Все записи автора admin

«Азия-Плюс»-ро боз ба додгоҳ кашиданд

Сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ нашрияи «Азия-Плюс»-ро ба додгоҳ кашида, 1 миллион сомонӣ ҷуброн хостааст.

Нашрияи «Азия-Плюс» мегӯяд, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, Анвар Тағоймуродов, бо норизоятӣ аз матлаби «Тафтиш ё инквизитсия?» («Следствие или инквизиция?»), ки моҳи декабри соли гузашта дар ин нашрия чоп шуда буд, ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.

Ҷаноби Тағоймуродов дар шикояти худ гуфтааст, «Азия-Плюс» бо нашри ин матлаб шаъну эътибори кории ӯ ва ниҳодашро халалдор кардааст.

«Азия- Плюс» мегӯяд, дар матлаби «Следствие или инквизиция?» истифодаи шиканҷа аз сӯи кормандони раёсати бахши ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва шӯъбаҳои он дар вилояти Суғд матраҳ буд.

Ҷаноби Тағоймуродов ҳамчунин гуфтааст, ки Рамзия Мирзобекова ва дигар хабарнигорон, ки дар бораи таркиши Хуҷанд дар моҳи сентябри соли гузашта навиштаанд, аз ин амали террористон хабар доштанд ва омилони ин ҳамларо мешинохтанд ва «эҳтимолан бо онҳо робита доштанд.»

Ин барои дуввумин бор аст, ки нашрияи «Азия-Плюс» барои тӯҳмату таҳқир ба додгоҳ кашида мешавад.

Дар оғози соли гузаштаи 2010 се додраси Додгоҳи олӣ ва додгоҳи шаҳри Душанбе се нашрияи мустақили «Фараж», «Озодагон», «Азия-Плюс»-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашида, барои ҷуброни маънавӣ аз онҳо панҷуним миллион сомонӣ товон хоста буданд.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон низ ҳафтаномаи «Миллат»-ро дар нашри матлаби бӯҳтономез муттаҳам дониста, пардохти 1 миллион сомонӣ ҷубронро талаб кардааст.

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон мегӯянд, вуҷуди ибораи тӯҳмату таҳқир дар Кодекси ҷиноӣ барои мақомоти давлатии ин кишвар баҳонаи хубест, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ аз он ба нафъи худ истифода кунанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2288990.html

Тоҷикистон дар гузориши солонаи HRW

Созмони HRW дар гузориши тозаи худ таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба маҳдудияти матбуот, фаъолиятҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ идома медиҳад.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч дар гузориши солонаи худ навиштааст, бо вуҷуди гузоштани як гоми мусбат, аммо кӯчак дар бахши озодиҳои инсон, дар соли 2010 мақомоти Тоҷикистон ҳамчунон ба маҳдуд кардани озодии сухан ва матбуот, тақаллуб дар интихобот, нақзи озодиҳои динӣ ва маҳдуд кардани ҳуқуқи занон дар кишвар идома додаанд.

[b]Интихоботи «олуда бо тақаллуб»[/b]

Ба навиштаи созмони Ҳюман Райтс Вотч, интихоботи парлумонии моҳи феврали соли гузашта дар ин кишвар олуда ба тақаллубу қонуншиканиҳо буда, ба пирӯзии ҳизби ҳоким анҷомид ва ҳукумати наздик ба бистсолаи раиси ҷумҳури ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонро қавитар гардонд.

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумони Тоҷикистон, ки дар ин интихобот аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, вориди Маҷлиси намояндагон шудааст, мегӯяд, ба ҳарфҳои Ҳюман Райтс Вотч мувофиқ аст.

«Дар гузориши Дидбони ҳуқуқи башар тамоми нукоти интихоботи февралии порлумон ҳамаҷониба акс наёфтааст, вале дар ҳақиқат мақомоти ҳукумат ҳаққи интихобро аз мардум гирифта буданд ва мо ҳангоми баршумурдани раъйҳо инро мушоҳида кардем. Интихоботи соли 2005-ро ҲНИТ як «фоҷеа» номида буд, вале ин интихоботи февралиро мо «зулм дар рӯзи рӯшан» номидем”,-афзуд ӯ.
Фаъолиятҳои динӣ маҳдуд шудааст

Саидумар Ҳусайнӣ бахши дигари гузориши солонаи Ҳюман Райтс Вотчро низ хотирнишон кард, ки дар он сухан дар бораи фишор болои тоату ибодати мардум меравад: «Тоҷикистон як кишвари мусулмонист ва дини ислом нуфузи зиёд дорад, вале аз ҳама бештар намояндагони ҳамин мазҳаб мавриди таъқиб қарор доранд. Ҳатто он озодиҳоеро, ки қонуни дин ба мардум додааст, мақомоти ҳукумати Тоҷикистон барои шаҳрвандони кишвар қоил намешаванд ва берун аз қонун мардуми диндорро таъқиб мекунанд, ки ин шояд хоҳиши кадом мансабдор аст ва амали берун аз қонун аст. Дар тарҳи «қонун дар бораи «Масъулияти падару модар», ки ҷавононро ҷисман ба масҷид рафтан манъ мекунад ба тасвиб нарасидааст, вале ду сол мешавад, ки ҷавонону наврасонро ҳангоми омадан ба масоҷид мавриди таъқиб қарор медиҳанд.»

Аммо Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба нукоти гузориши Созмони ҳуқуқи башар розӣ нест ва мегӯяд, ки нозирони кишварҳо ва созмонҳои байналмилалие, ки ҷараёни интихоботи февралиро назорат мекарданд баҳои мусбат дода буданд.

Вай меафзояд дар мавриди фишор ба диндоророн бояд ба қонунҳои ҷории Тоҷикистон назар кард. Албатта дар матбуот доир ба фишору таъқиби диндорон мехонам, вале дар асл дар қонунҳои Тоҷикистон доир ба озодии виҷдону эътиқоду мазҳабҳо тамоми шароит ва заминаҳои фаъолияти қонунии мазоҳиб фароҳам оварда шудааст.

[b]Нооромиҳои Рашт дар гузориши HRW[/b]

Дар гузориши Ҳюман Райтс Вотч ҳамчунон аз нооромиҳои ахир дар водии Рашт нигаронӣ шудааст, ки дар пайи он беш аз 30 афсар ва сарбози нерӯҳои давлати кушта шудааст. Бино ба ин гузориш, дар пасманзари Афғонистони ноором рух додани даргириҳо дар шарқи Тоҷикистон фазои амниятиро зери суол қарор додааст.

Дар гузориш омадааст, ки дар соли 2010 мақомоти ҳукумати Тоҷикистон фишору маҳдуд кардани фаъолияит васоили ахбори умумро идома додаанд.
Ба қавли Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж», пас аз шурӯи ноамниҳо дар шарқи кишвар ва шурӯи амалиёти нерӯҳои қудратӣ алайҳи Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ, ҳафтаномаҳо ташвишу нигаронии мардумро инъикос карда гузоришҳои таҳлилӣ навиштанд, вале аз ҷониби Вазорати дифоъ дучори зарба қарор гирифтанд.

«Шумо бубинед, дар рӯзҳои оғози нооромиҳо дар Рашт ҳафтаномаҳо хусусан дар бораи ба оташ кашида шудани мошини вазорати дифоъ гузоришҳои таҳлилӣ ба чоп расонаданд ва дафъатан аз тарафи дафтари матбуоти ҳамин вазорат як гузориши муфассал ба чоп расид, ки дар он баъзе ҳафтномаҳо «ҳамкори террористҳо» ном бурда шуданд ва ба дунболи он чопхонаҳо, ҳатто чопхонаҳои мустақил аз нашри «Фараж», «Нигоҳ»-у «Пайкон» даст кашиданд ва дар пайи он баъзе сомонаҳо мисли «Тоҷнюс» ва «Авеста» боздошта шуданд»,-афзуд ӯ

Вале Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ишораҳои Созмони ҳуқуқи башар розӣ буда наметавонад. Ба қавли ӯ, мақомоти расмии ҳукумати Тоҷикистон ба болои васоити ахбори умум ягон фишор наовардаанд.

Вай гуфт, «мавқеи Тоҷикистон дар амри пуштибонӣ аз матбуот рӯшан аст ва ғайр аз он аз ҷониби президенти Тоҷикистон ду санаде ба имзо расид, ки онҳо низ бевосита ба дастгирии матбуот бахшида шудаанд. Дар ҳақиқат дар соли гузашта чанд мушкил пеш омад аз ҷониби кормандони баъзе мақомоти давлатӣ ва бо баъзе аз нашрияҳои мустақил, ки ин баҳси нашрияҳо бо кормандони ин ниҳодҳо буд на бо мақомоти давлатӣ. То ҷое медонам, бархе аз нашрияҳои мустақил, як муддат аз нашр бозмонда буданд, вале ин мушкили миёни ҳафтаномаҳо бо чопхонаҳо буд, ки баъдтар ҳамаи нашрияҳо ба чоп расидаанд ва пайваста нашр мешаванд.»

Дар гузориши Дидбони ҳуқуқи башар ҳамчунин гуфта мешавад, ки хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла фишор ба занон як масъалаи ҷидии марбут ба ҳуқуқи инсон аст, ки ҳанӯз талошҳои мақомоти масъули ин кишвар натиҷаи дилхоҳ надодаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон танҳо дар соли гузашта дар доираи тарҳи Кодекси оила синни издивоҷро аз 17 ба 18 сол боло бурд ва парлумони Тоҷикистон низ ин пешниҳодро пазируфт ва аз якуми январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон духтарон дар сини 18 солагӣ никоҳ карда мешаванд.

Мирзонабии Холиқзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2285702.html

Олим Бобоев: “Сомонаҳоро масдуд карда будем”

Вазири роҳ ва мухобироти Тоҷикистон расман баста шудани бархе аз сомонаҳо аз сӯи интернетрасонҳоро таъйид кард.

Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, гуфт, вақте сухан дар бораи амнияти кишвар меравад, мақомоти таъмини бехатарӣ ҳуқуқ доранд дар як муддати муайян маҳдудиятҳо гузоранд.

Вай мегӯяд, он маҳдудиятҳое, ки барои бархе сомонаҳо ҷорӣ шуд, ба хотири маҳз таъмини амнияти иттилоотии кишвар ба ҳангоми амалиётҳои муҳим буд.

“Системаи иттилоотӣ хусусияти амниятӣ дорад. Таъсири манфӣ ҳам дорад, дар бархе маворид ҳамчун яроқ низ метавонад истифода шавад. Аз ин хотир, як муддат маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд ва ҳоло ин гуна маҳдудиятҳо вуҷуд надоранд, балки пурра бартараф шудаанд”,-афзуд ӯ.

Дар пайи ноамниҳои тобистону тирамоҳи соли гузашта дар шарқи Тоҷикистон, даргириҳои нерӯҳои давлат бо нерӯҳои мухолифи мусаллаҳ дар Камароб ва кушта шудани 28 сарбози вазорати дифоъ фаъолияти як идда аз сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла «Тоҷнюс» ва «Авеста» масдуд шуданд.

Мақомот дар он шабу рӯз гуфта буданд, ки ин масдудшавӣ бар асоси мушкили фаннӣ аст, ки бартараф карда хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем пас аз баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва баъзе нашрияҳо рӯзномаҳо, сардабирони як идда аз нашрияҳои мустақил ҳамроҳ бо созмонҳои ҳуқуқиву дифоъ аз матбуот, Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи касбии хабарнигорон бо номи “Кумитаи 29-и сентябр”-ро таъсис доданд.

Номи ин кумита аз рӯзи баста шудани расонаҳо гирифта шуда ҳадафи он барқарор кардани вазъи қаблии озодии баён ва ҳамоҳанг сохтани талошҳо ҷиҳати оддӣ сохтани вазъи буғранҷгаштаи матбуот дар Тоҷикистон арзёбӣ мешуд. Ин кумита дар оғози соли ҷорӣ, баъд аз он ки, ба гуфтаи муассисонаш, рисолати худро ба иҷро расонд, барҳам дода шуд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2286385.html

ДҲБ: Давлати Тоҷикистон нақзи ҳуқуқро идома медиҳад

Дидбони Ҳуқуқи Башар гузориши ҷадиди худро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон интишор додааст.

Дар ин гузориш аз ҷумла таъкид шудааст, ки “бо вуҷуди бархе аз пешрафтҳои кучак, давлати Тоҷикистон нақзи ҳуқуқи башарро дар арсаҳои мухалиф, аз интихобот ва озодии расонаҳо сар карда, то озодиҳои мазҳабӣ идома медиҳад.”
Дар ин гузориш аз ҷумла ташдиди фишори давлат бар озодиҳои расонаҳо, ба хусус дар остонаи интихоботи порлумонии соли гузашта дар Тоҷикистон барҷаста мунъакис шудааст.

Ҳамчунин омадааст: “Дар соли 2010 дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор шуд, ки дорои тақаллуб буд ва бо пирӯзии комили ҳизби ҳоким анҷомид, ки фармонравоии президент Раҳмонро, ки тайи 20 соли охир ҳукумат мекунад, устувор кард.”

