Все записи автора admin

Дастрасӣ ба иттилоот: комёбиҳо ва дурнамо

17 декабр дар Душанбе маҷлиси «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот: комёбиҳо ва дурнамо» барпо гашт. Дар муҳокимаи масоили дастрасӣ ба Интернет ҳамчун сарчашмаи алтернативии ахбор 33 нафар намояндагони ВАО, Интернет-провайдерон, операторони хизматҳои мобилӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз он ҷумла 14 нафар занон иштирок доштанд. Дар кори мизи мудаввар намояндагони ВАО маҳаллӣ ва хориҷӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ иштирок карданд.

Матни пурраи ҳисоботро дар фасли Интишороти сомонаи мо дар суроғаи зерин мутолиа карда метавонед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/publish/?id=1]http://www.taj.nansmit.tj/publish/?id=1[/url]

Источник:

Ёддошти ҳусни тафоҳум

17 декабри соли 2010, ш. Душанбе

Мо, ширкаткунандагони «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот: комёбиҳо ва дурнамо» бо мақсади омӯзиш вазъи татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба иттилоотро, ки моддаи 19 Эъломияи ҳуқуқи башар, Ањдномаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории ҶТ кафолат додаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, платформаи ҳамкорӣ дар самтҳои зеринро муайян намудем:

— зарурати рушди минбаъдаи имкониятҳои ҳуқуқӣ, фаннӣ ва амалии дастрасӣ ба иттилоот, аз он ҷумла ба Интернет ҳамчун сарчашмаи алтернативии иттилоот;

— ҳодисаҳои ғайриқонунӣ маҳдуд намудани дастарасӣ ба манбаъҳои Интернетро маҳкум намуда, алайҳи онҳо ҳамаҷониба мубориза бурдан;

— вусъат бахшидани истифодаи расонаҳо ва журналистон аз Интернет бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии журналистика;

— таъмини қатъии риояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар соҳаи Интернет;

— қобилияти рушди он-лайн журналистика, аз ҷумла блоггинг;

— мусоидат намудан ба вусъат ёфтани контенти ватанӣ дар Интернет;

— истифодаи фаъолона аз имконоти Интернет ва технологияҳои мобилӣ барои рушди нерӯи эҷодӣ;

— таҳия намудани стратегияи рушди минбаъдаи дастрасӣ ба Интернет бо роҳи татбиқ намудани лоиҳаҳои иҷтимоӣ;

— аҳамият додан ба татбиқи барномаҳои таълимӣ оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
— бо мақсади вусъат додани имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба Интернет мусоидат намудан ба иттиҳоди созмонҳои дар соҳаи ВАО фаъолияткунанда, њимояи ҳуқуқ ва технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ.

Ёддошти ҳусни тафоҳум аз ҷониби ширкаткунандагони «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот: комёбиҳо ва дурнамо», бо дастгирии Намояндагии «Internews Network» дар Тоҷикистон таҳия ва қабул гашт.

[i]Лоиҳа аз ҷониби Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон татбиқ шудааст.[/i]

АМВАОМТ

Источник: АМВАОМТ.

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои Грантҳои Комиссияи рушди демократия барои соли 2011 лоиҳа қабул мекунад

[b]Мӯҳлати охирини қабули лоиҳаҳо: 28 январи соли 2011.[/b]

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон барои қабули лоиҳаҳо барои барномаи Грантҳои Хурди Комиссияи рушди демократия озмун эълон мекунад. Мақсад аз ин барнома дастгирии лоиҳаҳое мебошад, ки барои рушди сохторҳои демократӣ дар Тоҷикистон кӯмак мерасонанд. Грантҳо ағлабан ба созмонҳои ғайриҳукуматии ғайритиҷоратӣ (СҒҒ) тақдим карда мешаванд. Маблағи грант бояд на зиёдтар аз 50.000 доллари амрикоӣ бошад, аммо ба ташкилотҳое, ки бо маблағи камтар лоиҳаҳои шабеҳро амалӣ мегардонанд, имтиёз дода мешавад. Барои он, ки лоиҳа баррасӣ шавад, довталаб бояд ҳатман дар бунёди ҷомеаи демократӣ саҳмгузор бошад ва ё лоиҳаи пешниҳодшуда барои рушди он мусоидат кунад.

Комиссияи рушди демократия дар Тоҷикистон аз соли 2001 амал мекунад.

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон лоиҳаҳоро аз рӯи мавзӯҳои зерин қабул мекунад:

[b]- Мусоидат ба рушди васоити ахбори оммаи мустақил ва боқудрат (идоракунии ВАО);

— Масоили муҳити зист ва тағирёбии иқлим;[/b]

Ҳар лоиҳа бояд ҳадафи муайяну гурӯҳи мушаххаси одамоне, ки лоиҳа ба онҳо равона шудааст, дошта бошад ва тавонад исбот кунанд, ки довталаб метавонад лоиҳаро амалӣ созад. Дархостҳо бояд ба забони англисӣ ба нишонаи зерин ирсол шаванд:

ш. Душанбе, кӯчаи И.Сомонӣ, 109 А
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон,
Тел: (992 37) 229 2315, 229 2000, факс: (992 37) 229 2050
Почтаи электронӣ: [url=GrantProposalsDushanbe@state.gov]GrantProposalsDushanbe@state.gov[/url]

Масъули барнома: Шерзод Абдуҷабборов

[b][i]Эзоҳ:[/b] лоиҳаҳое, ки бо компутар ба забони англисӣ тарҷума шудаанд, қабул карда намешаванд.[/i]

Комиссияи рушди демократия лоиҳаҳоеро [b]МАБЛАҒГУЗОРӢ НАМЕКУНАД[/b], ки аз ҷониби шаҳрвандон ё созмонҳои ғайритоҷикистонӣ пешниҳод шудаанд, барои дастгирии фаъолияти сиёсӣ равона шудаанд, барои фаъолияти хайрия ё расонидани ёрии башардӯстона равона шудаанд, барои ҷамъ овардани хайрот равона шудаанд, барои фаъолияти соҳибкорӣ равона шудаанд, иҷрокунандагонаш шахсоне ҳастанд, ки истиқрори онро баъд аз анҷоми мӯҳлати грант таъмин карда наметавонанд ё лоиҳаҳои мавҷударо такрор мекунанд.

