуниш нишон додани мақомот на ба хотири он аст, ки онҳо пайи ислоҳи камбудӣ бошанд. Онҳо инро зери мафҳуми таҳқир ва ё расидан ба иззати нафси худ медонанд ва ба суд муроҷиат карданашон ҳам пуштибонӣ аз обрӯи худ аст».

Хуллас, ба қавли аксар коршиносон, вақти он расидааст, ки дар ВАО-и мустақил болои ин қадар мушкилоти молӣ штати нави корӣ –ҳуқуқшинос лозим аст, зеро даводави судиву ҳамлаҳои маънавӣ ба журналистон, сабабгори паст шудани сатҳи касбияти мавод, аз инъикоси мавзуоти доги руз кафо мондани журналистон ва бедор шудани эхсоси худсензури дар калби сардабирон мусоидат мекунад.

[right][b]Марҷона НАИМОВА, «Фараж».[/b][/right]

[b](Мавод натичаи ширкати муаллиф дар семинар-тренинги АМВАОМТ дар мавзуи «Сифати маводи журналистӣ» бо мусоидати Хазинаи дастгирии демократия медошад)[/b]

Марҷона НАИМОВА, «Фараж».

Источник:

Пахши рақамӣ: пешомад ва пайомадҳо

[b](Дар бораи навовариҳои фаннӣ ва таъмини хуқуқи шахрвандон ба иттилоот)[/b]

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 106 кишвари дунё барои беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи радиою телевизион созишномаи «Женева-2006»-ро ба имзо расондааст. Ва ҳамаи он кишварҳое, ки ин созишномаро имзо карданд ӯҳдадор ҳастанд, ки то 17 июни соли 2015 тамоми мавҷпаҳнкунандаҳои аналогиро баста, бояд пурра ба пахши рақамии барномахои радиою телевизион гузаранд. Дар ҳолати сари вақт ва дуруст иҷро нашудани талаботи созишномаи мазкур баъд мӯҳлати муқаррар шуда, кишварҳои ҳамсоя метавонанд барои халалдор сохтани минтақаи пахши мавҷҳои рақамӣ аз ҷониби кишвари ҳамсарҳад ва роҳ додан ба иштибоҳ ба Иттиҳоди байналмилаллии алоқаи электронӣ муроҷиат намоянд. Ин сохтор дар асоси талаботҳои созишномаи GE-06 вазифадор шудааст, ки барои кишварҳои ба ин ҷараён мушкилот воридкунанда таҳримҳои хеле ҷиддӣ таъин намояд. Ҷарима барои иҷро накардани ӯҳдадориҳо аз буҷаи давлат пардохта мешавад.

Аксари давлатҳо кӯшиш доранд, ки тибқи нақшаҳои таҳрезишуда амал намоянд ва ҳатто дар кишварҳои ба мо ҳамсоя – Ӯзбекистону Қазоқистон минтақаҳои таҷрибавӣ ва заводҳои истеҳсоли таҷҳизоти рақамӣ ба монанди декодерҳо ба кор оғоз намуданд. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки оё Тоҷикистон имкон дорад, ки дар давоми панҷ соли боқимонда пурра ба пахши рақамӣ гузарад, дар ҳоле, ки то ҳол танҳо дар шаҳри Душанбе як фиристанда (передачик) насб кардаанд?

-Дар Тоҷикистон айни ҳол асосан сухан дар бораи харидорӣ ва васл намудани таҷҳизотҳои зарурӣ ба монанди фиристандаҳо таҷҳизотҳои ниҳоӣ хатти шаклдиҳӣ ва ҷудокунии пакети телевизионӣ меравад, — гуфт сармутахассиси шӯъбаи иттилоот ва таҳлилии Дастгоҳои иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудхон Сараев, — Дар Тоҷикистон истеҳсоли декодерҳоро пешбинӣ нашудааст, зеро теъдоде, ки зарурат дорем барои дар оянда пурра бо иқтидори хуб фаъолият кардани ин корхона имконият намедиҳад барои ҳамин ҳам декодерҳоро харидорӣ мекунем.