[b]Интиқод аз ҷомеъаи байналмилалӣ[/b]

Дидабони Ҳуқуқи Башар аз ин ки созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба мушкилоти марбут ба ҳуқуқи башар таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намекунанд ишора кардааст.
Ин созмон менависад, ки Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон густариши ҳамкориҳо ва афзоиши нуфузи худро дар кишвар аз аҳдофи аслии худ мехонад.
Вале гузориш меафзояд: “Дар ин миён онҳо (ИУ) дар баробари хушунат ва озор садо баланд намекунанд. Ба назар мерасад, ки фаъолияти ин созмон дар заминаи масоили ҳуқуқи башар танҳо бо баргузории як диолуге дар сатҳи поин, дар соле як маротиба маҳдуд мешавад.”

Муъаллифони гузориш таъкид кардаанд, ки ҳарчанд Сандуқи кӯдакони СММ тасвиби чанд қонуни муҳим барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистонро сутудааст, аммо “санадҳои мавҷуд аз он ҳокӣ ҳастанд, ки дар воқеъият василаи кофӣ барои таъмини амнияти кӯдакон дар баробари озору хушунат дар ҳамаи паҳлӯҳои зиндагӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.»

[b]“Хушунати бидуни муҷозот”[/b]

Яке дигар аз нукоти мавриди таваҷҷӯҳи вижаи гузориши имсолаи ин созмони ҷаҳонӣ вазъи риққатбори занони тоҷик аст.

Гузориш ҳушдор медиҳад, ки “дар ҷомеъаи ин кишвар хушунати хонаводагӣ алайҳи занон ҳукмфармо аст.”

Муаллифони он бо истинод ба Созмони Авфи Байналмилал менависанд, ки аз се як то нисфи занони тоҷик хушунати ҷисмонӣ, равонӣ ё ҷинсӣ аз тарафи шавҳарон ва ё аъзои хонаводаашон таҳаммул мекунанд.

Дидабони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ба далели дастрасии маҳсури занони тоҷик ба додгоҳҳо ва ин ки пулиси тоҷик маъмулан худи занонро дар қазоёъи хонаводагӣ гунаҳкор маҳсуб медонанд, “афрод тақрибан бидуни муҷозот занонро озор медиҳанд.”

[b]Системи қазоии ғайримуассир[/b]

Дидабони Ҳуқуқи Башар додгоҳҳои Тоҷикистонро “ғайримустақил ва ғайримуассир” хондааст.

Дар гузориш омадааст, ки дар Тоҷикистон раванди сиёсизада шудани системи қазоӣ мушоҳида мешавад. Гузориш дар ин замина ба қазияи Неъматуллоҳ Ботақозиев, фаъоли ҳуқуқи башари қирғиз, ки аз Тоҷикистон дархости паноҳандагӣ карда буд, ишора мекунад.

Дар гузориш мехонем, ки ин фаъоли ҳуқуқи башар ҳудуди як моҳ бидуни иртибот бо хонавода ва вакили мудофеъ дар боздошт қарор дошт ва дертар маълум шуд, ки ӯ дар боздошт аст ва мавриди шиканҷа низ қарор гирифта буд.

Гузориш меафзояд, ки дертар мақомоти Тоҷикистон оқои Ботақозиевро ба Қирғизистон истирдод карданд ва дар онҷо ба ӯ ҳушдор дода шуд, ки аз фаъолият дар заминаи ҳуқуқи башар даст кашад.

[b]»Қонуни саркӯбкунандаи дин ба иҷро даромад»[/b]

Мавзӯъи дигари мавриди нигаронии Дидабони Ҳуқуқи Башар ин аст, ки дар Тоҷикистон “қонуне саркӯбкунанда, ки кунтрули давлатро бар фаъолиятҳои мазҳабӣ бештар кардааст” ба иҷро даромадааст.

Таъкид шудааст, ки акнун давлати Тоҷикистон худ мушаххас мекунад, ки оё дар куҷо масоҷид бояд бунёд шаванд ва дар заминаи адабиёти мазҳабӣ, ки дар кишвар ба фурӯш мерасад назорати комил дорад.

Дар гузориш мехонем: “давлати Тоҷикистон таҳти шиъори мубориза бо терурисм фаъолияти чандин созмони сулҳомиези исломӣ дар ин кишварро мамнӯъ эълом карда ва нагузоштааст бархе аз мазоҳиби масеҳӣ, аз ҷумла Шоҳидони Яҳуво фаъолияти худро дар ин кишвар аз сар бигиранд.”

Ин гузориш дар бораи даргириҳои миёни нерӯҳои ҳукумат ва шӯришиёни исломӣ дар водии Рашт ва ҷустуҷӯи зиндониёни фирорӣ низ ибрози назар кардааст.
Дар он мехонем, “хушунатҳое, ки дар водии Рашт рух дод, нахустин даргирии умда миёни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён дар даҳ соли охир буд, ки нигарониҳоро дар заминаи субот дар кишвар ба вуҷуд меорад.”

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/01/110124_sq_hrw_tajikistan.shtml

Изҳороти Медиа-Алянси Тоҷикистон дар бораи тасмими ҳайати эҷодиӣ рузномаи «Вечерний Душанбе»

Ш. Душанбе, 20 январи соли 2010

Созмони журналистии Медиа-Алянси Тоҷикистон аз зиддияти баамаломада миёни ҳайати эҷодӣ ва сохибмулки ҳафтаномаи маъруфи «Вечерний Душанбе», ки қариб боиси чоп нашудани шумораи навбати яке аз дарозумртарин нашрияҳои кишвар, аз кор рафтани ҳайати эҷодии он гардид, изҳори нигаронӣ намуда, ҷонибҳоро ба сари мизи музокирот даъват менамояд. Мушкил сари он аст, ки дар натиҷаи ин зиддияти баамаломада коллективи ҳайати эҷодӣ метавонад бекор монад ва ба андешаи мо пеш аз ҳама бояд ба он кӯшиш кард то ҳайати эҷодӣ тавонад ба журналистика машғул шавад ва имкони навиштану инъикоси воқеаҳои рӯз дошта бошад.

Ҳамагӣ чанд ҳафта пеш созмони ғайрирасмии «Кумитаи 29 сентябр», ки бо баста шудани се нашрияи кишвар ва маҳдуд шудани дастрасӣ ба панҷ сомонаи интернетӣ (минҷумла ду сайти дохилӣ) ба фаъолият оғоз карда буд, баъди муваффақона ҳал гардидани вазифаҳои дар назди худ гузошта, фаъолияти худро қатъ намуд. Таъсис ва дастоварди ин Кумита дар таърихи журналистикаи тоҷик беназир буд ва аз ҳамраъйӣ, ҳамдилии нашрияҳо, созмонҳои журналистӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муқими Тоҷикистон гувоҳӣ медод. Ин бори аввал буд, ки собит гардид журналистон дар якҷоягӣ ва ҳамдастӣ метавонанд мушкилҳои ҷиддитаринро мусбӣ ҳал кунанд. Аммо, муттаассифона, қазияи рухдода дар «Вечерний Душанбе», ки метавонад боиси бекор мондани ҳайати эҷодӣ шавад, сахт нигаронкунанда буда, баракси он ҳолат ва фазоеро инъикос менамояд, ки Кумита ба вуҷуд оварда буд.

Мо фикр мекунем, айни замон дар қазияи рухдода ҷустани гунаҳгор ва айбдоркуниҳои дуҷониба роҳи ҳалли масъала нест, аз ин рӯ ҷонибҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуда, изҳор медорем, ки Медиа-Алянси Тоҷикистон тайёр аст дар ин қазияи рухдода ба ҳайси миёнарав баромад кунад.

[b]ШАРҲИ АМВАОМТ:[/b] Шумораи навбатии ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» рӯзи 20 январи соли 2011, бо имзои ҳайати таҳрир бетанаффус ба табъ расид.

Источник:

Истеъфои кормандони “Вечерний Душанбе”

Кормандони ҳафтаномаи “Вечерний Душанбе” бо шикоят аз бархӯрди муассиси нашрия дастаҷамъона ба истеъфо рафтаанд.

Кормандони рӯзномаи русизабони «Вечерний Душанбе» дар баёнияи худ гуфтаанд, ки музокироти онҳо бо муассис дар мавриди ҳалли қазия натиҷа надодааст ва онҳо маҷбур ба қатъи ҳамкории худ бо Муассисаи «Чархи гардун» шудаанд, ки «ВД» низ дар ҳайати ин муассиса мебошад.

Гулнора Амиршоева, сардабири акнун собиқи «Вечерний Душанбе» дар сӯҳбате бо Озодӣ гуфт, ки зарфи чанд ҳафтаи ахир чандин корманди ин ҳафтанома аз сӯи Акбаралӣ Саттор, молики Ҷамъияти «Чархи гардун» аз кор ихроҷ шуданд. Ва агар барномаи ихтисор давом мекард, ҳамин тавр ба сурати табии, ҳафтаномаи бидуни ҳайати эҷодӣ мемонад ва фаъолияташ қатъ мешуд.

Хонум Амиршоева гуфт: «Зарфи ним соли охир мо дар як ҳолати муаллақ кор мекардем. Зеро пайваста сару садоеро аз сӯи муассиси «ВД» мешунидем, ки эҳтимоли бастани ин ҳафтанома вуҷуд дорад. Ӯ ба пешниҳоди мо, ки ҳафтаномаи «ВД»-ро ба ихтиёри ҳайати эҷоди бидиҳад, посухи рад дод. Ва пешниҳод кард, ки бар ивази пули зиёде мо онро харидорӣ кунем. Аммо мо чунин маблағро дар ихтиёр надорем. Ва баъди соли нав шумораи кормандони ҳафтнома ихтисор карда шуд. Ӯ беасос ба фаъолияти кормандон эрод мегирифт, ҳуқуқи мо ба кор ва кафолатҳои иҷтимоиро вайрон мекард. Ва мо бо як тасмими дастаҷамъона қарор додем, ки ҳайати «Чархи гардун» хориҷ шавем ва худамон ҳафтнамои «ВД»-ро мустақилона нашр кунем. Аммо боз ҳам фиреб хӯрдем, муассис ҳадафаш халос шудан аз мо ва нашри рӯзнома аз сӯи худаш будааст».

Аммо Акбари Саттор, муассиси Ҷамъияти «Чархи гардун» ҳама гуна фишор болои ҳайатои эҷодии ҳафтаномаи Вечений Душанбе» аз сӯи худро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, дар ин кормандон ба далели пеш омадани сӯитафоҳум дар марвиди усулҳои корӣ даст ба чунин иқдоме задаанд.

Оқои Саттор мегӯяд: «Эътирози асосӣ он аст, ки мо мехоҳем дар баробари «ВД» ба забони тоҷикӣ як рӯзномаи дигар роҳандозӣ кунем. Барои он, ки бозори рӯзномаи русӣ танг шудааст. Азбаски онҳо чандон ба забони тоҷикӣ балад нестанд, шояд ҳарос пайдо карданд ва фурсатро муносиб донистанд, ки пеш аз баста шудани рӯзнома раванд ва фикр карданд, ки шояд барои онҳо бурд шавад. Дар бораи фишор бояд бигӯям, ки агар фишоре мебуд, сардабири ин рӯзнома дар як сол даҳ мартаба иҷозаи рафтан ба сафари хориҷаро пайдо намекард. Вақте даҳ маротиба ба хориҷа сафар мекунад, аз кадом фишори корӣ метавон сухан гуфт».

Аз сӯи дигар, ҳайати эҷодии «ВД» дар ҳоле, ки аз корфармои худ, Акбари Саттор шикоят мекунад, ки оқои Саттор ҳамчунин раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон низ ҳаст ва ин иттиҳодия бояд манофеъи журналистонро дар чунин ҳолате ҳимоят кунад. Ба гуфтаи коршиносон, дар чунин марвид як навъ бархӯрди манофеъ миёни корфармо ва созмони ҳимоят аз журналистон пеш меояд. Ҳамза Ҳакимзода, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, роҳи оқилонаи ҳали масъала дар чунин маврид корбурди дурусти оинномаҳои ҳам муассисаи корфармо ва ҳам иттиҳодияи журналистӣ мебошад.

Аммо Акбари Саттор мегӯяд, ки ӯ ҳафтаномаи «ВД» -ро фурӯхтанӣ нест ва бо вуҷуди аз кор рафтани ҳайати эҷодии ин нашрия, талош дорад, дар вақти маъмулӣ, яъне то фардо «ВД» чоп кунад ва ба дасти хонанда бирасонад.

«ВД» ба унвони танҳо рӯзномаи баъд аз зӯҳр ё шоми Душанбе аз соли 1968 то соли 1992 ҳамчун органи нашаротии созмони Ҳизби коммунист дар Душанбе ба сурати муназзам нашр мешуд. Ва аз соли 1996 дар ҳайати Ҷамъияти «Чархи гардун» ҳафтае як бор нашр мешавад.

