Все записи автора admin

«Кумитаи 29-и сентябр» барҳам хӯрд

«Кумитаи 29-и сентябр», ки чаҳор моҳ пеш аз сӯи чанд созмони рӯзноманигорӣ ва нашрияҳои мустақил ташкил шуда буд, фаъолияти худро расман қатъ кард. Ин тасмим аз сӯи таъсисдиҳандагони он гирифта шуд, ки мегӯянд, эътилоф вазифаи хешро анҷом дод.

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, Нуриддин Қаршибоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ниҳоди муваққатӣ бо номи «Кумитаи 29-и сентябр» пас аз анҷоми рисолаташ пароканда эълон шуд. Ин ниҳод дар авҷи душворҳиои кори нашрияҳои мустақил ва торнамоҳо барои коҳиши фишор ба расонаҳои ҳамагонӣ таъсис ёфта буд.

Ҷаноби Қаршибоев мегӯяд, дар муддати фаъолияти кумита чопи се нашрия — «Нигоҳ», «Пайкон» ва «Фараж», ки ба сабабҳои номаълум ва ғайриқонунӣ мутаваққиф шуда буданд, дубора нашр шуданд.

Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Қаршибоев, фаъолияти ду сомонаи интернетии Тоҷикистон — Авеста ва Тоҷнюс ва се торнамои хориҷӣ, аз ҷумла Tjk.news, Fergana.ru ва Centrazia.ru низ комилан роҳандозӣ гардид. Дар ҳоле, ки фаъолияти ин сомонаҳо масдуд шуда буд.

Масъулони Кумитаи 29-и сентябр мегӯянд, ки ҳарчанд фаъолияташро қатъ кардааст, аммо созмонҳои шомили он, минбаъд низ барои рушди озодии баён ва фаъолияти муназзами расонаҳо талош хоҳанд кард.

Кумитаи 29-и сентябр пас аз вуқӯъи ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон дар дараи Камароби ноҳияи Рашт дар таърихи 19 сентябри соли гузашта , ки ба кушта шудани 25 афсару сарбоз ва ҷароҳат бардоштани 15 тани дигар мунҷар гардид, таъсис ёфта буд.

Зеро ба таъкиди дастандаркорони ин иқдом, пас аз пӯшиши ин воқеа ва ҳаводиси шарқи Тоҷикистон дар нашрияҳои мустақил, дар нашри шумораҳои минбаъдаи «Нигоҳ», «Пайкон» ва «Фараж» мушкил пеш омад ва муддате ҳам чопи онҳо тавассути чопхонаҳо мутаваққиф гардид. Ҳамин тавр чанд сомонаи интернетӣ низ масдуд шуд.

Ҷаноби Қаршибоев қатъи фаъолияти нашрияҳои мустақилро ба пахши матолиби интиқодӣ аз ҳаводиси Рашт, махсусан танқиди вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев вобаста медонад. Аммо раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо таваҷҷӯҳ ва вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус САҲА ва кишварҳои хориҷӣ, омили фаъолияти муназзами расонаҳо ва сомонаҳои интернетӣ ва ба ин васила рушди озодии баён дар ҷомеа гардид.

Ҳамзамон Нуриддин Қаршибоев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мақомоти давлатӣ дар ин муддат барои рафъи мушкилоти мавҷуд ҳамкорӣ накарданд ва ҳатто ба суолҳои мо посухе ҳам надоданд.

Хуршеди Ҳамдам

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2267452.html

«Кумитаи 29 сентябр» ба фаъолияти худ поён дод

Эътилофи расонаҳо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, ки бештар бо номи «Кумитаи 29 сентябр» маъруф аст, мегӯяд, ки ба далели «бароварда шудани аҳдофаш» фаъолияташро мутаваққиф кардааст.

Ин созмон дар авоили моҳи октябри соли гузашта тавассути сардабирони иддае аз нашрияҳои мустақилли чопи Душанбе ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон таъсис шуда буд.

Исми ин ниҳод аз таърихи рӯзе гирифта шуда буд, ки ба далоили мухталиф нашрияҳои мустақилли “Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ” аз чоп бозмонданд ва сойтҳои интернетии “avesta.tj”, “centrasia.ru”, “tjknews.com” ва “fergana.ru” масдуд шуданд.

Ин амр пас аз он сурат гирифт, ки мақомоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон аз тариқи телевизиюни давлатӣ нашрияҳои мустақиллро ба иғвоангезӣ ва «ҳамкорӣ бо теруристон» муттаҳам карданд ва фаъолияти нашрияҳоро омили ба ҳолати бӯҳронӣ расондани вазъи низомию сиёсии кишвар хонданд.

Аз ҷумла, женерол Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, дар як сӯҳбати телевизиюнӣ таъкид кард, ки нашияҳои мустақил «ҳаводиси водии Раштро муғризона мунъакис карда ва аз теруристҳо пуштибонӣ мекунанд.»

Женерол Хайруллоев аз ниҳодҳои додситонӣ даъват карда буд, ки дар қиболи ин гуна нашрияҳо парвандаи ҷиноӣ боз кунанд.

Ҳамчунин, масъулони давлати Тоҷикистон дар мавриди имкони сонсури мӯҳтавои нашрияҳо пеш аз чоп низ ҳушдор дода буданд.

Аъзои «Кумитаи 29 сентябр» ба навбаи худ барои ҳимоят аз озодии баён дар Тоҷикистон зимни як нома ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар хостори дидор бо Президент Раҳмон шуданд.

Дар ин нома аз мавориди фаровони фишор бар нашрияҳо ва расонаҳои мустақил, сарпечии чопхонаҳо аз чопи нашрияҳо ва мушкилоти дастрасӣ ба сойтҳои интернетӣ ибрози нигаронӣ шуда буд.

Ҳамчунин, ин ниҳод ба сохторҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дохилӣ муроҷиъа карда ва дар мусоҳибаҳо бо расонаҳои хориҷӣ мавзӯъи мушкилоти озодии баён дар ин кишварро матраҳ кард.

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АРМТ), масдудияти сойтҳо ва аз чоп бозмондани нашрияҳо эътирозоту интиқодот ва вокунишҳоеро аз сӯйи созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии баён ва сафоратҳои муқими шаҳри Душанбе дар пай дошт.

Оқои Қаршибоев гуфт, ки ба дунболи он «ҳалқаи муҳосираи нашрияҳо ва расонаҳои мустақил аз ҷониби ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон суст шуда, нахуст сойтҳои интернетии “avesta.tj” ва “tojnews.tj” фаъол гардиданд ва дар авохири моҳи гузашта чопи нашрияҳои мустақилли “Нигоҳ” ва “Фараж” аз сар гирифта шуд.