— Барномаи давлатии пахши рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 27 феврали соли ҷорӣ тасдиқ шудааст, — зикр намуд М.Сараев. — Тибқи барнома аз соли 2010 то соли 2015 марҳила ба марҳила барои пахши барномаҳои телевизион ва радиоро дар шакли рақамӣ таъмин мекунем. Мувофиқи ин барнома дар навбати аввал дар шаҳри Душанбе фиристандаи телевизионии рақамӣ васл карда шуд. Ин кор пурра аз тарафи ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Телерадиоком» амалӣ шудааст.

Коршиносони соха васл кардани фиристандаҳои рақамиро нисфи кор меҳисобанд, зеро аз он тамошобинон бинобар надоштани телевизорхои дорои декодер бархурдор нестанд. Ҳамзамон, Шаҳло Акобирова журналист ва мутахассиси ҳамин соҳа қайд мекунад, ки «ҳанӯз 18 августи соли 2006 бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандаи маҳаллӣ фармони Президенти Қазоқистон барои солҳои 2006-2009 ба тасвиб расид. Дар доираи ин барнома грантҳои давлатӣ ва эфир барои истеҳсолкунандаи маҳаллӣ ҷудо гардид. Ҳамзамон, вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон барномаи миллии инкишофи пахши рақамиро тарҳрезӣ карда, назорати иҷроиши он ба дӯши гурӯҳи кори махсус вогузошта шуд. Зинаи аввал барои барои солҳои 2009- 2010 пурра омода сохтани заминаи ҳуқуқӣ, тағйиру илова ба қонунгузорӣ буд, алъон лоҳиаи «Қонун дар бораи пахши рақамӣ» гардидааст. Инчунин Қазоқистон дар доираи барномаи гузариш ба пахши рақамӣ пурра инфрасохтори ниҳодҳои техникӣ тағйир ёфта, сохтмони корхонаи истеҳсолкунандаи декодерҳо (set-top-box) роҳандозӣ шудааст. Аввалин маҳсулоти корхона соли 2012 ба аҳолӣ тақсим карда мешавад. ӯзбекистон пахши рақамиро пурра бо кӯмак ва ҳамкорӣ бо мутахассисони ҷопонӣ ба роҳ мондааст. Ду минтақаи таҷрибавии шаҳри Тошканд ва Бухоро бо техникаи зарурӣ муҷаҳҳаз ва кори дурусти зери назорати мутахасисони ҷопонӣ қарор дорад. Маркази таълимоти техники УзАСИ таҳти роҳбарии мутахасисони NEC аз Ҷопон барои кормандони техники минтақаи таҷрибавии Тошканд аллакай 50 мутахасисро омода кардааст. Ҳукумати Узбекистон пурра омода шудани худро ба пахши рақамӣ дар соли 2015 эълон кардааст. Дар Қирғизитон ҳанӯз аввали сол лоиҳаи қонун дар бораи пахши рақамӣ барои баррасӣ ба парлумон пешкаш гардида буд. Минтақаи таҷрибавии Боткент аз соли 2008 ба кор оғоз карда буд. Аз 202 маҳалли аҳолинишин ин ноҳия то имрӯз 150-тои он пурра сигнали рақамиро қабул мекунад. Шаш маркази хизматрасонии аҳолӣ ва 70 маркази фурӯши декодерҳо фаъолият мекунанд, дар доираи ин лоҳиа ба оилаҳои камбизоат декодерҳои ройгон тақсим гардидаанд. Соли ҷорӣ минтақаи дуввуми таҷрибавӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо бояд ба кор оғоз кунад».