Радиои «Озодӣ»

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2280665.html

Эътисоби кормандони нашрияи “Вечерный Душанбе”

Гурӯҳе аз кормандони ин нашрия бо шумули сардабири он Гулнора Амиршоева ва хабарнигорон Галина Дзутсева, Екатерина Пасторова, мусаҳҳеҳ Владимира Яковлев ва тарроҳ Далер Мӯъминшоев, рӯзи 18 январ бо нашри баёнияе тасмими дастаҷамъӣ ба қатъи фаъолияти худ дар ҷамъияти «Чархи гардун», молики нашрияи «Вечерний Душанбе»-ро эълом кардаанд.

Ба гуфтаи сардабири «Вечерний Душанбе», Акбаралӣ Саттор, молики ин нашрия, дар садади тавқифи ин ҳафтанома аст ва кормандони нашрия барои нигаҳдории он даст ба чунин иқдоме задаанд.

Дар ҳамин ҳол, оқои Саттор мегӯяд қарор нест, ки вай чопи нашрияро мутаваққиф кунад ва ё касе аз кормандони онро аз кор сабукдӯш созад.

[b]»Барканории кормандон»[/b]

Аммо Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечерный Душанбе”, рӯзи чаҳоршанбеи 19 январ ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз чанд моҳ пеш бад-ин сӯ дар мавриди мутаваққиф шудани чопи нашрияи онҳо суҳбатҳое анҷом мешавад.

Вай афзуд: «Дар авоили соли ҷорӣ Акбаралӣ Саттор Екатерина Пасторова, яке аз хабарнигорони босалиқаи мо ва қабл аз вай як корманди фанниро аз кор барканор кард. Сипас, оқои Саттор ба ман гуфт, ки баъди чанде нашрияро гурӯҳе ҷадид ба чоп хоҳад расонд.»

Хонуми Амиршоева гуфт, ки шаш корманди ин нашрия ба нишонаи эътироз ду рӯз аз кор даст кашидаанд ва онҳо мехоҳанд чопи нашрияи “Вечерный Душанбе”-ро худашон анҷом диҳанд.

Аммо Акбаралӣ Саттор, муассис ва молики ин нашрия, мегӯяд, ки нашрия моли вай аст ва касе ҳақ надорад ки онро батанҳоӣ ва бидуни ӯ ба чоп расонад.

Ҳамчунин, оқои Саттор афзуд, ки хонуми Пастороваро аз кор наронда ва танҳо барои чанд иштибоҳ дар навиштани як матлаб ӯро сарзаниш ё танбеҳ кардааст.

Оқои Саттор мегӯяд: «Ман масъулият дорам, ки барои роҳ додан ба иштибоҳ дар навиштани матолиб ба хабарнигорон машварат бидиҳам ва ё онҳоро сарзаниш кунам. Аммо касеро аз кор сабукдӯш накардаам ва чопи ҳафтаномаро низ қатъ нахоҳам кард.»

[b]Ихтилофи манофеъ?[/b]

Зимнан, Акбаралӣ Саттор, ки муассис ва молики чанд нашрия маҳсуб мешавад, ҳамзамон раиси Иттиҳодияи рӯзноманигророни Тоҷикистон аст. Ин созмон, ки садҳо рӯзноманигор ва корманди расонаҳоро гирдиҳам овардааст, мантиқан бояд дар баробари корфармоён аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дифоъ кунад.

Вале ҳоло ин суол матраҳ аст, ки оқои Саттор ба унвони раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорон аз хабарнигорони эътисобкунанда ҳимоят хоҳад кард ё ба унвони молики нашрияи «Вечерний Душанбе» ба дифоъ аз манофеъи молии худ хоҳад пардохт?

Оқои Саттор дар посух ба ин суол мегӯяд: “Ман қаблан ҳам изҳор карда будам, ки наметавонам раёсати иттиҳодияро бар ӯҳда дошта бошам, аммо пофишориҳои зиёди хабарнигорон дар ҷаласаи иттиҳодия маро водор кард, ки ин вазифаро бар ӯҳда бигирам.»

«Ман қаблан ба кормандони нашрияи “Пайкон”, ки даргири баҳс бо чопхонаҳо шуда буданд, гуфта будам, ки ин баҳсро бо Шӯрои расонаҳои хабарӣ ҳал кунанд.»

Оқои Саттор мегӯяд, ки сардабири нашрияи “Вечерный Душанбе” ва кормандони он низ метавонанд барои ҳалли ин мушкил ба ин шӯро муроҷеъа кунанд.

Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон иттиҳодияҳои рӯзноманигорон навъе иттиҳодияҳои коргарӣ ё синфӣ маҳсуб мешаванд, ки дар баробари манофеъи корфармоён ё моликони расонаҳо аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ё хабарнигорон дифоъ мекунанд.

Аммо ба гуфтаи соҳибназарон, Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон як ниҳоди бозмонда аз замони Шӯравӣ аст, ки то кунун бо воқеъиятҳо ва қавоъиди ҷомеъаи сармоядорӣ, бавижа дар заминаи ихтилофи манофеъ, худро созгор накардааст.

Сонсур ва худсонсурӣ

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, яке дигар аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон, мегӯяд, ки ин созмон танҳо баёнияи кормандони нашрияро дарёфт карда ва то ҳол касе ба онҳо расман барои ҳалли ин мушкил муроҷеъа накардааст.

Оқои Қаршибоев афзуд: «Агар чунин дархостро аз мо ҷонибе бикунад, мо метавонем бо баррасии амиқи ин қазия ба тарафҳои баҳскунанда барои ҳалли мусолиматомези он кумак кунем.»

Аммо дар ҳоле ки солҳои ахир дар Тоҷикистон даъвоҳои додгоҳӣ миёни шокиён ва хабарнигорон афзоиш ёфтааст, соҳибназарон бо ишора ба ин мушкил ба коҳиши матолиби интиқодӣ дар ҳафтаномаҳои ин кишвар ишора мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, хабарнигорон аз бими муҳокима нашуданашон даст ба худсонсурӣ мезананд.

Дар баёнияи хабарнигорони нашрияи “Вечерный Душанбе” низ ба ин мавзӯъ ишора шудааст, ки онҳо ҳамвора ба ҳангоми чопи матолиби марбут ба вазъи иҷтимоъию иқтисодӣ бо сонсур мувоҷеҳ шудаанд.

“Вечерный Душанбе” яке аз нашрияҳои кӯҳантарини чопи Душанбе буда 43 сол инҷониб дар Тоҷикистон нашр мешавад. Дар даврони Шӯравӣ ин ҳафтанома ба унвони рӯзномае мунташир мешуд ва дар он тозатарин ахбор ва матолиби таҳлилӣ аз пойтахти Тоҷикистони шӯравӣ мунташир мешуд.

Радиои Би-Би-Си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/01/110119_zkh_massmedia_newspaper.shtml

Эътирози кормандони «Вечерний Душанбе» муқобили Акбаралӣ Сатторов

Кормандони нашрияи «Вечерний Душанбе» дар ҳайати сардабири ҳамин нашрия Гулнора Амиршоева, хабарнигорон Галина Дзутсева, Екатерина Пасторова, мусаҳҳеҳ Владимир Яковлев ва саҳифабанд Далер Муминшоев 18-уми январи соли 2011 дар бораи қатъ кардани фаъолияти меҳнатияшон дар ҶММ «Чархи гардун» аз сабаби муносибати дағалонаи муассиси нашрия изҳороти дастҷамъона пахш намуданд.

Аз ҷумла, дар изҳорот омадааст: «Мо аз фишороварии пайвастаи роҳбари кулли ҶММ «Чархи гардун» Акбаралӣ Сатторов нисбати мо тайи солҳои охир комилан розӣ нестем. Аз он ҷумла, аз ҷониби ӯ хӯрдагирии беасос ба рӯзноманигорон ва дигар кормандон, аз кор озод намудани ҳайати эҷодӣ аз сабаби хусуматҳои шахсӣ, роҳандозӣ намудани сензура ҳангоми таҳияи маводҳои мушкилоти иқтисодӣ-иштимоидошта ба хашм омадем».

Ҳамчунин, дар идомаи изҳорот гуфта мешавад: «Дар асоси ҳамин проблемаҳои ҷойдошта ҳайати кормандони нашрия ба ҳадди ниҳоӣ кам карда шуд. Мӯҳтавои нашрия ба маротиб коҳида, ба шӯҳрати ин нашрия ва обрӯи ҳайати эҷодӣ латма ворид намудааст».

Тибқи ин изҳорот, тайи ин муддат сардабири нашрия Гулнора Амиршоева ва рӯзноманигорон аз соҳибмулки нашрия чандин бор даъват ба амал овардаанд, ки шароити мусоиди корӣ ва техникиро ба роҳ монад, аммо аз ҷониби муассис ин пешниҳод рад карда шудааст.

Охирин сабри ҳайати эҷодии рӯзномаро эроди Акбаралӣ Саттров дар бораи бастани нашрия аз сабаби фоидаовар набудани он барҳам задааст.

Ба гуфтаи Г. Амиршоева, дар сӯҳбати охиронаш А. Сатторов изҳор доштааст, ки нашрияро аз сабаби зараровар буданаш ба ивази маблағи калон мефурӯшад ё нашри онро боз медорад.

«Мо ҳайати эҷодии нашрия тайи солҳои охир дар ин нашрия собитқадамона кор мекунем ва шӯҳрати онро боло бардоштем. Қобили қабул нест, ки нашрияи «Вечерний Душанбе»-ро банданд», — гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар поёни изҳорот кормандони нашрия гуфтаанд, ки тайёранд чопи мустақилонаи ҳафтаномаро бар дӯш бигиранд ва ҳамзамон аз ҳамкорон — рӯзноманигорон ва созмонҳои ҷамъиятӣ хоҳиш кардаанд, ки ин тасмимро дастгирӣ намоянд.

TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=10812&Itemid=30

НАҚШИ ИНТЕРНЕТ ДАР АСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ

Душанбе 2010

ББК 76.0+76.029
Р – 68

Таҳти таҳрири Нуриддина ҚАРШИБОЕВ, Раиси АМВАОМТ

Мураттибон: А.Воҳидов, Н. Қаршибоев, З.Мӯъминҷонов, Н.Раҳмонбердиева, М.Шодиев.

Мутарҷим: Р.Махсумов

Муҳаррири масъул: А.Воҳидов

Мусаҳҳеҳ: Гулрухсори Нуриддин

Нақши Интернет дар дастрасӣ ба иттилоот

Рисола дар чорчӯбаи лоиҳаи «Вусъат додани дастрасӣ ба иттилоот дар Интернет», бо дастгирии Намояндагии «Internews Network» дар Тоҷикистон, аз ҳисоби маблағҳои Агентии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) интишор шуд. Ройгон паҳн карда мешавад.

Нақши Интернет дар дастрасӣ ба иттилоот (бо забони тоҷикӣ), 68 саҳифа. Теъдод 300 нусха.

Рисола ҷамъбасти натиҷаи лоиҳаи «Вусъат додани дастрасӣ ба иттилоот дар Интернет», бо дастгирии Намояндагии «Internews Network» дар Тоҷикистон мебошад. Рисола ҷиҳатҳои мухталифи дастрасӣ ба Интернет – ҳамчун сарчашмаи алтернативии ахборро фаро гирифта, барои доираи васеъи хонандагон пешбинӣ гаштааст. Дар рисола натиҷаҳои пурсиш ва тадқиқот, мақолаҳо ва андешаҳои коршиносон, инчунин ҳуҷҷати ҷамъбастии «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Дастрасӣ ба Интернет: дастовардҳо ва дурнамо» гирд оварда шудаанд.

© АМВАОМТ

Барои дастрас намудани намунаи чопии рисола ба дафтари АМВАОМТ муроҷиат кунед.

Нишонаи мо: ш.Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода, 34. Тел.: 221-37-11

ДАСТРАСӢ БА ИНТЕРНЕТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Озодии иттилоот озодона ҷустуҷӯ кардан, озодона дастрас намудан ва озодона интишор додани маълумотро дар назар дорад, ки он мабдаи асосии озодии сухан ва баёни андеша мебошад. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии сухан ва баёни андеша дар чунин ҳуҷҷатҳои байналмилалии амсоли Эъломияи ҳуқуқи башар ва моддаи 19 Аҳдномаи байналимилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ кафолат дода шудааст. Аҳдномаи байналимилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро Тоҷикистон соли 1999 эътироф намуда, бо ҳамин ӯҳдадор гардид, ки иҷро гаштани онро таъмин менамояд.