Раиси АРМТ таъкид кард, ки ба ин тартиб «Кумитаи 29 сентябр» вазифаи худро иҷро кард ва бо талошҳои ин ниҳод мавонеъ дар роҳи озодии баён дар Тоҷикистон бартараф гардид.

Ҳамзамон, дар баёнияе, ки дар сойти интернетии ин созмон мунташир шудааст, омадааст, ки сойти интернетии ин ниҳод ва пусти электрунияш фаъол буда ва омода аст дар ҳалли масоили марбут ба нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ба онҳо кумак кунад.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж», нақши «Кумитаи 29 сентябр»-ро дар рафъи мавонеъи ба гуфтаи ӯ маснӯъӣ дар фаъолияти нашрияҳо ва расонаҳои мустақилли Тоҷикистон муассир арзёбӣ карда ва гуфт, ки барои аввалин бор дар ин кишвар мушкилоти озодии баён бо талошҳои як ниҳоди вижаи хабарнигорон ҳал шудааст.

Оқои Атоулло таъкид кард, ки аз қабл ҳадафи аслии Эътилофи расонаҳо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон танҳо эътирозу шикоят набуда ва ин созмон барои ҳалли мушкилоти мавҷуда аз роҳҳои гуфтушуниду музокирот бо ниҳодҳои зирабти давлатии Тоҷикистон талош мекард.

Зимнан, дар феҳристи ҷадиди созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз Тоҷикистон дар соли 2010 дар заминаи озодии баён ду зина пойин рафта ва дар мақоми 115-ум ҷой гирифтааст.

Дар гузориши ин созмон, далели ин амр ба фишорҳои мақомоти ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бар расонаҳо ва нашрияҳои мустақил дар ду соли гузашта марбут хонда шудааст.

Коршиносон мегӯянд, феҳристи Гузоришгарони Бидуни Марз дар бораи вазъи озодии баён дар кишварҳои ҷаҳон вазъияти озодии баён аз моҳи сентябри соли 2009 то сентябри 2010-ро дар бар мегирад.

Дар ин гузориш мавориди таҳдиду даъвоҳои мақомоти вазорати дифоъи Тоҷикистон бо нашрияҳои мустақил дар мавриди бозтоби даргириҳои водии Рашт ва масдуд шудани сойтҳои интернетию мутаваққиф шудани чопи нашрияҳои мустақил шомил нашудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/01/110105_mm_tajik_press.shtml

Бахтиёр Ҳамдамов — беҳтарин публитсисти сол

[b]Ассосиатсияи публитсистони Тоҷикистон сардабири нашрияи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамовро барои силсилаи мақолаҳояш «Беҳтарин публитсисти соли 2010» эълон намуд.[/b]

Бояд зикр намуд, ки Бахтиёр Ҳамдамов номзади илмҳои филологӣ буда, аз соли 2008 сардабири рӯзномаи «Минбари халқ» аст.

Ҳамзамон, ёдовар мешавем, ки Ассосиатсияи публитсистони Тоҷикистон 26-уми феврали соли 2007 таъсис ёфтааст. То ин дам нависандагони публитсист Бахтиёри Муртазо, Абдуғаффор Абдуҷабборов, рӯзноманигорон В. Воробёв, Хуршеди Атовулло, Зиннатуллоҳи Исмоил, В. Фролов ва Умари Шерхон сазовори ҷоизаи Ассосиатсияи публитсистони Тоҷикистон гашта буданд.

Ҳайати эҷодии Оҷонсии иттилоотии TojNews ҳампешаи худ Бахтиёр Ҳамдамовро барои сазовор гардидан ба ҷоизаи Ассосиатсияи публитсистони Тоҷикистон муборакбод гуфта, барояш қалами бурро, сарбаландӣ ва дар корҳои эҷодияш комёбиҳо хоҳонанд.

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА

Источник: TojNews

Фавти беш аз 500 рӯзноманигор тӯли 5 соли охир

[b]Соли гузашта дар 33 кишвари дунё на кам аз 105 рӯзноманигор ҳангоми иҷрои масъулияти касбии хеш ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора дар маърӯзаи ташкилоти ғайриҳукуматии швейтсарии дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон — Presse embleme campagne (PEC) қайд шудааст.[/b]

Бино ба иттилои манбаъ, соли 2010-ум «каме пураламона» будааст нисбат ба соли гузашта. Зеро, ҳангоме ки 122 намояндаи ВАО ба қатл расонида шуданд, бо вуҷуди ин, дар муқоиса бо соли 2008-ум теъдоди қурбониён миёни рӯзноманигорон ба 14 нафар афзудааст.

— Дар робита ба ин, Иттиҳоди байналхалқӣ ҳоло ягон усули барои ба анҷомрасонии ҷиноят бар зидди рӯзноманигоронро омода накардааст,- меафзояд манбаъ.

Аз рӯи маълумоти PEC, дар соли 2010-ум аз ҳама кишвари барои намояндагони ВАО хавфнок Мексика ба ҳисоб меравад. Дар ин кишвар 14 рӯзноманигор ҳангоми эътироз нисбат ба ҳокимияти давлатӣ ба қатл расонида шуданд. Боз яке аз кишвари хавфнок барои намояндагони ВАО Покистон буда, дар ин ҷо низ 14 рӯзноманигор фавтидааст. Аммо дар робита ба ин, ҷоиз ба қайд аст, ки аксари рӯзноманигорон дар наздикии сарҳади Афғонистон ҳалок гаштаанд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар кишварҳои Ҳондурас (9 куштор) ва Ироқ (7 куштор) теъдоди зиёди куштор ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи сабқат Русия 6-умин давлатест, ки 5 рӯзноманигораш ҳангоми иҷрои вазифаи хеш ба марг дучор шудаанд.

Тибқи омори ин ташкилот, тӯли 5 соли охир, дар ҷаҳон ҳамагӣ 529 рӯзноманигор ба ҳалокат расидаанд ва аз ҳама фоҷеаи зиёд дар кишварҳои Ироқ, Мексика, Покистон ва ҳамзамон дар Филиппин ба чашм мерасад. Хушбахтона, дар омори ташкилоти мазкур ягон нукта аз рӯзноманигорони тоҷик вуҷуд надорад.

Ёдовар мешавем, ки ташкилоти мазкур барои ноил шудан ба қабули конвенсияи махсуси байналхалқии дифоъ аз рӯзноманигорони дар минтақаи низоъ кору фаъолиятдошта талош меварзад.