Ғолаби лоиҳаро метавонед аз худи сафорати ИМА, бо тарзи почтаи электронӣ ва ё аз вебсайти мо [url=http://russian.dushanbe.usembassy.gov/demcom.html]http://russian.dushanbe.usembassy.gov/demcom.html[/url] дастрас кунед. Барои маслиҳат оид ба тарзи пешниҳоди лоиҳаҳо ва ё саволҳои иловагӣ метавонед ба Шӯъбаи робита бо ҷомеаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба масъули барнома рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа аз соати 9:30 то 12:00 муроҷиат намоед.

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон

Источник:

Дастрасӣ ба иттилоот: комёбиҳо ва дурнамо

(ҳисобот дар бораи кори «мизи мудаввар»)

17 декабр дар Душанбе маҷлиси «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот: комёбиҳо ва дурнамо» барпо гашт. Дар муҳокимаи масоили дастрасӣ ба Интернет ҳамчун сарчашмаи алтернативии ахбор 33 нафар намояндагони ВАО, Интернет-провайдерон, операторони хизматҳои мобилӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз он ҷумла 14 нафар занон иштирок доштанд. Дар кори мизи мудаввар намояндагони ВАО маҳаллӣ ва хориҷӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ иштирок карданд.

Аз ВАО маҳаллии ҷумҳурӣ 7 нафар – се намояндаи оҷонсиҳои иттилоотӣ (ОИ «Tоjnews», АМИТ «Ховар», ОИ «Помир-Медиа»), на намояндаи ҳафтаномаҳо («Фараж» ва «Озодагон»), интернет-рӯзномаи «Рӯзгор» ва телевизиони мутсақили ТВ «СМТ» ширкат доштанд. Расонаҳои хориҷиро радиоҳои ВВС, «Озодӣ», «Стан-ТВ» ва «СА-news» намояндагӣ карданд. Ходимони Фонди ҷамъиятии ГИПИ, Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон, инчунин коршиноси байналмилалӣ – директори Маркази рушди ВАО (Булғория) Огниан Златов ба ҳайси гурӯҳи коршиносон ширкат варзиданд.

Созмонҳои маҳаллии ҷамъиятиро ТҶ «Хома», Шӯрои ВАО, Дафтар ба ҳуқуқҳои башар ва риояи қонуният, Фонди ҷамъиятии ГИПИ ва АМВАОМТ намояндагӣ карданд. Дар кори «мизи мудаввар» инчунин 6 нафар намояндагони созмонҳои байналмилалӣ – САҲА, IWPR, ИҶК Фонди «Мадад»- Тоҷикистон ва Намояндагии «Internews Network» дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Дар маҷлис инчунин намояндагони Маркази ВАО Булғория ва Анҷумани операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон ширкат карданд.

Маҷлисро раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев ифтитоҳ намуда, арз дошт, ки чорабиниро анҷуман дар чорчӯбаи лоиҳаи «Рушди дастрасӣ ба иттилоот дар Интернет», бо дастгирии Намояндагии «Internews Network» дар Тоҷикистон ва шарикии Фонди ҷамъиятии ГИПИ, Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар Тољикистон созмон дода шуд.

— Ҳадафи чорабинӣ вусъат додани дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттилоот бо роҳи оммавӣ гардондани истифодабарии манбаъҳои Интернет дар Тоҷикистон мебошад, — зикр намуд Н.Қаршибоев.

Ӯ инчунин афзуд, ки дар чорчӯбаи лоиҳа дар мавриди дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ахбор дар тӯли 10 соли охир тадқиқот амалї шуд. Дар заминаи тадқиқот таҳти сарлавҳаи «Нақши Интернет дар дастрасӣ ба иттилоот» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ китобча таҳия карда шудааст. Барои баррасӣ намудани масъалаҳои озодии баён, аз ҷумла, дастрасии шаҳрвандон ба Интернет, дар чорчӯбаи шабакаи навтаъсиси мусоидат намудан ба озодии сухан дар Тоҷикистон — TajFEN, майдончаи мубоҳисавӣ созмон дода шуд. Инчунин саҳифаи TajFEN таҳия шуда, дар ҳудуди сомонаи www.nansmit.tj ба фаъолият шурӯъ намуд, ки он дорои RSS-лента буда, ба воситаи он барои дастрас намудан ба ахбор обуна шудан мумкин аст. Илова бар ин, намунаи сомонаи АМВАОМТ бо забони тоҷикӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки он барои васеъ шудани доираи истифодабарандагони манбаи мазкури Интернет мусоидат менамояд.

— Мо ният дорем, ки ҳам фаъол будани сањифаи дузабонаи TajFEN, ҳам намунаи тоҷикии сомонаамонро бо қувваи худамон ва бо роҳи ҷалб намудани сарчашмаҳои маблағгузор таъмин намоем, — ба суханаш афзуд Нуриддин Қаршибоев. – Зеро ҳадафи асосии лоиҳа васеъ намудани дастрасии шаҳрвандони ҶТ ба иттилоот бо роҳи оммавӣ гардондани истифодабарии манбаъҳои Интернет дар мамлакатамон мебошад.