Барои татбиқ гаштани ҳуқуқи шаҳрвандон ба иттилоот бояд заминаҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва амалии дастрасӣ ба иттилоот, аз он ҷумла ба Интернет- ҳамчун сарчашмаи дигари ахбор ба вуҷуд оварда шавад. Мутаасифона, вақте сухан дар бораи дастрасӣ ба иттилоот меравад, ҳамеша дастрасии ВАО ба сарчашмаҳои иттилоот ба назар гирифта шуда, ӯҳдадориҳои давлат оид ба таъмин намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба иттилоот фаромӯш мегардад. Дар ин замина, аз як тараф масъалаи шаффофият ва таҳти ҳисоботқарор доштани ҳукумат ба миён омада, аз тарафи дигар масъалаи решакан намудани беэътимодии шаҳрвандон ба қонунҳоро таъмин намудан зарур аст, то ин ки онҳо аз ҳуқуқи одамони огоҳ будан истифода бурда, дар ҷараёни қабул кардани қарорҳо иштирок кунанд.

Ҳамин тадқиқотро Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) моҳи сентябри соли 2010 дар чорчӯбаи лоиҳаи «Вусъат додани дастрасӣ ба иттилоот дар Интернет», бо дастгирии Намояндагии «Internews Network» дар Тоҷикистон барпо намуд. Тадқиқот ба ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва амалии фаъолияти Интернет дар Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи дигари ахбор бахшида шудааст. Асоси методологии тадқиқотро пурсиш ба воситаи анкета, мусоҳиба бо ширкаткунандагони пурсиш, мубоҳисаҳо дар фокус-гурӯҳҳо бо истифодаи хизматрасонии Интернет ташкил дод. Истифодабарии технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ба тадқиқотчиён имконият дод, ки барои таҳлил маълумоти мукаммал ва саҳеҳ ба даст оранд. Дар чорчӯбаи лоиҳа рушди Интернет ва масъалаи дастрасӣ ба он дар Тоҷикистон дар 10 соли охир (солҳои 2000-2010) мавриди тадқиқ қарор дода шуд.

Дар тӯли 10 соли охир дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Тоҷикистон тағйироти ҷиддӣ ба амал омадааст. Масалан, агар дар анҷоми солҳои 90-и асри гузашта дар бозор ҳамагӣ 1 ширкати дастраскунандаи Интернет ва 1 оператори алоқаи рақамӣ фаъолият дошта бошанд, пас инмрӯз миқдори онҳо аз 10 гузаштааст. Ҳамаи дастраскунандагони Интернет ва операторон дар фаъолияташон аз технлогияҳои пешқадами муосир истифода мебаранд.

1. ҶАНБАҲОИ ҲУҚУҚИИ ДАСТРАСӢ БА ИНТЕРНЕТ

Ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъолияти Интернет дар заминаи қонунгузории амалкунандаи танзимкунандаи фаъолияти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бунёд гаштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули қонунгузорӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҳанӯз аз соли 1999 ёфта буд. Дар тӯли 10 сол дар ин самт 7 қонун ва як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардид. Фаъолият дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, аз он ҷумла Интернет тибқи қонунҳои зерин танзим карда мешавад:

— Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилоотонӣ» аз 6 августи соли 2001;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилоот» аз 10 апрели соли 2002;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» аз 10 майи соли 2002;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи алоқаи барқӣ» аз 10 майи соли 2002;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иттилоот» аз 2 декабри соли 2002;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30 июни соли 2007 года – 18 июня 2008;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» аз 18 июни соли 2008.

Илова бар ин, барои минбаъд рушд кардан ва татбиқ намудани меъёрҳои асосии қонунҳои мазкур дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, аз он ҷумла:

Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи чораҳои таъмин намудани дастрасӣ ба шабакаҳои ҷаҳонии иттилоотӣ» (аз 16 сентябри соли 1999. №1347)

Бо Фармони мазкур бо мақсади таъмин намудани дастрасӣ ба шабакаҳои ҷаҳонии иттилоот ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар сохтори дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ маркази иттилоотию техники рушд ва хизматрасонии системаи автоматикунондашудаи омодасозии ҳуҷҷатҳо таъсис дода шуд. Ба зиммаи маркази мазкур вазифаи провайдери Интернет барои мақомоти идораи давлатӣ, аз он ҷумла хизматрасонии почтаи электронӣ (E-mail) вогузор гаштааст. Фармон аввалин ҳуҷҷати Ҳукумати ҶТ (мутобиқи замонаш) дар бораи ба шабакаи ҷаҳонӣ расман ворид шудани ҷумҳурӣ мебошад.

Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъсис додани шабакаи ҷумҳуриявии интиқоли маълумот ва чорабиниҳо оид ба танзим намудани дастрасӣ ба шабакаҳои ҷаҳонии иттилоотӣ» (аз 8 августи соли 2001. №389)

Қарори мазкур бо мақсади иҷро кардани Фармони Президент қабул гашт, ки дар бораи он дар боло аллакай маълумот дода шуд. Дар асоси Қарор дар заминаи Ҷамъияти саҳомии навъи кушодаи (ҶСШК) «Тоҷиктелеком» шабакаи ҷумҳуриявии интиқоли маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. ҶСШК «Тоҷиктелеком» ба ҳайси оператори давлатии шабакаи ҷумҳуриявии интиқоли маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гаштааст. Бо ҳамин Қарораш Ҳукумат инчунин қоидаҳои хизматрасонии Интернетро дар қаламрави мамлакат тасдиқ намуд.

Ба андешаи коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, Қоидаҳои мазкур тартибу қоидаҳои расондани хизматҳои Интернет, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои провайдерони (дастраскунандагони) хизматҳои Интернет, инчунин ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои мизоҷон танзим карда шудааст. Вале қайд намудан зарур аст, ки хосиятҳо, мӯҳтаво ва ҳаҷми ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои мазкур ба воқеияти имрӯза пурра мутобиқат намекунанд, аз ин рӯ, бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷумдар тӯли 10 соли охир, ба тағйирот ва иловаҳо ниёз дорад.

Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 5 ноябри соли 2003. №1174)

Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки бо Фармони мазкур тасдиқ гаштааст, бо мақсади «ҷорӣ намудан ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа истифода бурдани технологияҳои иттилоотӣ, техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсияҳо, нисбатан пурратар таъмин намудани ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеа» қабул гаштааст.

Муқаррароти муҳими Стратегия меъёри он дар бораи вазифаи асосии танзимкунии робитаи байниҳамдигарии иттилоотӣ ба вуҷуд овардани шароит барои ташаккулёбии кафолатҳои ҳуқуқи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар ин соҳа мебошад. Принсипи масъул будани мақомоти иҷроия барои боэътимодӣ, шаффофият, пуррагӣ ва рӯзмаррагии иттилооти пешниҳодкардаашон бояд муқаррар карда шавад.

Барои мусоидат намудан ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҷузъҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, Стартегия, бо мақсади дар байни соҳаҳои гуногун ба вуҷуд овардани муносибатҳои шарикона, ба таври самаранок истифода бурдани технологияҳои иттилотию коммуникатсиониро пешбинӣ менамояд.

Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тасдиқ намудани Консептсияи амнияти иттилоотии ҶТ» (аз 7 ноябри соли 2003. №1175)

Консептсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи нуқтаҳои назари расмӣ ба ҳадафҳо, вазифаҳо, принсипҳо ва самтҳои асосии таъмини амнияти иттилоотии мамлакат мебошад.

Чунин консептсия бо мақсаде таҳия карда шудааст, ки дар заминаи он сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур ташаккул дода шавад; омода намудани таклифу пешниҳодҳо оид ба таъмини ҳуқуқӣ, методӣ, илмию техникӣ ва ташкилии амнияти иттилоотӣ ва таҳия намудани барномаҳои мақсадноки таъмини амнияти мазкур.

Дар консептсия истилоҳоти «амнияти иттилоотӣ», намудҳо ва сарчашмаҳои таҳдидҳо, инчунин вазъи амнияти иттилоотии ҶТ ва вазифаҳои асосиии таъмини он муайян карда шудаанд. Аз ҷумла, қайд гаштааст, ки сатҳи амнияти иттилоотӣ ба талаботи ҷомеа ва амнияти давлат пурра ҷавобгӯ нест. Танзимкунии номукаммали меъёрию ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи иттилооти омма масъалаи дар ҳудуди мамлакат ташаккул додани агентиҳо ва ВАО рақобатпазирро душвор мегардонад.

Ба қатори камбудиҳои мазкур инчунин таъмини номукаммали ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасӣ ба иттилоот ва он шароитеро дохил намудан мумкин аст, ки ҳангоми татбиқ намудани сиёсат дар соҳаи интегратсияи муҳити иттилоотии ҶТ бо муҳити иттилоотии байналмилалӣ саҳеҳӣ мавҷуд нест.

Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 30 июни соли 2004. №290)

Барномаи мазкур баҳри таъмини амнияти иттилоотии ҶТ дар асоси талаботи банди 2 Фармони Президенти ҶТ (аз 7 ноябри соли 2003, №1175) «Дар бораи Консептсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мураттаб гаштааст.

Барнома ба татбиқ намудан ва дастгирӣ кардани асосҳои сиёсати давлатӣ оид ба таъмини амнияти иттилотии ҶТ, инчунин бо мақсади мукаммал гардондани чорабиниҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва муҳандисию техникӣ дар соҳаи мазкур нигаронда шудааст.

Дар Барнома вазифаҳо ва самтҳои асосии татбиқшавии он муайян карда шудааст. Нақшаи чорабиниҳои асосии Барнома барои солҳои 2005-2010 мураттаб гаштааст. Татбиқ гаштани Барнома мебоист идораи амнияти давлатиро дар маҷмӯъ, қобилияти муҳофизатии онро таъмин намуда, барои рушди ҳамкории байниҳамдигарии ҶТ бо дигар давлатҳо дар соҳаи ҳифзи иттилоот шароит ба вуҷуд орад.

Назорат ва ҳамоҳангсозии корҳо ба зиммаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати ҶТ, ки Фармоишгари давлатии барнома мебошад, вогузор гаштааст.

Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқ намудани рушд ва дар амал ҷорӣ гаштани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҶТ» (аз 3 декабри соли 2004. №468)

Мақсади асосии Барнома ба вуҷуд овардани шароит барои баланд бардоштани фаъолияти босамари мақомоти ҳукуматӣ ва идора бо роҳи ба таври оммавӣ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошад.

Дар Барнома технологияҳои иттилоотии афзалиятнок муқарррар карда шуда, тавсифи сервисҳо ва хизматҳои иттилоотӣ пешниҳод гаштааст. Дар он ба масъалаҳои муайян намудани вазифаҳои амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоот аҳамияти калон дода шуда, низоми иттилоотии идораи давлатӣ инъикос гаштааст. Тавсифи рақамии фарогирии минтақаҳои ҶТ бо техникаи компютерӣ, операторони рақамӣ ва Интернет нишон дода шудааст. Дар Барнома инчунин таъминоти кадрҳои ҷараёни иттилоотонии мақомоти ҳокимияти ва идораи давлатӣ нокифоя арзёбӣ гаштааст.

Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тасдиқ намудани Консептсияи давлатии сиёсати иттилоотӣ» (аз 30 апрели соли 2008. №451)

Консептсия «бо он мақсад таҳия гаштааст, ки идораи самраноки давлатии ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотию таҳлилии дастгирӣ намудани қарорҳои идорӣ, рушди устувори иқтисодӣ, афзалиятнокии манфиатҳои давлатӣ ва амнияти миллӣ таъмин карда шавад». Сиёсати давлатии иттилоотӣ, мутобиқи консептсия, масъалаҳои марбути фаъолияти ВАО, ҷузъҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба иттилооти ба таври оммавӣ дастрас, инчунин ҷиҳатҳои алоҳидаи амнияти иттилоотиро дар бар мегирад. Консептсия вазифаҳои афзалиятноки давлатиро муқаррар мекунад, ки аз байни онҳо «таъмини ниёзҳои ҷамъиятӣ ва шахсии иттилоотӣ»-ро ҷудо кардан зарур аст.

Дар Консептсия қайд гаштааст, ки аксари масъалаҳои ба озодии дастрасии журналистон ба иттилоот, ҳимояи шаҳрванд ва ҷомеа аз иттилои бардурӯғ ва бемасъулият то ҳол ҳаллу фасл карда нашудааст. Масъалаи иттилоотонии аҳолӣ дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимият ва ғайраҳо муҳим боқӣ мемонанд.

Натиҷаҳои таҳлили ҷиҳатҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистонро ҷамъбаст намуда, қайд кардан мумкин аст, ки дар амал истифода бурдани аксари санадҳои қонунӣ ва зерқонунӣ минбаъд низ беҳбудӣ талаб мекунанд, зеро механизмҳои татбиқ намудани онҳо то ҳол ба вуҷуд оварда нашудааст. Инчунин шаҳрвандон дар бораи қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ огоҳ нестанд. Боз як омили дигари муҳим: на ҳамаи роҳбарон ва мутахассисони мақомоти давлатӣ дорои малакаи самаранок истифода бурдани қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошанд.

2. ҶАНБАҲОИ ТЕХНИКИИ ДАСТРАСӣ БА ИНТЕРНЕТ

Тибқи маълумоти коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, дар бозори Тоҷикистон технологияҳои зерини дастрасӣ ба Интернет истифода мешаванд: хатҳои тафсиршаванда (тибқи занг задан), бо хатти ҷудошуда аз рӯйи технологияи xDSL, бо радиоканалҳо ва WiMAX. Илова бар ин, стандартҳои зерини алоқаи рақамии амсоли GSM, CDMA 20001Х, CDMA450, AMPS, 3G-UMTS, 3G-HSDPA/3G-HSUPA истифода мешавад.

Интернет дар Тоҷикистон ба магистрали байналмилалӣ ба воситаи каналҳои моҳворавӣ ва шабакаҳои оптоволоконӣ пайваст карда шудааст. Санаи оғози расондани хизматҳои дастрасӣ ба Интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воли 1995 мебошад. Ҳамон сол «CАDА» (Агентии оид ба рушди Осиёи Марказӣ) дар Тоҷикистон ба расондани хизмати почтаи электронӣ оғоз намуд. Тавлиди дубораи Интернетро дар Тоҷикистон ба рӯзи 23 декабри соли 1998 марбут медонанд. Дар рӯзи мазкур Интернет сервис провайдери «Телеком текнолоҷи» бори нахуст дар мамлакат дар пойтахти кишвар дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳониро таъмин намуд. Ҳоло барои истифодабарандагони Интернет ба шабакаи ҷаҳонӣ ворид шудан кори мушкил нест, вале он ба сифати хизматрасонии провайдерон алоқаманд аст.

Бо мақсади рушд кардани шабакаҳои миллии магистрали телекоммуникатсионӣ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳои Тоҷикистон лоиҳаи нав кардан ва рақамӣ намудани шабакаҳои телекоммуникатсионии «Тоҷиктелеком»-ро татбиқ намуда истодааст, ки лоиҳаи мазкур барои солҳои 2006-2010 пешбинӣ шудааст. Марҳила ба марҳила сохтани шабакаи баландсуръати ҷумҳуриявии оптоволоконӣ идома дорад. Амалан, ҳамаи вилоятҳо ва марказҳои калони ноҳиявӣ аллакай бо каналҳои баландсуръати алоқа пайваст карда шудаанд.

Дар ғарби мамлакат шабака бо TAE (The Fiber Optical Cable System Trans Asia Europe) транзистор ба воситаи Ӯзбекистон пайваст карда шудааст. Боз як пайвастшавии дигар бо транзистор ба воситаи Қирғизистон дар шарқи мамлакат ба нақша гирифта шуда, он сохтмони магистрал ба воситаи гурӯҳи навоҳии води Рашт то ноҳияи Ҷиргатолро дар бар мегирад. Ҳамин гунна пайвасткунӣ дар шарқи мамлакат бевосита ба ТАЕ дар Хитой (ба воситаи Мурѓоб ва ағбаи Қулма) пешбинӣ гаштааст. Магистрал аллакай бунёд шуда, вақтҳои наздик аз тарафи Хитой пайваст карда мешавад. Дар ҷануби мамлакат пайваст кардани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба магистрали миллии оптоволоконӣ (нурӣ) татбиқ гаштааст.

Интернет сервис провайдерони тиҷоратӣ ҳам шабакаҳои миллии интиқоли маълумот, асосан шабакаҳои нуриро (оптоволоконные), инкишоф медиҳанд. Ҳоло дар мамлакат беш аз 10 Интернет сервис провайдерон фаъолият доранд, ки «Вавилон-Т», «Сатурн», «Истера», «Интерком», «Телеком Технолоҷи Ltd» ва «Геймлайн» нисбатан фаъол мебошанд. Баъзе аз ширкатҳои мазкур инчунин ба каналҳои беруна ба воситаи мамлакатҳои ҳамсоя пайваст шуданро фаъолона инкишоф медиҳанд.

Дастрасӣ ба каналҳои берунаи алоқа маҳдуд аст ва нақшаҳои таруфаҳои пешниҳоднамудаи Интернет сервис провайдерон маҳз ба суръати дастрасӣ ба каналҳои беруна алоқаманд мебошад. Дар баробари он, то мобайни соли 2009 каналҳои асосии беруна ба воситаи каналҳои моҳворагии алоқа мегузаштанд. Бо ҳамин сабаб нархи дастрасӣ ба Интернет то ин вақт баланд буд. Тахминан дар нимаи соли гузашта ба воситаи Ӯзбекистон ба каналҳои алоқаи нурӣ гузаштанд. Дар натиҷа нархи Интернет қариб 45 фоиз арзон гардид. Дар асоси тадқиқоти дар муҳити Интернет сервис провайдерон гузарондашуда, нишондодҳои ҳадди ақали суръат ба таври зерин аст: боргирӣ аз канали моҳворавӣ – дар як сония 2400 kb, боргирӣ аз канали нурӣ дар як сония — 4 000 kb мебошад. Барои аз канали моҳвораӣ пайваст кардан дар як сония — 4000 kb, барои пайваст аз канали нурӣ дар як сония — 4000 kb мебошад. Нишондиҳандаҳои ҳадди аксар: барои боргирӣ – дар як сония 162 868 kb, барои пайваст ба шабака дар як сония 124 992 kb (Вавилон-Т) мебошад.

Провайдерони пешқадами мамлакат имрӯз ҳангоми дастрас кардани Тоҷнет ягон маҳдудият ба пеш намегузоранд. Маҳдудиятҳои мавҷуда ба сабабҳои имкониятҳои пайвастшавии таҷҳизот алоқаманд аст. Масалан, ҳангоми истифода бурдани ADSL дар як сония 8 Мб ахбор гирифтан ва дар як сония ба шабака 1 Мб ахбор гузоштан мумкин аст.

Тибқи андешаи коршиносон, аз нав таҷҳизондани стантсияҳои алоқаи телефонӣ бо технологияҳои рақамӣ ва нав кардани хатҳои магистралӣ ҷаҳиши бузург гардид. Ҳамаи корҳои мазкур дар мобайни солҳои 2000, бо дастгирии фаъолонаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба амал омад. Тавассути қарзи додаи намояндагии бонки мазкур ҶСШК «Тоҷиктелеком» тамоми инфрасохторашро дар мамлакат комилан таҷдид намуд. Омили дуюм пайваст гаштан бо шабакаҳои нурии интиқоли маълумот мебошад. Дар маҷмӯъ, ҷорӣ гаштани технологияҳои мазкур барои афзоиши шумораи истифодабарандагони Интернет дар ҶТ мусоидат намуд. Арзиши хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет яку якбора паст фуромада, арзиши таҷҳизоти мизоҷон ҳам ба маротиб поён рафт.

Ба андешаи коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди минбаъадаи шабакаҳо ва баромадан ба каналҳои байналмилалии алоқа ба воситаи Қирғизистон ва Хитой ба минбаъд боз ҳам пасттар шудани нархҳои Интернет ва афзоиши устувории каналҳои берунаи алоқа мусоидат хоҳад кард. Рушди пайвастшавӣ ба шабакаҳои беруна ба афзудани имкониятҳои транзитии мамлакат ҳам мусоидат менамояд.

Тоҷикистон дар қаламрави шӯравии собиқ аввалин мамлакате мебошад, ки дар он шабакаҳои насли 3, ё тавре онро насли «гузариш» (3,5G) (3G-UMTS/3,5G-HSDPA) меноманд, истифода мешавад. Шабакаҳои аввалини стандарти 3,5G ҳанӯз соли 2005 истеҳсол шуданд. Айнан дар ҳамон вақт ду оператори GSM — «ТТ-Мобайл» (ТМ «МЛТ») ва «Вавилон-М» ба фаъолият шурӯъ карда буданд. 15 июни соли 2005 МЛТ («ТТ-Мобайл») дар ш. Душанбе дар шабакаҳои 3G дар ҳудуди шӯравии собиқ аввалин занги видеоиро татбиқ намуд. Баъд аз гузаштани чанд вақт шабакаҳои 3G-ро операторони стандарти CDMA (CDMA 2000х) низ ҷорӣ намуданд. Баъд аз 2 соли дигар «Вавилон-М» ва «ТАКОМ» (ТМ «Билайн») шабакаи стандарти 3,5G ҷорӣ намуданд.

Баъд аз ба истифода супоридани шабакаҳо ба истифодабарандагон сервисҳои амсоли видеотелефония, дастрасии баландсуръат ба Интернет ва ғайраҳо дастрас гаштанд. Ҳоло дар мамлакат 4 адад GSM-оператори алоқаи рақамӣ — «Вавилон-М», «МЛТ», «Tcell» ва «Билайн» фаъолият мекунанд, ки онҳо аз технологияҳои мазкур истифода мебаранд. Мутобиқи ҳисоботи вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳо, шумораи умумии истифодабарандагони хизматҳои 3G ба 1 миллион нафар одам расидааст.

Ширкатҳои «Вавилон-T» ва «Интерком» аввалин шуда шабакаи насли 4-умро татбиқ намуданд, ки он дар заминаи технологияи WiMAX фаъолият карда, аз соли 2007 инҷониб хизмат расонда истодааст. Ҳарчанд, ки технологияҳо аллакай 2 сол инҷониб дастрас мебошанд, вале онҳо ба таври воқеӣ танҳо дар соли гузашта, дар баробари пайдо шудани таҷҳизоти нисбатан арзон ҷорӣ карда шуданд. Мутаасифона, дар бораи миқдори истифодабарандагони шабакаҳои мазкур маълумот мавҷуд нест. Мушкил он аст, ки провайдерон мизоҷонашонро аз ҷиҳати истифодабарии ин ё он технологияи дастрасӣ ҷудо намекунанд.

Имрӯз 4 адад Интернет сервис провайдерон – «Вавилон-Т», «Интерком», «Геймлайн» ва «Телекомтехнолоджи» ба воситаи технологияи WiMAX хизмати дастрасӣ ба Интернет мерасонанд. Қайд намудан зарур аст, ки аз байни ширкатҳои мазкур ширкати «Геймлайн», ки соли 2009 таъсис ёфта буд, танҳо дар асоси технологияи WiMAX хизмат мерасонад. Ба андешаи аксарияти мутахассисон, минбаъд боз ҳам арзон шудани таҷҳизоти дастрасии технологияҳои мазкур метавонад ба таври ҷиддӣ ба афзоиши шумораи истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон таъсир расонад.

3. ҶАНБАҲОИ АМАЛИИ ДАСТРАСӢ БА ИНТЕРНЕТ

Дар Тоҷикистон беш аз 10 ширкат ба таври воқеӣ хизмати Интернет мерасонанд. Рӯйихати провайдерон мутобиқи маълумоти муаллифони тадқиқоти омодагии электронии Тоҷикистон дар Ҷадвали № 1 нишон дода шудааст. Ба андешаи онҳо, миқдори Интернет сервис провайдерон мудом табдил меёбад, зеро дар бозор ширкатҳои нав зуҳур намуда, ширкатҳои «кӯҳна» аз байн мераванд. Рӯйихати мазкур дар миёнаи соли 2010 мураттаб карда шудааст.

Интернет-сервис провайдер Соли оғози хизмат-расонӣ Сомонаҳо
1 Вавилон-Т 2000 http://www.babilon-t.tj
2 Тољиктелеком 2003 http://www.tajiktelecom.tj
3 Интерком 1999 http://www.intercom.tj
4 Телеком Технолољи 1994 http://www.tajnet.com
5 Истера 2003 http://www.eastera.tj
6 ТАРЕНА 2002 http://www.tarena.tj
7 Сатурн Онлайн 2004 http://www.saturn.tj
8 Гейм Лайн 2009 http://www.gameline.tj
9 Компи Ворд 2003 http://www.cw.tj
10 Комсител 2000 http://www.cst.tj/
11 Анљумани Интеллект 2002 http://hujand.net/

Ҷадвали 1. Феҳристи Интернет-сервис провайдерони фаъол

Дар Тоҷикистон ду провайдер ба воситаи технологияи навтарини WiMax имконияти дастрасӣ ба Интернет медиҳанд. Инчунин 4 оператори алоқаи мобилӣ тибқи технологияҳои GPRS ва 3G ва 2 оператор ба воситаи технологияи 3.5G хизмати дастрасӣ ба шабака мерасонанд. Маълумоти мазкур дар мақолаи журналист Равшан Абдуллоев (www.newevrasia.net/ru/media) оварда шудааст. Тибқи маълумоти нишондодаи муаллиф, дар минтақаи Интернети Тоҷикистон – ТJ ҳоло қариб панҷ ҳазор номҳои доменӣ сабт шудааст. Вале ҳамагӣ 100 адади онҳо фаъолият мекунанд ё ягон маълумот доранд.

Дар Тоҷикистон оператори миллии «Вавилон-Т» (http://www.babilon-t.tj) маъруфтарин провайдери Интернет шинохта шуда, дар бозор номгӯйи пурраи хизматҳои баландсифати телекоммуникатсионӣ мерасонад. Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи “ISP TELECOMM TECHNOLOGY Ltd.”, ки соли 1994 таъсис ёфта, аввалин Интернет провайдери Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (http://www.tajnet.com), низ дар бозор номгӯйи пурраи хизматҳои баландсифати телекоммуникатсионӣ мерасонад

Гурӯҳи минбаъадаи провайдерони маъруф ширкати Saturn-Online (http://www.saturn.tj) аст, ки ҳамаи хизматҳои сатҳи ҷаҳонии амсоли Frame Relay, АТМ ва хизмати дастрасӣ ба шабакаи Интернет ва «Тоҷиктелеком» мерасонад. Щиркати «Тоҷиктелеком» (http://www.tajiktelecom.tj) оператори миллии телекоммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки шабакаи он тамоми қаламрави ҷумҳуриро фаро гирифта, намудҳои пурраи хизматҳои амсоли алоқаи телефонии шаҳрӣ ва деҳот, алоқаи байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, почтаи электронӣ ва дастрасӣ ба шабакаи Интернет, радиошунавонӣ, алоқаи телефонӣ ва телекс мерасонад.

Тибқи рейтинги маъруфият ширкатҳои Интерком, бузургтарин оператори IP-телефонияи Тоҷикистон ва Интернет сервис провайдер (http://www.intercom.tj) ва «Истэра», ки номгӯйи пурраи хизматҳои дастрасӣ ба Интернет дар хатҳои ҷудошуда, хDSL, радиоӣ (бесим), LAN ё «диал-ап», IP-телефония; почтаи электронӣ; ВЕБ хостинг (http://www.eastera.tj) мерасонад, дар рӯйихат ҷойҳои минбаъдаро ишғол менамоянд.

Дар байни ширкатҳои мазкур MKF Networks, CompuWorld, TARENA, ҶСШП «КомСиТел ва Филиали ҶСШК «Тоҷиктелеком» ҷойҳои нисбатан пасттарро ишғол менамоянд.

Аз рӯйи нишондиҳандаи босифатии хизматрасонии мобилӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ширкатҳои «Вавилон-М» барои сервиси ба таври бефосила фаъолияткунанда ва сифати аъло ва бо нархҳои арзон (http://www.babilon-m.tj) хизматрасонанда ва Ширкати «Индиго Тоҷикистон (Т-сеLL), ки моҳи ноябри соли 2001 аз тарафи корпоратсияи амрикоии МСТ ва Фонди Оғохон оид ба Рушди Иқтисодӣ таъсис дода шудааст, ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд. Бо вуҷуди рақобати баланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати «Индиго Тоҷикистон (Т-сеLL) ба яке аз операторони пешқадами алоқаи рақамии стандартӣ GSM (http://www.indigo.tj) табдил ёфта, он минбаъд ба Tcell (http://www.tcell.tj) ном гирифт.

ҶСШП «TT mobile» — ширкати муштараки Росия ва Тоҷикистон, ки бо мусоидати фаъолонаи Ҳукумат ва Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, дар ҷадвал мақоми минбаъдаро ишғол менамояд. Оператори миллии ҶСК «Тоҷиктелеком» ва оператори аввалини алоқаи мобилии Россия ҶСК «МегаФон» (http://www.mlt.tj) саҳомони Ширкати «TT mobile» мебошанд. Ҷойҳои минбаъдаро мутобиқан ширкатҳои ҶММ «Таком» — Beeline (http://www.beeline.tj), ЗАО «М.Теко» (http://www.mteko.tj) ишғол менамоянд.

Ширкати «SkyTel» (http://www.skytel.tj), аввалин GSM-оператори Тоҷикистон — «Индиго Сомонком» (http://www.somoncom.com) – ҳоло ширкати мазкур ба ҳайати Tcell ворид мешавад ва Ширкати ТК-Мобай – аввалин ширкати мобилии Тоҷикистон аз рӯйи стандарти СДМА (http://www.tk-mobile.tj) фаъолияткунанда мебошанд.

Масъалаи миқдори истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон дар бораи сатҳи воридшавӣ бояд мавриди баррасӣ алоҳида қарор дода шавад. Ҳоло тибқи сарчашмаҳои гуногун дар Тоҷикистон то 600 ҳазор истифодабарандагони Интернет мавҷуд аст. Зикр кардан зарур аст, ки рақами мазкур дар солҳои гуногун нишон дода мешавад. Масалан, дар маълумотҳои барои соли 2008 нишондодаи сомонаи Раёсати Марказии Иктишофи ИМА https://www.cia.gov/library /publications/the-world-factbook/rankorder/2153rank. html?countryName=Tajikistan& countryCode= ti®ionCode =cas&rank=103#ti, ва маълумоти соли 2009 нишондодаи сомонаи мазкурhttp://www.internetworldstats.com/ asia/tj.htm ва маълумоти барои соли 2010 нишондодаи сомонаи Index Mundi — http://www.indexmundi.com /tajikistan/internet_users.html рақами мазкур оварда шудааст. InternetWorldStat бошад ҳангоми овардани шумораи истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон ба маълумоти Иттифоқи байналмилалии алоқаи барқӣ ITU – http://www.itu.int/ ишора кардааст, Index Mundi бошад ба маълумоти маълумоти Раёсати марказии иктишофи ИМА ишора кардааст. Дар моҳи декабри соли 2009 бошад 3700 обуначиён (дар хориҷа истилоҳи subscribers – обуначӣ истифода мегардад) мавҷуд буданд. Вале дар ҷараёни тадқиқоти барпошуда маълумоти нисбатан дигар ба даст омадааст. Масалан, дар ҷараёни пурсиши аҳолии(1332 ширкаткунанда) кӯчаҳои шаҳрҳои Тоҷикистон маълум гашт, ки 73 фоизи ширкаткунандагон ақаллан як маротиба аз Интернет истифода бурдаанд. Аҳолии мамлакат то моҳи июли соли 2010 ба 7 487 489 нафар одам мерасид, ки қариб 34,1 фоизи аҳолиро кӯдакони то 14-сола, 3,5 фоизи аҳолиро одамони аз 65-сола калонсол ташкил медиҳанд.

Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи тадқиқот, 85 фоизи аҳолии шаҳрҳо ва 34 фоизи аҳолии деҳоти Тоҷикистон аз Интернет истифода бурдаанд. Бо назардошти он, ки 30 фоизи аҳолӣ дар шаҳрҳои калон маскун шудаанд ва 70 фоизи аҳолӣ сокини деҳотанд, маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон қариб 2 303 391 истифодабарандаи Интернет мавҷуд аст. Маълумоти мазкур бори дигар нишон медиҳад, ки шумораи истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон ба таври пурра арзёбӣ нагаштааст. Дар баробари он, 59 фоизи истифодабарандагони Интернет ақаллан як маротиба дар як рӯз аз хизматҳои Интернет истифода мебаранд, яъне доираи истифодабарандагони Интернет ба 1 359 001 одам мерасад. Воридшавии Интернет қариб 31 фоизи шумораи умумии аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ, шумораи нуқтахои дастрасии умумии Интернет дар мамлакат 130-140 нуқтаро дар бар мегирад. Вақтҳои охир кам шудани миқдори нуқтаҳои дастрасии умуми Интернет мушоҳида мегардад. Тибқи маълумоти ҷомеаи коршиносон миқдори Интернет-қаҳвахонаҳо дар мамлакат ба 440-600 нуқта мерасад. Сабаби асосии кам будани нуқтаҳои Интернет-қаҳвахонаҳо талаботи Хадамоти давлатии оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳои ҶТ гирифтани иҷозатнома барои ташкил кардани нуқтаҳои ҷамъиятии дастрасӣ ба Интернет (Интернет-қаҳвахзона) мебошад. Директори ФҶ «ГИПИ» Муҳаммадӣ Ибодуллоев қайд кард, ки Интернет-қаҳвахонаҳои шаҳрӣ тибқи иҷозатномаи провайдери дуюмдараҷа фаъолият мекунанд. Барои бо иҷозатномаи провайдери дуюмдараҷа фаъолият намудан беш аз даҳ ҳуҷҷат мураттаб кардан зарур аст. Дар баробари он, маблағи ҳармоҳаи пардохтшаванда ба 3 фоиз баробар аст. Инчунин бо сабаби афзудани иқтидор мудом иваз намудани таҷҳизот зарур аст, вале, ба андешаи Ибодуллоев, ҳамаи соҳибмулкони Интернет-қаҳвахонаҳои чунин имконияти молиявӣ надоранд.

Сервиси асосии нуқтаҳои дастрасии ҷамъиятӣ дастрасӣ ба серверҳои бозиҳое мебошад, ки дар муҳити Тоҷнет қарор доранд. Дар баробари он, дастрасӣ ба манбаъҳои беруна нархи нисбатан баланд дорад. Масалан, арзиши 1 соати дастрасӣ ба Интернет ба ҳисоби миёна 3 сомонӣ ё 0,67 доллари ИМА мебошад, вале нархи дастрасӣ ба серверҳои бозиҳо барои 1 соат баробари 1 сомонӣ ё 0,22 доллари ИМА аст.

Тавассути маблағгузорӣ кардани технологияҳо ва инфрасохтори ҳам ширкатҳои давлатӣ ва ҳам ширкатҳои хусусӣ, сифати хизматҳо дар Тоҷикистон нисбат ба ибтидои соли 2000 хеле баланд гашт. Мутобиқи тадқиқоти коршиносон («Тадқиқот оид ба омодагии электронии Тоҷикистон») аз шумораи умумии истифодабарандагони Интернет 50 фоизи ширкаткунандагони пурсиш сифати хизматрасонии Интернет ба таври аъло ва хуб баҳогузорӣ намудаанд, 32 фоизашон бошанд ба сифати хизматрасонии Интернет баҳои қаноатбахш гузоштаанд, вале танҳо 18 фоизи онҳо ба сифати хизматрасонӣ баҳои ғариқаноатбахш додаанд. Сабаби асосии баҳои ғайриқаноатбахш додани сифати хизматрасонӣ паст будани суръати берунаи пайвастшавӣ мебошад, ки ба обунаҳои минималӣ рост меояд.

Пардохти миёнаи обуначӣ барои телефонии шаҳрӣ дар Тоҷикистон баробари 0,3 доллари ИМА мебошад. Нархи зангҳо барои ҳар як дақиқа баробари 0,0044 доллари ИМА аст. Ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» бошад хизмати дастрасии ройгон ба Интернетро ҷорӣ намудааст, ки тибқи он пайвастшавӣ баробари арзиши гуфтугӯи як дақиқаи телефонӣ мебошад. Инчунин Интернет сервис провайдери «Вавилон-Т» чунин хизмате мерасонад, ки ҳангоми он як дақиқаи пайвастшавӣ баробари арзиши як дақиқаи гуфтугӯи телефон мебошад. Вале дар ҳолати мазкур, бо сабаби сиёсати таруфагии ширкати «Тоҷиктелеком» арзиши як дақиқаи гуфтугӯ бо телефон 0,0088 доллари ИМА арзиш дорад, ки мизоҷони «Тоҷиктелеком»-ро дар вазъи нобаробар қарор медиҳад.

Масъалаи дастрасӣ ба шабакаи Интернет барои сокинони ҶТ ҳамчун масъалаи муҳим боқӣ мемонад. Мутобиқи маълумоти расмӣ, музди миёнаи маош дар Тоҷикистон ба 345,34 сомонӣ ё 80,5 доллари ИМА баробар аст. Тавре қаблан қайд гашт, дар Тоҷикистон технологияҳои гуногуни дастрасӣ ба Интернет– аз дастрасии коммутаторӣ (Dial-up) то технологияҳои дастрасии насли 4 WiMAX истифода мегардад. Қайд намудан лозим аст, ки тавассути рушди босуръат, бозингарони асосии бозор («Вавилон-Т» ва «Тоҷиктелеком») дастрасӣ ба воситаи зангзаниро ройгон ба роҳ мондаанд. Ҳоло дастрасӣ ба Интернет бо хатҳои коммутаторӣ баробари арзиши занги телефонӣ барои як дақиқа аз 2 то 4 дирам мебошад.

Аксари Интернет-сервис провайдерон дар Тоҷикистон барои шахсони воқеӣ таруфаи махсус ташкил карда, нархи дастрасӣ ба Интернет тибқи технологияҳои xDSL ва WiMAX бо назардошти трафик аз 8 то 70 доллари ИМА мерасад (обуначиён аз 512 МБ то 6 ГБ пайваст шудаанд). Зикр кардан лозим аст, ки суръати пайвастшавӣ ба Тоҷнет дар як сония то 2 Мб маҳдуд карда шудааст, ба каналҳои берунаи Интернет бошад дар як сония аз 64 Кб то 512 кб маҳдуд карда шудааст. Дар аксари ҳолатҳо нархи трафики дохилӣ дар Тоҷикистон муқаррар карда нашудааст. Ин ҳолат барои рушд кардани контенти провайдерон дар минтақаи Тоҷнет имкониятҳои васеъ фароҳам месозад. Нархи аз трафики муқарраргашта зиёд истифода бурдан ба ҳисоби миёна ба 0,02 долари ИМА дар вақти рӯзона ва 0,01 доллари ИМА дар вақти шабона баробар аст.

Провайдерони алоқаи мобилӣ инчунин аз рӯйи технологияҳои GPRS, EDGE, HSDPA/HSUPA намудҳои васеъдоманаи хизмати дастрасӣ ба Интернет мерасонанд. Нархҳо аз 20 доллари ИМА то 60 доллари ИМА мебошанд. Суръати пайвастшавӣ дар як сония аз 384 Кб то 7.2 Мб мерасад. Дар баробари он, аз трафик зиёд истифода бурдан ба ҳисоби миёна 0,10 доллари ИМА буда, тамоми трафик, аз ҷумла трафики дохили Тоҷикистон, нарх гузошта мешавад. Пайвастшавӣ дар вақти шабона комилан ройгон мебошад. Хизмати дастрасӣ ба Интернет ба воситаи технологияҳои мобилӣ дар бозори Тоҷикистон дар тӯли 2 соли охир босуръат рушд мекунад. То ин замон таҷҳизот барои пайвасткунӣ аз ҳад зиёд пурқимат буд ва ба аксари аҳолии мамлакат дастнорас буд.

Таҷҳизот барои пайвастшавӣ ба Интернет дар ҳолати xDSL аз 21 доллари ИМА, дар ҳолати WiMAX то 170 диллари ИМА, ва дар ҳолати 3G-модемҳо аз 50 доллари ИМА боло арзиш доранд.

Барои шахсони ҳуқуқӣ инчунин намудҳои гуногуни обунашавӣ бо назардошти трафик ва бе назардошти трафик пешниҳод карда мешавад. Нархҳо аз 25 то 200 доллари ИМА бо назардошти трафик ва аз 40 доллари ИМА то шартномавӣ бе назардошти трафик мерасанд. Нархи пайвастшавӣ ба Интернет барои ҳамаи ташкилотҳо, аз ҷумла бизнеси хурду миёна дастрас мебошад.

Аз тарафи дигар дастрасии васеъдомани Интернет то ҳол барои аксарияти аҳолии Тоҷикистон дастнорас мебошад. Ҳатто дар ҳолати мавҷуд будани нархҳои мазкур шумораи истифодабарандагони алоқаи васеъдомани Интернет бо суръат баланд мешавад. Одамон ба дарки аҳамияти истифодабарии технологияҳои муосир расида истодаанд.

Дар Тоҷикистон беш аз 90 фоизи стантсияҳои автоматии алоқаи телефонӣ бо рақамӣ иваз карда шудаанд, инчунин хатҳои асосии магистралӣ бо хатҳои нурӣ иваз карда шудаанд. Хатҳои нурӣ дар ҷойҳои пайвастшавии байни стантсияҳои автоматии алоқаи телефонҳо ҳам гузошта шудаанд. Бо ҳамин сабаб сифати хизматрасонӣ ба маротиб беҳтар гаштааст.

Илова бар ин, ширкатҳои хусусӣ ҳам коммуникатсияҳои иттилоотии худашонро ба вуҷуд овардаанд. Амалан ҳамаи ширкатҳои азим ва миёнаи Интернет-сервис провайдерон ҳоло дар шаҳрҳои калон дорои шабакаи худии нурӣ мебошанд. Дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ пайвандҳои нурӣ, инчунин чанд навбати Е1 (дар як сония 2 Мб ҳар як навбат) истифода мешаванд ё инфрасохтори бидуни ноқили дорои қобилияти мутобиқи интиқолдиҳӣ ба вуҷуд оварда мешавад.

Провайдерони алоқаи мобилӣ инчунин аз ибтидои солҳои 2000 шабакаҳои худии миллӣ сохта онро инкишоф медиҳанд. Ҳоло беш аз 90 фоизи ҳудудҳои аҳолинишин бо шабакаҳои алоқаи рақамии провайдерон фаро гирифта шудааст. Аз рӯйи технологияҳои истифодашавандаи алоқа провайдерони алоқаи рақамии Тоҷикистон на танҳо дар қаламрави собиқи шӯравӣ, инчунин дар сатҳи ҷаҳон оид ба ҷорӣ намудан ва истифодабарии технологияҳои навтарин пешқадам мебошанд. Мутобиқан, сифати хизматрасонии алоқаи рақамӣ ба аҳолӣ Тоҷикистон дар сатҳи хеле баланд қарор дорад. Танҳо гоҳ-гоҳ бо сабаби мавқеи номаълуми Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳои ҶТ, мизоҷони баъзе ширкатҳои рақамӣ чанд муддат имконияти ба рақамҳои шаҳрӣ занг задан ва баръакс, аз рақамҳои телефонҳои шаҳр ба рақами мизоҷони ширкати рақамӣ занг заданро аз даст медиҳанд. Дар ҳолати дилхоҳ ҳамаи баҳсҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳои ҶТ ҳам дар телефонҳои шаҳрӣ ҳам алоқаи рақамӣ барои мизоҷон безарар ҳаллу фасл карда шаванд.

Инфрасохтори дохилии интиқоли маълумот ҳам дар ширкати давлатии «Тоҷиктелеком», ҳам дар ширкатҳои хусусӣ ба таври дилхоҳ рушд кардааст. Имрӯз провайдерони пешқадам суръати дастрасӣ ба Тоҷнет маҳдуд намекунанд. Маҳдудиятҳои мавҷуда танҳо мутобиқи имконияти таҷҳизот барои пайвастшавӣ муайян карда мешавад. Масалан, ҳангоми истифодабарии ADSL дар як сония 8 Мб ахбор гирифтан ва дар як сония 1 Мб ба шабака ахбор загрузка кардан мумкин аст.

Дастрасӣ ба каналҳои берунаи алоқа маҳдуд карда мешавад ва нақшаҳои тарифии пешниҳоднамудаи Интернет сервер провайдерон маҳз бо суръати дастрасӣ ба каналҳои беруна муайян карда мешавад. Дар баробари он, то миёнаи соли 2009 каналҳои асосии беруна ба воситаи каналҳои алоқаи моҳвораӣ мегузаштанд. Бо ҳамин сабаб нархи дастрасӣ ба Интернет баланд буд. Тахмимнан дар нимаҳои соли гузашта ба воситаи Ӯзбекистон ба каналҳои нурии алоқа пайваст шуданд. Бо ҳамин сабаб нархи Интренет то 45 фоиз паст шуд. Дар асоси татқиқоти барпошуда дар байни Интернет сервер провайдерон нишондиҳандаи ҳадди ақали суръат барои гирифтани ахбор аз канали моҳвораӣ дар як сония ба 2400 kb, барои гирифтани азбор аз канали нурӣ дар як сония ба 4 000 kb, барои боргузорӣ ба шабака бо канали моҳвораӣ дар як сония 4 000 kb, барои боргузорӣ бо канали нурӣ дар як сония 4 000 kb ташкил медод. Нишондиҳандаҳои ҳадди аксар: барои боргирӣ дар як сония 162 868 kb, барои боргузорӣ ба шабака дар як сония 124 992 kb (Вавилон-Т) муқаррар гаштааст.

Минбаъд рушд кардани шабакаҳо ва баромадан ба каналҳои байналмилалии алоқа ба таври иловагӣ ба воситаи Қирғизистон ва Хитой ба минбаъд паст шудани нархи Интернет ва афзоиши устувории каналҳои берунаи алоқа мусоидат мекунад. Рушди пайвастшавӣ ба шабакаҳои беруна, тавре дар боло зикр гардид, инчунин ба афзудани имкониятҳои трназитии мамлакад таъсири мусбат мерасонад.

Тибқи баҳои коршоносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳамаи нишондиҳандаҳои мазкур гувоҳи он мебошанд, ки дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон, агар сухан дар бораи суръати дастрасӣ равад, ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Ин ҳолат агар Тоҷнет ба қоидаи 80/20 ҷавобгӯ мешуд, қаноатбахш дониста мешуд. Дар ҳолати 80 фоиз будани захираҳо дар сатҳи маҳаллии ҳудуди Тоҷнет, ва 20 фоиз будани шабакаҳои беруна талаботи боло қаноатбахш ҳисобида мешуд. Ҳоло Тоҷнет аз рӯи контент (мундариҷа) ба талаботи мазкур ҷавобгӯ нест. Тавре пурсиш нишон дод, 90 фоизи дархостҳо оид ба контент, ки дар ҷавобҳои ширкаткунандагони пурсиш нишон дода шудаанд, ба шабакаҳои беруна рост меоянд. Аксарияти онҳоро шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳанд. Шавқу рағбат ба манбаъҳои беруна паст мебошад, онҳо асосан сомонаҳои агентиҳои иттилоотӣ, сомонаҳои фароғатӣ ва пойгоҳи бозиҳо мебошанд.

Аксарияти тоҷикистониён дар бораи ба кӣ тобеъ будани сомонаҳои интернетӣ ва ба сиёсати иттилоотии онҳо таъсир расондани кӣ маълумот надоранд. Дар ин маврид намояндагони зиёиён, ходимони давлатӣ ва журналистон, коршиносони ВАО ва мутахассисони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ огмебошанд.

Ҳамаи малумотро дар бораи сомонаҳои бақайд гирифташудаи минтақаи Тоҷнетро дар сервери www.nic.tj пайдо кардан мумкин аст. Дастрасӣ ба иттилоот дар бораи сомонаҳои минтақаҳои дигар — Рунет, Org, Сom, Net ва дигарон низ ба воситаи марказҳои бақайдгири доменҳо ва серверҳои ҷустуҷӯӣ мумкин аст. Бо вуҷуди дастрас будани иттилоот дар бораи соҳибони сомонаҳо, эҳтимоли бақайдгирии сомонаи Интернет бо номи шахсони номаълум мавҷуд аст ва аз ин усули бақайдгирӣ қувваҳои мухолифин метавонанд истифода баранд. Масалан, агар иттилоъ дар бораи соҳибони сомонаи Ҳаракати умумирусии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» http://tajmigrant.comдастрас ва озод бошад, пас иттилоъ дар бораи сомонаи «Ариана» http://www.ariana.su, ки дар бораи Тоҷикистон иттилоъ интишор медиҳад, ё сомонаи иттилоотии www.tjknews.com шарҳ дода нашуда, маҳдуд мебошад.

Ҳукумат дар симои хадамоти мутобиқ ва ҷузву томҳои тобеъи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳо ваколати мониторинг намудани соҳаи Интернет доранд, вале бо сабаби мавҷуд набудани имкониятҳои молиявӣ ва техникӣ онҳо трафик ва контентро пурра назорат карда наметавонанд. Ба андешаи коршиносон, инчунин СОРМ – системаи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ мавҷуд аст, ки эҳтимолан аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус бо мақсади пешгирӣ намудани экстремизм ва терроризм истифода бурда шавад.

Собиқ Вазорати алоқа ва ҳоло Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳо аз соли 2006 инҷониб талаб дорад, ки системаи нави танзимкунӣ ҷорӣ гардад, ки он имконият медиҳад давлат Интернет-сервис провайдерон ва дастрасӣ ба телекоммуникатсияҳои берунаро таҳти назорати худ қарор диҳад. Ба надешаи коршиносон, дар ҳолати қабул шудани чунин система дар мамлакат шароит барои фишор овардан ба озодӣ ба вуҷуд меояд. Таъсис ёфтани «Маркази коммутатсионӣ ва нуқтаи дастрасӣ ба манбаъҳои ҷаҳонии иттилоотӣ», ё ба таври дигар Маркази ягонаи коммутатсионӣ ҳамаи ширкатҳои теленкоммуникатсионӣ ва Интернет сервис провайдеронро маҷбур месозад, ки трафикашонро ба воситаи маркази мазкур ба роҳ монанд. Барои аксари ширкатҳои хусусие, ки дар ин соҳа садҳо ҳазор долларашонро барои харидани таҷҳизот масраф кардаанд, таҳия намудани «маркази» таҳти назорати давлат боиси фоҷеа мегардад. Аксари таҷҳизоти ширкатҳои хусусӣ корношоям гашта, нархи онҳо ҳатто дар ҳолати фурӯхтан ҳам эҳтимол ҷуброн нагардад. Аз он ҷумла, ширкати «Вавилон-М» бо мақсади ба «Тоҷиктелеком» вобаста набудан хатти нурии шаҳри Душанберо маблағгузорӣ намудааст. Соҳибкорон арз мекунанд, ки агар «маркази ягонаи коммутатсионӣ» созмон дода шавад, ҳукумат соҳаи телекоммуникатсияҳо ва хизматҳои Интернетро монополия менамояд.

Ҳоло мутобиқи маълумоти Муҳаммадӣ Ибодуллоев, директории Фонди ҷамъиятии «ГИПИ», лоиҳаи «маркази ягонаи коммутатсионӣ» бо сабаби асоснокии техникию иқтисодӣ надоштан барои мукаммал гардондан фиристода шудааст.

Интернет-сервер провайдерони Тоҷикистон бо мақсади техникӣ имкони мониторинг гузарондан доранд: онҳо мониторинги трафики ҳар сонияро гузаронда, трафикҳои воридотӣ ва содиротӣ, ҳаҷми трафик ва ғайраро месанҷанд. Провайдерон мониторинги трафики фурӯхташавандаро дар сонияи додашуда мегузаронанд. Онҳо фарқро назорат карда, ба ҳисоби миёна дар кадом марҳилаи вақт, рӯзона ё шабона, чанд нафар одамон аз Интернет истифода бурданро муайян мекунанд.

Бо вуҷуди таъкиди сохторҳои давлатӣ, ки гӯё мӯҳтавои (контент) сомонаҳои Интернет мониторинг карда намешавад, вале дар соли 2006 ва соли 2010 кӯшиши маҳдуд намудани дастрасии шаҳрвандон ба баъзе сомонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ анҷом дода шуд. Ба андешаи коршиносон, иқдоми мазкур бо қарори «омиронаи» мансабдорони давлатӣ ва бо мақсади ба роҳбарияти олимақоми мамлакат расондани хизмати «хирсона», ғайриқонунӣ анҷом дода шуд. Ҳамзамон, роҳбарияти олимақом ва намояндагони парламон вақти қабул кардани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии ҶТ дар соли 2007, ки Интернетро ба ВАО табдил доданд, арз намуданд, ки минбаъд сохторҳои махсус мӯҳтавои маводи Интернетро таҳти назорат гирифта, муаллифони маводро барои дифаматсия ба ҷавобгарӣ мекашанд. Вале баъд аз гузаштани се соли ворид кардани тағйироту иловаҳои мазкур то ҳол касеро барои дифаматсия дар Интернет ба ҷавобгарӣ накашидаанд.

Ҳарчанд, ки минтақаи домении .tj соли 1997 ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале рушди Тоҷнет аз соли 2004 оғоз гардид. Зеро дар ибтидо минтақаи .tj ба ширкати амрикоӣ тааллуқ дошт. Танҳо дар миёнаи соли 2003 ҳуқуқҳои он ба ихтиёри маркази иттилоотию техники Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ гузашт.

Сомонаҳои нисбатан машҳури Тоҷнет сомонаҳои агентиҳои иттилоотӣ мебошанд. Дар байнашон сомонаи агентии иттилоотии «Азия Плюс» — http://www.asiaplus.tj, минбаъд сомонаи радиои «Озодӣ» — http://www.ozodi.org, хадамоти иттилоотии «Авеста» — http://www.avesta.tj, сомонаи телевизиони давлатии «Сафина» — http://www.safina.tj ва ғайраҳо нисбатан машҳур мебошанд.

Аз сомонаҳои мазкур истифодабарандагон ҳам ахбори пулакӣ ва ҳам ахбори ройгон дастрас карда метавонанд. Категорияи мазкури Тоҷнет дар рейтингҳои сомонаҳои хонданбоб мудом ҷойҳои аввалро ишғол мекунанд. Агентиҳои иттилоотӣ нисбат ба дигарон афзалияти истифодабарии имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро дарк кардаанд.

Ба қатори манбаъҳои махсусгардондашудаи веб-манбаъҳо қисми муайяни истифодабарандагони дорои манфатҳои якхела дохил мешаванд. Дар байни чунин манбаъҳо дар Тоҷнет манбаъҳои фароғатии шиносоӣ ва муошират, пойгоҳҳои мусиқӣ, сомонаҳои корҷӯӣ ва сомонаҳои бозиҳо нисбатан машҳур мебошанд.

Ба категорияи манбаъҳои ҷамъиятӣ сомонаҳои мақомоти давлатӣ ва муассисаҳо дохил мешаванд. Дар байнашон сомонаи Президенти ҶТ – http://www.president.tj, сомонаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд —http://www.khujand.tj ва сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ — http://www.mfa.tj нисбатан машҳур мебошанд. Сомонаи Вазорати корҳои хориҷа дар байни истифодабарандагони хориҷӣ бештар маъруф аст. Ду сомонаи аввал дар байни истифодабарангони тоҷик бо сабаби ба онҳо пешниҳод намудани робитаи мутақобила маъруф гаштаанд, зеро бо ҳамин восита шаҳрвандон масъалаҳои рӯзгорашонро ҳаллу фасл менамоянд.

Дар Тоҷикистон «блогсозӣ» ҳамчун зуҳурот рушд накардааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ даҳҳо блогҳо мавҷуданд, ки бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ фаъолият карда,дар бораи Тоҷикистон хабар интишор медиҳанд. Ба андешаи журналисти мустақил К.Паршин, табодули андешаҳо дар сомонаҳои маъруфи сиёсии амсоли www.centrasia.ru мавҷуд аст, вале он блог нест. Маъмулан, хонандагон «ёддошташонро» дар мавриди маводи ба табърасида мегузоранд. Аксар вақт, дар майдончаҳои мазкур худи журналистон байни ҳамдигар хархаша мекунанд. Баъзеҳо бо истифода аз «ник» (тахаллус) ҳатто паёмҳои таҳқиромез мегузоранд. «Блогҳо мавҷуданд, вале онҳо хеле камшуморанд», — мегӯяд К.Паршин. – Тибқи маълумоти дар дастбуда, чанд сол муқаддам «интернетҳои» хориҷӣ (журналистони таҷрибаомӯзи ҷавони TOL Transitions Online, a US online magazine based in Prague) барои барпо намудани семинарҳо бо мақсади дастгирии сохтани блогҳо ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Семинарҳо дар базаи Намояндагии Пажӯҳишгоҳи Британӣ оид ба инъикоси масоили ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон барпо карда шуданд. Аммо худи интернетҳо ба журналистони тоҷик ба таври содда чӣ будани блог, ба кӣ ва барои чӣ зарур будани онҳо ва кӣ будани фармоишгарони тарғиби блогро фаҳмонда натавонистанд

Сарчашмаи дигаре, ки худашро номбар кардан нахост, қайд намуд, ки блогҳо дар Тоҷикистон маъруф нестанд, онҳо танҳо дар муҳити журналистон маълуманд. Тахминан 10-12 нафар одамон блоги доимӣ доранд. Машҳуртаринашон дар байни онҳо блоги профессори факултети журналистикаи ДМТ Ҷовид Муқим аст, ки он бо ҳамкории Интернюс таъсис дода шудааст. Зеро ӯ маводи ҷолиб навишта, мудом блогашро нав мекунад. Эҳтимол ин ҳолат ба вазифаи ӯ алоқаманд бошад, зеро Интернюс барномае дошт, ки бахши калони блогҳоро дар бар мегирифт, вале он бенатиҷа анҷом ёфт. Созмондиҳандагони барнома одамонро ҷалб карда натавонистанд ва бартариҳои блогҳоро ба одамон фаҳмонда натавонистанд.

Дар бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» самти мукаммали блогҳо мавҷуд аст. Вале самти мазкур рушд намекунад. Дар блоги мазкури сомона асосан журналистон ба хотири онҳоро шинохтан ва ба таҳсил дар хориҷа даъват намудан 1-2 мавод менависанд.

Баъзе ҷавонони тоҷике, ки кайҳо боз дар хориҷа зиндагӣ доранд, дар бораи мамлакаташон менависанд. Аксар кӯшиш мекунанд, ки одамонро ба блогҳояшон ҷалб кунанд, вале блогсозӣ дар ҷумҳурӣ то ҳол маъруф нагаштааст. Ин ҳолат асосан ба маҳдуд будани дастрасӣ ба Интернет алоқаманд мебошад. Аҳолӣ чунин имконият надорад. Ба одамон ба хотири бо дӯстон ва ошноён сӯҳбат кардан нисбат ба блогҳои одамони ношинос ворид шудану мутолиаи маводи онҳо, ба шабакаҳои иҷтимоии амсоли «Ҳамсинфон» ё «Faсebook», воридь шудан осонтар мебошад. Блогбозҳои тоҷик асосан одамоне мебошанд, ки ба Интернет дастрасии ройгон доранд, — мегӯянд коршиносон.

Блогерҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон комилан вуҷуд надоранд. Ба андешаи коршиносон, сиёсатмадорон ва журналистони тоҷик, то ҳол блогро ҳамчун канали интишори иттилоот эътироф накардаанд.

Дар баробари он, дар қаламрави мамлакат ба якдигар фиристодани матнҳои хосияти табрикотидошта дар рӯзҳои идҳои миллӣ ба воситаи телефонҳои мобилӣ маъруф гаштааст. Хабарҳои ширкатҳои мобилӣ ҳамчун як намуди хизматрасонӣ ба истифодабарандагонашон, сабти мусиқӣ ва сигналҳои мусиқӣ, таруфаҳои нав/чорабиниҳои идона ва ғайра мебошанд, ки онҳо низ дар алоқаи мобилӣ маъруф гаштаанд.

Ба андешаи коршинос К.Паршин, паёмҳо (SMS) дар Тоҷикистон маъмул гаштаанд, махсусан дар байни ҷавонон. Дар мамлакат провайдерони зиёди алоқаи мобилӣ фаъолият мекунанд. Фиристодани паёми SMS нисбат ба занг задан бо телефон арзонтар мебошад. Дар баробари он, бо сабаби ҷорӣ гаштани формати 3G, имконияти истифодабарии телефонҳои мобилӣ ҳамчун воситаи иттилооти оммавӣ васеъ гаштааст. Ба истифодабарандагони хизмати 3G, ду сол пеш каналҳои ТВ «Сафина» ва «Шабакаи аввали» ТВТ дастрас буданд, вале имрӯз ин намуди хизматрасонӣ аз тарафи операторони алоқаи мобилии «Вавилон-М» қатъ карда шудааст.

Аз тарафи дигар, истифодабарии хабарҳои рақамӣ ҳамчун омили ба вуҷуд овардани афкори умум хизмат кунад. Масалан, зимистони соли 2009 интишор гаштани хабари бардурӯғ дар бораи заминларзаи эҳтимолӣ боис гардид, ки аҳолии пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои калони мамлакат як шаби дароз дар кӯчаҳо гашта, бедорхобӣ кашанд. Вале аз ҳамин гунна имконият, яхне бартарф намудани хабари бардурӯғ ба воситаи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро ҳукуматдорон самаранок истифода бурда натавонистанд.

Дар баробари он, амрҳои маъруфи ходимони маъруфи дин, ки дар наворҳо (DVD, CD, VCD, MP3 ва ғайра) , касетаҳои аудио ва видеоӣ сабт карда шудаанд, дар байни як қисми муайяни аҳолии Тоҷикистон маъруфияти хоса доранд. Амрҳои маъруфи мазкур баъзан дар Интернет ҳам пайдо мешаванд. Аз ҷумла, амри маъруфи Эшони Нуриддин ва Хоҷӣ Мирзо дар байни пайравонашон маъруфияти баланд касб карда, дар форумҳои Интернет (http://www.musulmanin.com/audio-na-tajikskom.html) васеъ муҳокима мегарданд. Муносибати шаҳрвандон ба мӯҳтавои амрҳои мъруф якхела набуда, баъзеҳо ҷонибдорашон мебошанд, баъзеҳои дигар онҳоро танқид мекунанд. Истифодабарандагони дискҳо ва касетаҳо қайд менамоянд, ки чунин амрҳои маъруф нисбат ба тарғибот аксаран бештар хосияти тарбиявӣ доранд ва ба сиёсати давлатӣ ягон таъсир расонда наметавонанд. Вале ҳукуматдорон чунин иқломи ходимони динро маъқул намедонанд. Дар робита ба мавзӯи амри маъруфи онҳо қайд намудан ҷоиз аст, ки бо вуҷуди яке аз одамони маъруфи дини Тоҷикистон будан – имом-хатиби масҷиди «Муҳаммадӣ» (ноҳияи Ваҳдат) Эшони Нуриддинҷон Тураҷонзода чанд муддат пештар арз намуд, ки ӯ бо ҳукуматдорон мушкилот дорад. «Бори сеюм аст, ки маро ба КАМ даъват мекунанд ва даъваташонро бо он асоснок месозанд, ки гӯё ман дар амрҳои маъруфам сиёсати давлатро зери танқид қарор медода бошам, — қайд намудааст Эшони Нуриддинҷон. – Ман одамонро ба роҳи рост даъват мекунам. Дар амрҳои маъруфам ман фоҳишагариро танқид карда, зидди он сухан мегӯям, ки мусулмонони тоҷик динҳои дигарро қабул мекунанд ва ғайра. Яъне ман танҳо дар бораи аз ҷиҳати равонӣ ислоҳ шудани ҷомеа сухан мегӯям» («ASIA-Plus» №49 (463), 03.12.2008, http://www.asiaplus.tj/news/21/43843.html).

Бо вуҷуди он, ба кӯшишҳои чандинкаратаи манъ кардани фурӯши сабтҳои амри маъруф, интишор ёфтани онҳо ба таври оммавӣ идома дорад.

Ҳоло дар минтақаи .tj 6219 домен сабти ном шудааст. Аксари сомонаҳои Тоҷнет бо забони русӣ ахбор интишор медиҳанд. Ба андешаи аксари коршиносон, рушди минтақаи .tj ба забони тоҷикӣ дар сатҳи ибтидоӣ қарор дорад, вале акнун рушд карда истодааст.