Ҷамшед МАЪРУФ

Источник: TojNews

«Кумитаи 29 сентябр» фаъолияташро қатъ кард

4 январи соли 2011. ш. Душанбе

[b]Эътилофи ВАО ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳимояи касбии ҳуқуқи журналистон («Комитети 29 сентябр») бинобар иҷрои вазифаҳои асосии дар пешаш гузошташуда, дар бораи парокандашавии худ қарор қабул кард.[/b]

Моҳи октябри соли 2010 гурўҳе аз роҳбарони ВАО, ташкилотҳои ҷамъиятии журналистӣ, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба он ки дар Тоҷикистон муқобили як гурўҳи матбуоти мустақил фишори бесобиқа оғоз шуд, муттаҳид гашта, иттиҳоди ғайрирасмии журналистӣ таъсис доданд, ки номи «Комитети 29 сентябр»-ро гирифт.

29 сентябри соли гузашта IP-суроғаҳои ду сомонаи маҳаллӣ (Avesta.Tj ва Tojnews.Tj) ва се сомонаҳои хориҷӣ (Tjknews.com, Ferghana.Ru, Centrasia.Ru) дастнорас шуда буд. Баъд аз чанд рўзи он, аз тарафи кумита андози ҶТ бо дастгирии телекамераҳои телевизиони давлатӣ тафтишот дар ҳама чопхонаҳои шахсии кишвар гузаронида шуд, ки баъди он ҳама чопхонаҳо аз чопи нашрияҳои хусусии «Фараж», «Нигоҳ» ва «Пайкон» даст кашиданд.

Ҳамаи ин амалҳо дар як вақт бо барномаи телевизионӣ ва муроҷиатномаи роҳбарияти вазорати мудофиаи кишвар, ки матбуоти хусусиро дар иғвоангезӣ ва ба ҳолати бўҳронӣ расонидани вазъияти ҳарбию-сиёсии кишвар гунаҳкор мекард, сурат гирифт. Ба таври алоҳида дар бораи оғози сензуракунонии мўҳтавои газетаҳо пеш аз чопи расонаҳо изҳор карда шуд.

Баъди ин аъзои «Комитети 29 сентябр» қарор доданд, ки фаъолияти худро дар доираи қонуни амалкунанда мутобиқ кунонида, ҳамаи имкониятҳоро барои барқарор кардани ҳолате, ки то 29 сентябр вуҷуд дошт ва кушодани фаъолияти ҳамаи ВАО-и мамнўъ эълоншуда ва барҳам додани сензура истифода хоҳанд бурд.

Бояд қайд кард, ки аъзоёни асосии намояндагони чор ВАО-и «муҳосирашуда» ва ассотсиатсияи АМВОМТ (НАНСМИТ), чораҳои якҷоя барои ҳалли масъалаҳои гузошташударо қабул кардаанд.

Иқдомоти мазкур дар шаклҳои зерин баён карда шуданд:

— ариза ба номи раиси ҷумҳур ва дигар масъулини Ҳукумат;

— ариза ба сохторҳои ҳуқуқии байналхалқӣ ва ҳукумат;

— ташкили васеи маъракаи иттилоотӣ дар бораи мушкилоти озодии баён (ташкили сомона-блог, саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷойгузин намудани баннерҳо дар сомонаҳои худӣ, додани мусоҳибаҳо дар сомонаҳои хориҷӣ ва ТВ;

— тайёр намудани эътирознома ва даъвоҳои судӣ дар муқобили мақомоте, ки кўшиш барои расонидани фишор ба матбуоти мустақилро доштанд ва онро пуштибонӣ мекарданд.

— гуфтушунид бо ҷонибҳои зиддахл.

Фаъолияти кумита таъсири зиёди байналхалқӣ, аксуламал дар доираҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ ба амал овард, Натиҷаҳо чунин шуд, ки оҳиста-оҳиста ба муҳосираи ВАО хотима дода шуда, сомонаҳои Avesta.Tj ва каме баъдтар Tojnews.Tj (ки дар ин давра домени худро ба Tojnews.Org иваз намуд) дастрас гардиданд, ҳафтаномаи «Нигоҳ» чоп шуд ва дар фарорасии соли нав чопи «Фараж» ҳам ба роҳ монда шуд.

Инак, то якуми январ, вазифаҳои асосии «Комитети 29 сентябр» иҷрошуда, ҳисоб мешавад. Кўшиши маҳдуднамоии озодии баён бо кўшиши аъзои комитет бартараф карда шуд, ВАО-и басташуда аз нав фаъолият мекунанд ва чоп мешаванд ва ба ин хотир кумитаи тадорукот дар бораи худбарҳамдиҳӣ қарор баровард.

Ҳамзамон, аъзоёни кумита қарор доданд, ки аз ин баъд низ дар ҳалли масоили гуногун дар дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот ва ахбор ҳамраъйӣ зоҳир мекунанд. Сомонаи эътилоф [url=http://tjk29.livejpurnal.com]http://tjk29.livejpurnal.com[/url] ва почтаи электронии кумита [url=komitet29@gmail.com]komitet29@gmail.com[/url] барҳам нахўрда, фаъолияташро қатъ накардааст ва доимо тайёр аст, дар ҳалли масоили гуногуни нақзи ҳуқуқи журналистон дар кишвар ҳамкорӣ намояд.

Фаъолияти эътилофи «Кумитаи 29 сентябр» нишон дод, ки эътилофи журналистӣ қувваи бузурги ҷамъиятӣ буда, дар ҳали масъалаҳои озодии баён ва ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ва ҷараёни рушди давлати дунявию демократӣ саҳми босазо дорад.

Источник: Кумитаи тадорукот.

Сиёсат дар соли 2010: «Таназзули демукросӣ, афзоиши ноамнӣ»

Аксари коршиносон интихоботи порлумонии Тоҷикистон, даргириҳо дар водии Рашт ва фирори 25 тан аз зиндониён аз маҳбасро аз таҳаввулоти асосии сиёсӣ дар соли 2010 унвон мекунанд.

Аз сӯйи дигар, бархе аз ҳуқуқдонҳо ба додгоҳ кашида шудани беш аз панҷ нашрияи мустақил дар Тоҷикистон ва зиндонӣ шудани як хабарнигор дар соли 2010-ро аз ҷумлаи иттифоқоте мешуморанд, ки демукросӣ дар ин кишварро зери суол мебарад.

Матни пурраи мақоларо дар саҳифаи таҳлили мо мутолиа карда метавонед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=10]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=10[/url]

Источник:

Тавсеъаи дастрасӣ ба интернет дар навоҳии Бадахшон

Бисёре аз навоҳии дуруфтодаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон барои бори аввал дар таърих ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ пайдо кардаанд.

Матни пурраи мақоларо дар саҳифаи таҳлили мо мутолиа карда метавонед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=11]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=11[/url]

Источник:

Тавсеъаи дастрасӣ ба интернет дар навоҳии Бадахшон

Бисёре аз навоҳии дуруфтодаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон барои бори аввал дар таърих ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ пайдо кардаанд.

Дар ин бора ба Би-би-сӣ Латиф Окимбеков, як масъули бахши тавсеаи интернет дар Бадахшон аз «Тоҷиктелеком», ширкати давлатии фароҳамгари интернет, иттилоъ дод.

Оқои Окимбеков гуфт, ки ҳамакнун дар қаламрави вилояти Бадахшон ба иловаи шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят, сокинони навоҳии Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз ва Ишкошим низ имкони истифода аз интернетро пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, қабл аз ҳама, кофеҳои интернетӣ дар марокизи ин навоҳӣ ифтитоҳ шудаанд. Вай мегӯяд ҳоло сокинони деҳоти дурдаст имкон доранд ҳам аз тариқи телефуни хонагӣ ва ҳам тавассути иртиботи бесим бо флэш-кортҳо аз интернет истифода кунанд.

[b]Хутути фибернурӣ[/b]

Латиф Окимбеков мегӯяд чунин дастрасӣ тавассути кашидани хутути фибернурӣ (оптико-волоконная линия) аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба навоҳии мухталифи Бадахшон имконпазир шудааст.

Агар дар Ишкошим сим канда шавад, мо маҷбурем рӯзҳо мунтазири мутахассисон ва таҷхизот аз Душанбе бимонем.

Ба гуфтаи вай, тобистони гузашта кашидани ин хутут аз Душанбе то бисёре аз нуқоти дурдаст анҷом шудааст. Ҳадафи аслӣ аз интихоби хатти фибернурӣ таъмини иртиботи телефунии бокайфият ва интернет барои сокинон дар саросари вилоят будааст.

Носиралӣ Алибердиев, як масъули бахши «Амонатбонк» дар ноҳияи Роштқалъа, мегӯяд бо арзи вуҷуд кардани интернет дар минтақа теъдоди муштариёни ин бонк афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бештари сокинони ин ноҳия барои гирифтани пуле, ки наздиконашон ҳар моҳ аз Русия ва дигар кишварҳо интиқол медиҳанд, фарсахҳо фосиларо барои рафтан ба шаҳри Хоруғ тай намекунанд.

Онҳо имкон пайдо кардаанд тавассути шабакаҳои интернетии интиқоли пул ин маблағҳоро баъди як соъат дар ноҳияи худ дастрас кунанд.

Аммо Шарифа Паҳлавонова, як шогирди мактабе ҳамагонӣ аз ноҳияи Ишкошим, гуфт интернете, ки дар ҳоли ҳозир аз тариқи телефун ироа мешавад, кайфияти хуб надорад ва кор бо он мушкил аст. Ӯ гуфт лаҳзаҳои тӯлонӣ мунтазир бояд буд, то сафҳаҳои интернетӣ боз шаванд.

Хонуми Паҳлавонова мегӯяд ба иловаи ин, иртибот бо интернет зуд-зуд қатъ мешавад ва имкон намедиҳад, ки сокинон аз шабакаи ҷаҳонӣ ба таври муносибе баҳра баранд.

[b]Иртиботи бидуни сим[/b]

Ба гуфтаи Латиф Окимбеков, мушкили аслие, ки имрӯз вуҷуд дорад, ин зуд-зуд канда шудани сими фибернурист. Вай мегӯяд: «Ин сим дар фосилаи беш аз 500 килуметр аз Душанбе ба Хоруғ, маркази вилоят, ва аз Хоруғ дар тӯли садҳо килуметр ба ноҳияҳо кашида шудааст.»

Дар ин масир ин хат аксаран аз дараҳо, шахҳо ва роҳҳои душворгузар мегузарад. То ба ҳол чандин маротиба канда шудани ин сим бар асари сангчарх, тарма ё ярч ба мушоҳида расидааст.

«Барои дубора пайваст кардани ин хутути фибернурӣ таҷҳизоти махсус лозим аст, ки дар Бадахшон то ҳол вуҷуд надорад. Агар дар Ишкошим сим канда шавад, мо маҷбурем рӯзҳо мунтазири мутахассисон ва таҷхизот аз Душанбе бимонем.»

Ба андешаи Раҳимбек Бобоев, як муҳандиси иртибототи телефунии бесим аз ширкати «Tcell», дар Помир ё Бадахшон кашидани сими фибернурӣ, ки дар чорчӯби як барномаи давлатӣ иҷро мешавад, ҳадафи хубест.

Вале бо назардошти он ки Бадахшон минтақае кӯхистонист, иҷрои чунин барномаҳо хеле гарон меуфтад. Ба андешаи оқои Бобоев, дар замони ҳозир дар манотиқи кӯҳистонӣ бояд иртиботи рақамӣ ё диҷитолии бесим бештар тавсеъа дода шавад, зеро он орӣ аз бисёр масрафот аст.

Вале аз сӯйи дигар, масъулони ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» дар сӯҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки анқариб хатти фибернурӣ то кӯтал ё гарданаи Кулма, нуқтаи охирини марзи Тоҷикистон бо Чин дар қаламрави Мурғоб, ноҳияи дурдасттарини Бадахшон, бурда шудааст.

Онҳо мегӯянд дар ҳоли ҳозир дар сатҳи баланд бо давлати Чин дар мавриди минбаъд аз ин кишвар ворид кардани трофик ё манбаъи интернет ба Тоҷикистон гуфтушунид идома дорад. Масъулони ин ширкат нисбат ба ҳалли ин масъала хушбинанд ва мегӯянд, ки шояд соли оянда ин масъала ҳалли худро пайдо кунад.

Масъулони «Тоҷиктелеком» гуфтанд ҳамакнун давлати Тоҷикистон ба интернет аслан тавассути ширкатҳои миёнарави Русия, Ӯзбекистон ва баъзе аз давлатҳои Урупо пайванд мешавад.

Мустақиман гирифтани интернет аз Чин, ба ақидаи масъулини «Тоҷиктелеком», мӯҷиби бамаротиб паст рафтани нархи истифода аз интернет ва хеле боло рафтани кайфияти он хоҳад шуд.

[b]Суръати пойин[/b]

Ба гуфтаи Раёсати иртибототи вилояти Бадахшон, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин вилоят як ширкати давлатӣ, яъне «Тоҷиктелеком» ва чаҳор ширкати саҳомиву хусусии «Tcell», «MLT», «Babilon-T», «Telecom Technology» хадамоти интернетӣ фароҳам мекунанд.