Татбиқи созишномаи «Женева-2006» оид ба пахши рақамӣ пеш аз ҳама масъалаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву иқтисодист, аммо гузариш ба системаи рақамиро имрӯз аксари мардум дар Тоҷикистон ва баъзе масъулин низ аз таҷҳизоти рақамӣ фарқ намекунанд. Зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари масъала аз ҷониби журналистон ба масъулини соҳа саволҳо пешниҳод шуд ва Директории генералии «Телерадиоком» Сӯҳроб Алиев чунин посух дод:

— Соли 2009 коммисия аз тарафи Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Телерадоиком» бо мутахасиссон барнома омода сохтанд ва дар аввали соли 2010 ин барнома аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ тасвиб гардид. Барнома аз 6 бахш иборат аст. Давраи аввал соли 2010 иҷро шуда, фиристанда бо иқтидори 2,500квт дар шаҳри Душанбе насб гардид, яъне ҳамин шабу рӯз нафароне, ки дорои қуттичаи (set-top-box) ҳастанд, ки мавҷи пахши рақамиро қабул мекунад, метавонанд пахши рақамиро дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои наздишаҳрӣ қабул намоянд. «Телерадиоком» дар моҳи наздик вазифадор шудааст, ки як миқдор мавҷкқабулкунандаи рақамӣ (set-top-box) ба як қисми камбизоат ва инчунин сохтори идораҳо аз ҳисоби худи ҷамъият набс карда, ба истифода медиҳанд. Дар давраи дуюм маркази вилоятҳои вилояти Хатлон, Суғд ва инчунин вилояти Бадахшон бо пахши рақамӣ таъмин мегардад. Ҳамин гуна то 2015 тамоми марказҳои вилоятҳо ва тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сартосари кишвар пахши рақамӣ таъмин мегардад».

Оиди манъ кардани воридоти телевизорҳое, ки декодер надоранд, С.Алиев иброз дошт, ки ин амал аз ваколати Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» берун аст.

— Шояд ягон сохтори дигари давлатӣ ба ин чиз машғул бошад, лекин мо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаем ва худи ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» ворид сохтани тамоми намуди таҳҷизоти аналогиро 6 моҳ пеш қатъ кардем, ва аз ин баъд танҳо фиристандаҳои рақамӣ ворид карда мешаванд, — гуфт С.Алиев.- Истифодабарандагон метавонанд ҳам аз пахши аналогиро истифода баранд, ҳам пахши рақамиро, зеро дар баробари кор кардани фиристандаҳои рақамӣ фиристандаҳои аналогӣ низ муддати се-чор сол кор мекунанд.

— Мо то ҳол ворид намудани телевизиорҳое, ки декодер надоранд манъ накардем, — зикр намуд М.Сараев. — Телевизиорҳое, ки декодер надоранд, ҳоло ҳам истеҳсол мешаванд ва нисбат ба онҳое, ки декодер доранд арзонтаранд. Бо назардошти он ки аксари мардум имконияти бо нархи нисбатан гаронтар харидорӣ намудани телевизиорҳои декодердорро надоранд, мо имрӯз ҷорӣ намудани чунин талаботро мувофиқи мақсад намедонем.

Дар Вазорати нақлиёт ва коммуникасия зикр намуданд, ки онҳо асосан ба масъалаҳои техникӣ сарукор доранд. Тибқи нақша насб кардани мавҷпаҳнкунакҳо (фиристандаҳо) ва ҳамоҳанг сохтани радиобасомадро бо ноҳияҳои наздисарҳадӣ таъмин мекунанд, то ки дар оянда ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя халал расонда нашавад. Айни ҳол фақат дар шаҳри Душанбе фиристандаи рақамӣ насб карда шудаасит. Дар оянда дар Хуҷанд ва баъд то 2015 аз рӯйи нақшаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон амал карданӣ ҳастанд. Дар вазорат таъкид карданд ки аз рӯйи нақшаи «Телерадиоком» ноҳияҳои назди сарҳадӣ пурра ба пахши рақамӣ таъмин карда мешаванд.