Абдуфаттоҳ Воҳидов – ҳамоҳангсози хадамоти мониторинги АМВАОМТ дар мавриди Интернет, ҳамчун сарчашмаи алтернативии ахбор суханронӣ намуд. Тавре ӯ гуфт, Интернет дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамсоягонамон акнун суръат мегирад. Сабаби асосии аз кишварҳои дигар қафо мондани мо дар он аст, ки солҳои 90 Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуд ва татбиқ намудани технологияҳои иттилоотӣ танҳо дар анҷоми солҳои 90 асри гузашта рост омад.

Имрӯз тибқи баъзе маълумот, дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 850 ҳазор нафар одамон ё 13 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ аз Интернет истифода мебаранд.

— Бо вуҷуди он, ҳатто дар мӯҳлати нисбатан кӯтоҳи таърихии рушди Интернет дар ҷумҳуриамон аллакай чанд маротиба кӯшиши мањдуд кардани сомонаҳои интернетӣ анҷом дода шудааст, — гуфт ӯ. – Масалан, дар арафаи интихоботи президентӣ дар соли 2006 дастрасӣ ба сомонаҳоиwww.centrasia.ruwww.ferghana.ruwww.arianastorm.сомwww.charogiruz.ru ваwww.tajikistantimes.ru қатъ карда шуда буданд.

Моҳи сентябри соли 2010, вақте ки дар шарқи мамлакат дар води Рашт амалиёти низомӣ бар зидди гурӯҳҳои террористӣ оғоз шуд, ба ҳамаи провайдерони асосии Интернет амр дода шуд, ки дастрасӣ ба чанд сомонаи иттилоотӣ www.avesta.tj, www.tojnews.tj, www.tjknews.com, www.centrasia.ru ваwww.ferghana.ru маҳдуд карда шавад. Сомонаҳои мазкур дар мавриди воқеаҳои қисмати шарқи мамлакат ахбори нисбатан мустақил интишор медоданд. Вале мақомоти ҳукуматӣ сабаби асосии баста шудани сомонаҳои мазкурро номбар накарданд. Овозаҳое паҳн гашт, ки гӯё фаъолияти сомонаҳои мазкур бо сабабҳои техникӣ маҳдуд карда шудааст.

Асомуддин Атоев, мушовири Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон аҳамияти технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсиониро дар ҳаёти ҷомеа қайд намуд. Ӯ аз ҷумла дар бораи бартариҳои Интернет ва технологияҳои мобилӣ дар рушди қобилиятҳои эҷодкорӣ суханронӣ намуд.

— Технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ ҳамчун платформа барои рушди мамлакати дар марҳилаи тараққӣ ва гузариш қарордошта як қатор бартариҳоро муҳайё мегардонад, — гуфт ӯ. – Масалан, онҳо ҷараёни мутобиқ гардондани технологияҳои мавҷудаи ҳалли вазифаҳои маҳаллӣ, инчунин ба вуҷуд овардани технологияҳои навро осон мегардонанд. Бозори технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ барои нишон додани аҳамияти истифодаи технологияҳои нав ҳам барои рушди инфрасохторҳои дастрасӣ ба Интернет, ҳам барои телефонияи мобилӣ мисоли хуб мебошад. Бо вуҷуди он, ки технологияи GSM алоқаи мобилӣ дар мамлакат танҳо дар соли 2000 шурӯъ шуда буд, вале афзоиши рақобат ба он оварда расонд, ки технологияҳои пешқадами амсоли 3G, 3.5G ва 4G мутобиқан дар солҳои 2005, 2008 ва 2010 татбиқ карда шуданд. Инчунин баъд аз он, ки яке аз ширкатҳои ватанӣ — Babilon-M технологияи 5G-ро таҳия намуда патент гирифт, Тоҷикистон ба ватани технологияи 5G табдил ёфт.

Иқтидори эҷодии истифодабарандагони бозори Технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ дар масъалаи истифодабарии бартариҳои технологияҳо барои ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нисбат ба бозори Технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ ва як қатор таъминкунандагони хизматҳо дар амал бештар зуҳур меёбад. Бо назардошти дастовардҳои бозори ватанӣ технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ ва маҳдудиятҳои мавҷуда дар он ду модели рушди минбаъдаи онро номбар намудан мумкин аст:

1. Модели ниёзмандӣ ба рушд, ки алоқмандии мамлакатро ҳамчун истифодабаранди мамлакатҳои истеҳсолкунандаи технологияҳо пурзӯр мегардонад. Истифодаи худсаронаи технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ ва танзими ношаффофи бозор ба чунин дурнамо мусоидат менамоянд.

2. Модели эҷодкоронаи рушд, ки ҳангоми он мамлакат ба хаби минтақавии тронзити сели иттилоот ва маълумот табдил меёбад. Дарки истифодабарии Технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ ва танзими шаффофи бозори технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ бо назардошти манфиатҳои муназзами давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон баро чунин рушд мусоидат мекунанд.

Дар суханронии худ ҳамоҳангсози барномаҳои тадқиқотии АМВАОМТ Нодира Раҳмонбердиева дар мавриди тадқиқоте суханронӣ намуд, ки он аз ҷониби Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон моҳҳои октябр-ноябри соли 2010 бо дастгирии Намояндагии «Internews Network» созмон дода шудааст. Мақсади тадқиқоти мазкур муайян намудани андешаи намояндагони ВАО оид ба манбаъҳои Интернет мебошад, ки дастраскунандагони гуногуни дар ҳудуди Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Қайд гардид, ки 79,6 фоизи пурсидашудагон Интернетро сарчашмаи алтернативии ахбор ҳисоб мекунанд. Вале як ҳиссаи пурсидашудагон қайд намудаанд, ки Интернет фақат ба табақаи алоҳидаи аҳолӣ дастрас мебошад. Сокинони пойтахт нисбат ба сокинони минтақаҳое, ки камбуди барқ эҳсос мегардад ва суръати Интернет суст асту аҳолӣ барои истифодаи хизматҳои шабака имконият надорад, дар вазъи нисбатан мусоид қарор доранд.

Дар бораи истифодабарии сомонаҳои мақомоти давлатӣ пурсидашудагон қайд намуданд, ки онҳо асосан барои худнамоӣ таҳия карда шудаанд ва ахбори дар чунин сомонаҳо гузошташуда кӯхна буда, рӯзмарра нест.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, директори Фонди ҷамъиятии ГИПИ зимни суханрониаш дар мавзӯи «Рушди ҳукумати электронӣ ҳамчун омили муҳими дастрасӣ ба сарчашмаи ахбор» дар бораи усули дастрас намудани ахбор ва расондани хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, бизнес ва дигар шохаҳои ҳокимият ва мансабдорони давлатӣ ба воситаи ҳукумати электронӣ гуфтугӯ намуд. Ӯ қайд намуд, ки робитаи байни давлат ва аризидиҳанда то ҳадди ниҳоӣ ночиз буда, имконияти истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ба таври максималӣ зиёд аст.

— Ҳукумати электронӣ илова ё намунаи ҳукумати анъанавӣ набуда, танҳо як усули ҳамкорӣ мебошад, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар заминаи фаъолона истифодабарии технологияҳои коммуникатсионӣ аст, — зикр кард ӯ.

Барои ба вуҷуд овардани бахшҳои ҳукумати электронӣ татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ намудани низоми бақайдгирии ашхони ҳуқуқї «Равзанаи ягона», бо мақсади ба ҳам пайваст намудани ҳамаи вазоратҳо ва идораҳо дар тањияи шабакаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди Душанбе идома доранд.

Дар назди раёсати хизмати давлатӣ низоми иттилоотии оид ба сабти ном кардани хизматчиёни давлатӣ, дар назди Вазорати молия ва Хадамоти гумрук бошад системаҳои корпоративии иттилоотӣ барои автоматӣ кунондани ҷараёнҳои бизнес ва пайваст намудани ҳамаи сохторҳои дурдаст ва дар дурнамо муттамарказ гардондани муносибатҳои байниҳамдигарии идораҳо ба вуҷуд оварда мешавад.

Тибқи суханони Ибодуллоев, 60 фоизи мақомоти давлатии сатҳи ҷумҳурӣ сомонаҳои интернетӣ доранд, ки онҳо дар ибтидо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ таҳия карда мешаванд. Вале баъд аз гузаштани чанд муддат танҳо як забони онҳо боқӣ мемонад. Илова бар ин, ҳангоми анҷом додани таҳлил муайян гашт, ки ба ғайр аз дастрасии ахбор ва дилкашии ороиши сомонаҳо, инчунин ба масъалаҳои рӯзмаррагии иттилооти дар сомонаҳо гузошташаванда аҳамият додан зарур аст.

Парвина Ибодова – раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар бораи нақши Интернет-сервис провайдерон барои васеъ намудани дастрасӣ ба иттилоот сухан ронд. Вай таъкид намуд, ки Анҷуман созмони ғайритиҷоратии ҷамъиятӣ асту дастраскунандагони ватании хизматрасониҳои Интернетро барои ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсии онњо, инчунин рушди бозори шаффоф ва рақобатпазир муттањид менамояд. Онҳо ва бо мақсади ҳаллу фасл намудани мушкилоти соҳа ва нисбатан самаранок истифода бурдани имкониятҳои технологияҳои рақамии дар шабакаи ҷаҳонӣ љадал менамоянд.

— Анҷумани дастраскунандагони Интернет соли 2004 таъсис ёфта, имрӯз ба он ширкатҳои амсоли Вавилон-Т, Интерком, Истэра, анҷумани ТАРЕНА аъзо мебошанд, — гуфт П.Ибодова.- Ҳамаи ширкатҳо ва ташкилотҳои мазкури аъзои Анҷуман дар бозори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии фаъолият карда, ба ғайр аз фаъолияти тиҷоратӣ ба расондани хизматҳо ва амалї намудани лоиҳаҳои иҷтимоӣ фаъолона машғул мебошанд.

Ибодова қайд намуд, ки дар Тоҷикистон, бо мақсади рушди самарнок технологияҳои пешқадаме истифода мешаванд, ки аксарияти онҳоро худи ширкатҳои Тоҷикистон таҳия намуда, дар амал татбиқ кардаанд.

— Ҳамин чиз гувоҳ аст, ки мо аз сатҳи истеъмолкунандагон ба сатҳи истеҳсолкунандагон баромадаем, — қайд намуд раиси Анҷуман. — Анҷумани дастраскунандагони Интернет ҳамчун шабакаи шарики таъминкунандагон ва таҳиякунандагони хизматҳо ва технологияҳои шабакавӣ эътимод дорад, ки технологияҳои рақамӣ, ки Интернет ҳамчун сохтори ноқили онҳо хизмат мекунад, дорои иқтидори раҳондани мамлакат аз тангнои ҷуғрофӣ ва ба минтақаи транзитӣ табдил додани кишвар мебошад. Бо мақсади истифода бурдан ва бо ҳамин васила афзун гардондани иқтидори мазкур, ба иштирокчиёни бозор зарур аст, ки фаъол бошанд, — қайд намуд ӯ.

Коршиноси масоили расонаҳо аз Булғория Огниан Златев дар мавриди таҷрибаи Булғория барои вусъат додани дастрасӣ ба Интернет суханронӣ намуд. Вай дар бораи зарурати танзим кардани мӯҳтавои Интернет сухан гуфт. Ба андешаи Златев, масъалаи мазкур дар робита ба сомонаҳои самти фаҳши хусусан кӯдакона дошта рӯзмарра мебошад. Ӯ инчунин қайд намуд, ки дар байни коршиносони воситаҳои ахбор ва журналистони Булғория ҳанӯз ҳам дар бораи тарзи танзим намудани мӯҳтавои Интернет андешаи якхела мавҷуд нест. Ба андешаи ӯ, роҳи ҳалли кӯтоҳмуддати масъалаи мазкур худтанзимкунии ахлоқии амсоли дар воситаҳои чопии ахбор роиҷбуда, инчунин шаклҳои гуногуне буда метавонанд, ки дар баъзе давлатҳо, ба монанди Шӯрои оид ба ВАО дар Тоҷикистон, амал мекунанд.

— Худтанзимкунӣ дар Интернет барои саҳеҳӣ ва мӯҳтавои ахлоқии сомонаҳо, махсусан сомонаи рӯзномаҳо ва оҷонсиҳои иттилоотӣ аҳамият дорад, — қайд намуд О.Златев.

Дар хотимаи маҷлис ширкаткунандагони «мизи мудаввар» баъди муњокимаи вазъи татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба иттилоотро, ки моддаи 19 Эъломияи ҳуқуқи башар, Пакти Байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории ҶТ кафолат додаанд, платформаи ҳамкориашонро муайян намуда Ёддошти тафоҳум қабул карданд. Дар Ёддошти ҳусни тафоҳум масоили зарурати минбаъдаи вусъат додани дастрасӣ ба Интернет, муборизаи ҳамаҷониба бо ҳодисаҳои ғайриқонунӣ маҳдуд намудани дастрасӣ ба манбаъҳои Интернет, рушди он-лайнжурналистика, аз он ҷумла блогинг, васеъ намудани мундариҷаи ватанӣ дар Интернет ва дигар масоили муҳим қайд гаштааст.

Таҷлили 20-солагии телевизиони вилоятии «Суғд»

[b]Имрӯз дар Кохи Рӯдакии маркази вилояти Суғд ҷашни 20-солагии ТВ «Суғд» таҷлил мегардад. Дар ин бора аз Маркази иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Раиси вилоят ба TojNews хабар доданд.[/b]

Бино ба иттилои манбаъ, телевизиони вилояти «Суғд» ҳамчун як бахши муҳими Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз соли 90 то ин ҷониб кору фаъолият дорад. Маҳз бо кӯшишу ғайрати кормандони телевизион баҳри таъмини фазои иттилоотии вилоят аз моҳи декабри соли 2007 бо дастгириву кӯмаки Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ТВ «Суғд» пахши барномаҳои худро тариқи шабакаи алоҳида дар ҳаҷми 8 соат ба роҳ монд, ки 34%-и аҳолии вилоятро дар бар мегирифт.

— Бо ин мақсад 1 адад мавҷпахшкунаки 5 кВт тариқи лизинг харидорӣ шуда, 2 адад мавҷпахшкунакҳои 1 кВт дар минтақаҳои Истаравшан ва Исфара насб карда шуданд, ки дар натиҷа 46%-и аҳолии сокинони шаҳру навоҳии вилоят аз барномаҳои телевизиони вилояти Суғд бархӯрдор гардиданд,- афзуд манбаъ.

Ҷоиз ба қайд аст, ки воқеан ҳам барои устуворона фаъолият намудани телевизиони вилоят чанд тан аз чеҳраҳои шинохта, амсоли Мирсаидова М., Ҷамолов И., Набиев О., Халилов А., Маъруфов У., Каримов Т. (Озарахш), Расулов Ҷ., Ҳасанов А., Ӯлмасов Х., Муҳаммадиев А., Аминзода А., Ғаффоров А. ва даҳҳо нафар бо барномаҳои «Ахбор», «Ҳафтранг», «Соядаст», «Ахтари субҳ», «Меҳргиёҳ», «Меҳрангез», «Ҷавонӣ», «Мерос» саҳми арзандаи худро гузоштаанд.

Ногуфта намонад, ки ба муносибати 20-солагии фаъолият телевизиони вилояти Суғд ҳамеша барномаҳои нави ташреҳиву фарҳангӣ, адабиву воқеӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватанпарвариву анъанаҳои неки ниёгон, рушди соҳаҳои иқтисодиву кишоварзӣ ва ҳуқуқиву рӯзмарраро инъикос намуда, пешкаши бинандагон кардааст.

— Бо назардошти хидматҳои зикргардида ин телевизион нахустин маротиба пирӯзии сулҳро ба мардуми ҷумҳурӣ расонида, аз ҷараёни Анҷумани 16-уми Шӯрои Олӣ, таъсиси Ҳукумати конститутсионӣ мустақиман гузоришҳо пахш намуд, ки ин сапедаи оғози тақдири тоҷикистониён дар қарни ХХ буд,- илова намуд манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки доир ба фаъолияти телевизиони вилоят 2 китоб — «Салом, азизони дил»-и А. Ҳасанов ва «Сиёсати иттилоотӣ ва телевизиони вилояти Суғд»-и Х. Ӯлмасов ба нашр расида буданд, ки дар ҷодаи васоити ахбори омма раҳнамо ва оинаи ибрат мебошанд.

TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=10062&Itemid=30

CPJ боздошти як хабарнигори тоҷикро маҳкум кард

[b]Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ), як созмони омрикоии мудофеъи озодии баён, боздошти як хабарнигори тоҷик дар шимоли ин кишварро маҳкум кардааст.[/b]

Ин созмон дар баёнияе, ки рӯзи панҷшанбеи 16 декабр мунташир кард, боздошти Муҳамадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” дар ноҳияи Аштро, дорои ангезаҳои сиёсӣ хондааст.

Оқои Исмоилов 23 ноябри соли равон дар вилояти Суғд боздошт шуда ва хабари зиндонӣ шудани вай рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта дар расонаҳои дохилӣ пахш шуд.

Нина Огниянова, ҳамоҳангсози барномаи Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон дар Урупо ва Осиёи Марказӣ, аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки иттиҳомоти ба гуфтаи вай дорои ангезаҳои сиёсӣ алайҳи оқои Исмоиловро фасх ва худи ӯро фавран озод кунанд.

Хонум Огниянова афзудааст: «Давлати Тоҷикистон барои мутобиқ сохтани худ бо меъёрҳои байналмилалии озодии баён бояд моддаҳои «туҳмат ва тавҳин»-ро аз қонуни ҷиноӣ ё кайфарии худ барандозад.»

Мақомоти Тоҷикистон ҳануз алайҳи Муҳамадюсуф Исмоилов эъломи ҷурм накардаанд ва ӯ то кунун аз хадамоти вакили мудофеъ бархурдор набудааст. Вале дар сурати таъйиди иттиҳомот алайҳи оқои Исмоилов имкон дорад вай барои дувуним сол ба зиндон маҳкум шавад.

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар баёнияи худ аз қавли Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, овардааст, ки ин рӯзноманигори тоҷик ба хотири нашри матолиби интиқодӣ алайҳи мақомот боздошт шудааст.

Оқои Қаршибоев гуфтааст, ки хабарнигори “Нури зиндагӣ” пайваста аз ҳукумати маҳаллӣ, ниҳодҳои интизомӣ ва додгоҳҳои вилояти Суғд барои сӯиистифода аз мансаб, мудирияти бад, сиёсатҳои носолими иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ, интиқод мекард. Аммо ба гуфтаи вай, дар мақолот ва гузоришҳои оқои Исмоилов ҳеч нишонае аз тавҳин ва туҳмат мавҷуд набудааст.

Чанде қабл Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, зимни пахши баёнияе боздошти Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба чопи матолиби интиқодии вай рабт дод.

Ба гуфтаи масъулони нашрияи “Нури зиндагӣ”, масъулони додситонӣ аз онҳо тақозо кардаанд, ки гузоршҳои оқои Исмоилов аз соли 2008 бад-ин сӯро дар ихтиёри додситонӣ гузоранд.

Боздошти Маҳамадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори маҳаллии “Нури зиндагӣ” дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ бозтоби густардае доштааст.

Аз авоили соли 2010 дар Тоҷикистон ҳудуди шаш нашрия ба додгоҳ кашида шуда ва хабарнигорони зиёде низ барои матолиби интиқодомези худ таҳти фишори бархе аз мақомоти давлатӣ ва афроди алоҳида қарор гирифтаанд.

Дар бештари қазияҳо шикояткунандагон нашрияҳоро ба “туҳмат» ва «таҳқир» муттаҳам кардаанд, ҳарчанд ба сабаби набуди далоили зарурӣ муҳокимаҳо дар бисёре аз маворид ба дарозо кашида ва ё бо мусолеҳаи тарафҳо анҷом ёфтаанд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва мудофеъони озодии баён зимни интиқод аз вазъияти озодии баён дар Тоҷикистон, аз давлати ин кишвар борҳо хоста буданд, ки моддаҳои марбут ба «туҳмат» ва «таҳқир»-ро аз қонуни кайфарии худ ҳазф кунад, вале давлати Тоҷикистон ба ин дархостҳо ҳеч эътиное накардааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101217_zkh_cpj_arrestjournalist.shtml

Инъикоси масоили идораи биноҳои бисёрҳуҷраӣ дар ВАО

[b]Рӯзҳои 18-19-уми декабри соли ҷорӣ дар толори меҳмонхонаи «Меркурий» давраи омӯзишӣ барои рӯзноманигорон таҳти унвони «Инъикоси масоили идораи биноҳои бисёрҳуҷраӣ дар ВАО» баргузор гардид. Созмондиҳандагони теренинг Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ва Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон — асри ХХI» маҳсуб меёбанд.[/b]

Сарварони ташкилотҳои ҷамъиятии мазкур Баҳодур Ҳабибов ва Сафо Сафаров ба ҳайси тренерони ин давраи омӯзишӣ ҷалб шуданд. Чорабинӣ бо дастгирии молиявии Ташкилоти байналмилалии Интитути Ҷомеаи Кушода — «Бунёди Мадад» дар Тоҷикистон доир карда шуд.

Дар ин тренинг 20 рӯзноманигор аз нашрияҳо, садову симо ва хабаргузориҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Ваҳдат ва Турсунзода ширкат варзиданд.

Мақсади баргузории он ба рӯзноманигорон омӯзонидани инъикоси касбии ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва амалии идораи биноҳои бисёрҳуҷраӣ мебошад. Зимнан, такмили малакаи журналистон дар таҳияи касбии маводи чопӣ, радиоӣ ва телевизионӣ оид ба ин мавзӯъ мадди назари созмондиҳандагони тренинг буд.

Дар ҷамъбаст иштирокдорон дар заминаи иттилооти аснои давраи омӯзишӣ гирдовардаашон гузоришҳои чопӣ, радиоӣ ва телевизионӣ таҳия карда, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд зикр намуд, ки баргузории ин тренинг ба баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон ва бо истифода аз имконоти ВАО фаъолгардонии онҳо дар самти рушди худидораи фонди манзилӣ мусоиат мекунад.

TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=9995&Itemid=30

Баррасии як соли фаъолияти Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон

Масъулони Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон гуфтаанд, ки тайи як соли ахир дар додгоҳҳо ва ниҳодҳои давлатӣ дар чанд маврид аз ҳуқуқ ва манофеъи рӯзноманигорон дифоъ кардаанд.

Дар ҳамоиши солонаи ин шӯро дар рӯзи панҷшанбеи 2 декабр таъкид шуд, ки ин ниҳод дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз мавзеъи нашрияҳои мустақилли “Озодагон”, “Нигоҳ”, “Пайкон”, “Asia-Plus” ва “Миллат” ҳимоят кардааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи дуктур Иброҳим Усмонов, раиси Шӯрои расонаҳо, дар пайи масдуд шудани сойтҳои интернетии “Tojnews” ва “Avesta” ва эҷоди мушкилу мавонеъ дар роҳи нашри “Фараж”, “Нигоҳ” ва “Пайкон” ин шӯро барои ҳалли мусолиматомези ин мушкил ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиъа кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъа Толибов, сардабири нашрияи мустақилли “Пайкон”, нисбат ба натиҷагирӣ аз кори шӯро эътироз карда ва гуфт, Акбари Саттор ва Шарифи Ҳамдампур, масъулони чопхонаҳои хусусии “Интишор” ва “Оила”, ки ҳамзамон узви раёсати Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон ҳастанд, дар пайи фишорҳои ниҳодҳои давлатӣ аз чопи нашрияҳои мустақил сарпечӣ мекунанд.

Шарифи Ҳамдампур, масъули чопхонаи “Оила”, ба навбаи худ гуфт, ки Ҷумъа Толибов барои чопи нашрияи “Пайкон” аз ин чопхона ба миқдори 30 ҳазор сомонӣ ё беш аз 6 ҳазор дулори омрикоӣ бидеҳкор аст. Вай афзуд, ки дар сурати пардохт шудани ин бидеҳӣ чопи нашрияи “Пайкон” аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ҳамзамон, аъзои раёсати Шӯрои расонаҳо гуфтанд дар ҳалли мушкили озодии баён, ки дар пайи ҳаводиси водии Рашт ва фишорҳои мақомоти давлатӣ бар нашрия ва расонаҳои мустақил бештар шуда, талошҳои зиёде ба харҷ додаанд.

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки ҳеч ниҳоди давлатӣ масъулияти масдуд кардани сойтҳои интернетии дохилию хориҷӣ ва мутаваққиф шудани чопи нашрияҳои мустақиллро ба ӯҳда нагирифтааст, ҳалли ин муъаммо аз тариқи додгоҳ ғайримумкин будааст.

Зимнан, дар ҳамоиши солонаи Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон таъкид шуд, ки дар зарфи як соли фаъолияташ ин ниҳод аз рӯзноманигорон 21 шикоят дарёфт карда ва аз ин миён, 9 шикоятро, ки ба ҳимояти ҳуқуқ ва манофеъи рӯзноманигорон марбут буд, баррасӣ кардааст.

Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон 30 октябри соли гузашта аз сӯйи созмонҳои хабарнигорӣ, нашрияҳо ва рӯзноманигорон ва бо кумаки молии Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо таъсис шуда ва дифоъ аз манофеъи расонаҳою рӯзноманигорон ва боло бурдани сатҳи рӯзноманигорӣ дар кишварро аз аҳдофи худ хонда буд.

Аз ҷумла, таъкид шуда буд, ки тавассути ин шӯро низоъҳои эҳтимолӣ миёни нашрияҳо ё рӯзноманигорон ва шаҳрвандон ё ниҳодҳои мухталиф баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо ҷустуҷӯ хоҳад шуд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101202_mm_press.shtml

Тафовуқ дар афзоиши дастрасӣ ба Интернет

Гуфта мешавад рӯзноманигорон ва бахусус нашрияҳою сойтҳои хабарии интернетӣ ва расонаҳои мустақилли дигар дар Тоҷикистон аз шабакаи интернет бештар истифода мекунанд.

Ин санади рӯзи ҷумъаи 17 декабр дар нишасти муштараки фароҳамгарони интернет ва созмонҳои хабарнигорию расонаҳои мустақил дар шаҳри Душанбе тасвиб шуд.

Дар он ба изофаи такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, фаннӣ ва эҷодӣ барои тавсеъаи дастрасӣ ба иттилоъот аз тариқи интернет ва истифода аз таҷҳизоти рақамӣ дар расонаҳо, ба пойин бурдани ҳаққи истифода аз интернет ва телефунҳои ҳамроҳ низ таъкид шудааст.

Дар ин нишаст гуфта шуд, ки дар чорчӯби ин ёддошти тафоҳум ширкатҳои фароҳамгари интернет ба муассисоти омӯзишу парвариш ва кӯдакистонҳо, ки ба шабакаи интернет ниёз дошта, аммо ба далели мушкилоти молӣ имкони дастрасӣ ба онро надоранд, бояд ба таври ройгон интернет ироа кунанд.

Тибқи иттилоъи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон, теъдоди корбарони шабакаи интернет дар ин кишвар 850 ҳазор нафар аст.

Аммо бар асоси як пажӯҳиши Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон, мизони дастрасии мардум ба шабакаи интернет дар ин кишвар, бо шумули телефони ҳамроҳ, Ваймакс ё Зибет, тақрибан ба 2 милюн нафар ва ё 30 дар сади ҷамъияти Тоҷикистон расидааст.

Аз сӯйи дигар, Парвина Ибодова, раиси ин анҷуман, гуфт: «Дар сурати ҷорӣ шудани аксиз (молиёти изофӣ) барои истифода аз телефунҳои ҳамроҳ мумкин аст теъдоди муштариёни интернет коҳиш ёбад.»

Гуфта мешавад, пешниҳоди давлати Тоҷикистон дар мавриди роҳандозии аксизи 3-дарсадӣ барои истифода аз телефунҳои ҳамроҳ ба порлумон ироа шуда ва имкон дорад дар ояндаи наздик тасвиб шавад.

Хонуми Ибодова мегӯяд: «Умдатан аксиз (молиёти изофӣ) барои колоҳои гаронбаҳою ғайризарурӣ ва маҳсулоти танбокую алкулӣ ҷорӣ мешавад. Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон далели шомил шудани телефунҳои ҳамроҳ ба ин феҳристро, ки барои бештари сокинони Тоҷикистон як василаи муҳимми иртиботӣ маҳсуб мешаванд, тавзеҳ надодаанд.»

Дар ҳамин ҳол, Абдуфаттоҳ Воҳидов, як масъули Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (НАНСМИТ) мушкилоти молӣ, камбуди кодрҳои ботаҷруба ва маҳдудиятҳо аз сӯйи ниҳодҳои давлатиро монеъи аслӣ дар роҳи тавсеъаи бештари дастрасӣ ба шабакаи интернет дар ин кишвар хонд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки беш аз 70 дар сади ҷамъияти Тоҷикистон дар рустоҳо ба сар мебаранд ва маъмулан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ин манотиқ бо камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ ҳастанд, ин амр низ метавонад аз афзоиши дастрасӣ ба интернет монеъ шавад.

Оқои Воҳидов гуфт: «Талошҳо барои маҳдуд сохтани фаъолияти шабакаи интернет ва масдуд кардани сойтҳо дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи октябри соли 2006 шурӯъ шуда ва ахиран сойтҳои «Сентразия», «Ориёно», «Тоҷикистон таймз», «Чароғи рӯз» ва «Фергана» низ масдуд шудаанд.»

Он замон, Хуршед Раҷабмаҳмадов, як масъули Вазорати нақлиёт ва иртиботот, далели ин иқдомро «ҷилавгирӣ аз ворид кардани ихлол дар сиёсати давлати Тоҷикистон» хонда буд, ки гӯё дар чорчӯби Консепсиюни таъмини амнияти иттилоъотии ин кишвар анҷом шудааст.

Ба эътиқоди Абдуфаттоҳ Воҳидов, дар пайи дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба ҳайси расона ё василаи иттилоърасонӣ шинохта шудани сойтҳои интернетӣ дар моҳи июни соли 2007 ниҳодҳои давлатӣ ба кунтрули срйтҳои интернетӣ иқдом кардаанд.

Ба гуфтаи масъулони расонаҳои мустақил, дар остона ё ба ҳангоми вуқӯъи ҳаводиси муҳим дар Тоҷикистон дар раванди дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет мушкилот ва мавонеъи фаровон пайдо мешавад.

Онҳо ба ҳаводиси водии Рашт дар тирамоҳи соли ҷорӣ ишора карданд, ки ба дунболи он ду сойти хабарии ватанӣ ва се сойти хориҷӣ масдуд шуданд ва ин амрро навъе талош барои маҳдуд сохтани ҳаққи дастрасии шаҳрвандон ба иттилоъоти олтернотив хонданд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101217_mm_mass_media.shtml

Мизи мудаввар оид ба меъёрҳои ахлоқи журналистӣ

Имрӯз дар маҷлисгоҳи ҳафтаномаи «Бинокорон» дар мавзӯи «Нақши меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистӣ дар рушди ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид.

Дар мизи мудаввар журналистон ва аъзои Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Иноят Иноятов ва Зинатулло Исмоилов ширкат доштанд. Зинатулло Исмоилов зимни суханронӣ қайд кард, ки айни замон байни матолиби редаксионӣ ва матолибе, ки характери рекламавӣ доранд, фарқ гузошта намешавад.

— Яке аз меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистӣ ҳамин аст. Дар байни маводҳои редаксонӣ ва хислати тиҷоратӣ дошта ҳатман бояд фарқ гузошта шавад ва хонанда, бинандаву шунаванда донанд, ки ин мавод хислати рекламавӣ дорад. Мутаассифона, имрӯз мо ин ҷузъҳоро камтар мушоҳида мекунем. Қонун чизе нест, ки болои журналистика таҳмил шавад. Ҳар як банди онро бояд ҷомеаи журналистон сарфи назар аз он, ки давлатӣ аст ё ғайридавлатӣ, дарк намоянд. Онҳо бояд дарк кунанд, ки то кадом андоза истифода бурдан ё риоя кардани меъёрҳо барои фаъолияти худи журналист заруртар аст, афзуд Зинатулло Исмоилов.

Адвокат ва ҳамзамон узви Шӯрои ВАО Иноят Иноятов оид ба меъёрҳои ахлоқи журналистӣ ибрози назар намуда, аз ҷумла қайд кард, ки бисёр маврид рӯзноманигорон ифодаҳои «ақида», «далел» ва «гумону тахмин»-ро як чиз мепиндоранд, ки дар асл ин тавр нест.

TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=9895&Itemid=30