Панҷ моҳ аст, ки мо аз хадамоти ин ширкат бархӯрдорем. Вале мо ягон рӯз бо он суръате, ки дар қарордод зикр шудааст, кор накардаем
Бархе аз ширкатҳои бузург ва созмонҳои имдоди байналмилалӣ барои дарёфти интернет аз онтенҳои хусусӣ истифода мекунанд. Мардум имкон дорад дар хонаҳояшон ҳам аз тариқи сими телефун ва ҳам бо роҳи насби флэш-корт ба интернет дастрасӣ пайдо кунанд.

Аммо то ба ҳол дар бораи кайфияти ироаи интернет дар Бадахшон муштариён суолҳои зиёде доранд. Дилафрӯз Қушбегӣ, масъули як нашрияи мустақил дар Бадахшон, мегӯяд ин нашрия барои дарёфти интернет бо намояндаи ширкати «Babilon-T» дар Тоҷикистон қарордод бастааст.

Вай афзуд: «Панҷ моҳ аст, ки мо аз хадамоти ин ширкат бархӯрдорем. Вале мо ягон рӯз бо он суръате, ки дар қарордод зикр шудааст, кор накардаем. Суръати воқеъии интернет нисбат ба он шуморае, ки дар қарордод сабт шудааст, бамаротиб пойинтар аст.»

Мавҷуд набудани кунтрул ё назорат бар кайфият ва суръати интернет дар Бадахшон яке аз мушкилоти аслӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамроҳ Саъдоншоев, як донишҷӯйи Донишгоҳи шаҳри Хоруғ, мегӯяд: «Ман дар ҳоли ҳозир дар як сабқати интернетии ҷаҳонии донишҷӯён ширкат мекунам. Ман ба маркази интернет омада, соъатҳо мешинам ва пули зиёде сарф мекунам. Вале кореро, ки аз тариқи интернет иҷро карда метавонам, маро қонеъ намекунад.»

Бисёре аз муштариёни интернет дар Бадахшон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар тӯли чанд соли ахир нархи истифода аз ин шабака паст намешавад ва кайфияти он ҳам боло намеравад.

Бар асоси иттилоъи масъулони Раёсати иртибототи Бадахшон, дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Хоруғ панҷ марказ ё кофеи интернетӣ вуҷуд дорад. Теъдоди ин марокиз дар тӯли чанд соли ахир тақрибан зиёд нашудааст.

[b]Нархи гарон[/b]

Орзу, як сокини шаҳри Хоруғ, гуфт, ки соле пеш бо даҳ компютер як маркази ироаи интернетро ифтитоҳ кард. Вале ба сабаби хеле пойин будани суръат ӯ тамоми муштариёнашро аз даст додааст.

Ӯ мегӯяд тамоми трофики вурудӣ ба Бадахшон аз марказҳои интернетӣ дар пойтахт кунтрул мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ин марокиз бештари вақт суръати дар қарордод зикршударо кам мекунанд ва то ба ҳол меконисми дуруст ва мустақилли назорат бар суръати интернет ба вуҷуд наомадааст.

Латиф Окимбеков, намояндаи ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» дар Бадахшон, мегӯяд аксари марокизи интернетӣ дар Бадахшон барои наёвардани суд зуд баста мешаванд.

Қимати истифода аз интернет дар шаҳри Хоруғ дар ҳоли ҳозир аз 3 то 4 сомонӣ дар соъат аст. Ин дар ҳолест, ки Бадахшон, тибқи омори расмӣ ва созмонҳои имдодӣ, фақиртарин вилояти Тоҷикистон маҳсуб шуда, мизони бекорӣ дар ин минтақа ҳудуди 80 дарсадро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи масъулони марокизи интернетӣ дар Бадахшон, қисмати аслии корбарони интернет дар минтақаро афроди аз 15 то 45-сола ташкил медиҳанд. Инҳо аслан ҷавононе ҳастанд, ки донишҷӯ ё корҷӯянд ва нархи интернет барояшон гарон аст.

Нахустин бор дар вилояти мухтори кӯҳистонии Бадахшон шабакаи ҷаҳонии интернет дар соли 1995 пайдо шуд. Интернет дар ин минтақаро созмонии имдодии мавсум ба «CADA» ташкил дод. Вале тавассути он фақат аз почтаи электрунӣ мешуд истифода кард.

Соли 1998 якумин фароҳамгари интернет дар Бадахшон ширкати «Телеком Текнулужӣ» буд. Аз соли 2000 бад-ин сӯ ширкатҳои дигар низ ба фаъолият шурӯъ кардаанд.
Вале кайфият ва суръати интернет дар Бадахшон ба бозсозиву бознигариҳои ҷиддие ниёз дорад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101224_ea_qa_badakhshan_internet.shtml

Сиёсат дар соли 2010: «Таназзули демукросӣ, афзоиши ноамнӣ»

Аксари коршиносон интихоботи порлумонии Тоҷикистон, даргириҳо дар водии Рашт ва фирори 25 тан аз зиндониён аз маҳбасро аз таҳаввулоти асосии сиёсӣ дар соли 2010 унвон мекунанд.

Аз сӯйи дигар, бархе аз ҳуқуқдонҳо ба додгоҳ кашида шудани беш аз панҷ нашрияи мустақил дар Тоҷикистон ва зиндонӣ шудани як хабарнигор дар соли 2010-ро аз ҷумлаи иттифоқоте мешуморанд, ки демукросӣ дар ин кишварро зери суол мебарад.
Иддае дигар аз коршиносони сиёсӣ бо ишора ба баргузории ҳамоиши вузарои кишварҳои хориҷии Созмони Кунфронси Исломӣ ва нишасти раҳбарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Тоҷикистон ин ҳамоишҳоро низ ба феҳристи рӯйдодҳои муҳимми сол шомил кардаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин рӯйдодҳо бакуллӣ рӯйи зиндагии аксари мардуми кишвар асароти мухталифе бар ҷой гузоштаанд.

[b]»Шаффоф ва демукротик»[/b]

Сайфуллоҳ Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, мегӯяд, ки сиёсати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ рушди назаррасе кардааст.

Оқои Сафаров мегӯяд, ки ин сол барои Тоҷикистон ҳам соли пешрафт буд ва ҳам сангиниҳои мухталиферо дар сиёсат ба ҳамроҳ дошт.

Вале ба гуфтаи вай, таҳаввули ҷиддии сиёсие, ки Тоҷикистонро барои ҷаҳониён чун як кишвари демукротик ва ҳуқуқбунёд муъаррифӣ кард, интихоботи порлумонии моҳи феврали гузашта дар ин кишвар буд.

Оқои Сафаров афзуд: «Интихоботи порлумонӣ боз намояндагони ду ҳизби ҷадидро вориди порлумон кард, ки ин падидаи хубе барои рушди демукросӣ дар Тоҷикистон буд. Ҳарчанд баъд аз эъломи натиҷаи ин интихобот ихтилофи назарҳое миёни иддае аз аъзои аҳзоби сиёсии мухталиф вуҷуд дошт. Аммо дар кул, интихобот дар фазои демукросӣ баргузор шуд.»

Ин масъули Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон бархе аз ҳаводис дар ин кишвар, аз ҷумла даргириҳо дар водии Рашт ва ҳамлаи интиҳорӣ ба кормандони интизомӣ дар вилояти Суғдро ба густариши терурисм ва ифротгароӣ марбут медонад.
Вай мӯътақид аст, ки базудӣ ҳал кардани ин мушкил ва нобуд кардани теруристҳо дар ин минтақа низ «ба сиёсати хирадмандони давлати Тоҷикистон» вобаста будааст.

[b]»Тақаллуб дар интихобот»[/b]

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи ширкаткунанда дар муборизоти интихоботӣ, мегӯяд, ки дар интихоботи порлумонии соли 2010 тақаллуботи зиёде мушоҳида шуд, ки «ба эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ латма зад.»

Оқои Кабирӣ афзуд: «Ҳануз ҳам давлати Тоҷикистон шонс дорад, ки дар интихоботи оянда ва дигар тадобири сиёсӣ кӯшиш кунад, то иштибоҳоти қаблиро аз миён бибарад ва дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътибори кишварро боло бибарад.»

Ҳарчанд оқои Кабирӣ мегӯяд, ки интихоботи ахири порлумонӣ умед ба як ҷаҳиши бузург ба марҳилаи тозае аз демукросӣ дар кишварро эҷод карда буд, вале натиҷаи ниҳоии он ва тақуллуботе, ки зимни натиҷагирӣ аз он сурат гирифт, ошкор сохт, ки мақомоти тоҷик то ҳол омодаи эҷоди як ҷомеъаи демукротик ва ҳуқуқбунёд набудаанд.

Раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи рухдоди дигари ин сол мегӯяд: «Воқеъан бархе аз воқеъоти нохуш, ки паёмадҳои номатлубе дошт, ҳамаро бедор кард ва моро аз ҳолати фориғӣ ва мағрурияти сулҳу ваҳдат берун кашонд ва дарк кардем, ки масъалаи барқарории сулҳу ваҳдат дигар аст, аммо муҳимтар аз ҳама нигаҳдории он будааст.»

Вай афзуд, ки дар ин ҳол қувваҳои берунӣ метавонанд аз заъфи сиёсати кишвар ба суди хеш истифода кунанд. Муҳиддин Кабирӣ ба он нукта таъкид кард, ки боздошти маҳбусони фирорӣ дар Афғонистон ҳокӣ аз он аст, ки Тоҷикистон ба зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоъии кишвари ҳамсоя бояд аҳамияти бештаре диҳад.

Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, дар ин кишвари ҳаммарзи Тоҷикистон ҳукумат дорад оҳиста-оҳиста таҳким меёбад ва вай афзуд, ки сулҳ дар Афғонистон ва ҳамкориҳои бештар бо ин кишвари ҷангзада ба суди Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа аст.

Коршиносони сиёсӣ фирори 25 нафар аз маҳбусон аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо ба фаъолияти номуваффақи раҳбарони вақти ин кумита марбут медонанд.

Ба ақидаи онҳо, боздошти аксари зиндониёни фирорӣ ва истирдоди чаҳор тан аз онон аз Афғонистон ба Тоҷикистон баёнгари тақвияти ҳамкориҳои нерӯҳои интизомии Афғонистону Тоҷикистон будааст.
«Ихтилоф бо Ӯзбакистон»

Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик ва коршинос дар умури сиёсати хориҷии Тоҷикистон, низ бар ин назар аст, ки Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷӣ ва равобит бо кишварҳои ҷаҳон дар соли 2010 ба дастовардҳои хубе ноил шудааст.

Оқои Сатторзода мегӯяд: «Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки бо соири кишварҳои ҷаҳон равобит ва ҳамкориҳои хуб дошта бошад. Аммо ин кишвар на ҳамеша аз ин ҳамкориҳо истифодаи муассир кардааст. Ҳарчанд нақши Чин, кишвари ҳаммарзи Тоҷикистон дар сиёсат ва иқтисоди ин кишвар хеле назаррас аст.»

Вале Абдунабӣ Сатторзода бо изҳори таассуф аз афзоиши сардӣ дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбакистон дар соли сипаришуда ёдовар шуд ва гуфт: «Ихтилофи назарҳо дар мавриди бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва гир кардани вогунҳо бо таҷҳизоти зарурӣ барои бунёди нерӯгоҳҳо дар қаламрави Ӯзбакистон муносиботи ин ду кишварро, ки қаблан ҳам сард буд, сардтар кард. Ва ҳамчунин дар муносиботи Тоҷикистон ва Русия низ сардие ба назар мерасид.»

Аммо вай афзуд, ки давлати Тоҷикистонро мебояд дар соли ҷадид муносиботро бо ин ду кишвари муҳимми минтақа беҳбуд бахшад. Ҳарчанд ин соҳибназар мегӯяд, ки Ӯзбакистон дар муносиботи хориҷии худ бо бештаре аз кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ мушкил дорад.

Оқои Сатторзода бо ишора ба баргузории ҳамоишҳо, аз қабили нишасти вузарои кишварҳои хориҷии Созмони Кунфронси Исломӣ дар Тоҷикистон, меафзояд, ки равобити сиёсии Тоҷикистон дар соли 2010, бавижа бо кишварҳои исломӣ ва Эрон, таҳкими бештаре ёфтааст.

[b]»Онҳо терурист мешаванд»[/b]

Вале Акбари Тӯраҷонзода, яке аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабӣ, дар Тоҷикистон мегӯяд, ки иқдоми давлат барои бозгардондани донишҷӯёни тоҷик аз мадориси мазҳабии бархе аз кишварҳои исломӣ метавонад ба муносиботи сиёсии Тоҷикистон ва ин кишварҳо латма занад.

Оқои Тураҷонзода гуфт: «Бо ин кор ҳукумати Тоҷикистон воқеъан эълом дошт, ки ҳам Арабистони Саъудӣ, ки дар донишгоҳҳои исломии давлатии он донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекарданд ва ҳам давлати Миср, ки донишгоҳи Алазҳар дар он ҷо аз бузургтарин ва қадимитарин донишгоҳҳои мазҳабии дунёст ва ҳамин тур, донишгоҳҳои Покистон, ба истиснои бархе аз мадориси хусусӣ, маркази омода намудани теруристҳо ҳастанд.»