Назари намояндаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, дар ин масъала дигар аст. «Пахши рақамӣ гуфта, мо ноҳияҳои наздисарҳадиро дар назар дорем ва дар ҳамон минтақаҳо то соли 2015 метавонем ба пахши рақамӣ гузарем, дар дигар минтақаҳо то солҳои 2020- 2025 ҳам гузарем фарқе надорад- гуфт ӯ. — Барои ҳамин гуфтан даркор нест, ки то соли 2015 тамоми ҷумҳурӣ ба пахши рақамӣ мегузарад». Ба андешаи ин сарчашма, масъаларо аз ҷиҳати техникӣ бояд ҳал кард: то соли 2015 ноҳияҳои наздисарҳадӣ бояд ба пахши рақамӣ гузаранд. Аммо дар дохили ҷумҳурӣ — Помир, Ҷиргатол, Ваҳдат ва дигар ноҳияҳо баъди беҳтар шудани вазъи молиявию иқтисодӣ то соли 2020 ба пахши рақами оҳиста-оҳиста мегузаранд.

Нуралӣ Давлат, рузноманигор ва таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, ки қарорҳое ҷониби Тоҷикистон дар ин маврид қабул кардааст, чораҳои амали кардани онон мукаммал нест. «Масъулини таваккал ба худо карда, интизоранд, ки то соли 2015 декодерҳо бисёр арзон мешаванду ҳар кас метавонад худаш декодерҳоро бо нархи 5-10 доллар мехарад, — гуфт Н.Давлатов. — Бардошти ман аз ин сӯҳбатҳои чанд нафар аз масъулони «Телерадиоком» ҳамин аст. Ҳукумат дар ҳалли ин масъала ягон кӯмак кардан намехохад ва мушкилотро ба гардани аҳолӣ мекунад. Ҳатто дар масъалаи он телевизиорҳое, ки декодер надоранду бояд ворид нашаванд, ҳеҷ тасмиме гирифтанӣ нестанд. Агар корхонаҳои телевизиорбарорӣ декодерҳоро дар дохили телевизиор насб кунанд, пас чӣ зарурат аст, ки имрӯз телевизиорҳои бе декодерро ба ҷумҳурӣ ворид кунем?

Бурди асосии телевизиони рақамӣ ин интихоби хеле васеи матлабҳои телевизионӣ мебошад, аммо боз саволи асосӣ ин аст, ки оё мо метавонем, ки аз ин имкониятҳо истифода барем, ё ба ҷойи як қадам ба пеш боз ду қадам ба қафо меравем?

— Албатта, пахши рақамии барномахои радиою телевизион имкониятҳои хубе барои рушди соҳа фароҳам меоварад, — гуфт Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон(АМВАОМТ), — вале масъаларо бояд бо назардошти омилҳои техникӣ, мундариҷаи барномаҳо, хуқуқи шаҳрвандон халу фас намуд. Мутааасифона, дар ҷумҳури факат омили техникии пахши рақамӣ дар назар асту ба ҷанбаҳои мушкилод диқкати ҷидди намедиҳанд. Ман фикр мекунам, ки Барномаи давлатии пахши рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иштироки ҷонибхои манфиатдор, аз ҷумла роҳбарони телевизиону радиоҳои ғайриҳукуматӣ ва созмонхои рузноманигориву ҷомеаи шахрвандӣ тачдиди назар намуда, як Нақшаи мукаммали миллӣ дар бораи гузаштан ба пахши рақамиро таҳия бояд кард, ки ҷавобгуи меёрхои байналмилали ва манфиати ҷомеа бошад.

[right][b]Гулафшон СОҚИЕВА, «Фараж»[/b][/right]

[b](Мавод натичаи ширкати муаллиф дар семинар-тренинги АМВАОМТ дар мавзуи «Сифати маводи журналистӣ» бо мусоидати Хазинаи дастгирии демократия медошад). [/b]

Источник: