[b]Сохтор, мизони маблағгузорӣ ва тарзи ироаи хабар дар шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон шабеҳи даврони шӯравии пешин аст.[/b]
Дар маҳфили «Ҳамкории иҷтимоъӣ»-и Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон дар рӯзи панҷшанбеи 27 сентябр, дар бораи сатҳи фаъъолият ва вазъи шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон чунин натиҷагирӣ шуд.
Саймуддин Дӯстов, раиси Сандуқи «ИНДЭМ» ва муассиси нашрияи «Нигоҳ», гуфт, ки шабакаҳои расмии телевизиюни Тоҷикистон рақиб надоранд, аз сӯйи давлат идора мешаванд ва дар пахши хабарҳо мустақил нестанд.
Ба гуфтаи оқои Дӯстов, додани муҷаввиз ба шабакаҳои телевизиюнӣ низ дар инҳисори давлати Тоҷикистон буда ва дарёфти муҷаввизи фаъъолият барои шабакаҳои мустақил душвор аст.
Зимнан, бо вуҷуди муҷаҳҳаз будан бо таҷҳизоти мудерни фаннӣ шабакаи мустақилли телевизиюнии «Asia-Plus» дар муддати чанд сол натавонистааст муҷаввизи фаъъолият дарёфт кунад.
Аз сӯйи дигар, Иззатманд Саломов, раиси созмони «Интернюз-нетворк», аз наҳваи хабаррасонии шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон интиқод карда ва гуфт, ки ин шабакаҳо аз пахши хабарҳои доғи кишвар имтиноъ меҷӯянд. Дар натиҷа, сокинони Тоҷикистон ин гуна ахборро аз шабакаҳои телевизиюнии кишварҳои хориҷӣ дарёфт мекунанд.
Гуфта мешавад, хабарҳо дар мавриди ҳаводиси табиъӣ, назири обхезӣ, сел ё оташсӯзӣ, ки талафоти ҷонӣ ба дунбол доранд, аз тариқи телевизиюнҳои расмии Тоҷикистон пахш намешаванд.
Масалан, оташсӯзии бузург дар бахши умдафурӯшии бозори «Корвон» дар шаҳри Душанбе дар аволии моҳи ҷорӣ, ки боъиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди молӣ шуда ва эътирозоти тоҷиронро дар пай дошт, дар барномаҳои хабарии шабакаҳои телевизиюни расмии Тоҷикистон пӯшиш наёфтааст.
Ба эътиқоди ширкаткунандагони ҳамоиш, пойин будани сатҳи барномаҳо ва рақобатпазир набудани барномаҳои телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон аз далоили коҳиши теъдоди бинандагони шабакаҳои миллӣ дар соли ҷорӣ будааст.
Асомиддин Атоев, раиси Фарҳангистони маҷозии «ICT 4D» (текнулуҷии иттилоъотию иртибототӣ) гуфт, ки дар шароити кунунӣ бинанда дар интихоби шабака озод асту танҳо шабакаи телевизиюни беҳтаринро тамошо хоҳад кард.
Оқои Атоев гуфт, ки дар бештари маворид сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон барномаҳои телевизиюнии кишварҳои ҳамсояро тамошо мекунанд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, барномаҳои телевизиюни Узбакистонро бар телевизиюнҳои миллӣ тарҷеҳ медиҳанд. Дар ин минтақа 5-6 шабакаи телевизиюнии Узбакистон пахш шуда ва аз лиҳози ҳунари таҳияи барнома ва ҷаззобияти мавзӯъоти онҳо аз барномаҳои телевизиюни Тоҷикистон пешӣ доранд.
Дар ҳамин ҳол, дуктур Муллозуҳур Тоҳирӣ, пажӯҳишгари тибби мардумии Тоҷикистон, далели дигари коҳиши теъдоди бинандагонро ба системи пахши рақамӣ гузаштани чаҳор шабакаи давлатии телевизиюни Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ марбут хонд.
Ба гуфтаи оқои Тоҳирӣ, худи ӯ шоҳид будааст, ки дар навоҳии Айнию Панҷакент ва шаҳри Турсунзода сокинон имкони харидории телевизори мудели ҷадид ва таҷҳизоти фаннӣ барои дарёфти амвоҷи пахши рақамии чаҳор шабакаи давлатии Тоҷикистонро надоштаанд.
Вале гуфта мешавад, то ҳол дар Тоҷикистон ниҳоди мустақилле барои арзёбии фаъъолияти шабакаҳои телевизиюн ва теъдоди бинандагони онҳо вуҷуд надошта ва бештари арқом дар ин замина тахминӣ аст.
Ивар Виккӣ, раҳбари дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон, гуфт тибқи як пажӯҳиш, ки ду сол қабл ин ниҳод дар Тоҷикистон анҷом додааст, 77 дар сади ҷамъияти ин кишвар аз тариқи амвоҷи қиёсӣ (аналог) барномаҳои телевизиюнро тамошо карда ва 22 дар сад дорои онтенҳои моҳвораӣ будаанд.
Мизони корбарони телевизиюни кобелӣ дар Тоҷикистон ба 1 дар сад баробар будааст.
Дар ҳамин ҳол, Шаҳло Акобирова, раиси созмони «Хома», гуфт, бар асоси таъаҳҳудоти худ дар ҳамоиши байналмилалии «Женева-2006» Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки то моҳи июни соли 2015 пахши рақамии куллияи шабакаҳои телевизиюнии кишварро таъмин кунад.
Ин ҳамоиш дар моҳи майи соли 2006 ба ибтикори Созмони Ҷаҳонии Иртиботи Электрунӣ, як ниҳоди вобаста ба СММ, ва бо ширкати намояндагон аз 104 кишвари ҷаҳон дар Женев баргузор шуда, масоили марбут ба гузариш ба пахши рақамии барномаҳои телевизиюнро матраҳ карда буд.
Хонуми Акобирова гуфт, дар ҳоле ки барномаҳои шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон аз ба навҳи рақамӣ (диҷитол) ва бо кайфияти олӣ пахш мешавад, аммо «маҳсулоти телевизиюнҳои Тоҷикистон дар сатҳи минтақа рақобатпазир нест.»
Ӯ гуфт, ки ба ин далел мизони пахши таблиғоти бозаргонӣ (реклом) низ дар шабакаҳои телевизиюни Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя ночиз буда ва дар соли гузашта пуле, ки тавассути пахши таблиғот ба даст омада, ҳамагӣ се милюн дулор будааст. Ин рақам дар Қирғизистон 7 милюн дулор ва дар Қазоқистон 850 милюн дулорро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, Саидмурод Фаттоев, мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз хатароти ношӣ аз истифода аз фанновариҳои ҷадиди интернетӣ тавассути гурӯҳҳои теруристӣ ва бунёдгаро ҳушдор дода ва гуфт, ки расонаҳои Тоҷикистон бояд барои «муборизаи иттилоъотӣ барои ҳифзи манофеъи миллӣ», бахусус, амнияти давлатӣ ва ҷомеъа хидмат кунанд.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/09/120927_mm_digital_tv.shtml