Оқои Тураҷонзода бо таъкид ба он ки ин кишварҳо бо терурисм муборизаи ошкор мекунанд ва дар ин замина бо Омрико ва кишварҳои ғарбӣ ҳамкорӣ мекунанд, афзуд: «Бо ҳамин, ба ин кишварҳо як тавҳин, ҳақорат ва иттиҳоми бузурге зада шуд.»
Ба ақидаи Акбари Тӯраҷонзода, ин омил ба муносиботи Тоҷикистон бо ин кишварҳо метавонад таъсироти манфӣ расонад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Тураҷонзода, дар ҳоле ки бештари мақомоти Тоҷикистон зимни арзёбӣ аз мазҳаб бар ин ақида ҳастанд, ки мардум набояд кӯр-кӯрона аз паси муллоҳои муттаъассиб биравад ва бояд дини исломро амиқ биомӯзанд, пас чаро мухолифи омӯзиши дин дар донишгоҳҳои исломӣ ҳастанд?

Президент Раҳмон дар яке аз мулоқотҳои худ бо сокинони вилояти Хатлон дар моҳи августи соли 2010 аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки фарзандони худро аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ бозгардонанд. Эмомалӣ Раҳмон он замон таъкид кард, ки «онҳо ҳама терурист ва экстремист (ифротгаро) мешаванд.»

Сипас, Кумитаи дини Тоҷикистон зарбулаҷале барои бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои хориҷӣ то авохири моҳи декабрро эълом кард ва то авохири сол беш аз 500 донишҷӯй аз донишгоҳҳои исломии кишварҳои шарқӣ ба ватан бозгардонда шудаанд.

Акбари Тураҷонзода мегӯяд, дар ҳоле ки Қонуни асосии Тоҷикистон озодии сафар ба кишварҳои хориҷӣ ва интихоби довталабонаи муассисоти омӯзиширо таъмин кардааст, бозгардондани иҷбории донишҷӯён аз мадрасаҳои исломӣ нақзи ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо маҳсуб мешавад.

[b]»Маҳдудияти озодии баён»[/b]

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар соли 2010 фишор бар расонаҳои мустақил ва бавижа мавориди ба додгоҳҳо кашида шудани бисёре аз расонаҳои мустақил афзуда буд. Вай ин омилро монеъи рушди демукросӣ ва озодбаёнӣ дар Тоҷикистон унвон кард.

Оқои Қаршибоев афзуд: «Ҳодисаҳои ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои мустақил ва хабарнигорон аз соли 2008 бад-ин сӯй афзоиш ёфтааст. Аз аввали соли 2010 додгоҳҳо нашрияҳои мустақилли «Чархи гардун», «Озодагон», «Нигоҳ», «Пайкон», «Asia-Plus» ва «Миллат»-ро ба муҳокима кашиданд. Ва дар охири сол як хабарнигори мустақил дар вилояти Суғд зиндонӣ шуд.»

«Мо хеле хоҳони онем, ки муҳокимаи қазияҳои расонаҳо ва шокиён мунсифона баррасӣ шаванд. Вале нигаронии мо бештар аз он аст, ки на ҳама вақт қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ аст ва ҳангоми истифода аз он додгоҳҳо ба камбудиҳо роҳ медиҳанд.»

Ҳанӯз дар соли 2009 ҳуқуқдонҳо ва рӯзноманигорон дар ҳамоишҳои мухталифе пешниҳод мекарданд, ки моддаҳои марбут ба «тӯҳмат» ва «тавҳин» аз қонуни кайфарии Тоҷикистон хориҷ карда шаванд ва муҳокимаҳои додгоҳӣ дар робита бо қазияҳои хабарнигорон ва расонаҳо дар чаҳорчӯби қонуни шаҳрвандӣ баррасӣ шаванд.

Аз сӯйи дигар, оқои Қаршибоев ба ин ақида аст, ки барои дастрасӣ ба озодии баён дар кишвар ва коҳиши даъвоҳои эътимолӣ миёни хабарнигорон ва мусоҳибони онҳо дониши ҳуқуқии хабарнигорони тоҷикро бояд такмил дод.

Бархе аз сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва иддае аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар низ дар соли сипаришуда аз ба маҳкама кашида шудани нашрияҳои мустақил ва зиндонӣ шудани як хабарнигор дар шимоли Тоҷикистон интиқод карданд.

Аз ҷумла созмони омрикоии Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон аз қазоёи додгоҳии «Asia-Plus», «Озодагон», «Фараж», «Пайкон» ва «Миллат» дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва гуфта буд, ки муҳокимаи ин нашрияҳо метавонад ба мутаваққиф шудани фаъолияти онҳо мунҷар шавад.

Аз сӯйи дигар, иддае аз соҳибназарон баргузории ҳамоиши вузарои хориҷии кишварҳои узви Созмони Кунфронси Исломӣ ва нишасти раҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тоҷикистонро низ аз муҳиммтарин рӯйдодҳои соли 2010 медонанд.

Аммо бархе дигар бар ин назаранд, ки ин нишастҳо рӯйи зиндагии иҷтимоъии мардуми одӣ ва дар ҳамкориҳои Тоҷикистон ва сиёсати хориҷии ин кишвар таъсироти амиқе нагузоштаанд.

Ба ақидаи онҳо, аксари кишварҳои ширкаткунандаи ин ҳамоишҳо бо дарназардошти мушкилоти дохилии худ ва ихтилофот бо кишварҳои дигари узв омодаи ҳамкориҳои муассири сиёсӣ ва иқтисодӣ набудаанд.

Заринаи Хушвақт, Би-би-си,

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101229_zkh_politicalyears_review.shtml

Омилҳои ҳуқуқӣ ва анъанаи одоби журналистӣ дар ҷахон ва Тоҷикистон

[b]Таҷрибаи рушди озодии баён дар ҷаҳон муҳимияти риояи одоби нигорандагиро дар баробари омилҳои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ исбот кардааст. Анъанаи риояи меъёрҳои ахлокии журналистон таърихи беш аз садсола дорад. Соли 2009 Шўрои матбуоти Норвеги ҷашни як асраи худро таҷлил намуд. Як моҳ қабл ҳайати Шўрои ВАО Тоҷикистон дар чашни нимасраи Шўрои матбуоти Нидерландия ширкат варзид. Яъне, ғояи худтанзимзикунии ВАО ва фаъолияти журналистӣ — тавассути риояи қоидаю қолабҳои аз ҷониби худи чомеаи журналистон қабул гардида, дирўз пайдо нашудааст.[/b]

Танзими ҳуқуқӣ ва худтанзимкунии фаъолияти ВАО дар ҳар мамлакат марҳалаҳои хосро тай мекунад. Масалан, таҷрибаи худтанзикунии ВАО дар Русия таърихи тўлонӣ надошта бошад ҳам, хеле ҷолиб аст. Дар ду даҳсолаи охир дар паҳнои ин кишвари собиқ шўравӣ кодексу хартияҳо, эъломияю конвенияхои ахлоқӣ, ҳамчунин сохторҳои ташкилии гуногун пайдо шуданд. Зимнан бояд таъкид намуд, ки барои таъмини риояи меъёрҳои ахлоқӣ бояд механизми татбиқи он аз қабили Шўрои ахлоқ ё Шўрои матбуот созмон дода шавад. Имрўз да Русия Коллегия оид ба шикоёт нисбати матбуот амал мекунад, ки ду палата дорад Палатаи аввал аз истеҳсолкунандагони маводи иттилоотӣ намояндагӣ кунад, палатаи дигар манфиати истеъмолкунандагони маводи иттилоотиро (аудиторияи ВАО) ифода мекунад. Қаблан дар назди Иттифоқи журналистони Русия Ҳакамоти калон (Большое жюри) амал мекард.

Маъмулан меъёрхои ахлоқ журналистӣ тибқи миқёси амалашон се хел мешаванд: кодексҳои ахлокии як нашрия ё ширкати ВАО, кодексҳои ахлоқии як соҳаи журналистика ва кодексхои ахлоқии сатҳи миллӣ. Хамчунин, шўроҳо ва комиссияҳои матбуот низ тибки шакли таъсисашон се гуна мешаванд: давлатӣ, давлатию ҷамъиятӣ ва ҷамъиятӣ. Ба андешаи мо, созмонҳое,ки дар асоси ҷаъиятӣ таъсис ва амал мекунанд, бештар мустақил буда ҷавобгўи ғояи худтанзимкунӣ дар соҳаи ВАО ҳастанд. Зеро механизмхои давлатӣ ва давлатию ҷамъиятӣ хоси танзими фаъолияти ВАО буда, ҷанбаи ҳуқуқӣ доранд.

Дар Финляндия қоидаҳои журналист ва Шўрои сухани оммавӣ асоси худтанзимкунии воситахои ахбори омма мебошанд. Дар қоидаҳо пешниҳодҳои журналистов ва ноширон дар бораи принсипҳои ахлоқи воситаҳои ахбори оммаи Финляндия инъикос ёфтаанд. Шўрои сухани оммавӣ мақоме мебошад, ки Қоидаҳоро тафсир менамояд, инчунин ба ҳайси довар амал мекунад. Ба Шўро ҳар нафаре метавонад муроҷиат намояд, ки хоҳиш дорад андешаи мутахассисонро дар бораи то кадом андоза аз ҷониби воситаҳои ахбори вайрон кардани одоби журналистро фаҳмад. Шурои сухани оммави инчунин метавонад оид ба кўшишҳои маҳдуд кардани озодии сухан ва матбуот андешаашро баён кунад.

Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ба омилҳои иҷтимоӣ-эҷодии озодии сухан мутаалиқ ҳастанд. Бинобар ин худтанзимкунӣ танҳо да чорчўбаи қонун амал карда, озодии баён ва иттилоотро кафолат медиҳад. Меъёрҳои ахлоқӣ рафтори журналистро мутобиқи стандартҳои муайяни касбӣ ба низом дароварда, имконияти ба вуҷуд омадани холатҳои нақзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷониби дигарро (аудитория, шаҳрванд ва ташкилот) пешгирӣ мекунанд.

Худтанзимкунӣ ва риояи одоби журналисти дар ҷахон баъди соли 1948 рушди тоза ёфтааст. Зеро меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ва назарияи масъулияти иҷтимоии журнализм ба ҳамдигар рабти мустаҳкам доранд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол кўшишҳои худтанзимқунӣ, таҳия ва қабули кодекси ахлоқи журналистӣ аз оғози соли 2000 гардида буд. Нахустин тарҳи кодекс бо номи «Одоби нигорандагӣ» бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) аз ҷониби профессор Иброҳим Усмонов таълиф шудааст. Дар тўли даҳ сол ин масъала дар сатҳҳои гуногун – ҷаласаю конфронсҳо, «мизҳои гирд» ва ҳамоишҳои милиию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, билохир соли 2009 бо иштироки намояндагони ҷомеаи журналистӣ ва коршиносони миллию байналмилали хуҷҷати мухим – Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон таҳия гардид. Дар таҳияи он муаллифон аз таҷрибаи мамолики гуногун – Олмон, Қатар, Русия, Финляндия ва ғайра истифода намуданд. Имрўз Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби қариб 70 созмону ташкилоти ВАО эътироф гардидааст.

Мақсад аз кабули Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон баланд бардоштани масъулияти журналистон дар ҷомеа ва сифати журналистика мебошад. Дар пешгуфтори ин санад омадааст, ки «Ҷомеаи журналистони Тоҷикистон озодии суханро асоси фаъолияти худ қарор дода, масъулияти бовиҷдонона амалӣ гардидани онро дарк намуда, ин меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва журналистонро эълом ва қабул медоранд. Ҳеҷ яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надоранд».

Дар кишвари мо беш аз як сол мешавад, ки Шўрои воситаҳои ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шўрои ВАО) амал мекунад, ки мақсади асосиаш таҳкими меъёрҳои аҳлоқии фаъолияти журналистӣ аст. Шўрои ВАО созмони ҷамъиятӣ буда, аз ҷониби созмонҳои рўзноманигорӣ ва ташкилотҳои ВАО таъсис дода шудааст.

Тибқи муқаррароти оинномавиаш, Шўрои ВАО бо мақсади худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон, барои қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое, ки ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ таалук доранд, ташкил шудааст. Хадаф аз фаъолияти Шўрои ВАО рушди озодии баён, баланд бардоштани сифати рўзноманигорӣ ва таҳкими меъёрҳои байналмилалии рўзноманигорӣ дар Точикистон мебошад. Шўрои ВАО дар фаъолияти худ принсипҳои ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунадешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро ба роҳбарӣ гирифтааст.

Риояи меъёроҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ аз ҷониби журналистов дар шароити дигаргунсозиҳои демократӣ ба амнияти фаъолияти касбии онҳо ва пурсамар иҷро намудани рисолати ВАО дар ҷомеа журналистов мусоидат менамояд.

Нуриддин Қаршибоев

Источник: