Все записи автора admin

Нигаронии ду созмон аз «таъқиби рӯзноманигорон»

[b]Ду созмони умдаи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон аз ончи фишор бар расонаҳои мустақил дар ин кишвар медонанд, ибрози нигаронӣ кардаанд.[/b]

Дар баёнияе, ки Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли ин кишвар интишор додаанд, аз ба додгоҳ кашида шудани ҳафтаномаи “ASIA-Plus” шадидан интиқод шудааст.

Анвар Тағоймуродов, раиси бахши ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран дар истинод ба як матлаби Рамзия Мирзобекова, хабарнигори «ASIA-Plus», дар бораи мавориди шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ ин нашрияро ба «таҳвину бӯҳтон» муттаҳам карда ва ба додгоҳ кашидааст.

Оқои Тағоймуродов аз ин нашрия тақозои пардохти як милюн сомонӣ ғароматро кардааст.

Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, зимни интиқод аз ин иқдоми оқои Тағоймуродов ёдовар шудаанд, ки Тоҷикистон дар соли 1999 ба санади байналмилалии озодиҳои маданӣ ва сиёсӣ пайвастааст.

Ба гуфтаи онҳо, ин санад озодии баён, ҷамъоварии иттилоъ ва пахши онро замонат додааст. Гузашта аз ин, моддаи сиюми Қонуни асосии Тоҷикистон низ замонати чунин озодиҳоро дода ва сонсури давалтӣ ва таъқиби рӯзноманигорон барои интиқодро мамнӯъ кардааст.

Ба навиштаи муаллифони баёния, қазияҳои ахири додгоҳӣ алайҳи хабарнигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳадафи ниҳоии афроде, ки ба додгоҳ муроҷеъа мекунанд, гӯё таъмини адолати додгоҳӣ набуда, балки онҳо қасд доранд аз ин роҳ «даҳони хабарнигоронро бубанданд.»

Дар ҳамин ҳол, Рамзия Мирзобекова, хабарнигори «ASIA-Plus», ахиран ба додситонии кулли Тоҷикистон даъват шуда ва мавриди бозпурсии як маъмури додситонӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи хонуми Мирзобекова, ин маъмур аз ӯ умдатан дар бораи манобеъи хабариаш суол кардааст.

Вай афзуд: «Чунин тасаввур пайдо шуд, ки бозраси додситонӣ бештар на ба мавзӯъи истифода аз шиканҷа дар фаъолияти маъмурони пулис, балки ба мавзӯъи манобеъи иттилоъотии ман таваҷҷӯҳ дорад.»

Аз сӯйи дигар, бозраси додситонӣ аз ҳузури вакили мудофеъи хонуми Мирзобекова дар бозпурсӣ монеъ шудааст ва ин хабарнигор тасмим гирифтааст, ки дигар бидуни вакил ба додситонӣ ҳозир нашавад.

Марат Мамашдоев, як масъули нашрияи “ASIA-Plus”, хабар дод, ки нашрия тасмим гирифтааст бо ирсоли номае ба раиси ҷумҳурӣ ва порлумони Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷомеъаро ба ин қазия ҷалб созад.

Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон аз Додситонии кул ва ниҳодҳои дигари интизомӣ даъват кардаанд, ки ин ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор дода ва аз мавориди нақзи қавонин дар заминаи дастрасии мардум ба иттилоъот ва озодии баён ҷилавгирӣ кунанд.

Зимнан, бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки мавориди ба додгоҳ кашида шудани хабарнигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ аз шеваҳои мутамаддинонаи баҳсу гуфтугӯ ва ҳалли ихтилофот миёни расонаҳо ва мақомоти давлатӣ маҳсуб мешавад.

Вале ҳамзамон, ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки афзоиши чунин мавориде мумкин аст ба ривоҷи худсонсурӣ дар фаъолияти хабарнигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ мунҷар шавад.

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар ним соли ахир, бавижа баъд аз оғози амалиёти ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ алайҳи пайкорҷӯён дар шарқи Тоҷикистон, расонаҳои гурӯҳӣ пайваста таҳти фишори мақомот қарор гирифтаанд ва ин амр бар мушкилоти матбуъот афзудааст.

Қаблан камбуди маблағ барои чопи нашрияҳо ва дастрасии душвор ба манобеъи расмии хабарӣ аз мушкилоти умдаи хабарнигорон дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи сешанбе хабари тағйири молики хабаргузории “Avesta” таъйид шуд. Зафар Абдуллоев, муассис ва мудири пешини ин хабаргузорӣ, гуфт, ки мудирияти ин расонаро ба Ҷамшед Ӯлмасов, сардабири ҳафтаномаи “Бизнес ва политика” вогузор кардааст.

Далели ин амр мушкилоти молӣ унвон шуда ва ба гуфтаи оқои Абдуллоев, вай қасд дорад чопи нашрияи “Факти и комментарии”-ро низ мутаваққиф созад ё ин нашрияро низ ба фурӯш гузорад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110201_if_mass_media.shtml

Сардабирони рӯзномаҳо сӯйиқасд ба ҷони Сайфуллозодаро маҳкум мек

Таҳлилгари масоили сиёсӣ Ҳикматулло Сайфуллозода, ки аз тарафи ашхоси ношинос мавриди латукӯб қарор гирифта, дар шӯъбаи ҷарроҳии асаби №2-и маркази миллии тиббии Қарияи Боло бистарист, ин амали бераҳмонаро сӯиқасд ба ҷонаш хонда, онро ба таҳлили амиқу ошкоргӯиҳояш дар масъалаҳои доғи ҷомеа вобаста медонад. Айни замон аз рӯйи ин қазия тафтишот ҷараён дорад ва мақомот далели аслии сар задани моҷаро ва гунаҳкоронро ҷӯёянд.Ҳанӯзам ин савол нокушода аст, ки Ҳикматулло Сайфуллозода ба кӣ чӣ «бадӣ» кард, ки мавриди «ҳамла» қарор гирифт? Худи ӯ мегӯяд, ки бо касе ҳарфҳои пасту баланд назадааст ва оне, ки шахсе бо ӯ пешорӯ омада салом мегӯяду ду нафари дигар ногумон ӯро аз пушти сар зада беёд мекунанд, амали тарҳрезишуда аст.

Дар ин росто, сардабирони нашрияҳои кишвар ин амалро ба ҷуз сӯйиқасд чизе намедонанд ва чунин рухдодро дар ҷомеаи мутамаддин маҳкум мекунанд.

Ба андешаи Муҳаммадалӣ Мақсадуллоҳ — сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун», сӯиқасд ва латукӯби сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода сирф ба фаъолияти коршиносии ӯ марбут аст ва албатта он хоси ҷомеае нест, ки худро мутамаддин мешуморад. «Бешак ин амали матраҳшуда маҳз ба таҳлилҳои густурдааш нисбати рӯйдодҳои ахири ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон рабт доранд. Яъне метавон гуфт, ки «забони сурхаш ба сари сабзаш ҳамин балоро овард» ва Худо кунад, ки онро ба хайр гардонад. Агар чунин аст, пас шояд ба хотири эҳтиёт ва ҳифзи амнияти худу пайвандон журналистон ва коршиносони тоҷикро салоҳ набошад дар ҷомеае, ки чорчӯбаи қолабҳояш тавони бардошти фошгӯӣ ва ё воқеъбаёниро надорад, даҳон кушоянд. Чунки вақтҳои охир таҳдид ва ё ба истилоҳ, ниқорталабӣ дар муқобили журналистон афзоиш ёфта истодааст. Ва ин таҳдид чашми онҳоро тарсонидааст, ки ҳангоми вохӯрӣ аз ҳамдигар мепурсанд: «Оянда навбати кист?». Модоме чунин аст, пас, вақти он нарасидааст, ки ба таври қонунӣ ба журналистон яроқи муҳофизатӣ диҳанд?»,- иброз медорад ӯ.

Зафари Сӯфӣ — муассиси ҳафтаномаи «Озодагон» дар ин маврид мегӯяд: «Дар ҳар сурат бо таваҷҷӯҳ ба он вазъу воқеияте, ки ҳаст, яъне ҷаноби Сайфуллозода имрӯз дар бемористон дар як вазъи ноҷуре қарор доранд, табиист, ки касе ӯро латукӯб карда. Ин сӯиқасд буда ё набуда, бояд, ки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон инро мушаххас кунанд ва онҳое, ки Сайфулозодаро задаанд, маълум шаванд. Он вақт метавон дар мавриди сӯйиқасд будан ё набуданаш возеҳтар сӯҳбат кард. Вале атрофиҳояшон ва манобеъе, ки маълумот додаанд, гуфтаанд, ки чанд рӯз аст дар атрофи устод Сайфуллозода баъзе нафарон рафтуомад доштанд ва эҳтимол дорад, ки ин латукӯб аз пеш барномарезӣ шуда бошад. Агар барномарезӣ шуда бошад, дар назар бигирем, воқеан ҳам сӯйиқасд аст. Агар сӯйиқасд мушаххас шавад, табиист, ки метавонад он ба фаъолияти ҳизбӣ ё сармуҳарририи Сайфуллозода, ки чун коршиноси масоили сиёсӣ дар хеле маврид боҷуръат сухан мегӯяд, рабт дошта бошад. Ҳама гуна фишор рӯи ҳама гуна озодии як инсон маҳкумшаванда аст. Аз ин назар, агар ин чиз сӯйиқасд ба фаъолияти устод Сайфуллозода ба унвони як рӯзноманигор не, ба унвони як соҳибандеша бошад, воқеан қобили маҳкумият аст ва бояд маҳкум шавад, на танҳо аз тарафи мани кӯчак, балки аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин. Чун дар ҷомеаи мутамаддин набояд инсонро чунин латукӯб кард. Агар чӣ Сайфуллозода, чӣ ҳар каси дигар дар андешааш хатое рух дода, бояд бо роҳи қонунӣ баррасӣ шавад».

Ба андешаи Хуршеди Атовулло — сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж», аз ҳама фарзияҳо, фарзияи ба фаъолияти журналистии Сайфуллозода рабт доштани ин латукӯб бештар аст. « Ин амал шояд ба хотири тарс додани журналистон сурат гирифта бошад, аммо гумон дорам, мақомоти тафтишотӣ ба ин суол посух хоҳанд ёфт»,- гуфт ӯ.

Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки ҳамчун сардабир ва раиси ассотсиатсияи журналистии «Медиа-Алянс» бо дигар сардабирон ва раҳбарони созмонҳои журналистӣ назари худро нисбати ин қазия пахш хоҳанд намуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳикматулло Сайфуллозода дар баробари кор карданаш дар маркази таҳлилии «Диалог», соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи «Наҷот» — нашрияи расмии ҲНИТ-ро бар ӯҳда гирифт.

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11385&Itemid=28

Мақомот: Латукӯби сардабири «Наҷот» таҳқиқ мешавад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамлаи афроди ношинос ба сардабири нашрияи ин ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозодаро «сӯиқасд ба ҷони ӯ» ва «кӯшиши тарс додани фаъолони ҲНИТ» арзёбӣ кард. «Сӯиқасд буд»

Масъулони ин ҳизб аз мақомоти интизомии Тоҷикистон хостаанд, ки шахсияти ҳамлаварон ба ҷони узви фаъоли ин ҳизбро ошкор ва онҳоро ба муҷозот бикашанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи «Наҷот» ва узви раёсати олии ҲНИТ, субҳи 7-уми феврал дар роҳ ба сӯи идораи ҳафтанома, тақрибан дар наздикиҳои манзили худ, ба таври ғайримунтазира дучори ҳамлаи афроди ношинос шудааст. Ӯро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона меоранд.

Замоне ки ба «Қарияи Боло»-и пойтахт рафтем, Ҳикматулло Сайфуллозода бистарӣ буд ва бар асари дард ҳаракат намекард. Яке аз наздикони ӯ, ки болои сараш истода буд, гуфт, бештар дар ноҳияи сараш зарбаҳои сангин задаанд.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба «Озодӣ» дар мавриди чӣ гуна дучори афроди ҳамлавар шудани Сайфуллозода гуфт, «як нафари ношинос бидуни ҳеҷ огоҳӣ садди роҳаш шуда, ба ӯ саломуалейк мегӯяд ва таваҷҷӯҳи ӯро ба худ ҷалб мекунад. Ду нафари дигар ӯро бо чӯбдаставу мушту лагад мавриди латукӯб қарор медиҳанд. Ин сӯиқасд аст.»

Барои изҳори назар ё барои фаъолияти ҳизбӣ?

Яке аз ҳамсоягони Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, дар роҳ ба сӯйи мағоза тани нимҷони нафареро мебинад, ки дар лаби ҷӯйбор беҳуш хобидааст. Вай гуфт, вақте наздиктар меояд мешиносад, ки ҳамсояаш Сайфуллозода аст.

Ин ки чаро Ҳикматулло Сайфуллозода мавриди ҳамла қарор гирифтааст, ҳанӯз фарзияи мушаххасе дар даст нест.

Бархе аз намояндагони ҲНИТ мегӯянд, шояд ба хотири изҳори назарҳои ӯ дар мавриди вазъи сиёсии дохил ва хориҷи Тоҷикистон буд, ки сардабири «Наҷот» мавриди таъқиб қарор гирифтааст.

Бархеи дигар ба ин назаранд, ки шояд гурӯҳҳои муайян мехоҳанд бо роҳи латукӯб «алови чашм»-и аъзои фаъол ва ҳатто роҳбарони ҲНИТ-ро бигиранд.

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумони Тоҷикистон, ба ин назар аст: «Фикр мекунам, ин амал аз тарафи идораҳои муайян танзим шудааст, ки қасд доранд фаъолон ва раҳбарони муҳими Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро битарсонанд.»

ВКД таҳқиқ мекунад

Аммо ба сурати умум ҳам намояндагони ин ҳизб ва ҳам таҳлилгарону рӯзноманигорон интизори натиҷаи ниҳоии таҳқиқоти гурӯҳи кормандони Вазорати умури дохилӣ мебошанд.

Навбатдори Вазорати умури дохилӣ полковники милиса Икромиддин Ҳотамов гуфт, як гурӯҳи махсуси Вазорати умури дохилӣ ҳодисаи мазкурро дар ҷои ҳодиса таҳқиқ доранд.

«Ба таври дақиқ мо намедонем, ки чӣ шудааст. Вале як гурӯҳ ҳодисаи латукӯб шудани журналистро таҳқиқ мекунанд. Журналист аз хонааш мебарояд ва ду нафар ӯро дар назди манзилаш латукӯб кардаанд. Ҳар тозагие, ки пеш омад мо ба вазир гузориш медиҳем»,-афзуд ҷаноби Ҳотомов.

Дар ҳоли ҳозир ҷараёни таҳқиқи ҳодисаи латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозодаро шахсан вазири умури дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров назорат мебарад.

Аммо то кунун Вазорати умури дохилӣ дар робита ба ин воқеа фарзияе пешинҳод накардааст ва ҳанӯз парванда ҳам боз нанамудааст.

ҲХДТ: «Амали таассуфангез»

Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки раҳбарияти онро Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, ҳодисаи латукӯби узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Ҳикматулло Сайфуллозодаро «як амали таассуфангез» ном бурда ин амалро маҳкум намуд.

Усмон Солеҳ, масъули шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ гуфт: «Мо ин ҳодисаро маҳкум мекунем. Бо роҳи зӯрӣ, латукӯб ё фишор ҳал кардани масъала роҳи дуруст нест. Мо то анҷоми таҳқиқоти ниҳодҳои интизомӣ интизор мешавем, ки сабаби аслии ин амал чӣ аст. Вале бо сардабири нашрияи «Наҷот» нашрияи як ҳизб чунин рафтор намудан ҷои тааасуф аст.»

Ба қавли намояндагони ҲНИТ, дар гузаштаи начандон дур, ба вижа пас аз интихоботи моҳи феврали соли 2010, боздошту ба додгоҳ кашидани аъзои ин ҳизб дар Хатлон, Суғд ва Бадахшон бисёр рух додааст, аммо латукӯб шудани узви фаъоли он ҳодисаи нахустин будааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви раёсти олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буда, дар соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи расмии ин ҳизбро ба ӯҳда гирифт. Вай дар маркази таҳлилии «Диалог» дар Душанбе кор карда, дар расонаҳо бештар ба унвони таҳлилгари масоили сиёсӣ ва динӣ сӯҳбат мекунад.

Ҷаноби Сайфуллозода дар як ҳафтаи ахир бештар дар бораи навори Алии Бедакӣ, таҳаввулоти Миср ва раҳбарони худкома андешаҳои худро ироа карда буд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2299570.html

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАК

ш. Душанбе, 8 феврали соли 2011

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Точикистон (АМВАОМТ), Медиа Алянси Точикистон (МАТ) ва Бунёди «Индем» ҳодисаи аз ҷониби ашхоси номаълум мавриди ҳамла ва ба таври ваҳшиёна лату кӯб қарор гирифтани сармуҳаррири рӯзномаи «Наҷот» (нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон) Ҳикматулло Сайфуллозодаро маҳкум карда, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ва ба таври ҷиддӣ тафтиш шудани қазияи мазкурро талаб доранд.

Субҳи рӯзи 7 феврали соли 2011 Ҳикматулло Сайфуллозода аз ҷониби бадхоҳони номаълум мавриди ҳамла қарор гирифта, ба таври ваҳшиёна лату кӯб шуд. Сабаби лату кӯб шудани Сайфуллозода ҳанӯз аниқ нест. Бо вуҷуди он, дар ҷомеаи демократӣ сӯиқасд ба ҳаёт ва саломатии на танҳо журналист ва шахси маъруф, балки ҳар як шаҳрванд қобили қабул нест. Бо чунин тарз қасос гирифтан аз одамони номақбул ҷиноят буда, мутобиқи қонун бояд ҷиддан мавриди ҷазои сахт қарор бигирад.

Баъзе коршиносон ҳодисаи мазкурро ба фаъолияти касбии журналистии Ҳикматулло Сайфуллозода марбут медонанд. Созмонҳои ҷамъиятӣ ва ВАО омода ҳастанд ки ин ҳодисаро мавриди таҳқиқоти журналистӣ қарор дода, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои фош кардани ҷинояти мазкур мусоидат намоянд.

Ошкор намудани ҷиноят оид ба ҳодисаи ҳамла ва лату кӯб кардани Ҳикматулло Сайфуллозода марбут ба обрӯю эътибори мақомоти ҳифзи хукук ва дигар сохторҳои босалоҳияти давлатии Тоҷикистон мебошад.

[b]А.Сатторов, Раиси ИЖТ

Н.Қаршибоев, Раиси АМВАОМТ

Х.Ниёзов, Дабири кули МАТ

С.Дӯстов, Раиси Бунёди «Индем»[/b]

Источник:

«Миллат»: «Қарори додгоҳ ғайриқонунист»

[b]Пас аз як соли баҳс миёни ҳафтаномаи «Миллат» ва вазорати кишоварзӣ, додгоҳ ин қазияро ба нафъи ин ниҳоди давлатӣ ҳал кард.[/b]

Аммо ҳалнома аз сӯи Дилором Абдураҳимова, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва ҳамзамон додраси парванда, танҳо дар ҳузури тарафҳо, бидуни ширкати хабарнигорон эълом шуд. Дар ниҳоят маълум гардид, ки додгоҳ ҳафтаномаи «Миллат» -ро муваззаф кард, ки барои ворид кардани зарари маънавӣ ба вазорати кишоварзӣ маблағи 1, 5 ҳазор сомонӣ ва ё муодили беш аз 300 доллари амрикоӣ товон пардохт кунад.

Вазорати кишоварзӣ матлаби нашрнамудаи ҳафтаномаи «Миллат» зери номи «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар яке аз шумораҳои ин нашрия дар охири соли 2009 -ро тӯҳмате нисбати ин вазорат хонда ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товон карда буд. Дар муқобил нашрияи «Миллат» ба додгоҳ даъвои мутақобила бурд ва аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ товон талаб кард.

Идомаи маводро дар бахши тахлилии сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=18]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=18[/url]

Бароти Юсуфӣ, Хуршеди Ҳамдам

Источник:

«Миллат»: «Қарори додгоҳ ғайриқонунист»

[b]Пас аз як соли баҳс миёни ҳафтаномаи «Миллат» ва вазорати кишоварзӣ, додгоҳ ин қазияро ба нафъи ин ниҳоди давлатӣ ҳал кард.[/b]

Аммо ҳалнома аз сӯи Дилором Абдураҳимова, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва ҳамзамон додраси парванда, танҳо дар ҳузури тарафҳо, бидуни ширкати хабарнигорон эълом шуд. Дар ниҳоят маълум гардид, ки додгоҳ ҳафтаномаи «Миллат» -ро муваззаф кард, ки барои ворид кардани зарари маънавӣ ба вазорати кишоварзӣ маблағи 1, 5 ҳазор сомонӣ ва ё муодили беш аз 300 доллари амрикоӣ товон пардохт кунад.

Вазорати кишоварзӣ матлаби нашрнамудаи ҳафтаномаи «Миллат» зери номи «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар яке аз шумораҳои ин нашрия дар охири соли 2009 -ро тӯҳмате нисбати ин вазорат хонда ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товон карда буд. Дар муқобил нашрияи «Миллат» ба додгоҳ даъвои мутақобила бурд ва аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ товон талаб кард.

Ҳамакнун бо эъломи ҳалномаи додгоҳ, Нарзулло Додобоев, намояндаи вазорати кишоварзӣ аз он истиқбол кард ва гуфт, «аз қарори суд мо розӣ ҳастем. Зеро он даъвои мо, ки раддия чоп кардани ҳафтанома ва пардохти маблағ маъқул дониста шуд».

Аммо Ҷунайд Ибодов, намояндаи ҳуқуқии ҳафтаномаи «Миллат» қарори додгоҳро ғайриқонунӣ медонад ва мегӯяд, «далеҳое, ки мо пешниҳод карда будем, асоси қонунӣ ва ҳуқуқӣ доштанд, онҳоро додгоҳ тамоман ба инобат нагирифт, ки ин қарор ғайриқонунӣ ва ноадолатона аст. Зеро он далелу маводе, ки мо ба додгоҳ пешниҳод карда будем, дар бораи талаву тороҷи маблағҳои буҷа аз сӯи вазорати кишоварзӣ ҳамаи онҳо асоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ доранд. Мо онҳоро аз мақомотҳои давлатие, ки мутассадии ин кор ҳастанд, гирифтем».

Ба таъкиди ҷаноби Ибодов, қарори додгоҳ дар бораи пардохти маблағ барои зарари маънавӣ ба вазорати кишоварзӣ низ нақзи қонунгузории кишвар аз сӯи додгоҳ аст. Зеро ба гуфтаи вай, тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон, зарари маънавӣ на ба вазорат, балки ба шахси воқеӣ расонда мешавад. Ба ин тартиб ҷониби ҳафтаномаи «Миллат» тасмим гирфтааст, ки нисбати ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бубарад.

Дар ҳамин ҳол масъулони созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ алайҳи ҳафтаномаи «Миллат» — ро фишор болои матбуот ва озодии баён арзёбӣ карданд. Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар ин бора гуфт, «исбот кардани он чизе, ки масалан фасод ҷой дорад ё надорад дар як вазорат, мо ҳама медонем, ки ҷой дорад, лекин исбот карда тавонистан мушкилиҳои зиёдеро пеш меорад. Аз ин хотир қароре, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ алайҳи «Миллат « баровард, албатта беадолатона аст ва як навъ фишор болои матбуоти Тоҷикистон аст».

Бо ин ҳам Адолати Мирзо, сардабири нашрияи «Миллат» бар ин бовар аст, ки ин иқдом ҳеҷ таъсире ба фаъолияти журналистии онҳо нахоҳад гузошт, балки «бархӯрди ноодилонаи додгоҳ дасту дили моро ба фаъолияти журналистӣ бештар мегардонад ва мо роҳамонро барои фош кардани камбудҳои ҷомеа, аз ҷумла фасодзадагӣ дар ниҳодҳои давлатӣ идома медиҳем».

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳоле, баҳс миёни ҳафтаномаи «Миллат» ва вазорати кишоварзиро ниҳоӣ кард, ки то ду рӯзи дигар ин додгоҳ шикояти вазорати адлияи Тоҷикистон алайҳи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистиро, ки молики «Пайкон», яке дигар аз ҳафтаномаҳои мустақил аст, баррасӣ мекунад.

Вазорати адлия ба далели нақз шудани муқаррароти қонун, хостори мутаваққиф шудани фаъолияти ин созмон шудааст. Аммо он гуна, ки Ҷумъабой Толибов, раиси ин Бюро ва сардабири нашрияи «Пайкон» мегӯяд, чоп шудани матолиби интиқодӣ нисбати вазорати адлия бо номҳои «Истеъфо» ва «Бузкашӣ дар атрофи СУМ“ дар шумораҳои моҳи октябри соли гузашта ва январи соли ҷорӣ дар ин ҳафтанома, боиси ба додгоҳ кашонда шудани созмонаш шудааст.

Ин дар ҳолест, ки охири моҳи январи соли гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе дар баҳсе миёни нашрияи «Пайкон» бо Агентии «Тоҷикстандарт» ҳафтаномаро барои тӯҳмат мутаҳҳам донист ва пардохти маблағи 300 ҳазор сомонӣ товонро тақозо кард. Ҳамакнун рӯшан аст, ки дар сурати ҳал шудани баҳс ба нафъи вазорати адлия дар додгоҳи Фирдавсӣ, на танҳо фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ мутаваққиф хоҳад шуд, балки ҳафтаномаи «Пайкон» низ аз чоп хоҳад монд.

Ин дар ҳолест, созмонҳои байналмилалӣ ва ба хусус созмонҳои дифоъ аз рӯзноманигорон борҳо аз амалкарди ниҳодҳои давлатӣ барои ба додгоҳ кашондани хабарнигорон ва расонаҳо интиқод кардаанд. Аммо бо ин вуҷуд дида мешавад, ин раванд дар ин авохир густариши чашмгире пайдо мекунад. Ба додгоҳ кашонида шудани Рамзия Мирзобекова, хабарнигори ҳафтаномаи «Азия Плюс» тавассути Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷумлаи ин таҳаввул аст, ки дар ҳафтаи оянда додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба мурофиаи он оғоз хоҳад кард.

Бароти Юсуфӣ, Хуршеди Ҳамдам

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2300698.html

ҲНИТ: «Ҳамла ба Сайфуллозода амали тарҳрезишуда аст»

Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозодаро «амали тарҳрезишуда» алайҳи ин ҳизб номид.

Дар изҳороти ин ҳизб, ки пас аз зуҳри8-уми феврал мунташир шуд, гуфта шудааст, «ин амал идомаи фишорҳо ва фазосозиҳоест, ки алайҳи ҲНИТ аз тарафи доираҳои муайян сурат мегирад.»

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ гуфт, шӯрои сиёсии ҳизбаш дар баробари маҳкум кардани ин ҳодиса, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, то фармоишгарон ва иҷрогарони латукӯби сардабири «Наҷот»-ро ошкор ва ба ҷавобгарӣ бикашад.

Масъулони ин ҳизб аз заъфи арзишҳои мардумсолорӣ, озодии виҷдон ва матбуот низ изҳори ташвиш кардаанд.

Онҳо гуфтаанд, «ҳоло усулҳои авторитарии идораи давлат, фасоди моливу идорӣ, нақзи ҳуқуқҳои диниву сиёсии шаҳрвандон ва нодида гирифтани ниёзу хостаҳои мардум» бештар ба мушоҳида мерасанд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ки латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода аз тарафи афроди номаълумро баррасӣ мекард, гуфтааст, ба ҷои муколама ва ҳамкорӣ шеваҳои номатлуби муносибат бо ҳизбҳои сиёсии мухолиф пеш гирифта шудааст, ки «ин ҳама заминаро барои ворид шудани кишвар ба як марҳилаи носолими сиёсӣ фароҳам меорад.»

«Бахусус, пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 муносибат бо ҳизбҳои сиёсӣ комилан аз чорчӯби рақобати солими сиёсӣ берун рафт, ки нишонаҳои он дар мавқеъгириҳои расмӣ ва ғайрирасмии намояндагони мақомоти давлатӣ зоҳир мегарданд»,-гуфта шудааст дар ин изҳорот.

[b]Нигаронии созмонҳои хабарнигорӣ[/b]

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон ҳам бо пахши баёнияе аз латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода изҳори нигаронӣ кардаанд.

Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, НАНСМИТ, “Медиа-Алянс” ва “Бунёди Индем” бо пахши изҳороти муштарак аз мақомоти интизомӣ тақозо кардаанд, то ин қазия “ба таври ҷиддӣ” тафтиш шавад.

Ин созмонҳо латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи “Наҷот” аз сӯи афроди номаълумро “амали ваҳшиёна” хондаанд.

Онҳо навиштаанд, “дар ҷомеаи демократӣ сӯиқасд ба ҳаёт ва саломатии на танҳо журналист ва шахси маъруф, балки ҳар як шаҳрванд қобили қабул нест. Бо чунин шева қасос гирифтан аз одамон ҷиноят буда, бар асоси қонун бояд мавриди ҷазои сахт қарор бигиранд.”

Ҳикматулло Сайфуллозода субҳи рӯзи ҳафтуми феврал дар назди манзили худ аз сӯи афроди номаълум мавриди ҳамла қарор гирифт. Вай ҳоло дар беморхонаи “Қарияи Боло”-и шаҳри Душанбе бистарист.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон агарчӣ мегӯяд, ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардааст, вале то ҳанӯз дар ин бора парванда боз накардааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақии Тоҷикистон (НАНСМИТ), гуфт, созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон омода ҳастанд, ин қазияро мавриди таҳқиқоти журналистӣ қарор дода, ба мақомоти интизомӣ барои ошкор кардани “афроди номаълум”-е, ки Ҳикматулло Сайфуллозодаро латукӯб кардаанд, кӯмак намоянд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2301073.html

Изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар мавриди сӯиқасд ба узваш

Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони узви Раёсати Олии ҳизб ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозодаро шадидан маҳкум намуда, онро як амали тарҳрезишуда алайҳи ҲНИТ ва шахсиятҳои он меҳисобад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин амали ноҷавонмардона идомаи фишорҳо ва фазосозиҳоест, ки вақтҳои ахир алайҳи ҲНИТ аз тарафи доираҳои муайян сурат мегирад ва барои эҷоди тарсу ваҳм дар байни аъзо, тарафдорон ва ҷомеаи кишвар равона шудааст.

«Тоҷикистон пас аз сулҳи ваҳдатофарин муддате дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи солими сиёсиву фикрӣ қарор дошт, ки боиси рушди нисбии иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар ва болоравии обрӯву ҷойгоҳи миллат гашта буд. Вале солҳои ахир каҷравиҳо дар ин раванд ва дур шудан аз арзишҳои тақдирсози ваҳдати миллӣ эҳсос мегардад, ки аз тарафи коршиносон ва аҳли ҷомеа қаблан ҳам таъкид шуда буд. Арзишҳое мисли мардумсолорӣ, гуногунандешӣ, озодии виҷдон ва матбуот батадриҷ заиф гашта, ҷои онро таҳкими усулҳои авторитарии идораи давлат, фасоди моливу идорӣ, поймолшавии ҳуқуқҳои диниву сиёсии шаҳрвандон ва нодида гирифтани ниёзу хостаҳои мардум ишғол менамояд. Ин ҳолат наметавонад нерӯҳои солими кишварро бетараф гузорад ва табиист, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ, васоити ахбори омма ва равшанфикрон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор мегирад. Ҷои таассуф аст, ки баъзе доираҳо ба ҷои ислоҳи вазъ ва бартараф кардани камбудиҳо даст ба душмантарошӣ ва фазосозиҳои носолим алайҳи дигарандешон мезананд. Ба ҷои муколама, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ шеваҳои номатлуби муносибат бо ҳизбҳои сиёсии мухолиф, рӯзномаҳои ғайридавлатӣ ва шахсиятҳои мустақил пеш гирифта мешавад, ки ин ҳама заминаро барои ворид шудани кишвар ба як марҳалаи носолими сиёсӣ фароҳам месозад. ҲНИТ қаблан ҳам аз инҳироф дар раванди муколамаи миллӣ, натиҷагириҳои яктарафаи сулҳу ваҳдат ва дур шудан аз арзишҳои он изҳори нигаронӣ намуда буд. Бахусус, пас аз интихоботҳои парлумонии соли 2010 муносибат бо ҳизбҳои сиёсӣ комилан аз чорчӯби рақобати солими сиёсӣ берун рафт, ки нишонаҳои он дар мавқеъгириҳои расмӣ ва ғайрирасмии намояндагони мақомоти давлатӣ зоҳир мегарданд. ҲНИТ масъулияти маънавии сӯиқасд алайҳи намояндаи худро қисман ба дӯши доираҳое мегузорад, ки бо назарҳо, таҳлилҳо ва ишораҳои ғаразнок ва сиёсатзадаи худ заминаро барои содир намудани чунин ҷиноят фароҳам сохтанд»,- омадааст дар изҳорот.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ таъкид мекунад, ки истифодаи хушунат ва даҳшатафканӣ дар рақобатҳои сиёсӣ дар ҳама ҳолат номақбул буда, истифода аз чунин василаҳои ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ алайҳи сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсӣ на танҳо ҷиноят, балки хатари бузурге ба амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа маҳсуб мешавад.

Шӯрои Сиёсии ҲНИТ дар баробари шадидан маҳкум кардани ин ҳодиса аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қотеъона талаб намудааст, ки фармоишгарон ва иҷрокунандагони ин ҷиноятро ҳарчи зудтар ошкор намояд ва ба ҷавобгарӣ кашад.

Ҳамзамон, Шӯро аз мақомоти давлатии кишвар, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон даъват ба амал овардааст, ки барои эҳёи фарҳанги муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ дар фазои сиёсии кишвар талош намоянд.

Мушкинисо АСОЗОДА

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11402&Itemid=30

Латукӯби сардабири ҳафтаномаи «Наҷот»

Ҳикматулло Сайфуллозода дар бемористони «Қарияи Боло»

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири «Наҷот» ва узви раёсати олии ҲНИТ, мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Вай дар сӯҳбати кӯтоҳи худ гуфт, субҳи рӯзи душанбе, 7-уми феврал, дар роҳ ба сӯи идораи ҳафтанома дучори ҳамлаи афроди ношинос шудааст.

Ба гуфтаи вай, як нафари ношинос бидуни ҳеҷ огоҳӣ садди роҳаш шуда, таваҷҷӯҳи ӯро ба худ ҷалб мекунад ва ду нафари дигар ӯро мавриди латукӯб қарор медиҳанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода бар асари латукӯб аз ҳуш рафта, ба беморхонаи «Қарияи Боло» оварда мешавад. Ҳоло ӯ дар беморхонаи «Қарияи Боло» бистарӣ аст.

Яке аз пизишкони беморхонаи «Қарияи Боло» гуфт, ташхис нишон додааст, ки ҷаноби Сайфуллозода аз косахонаи сар зарб хӯрда, чашму даҳони ӯ низ доғи сиёҳ гирифтаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2299570.html

Ифшои боз як номаи маҳрамона дар бораи Тоҷикистон

Ин нома ҷузъиёти дидори як дипломати амрикоӣ бо генерал Абдулло Назаров, муовини вақти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар поёни соли 2009-ро дар бар мегирад.Тавилдара ва Мирзо Зиёев

Викиликс мегӯяд, генерал Назаров дар ин дидор ба ҷузъиёти амалиёти вижаи зидди афроди Мирзо Зиёев дар ноҳияи Тавилдара пардохта, аз ҷумла гуфтааст, дар ин ҷо дар канори размандагони собиқи мухолифин зархаридони тотору чечену доғистонӣ ва ҳатто кореягӣ меҷангиданд.

Ба навиштаи ин сомона, ҷаноби Назаров ҳамчунин хабар додааст, ки раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон Тоҳир Юлдош 5 ҷангии дигарро ба кӯмаки ҷангиёни Тавилдара фиристод, вале онҳоро дар марзи Дарвоз боздошт карданд.

Ба иддаои генерали тоҷик, ин гурӯҳ қасди анҷоми ҳамлаи террористӣ дар ҳошияи сафорати Амрикоро дошт, то дар Душанбе муҳити тарсу воҳима эҷод шавад.

“Тоҷикистон Кашмири дуввум мешуд”

Бино бар ин номаи нашркардаи Викиликс, Абдулло Назаров аз афзоиши ифротгароёни исломӣ дар кишвар изҳори ташвиш карда, гуфтааст, ки аксари онҳо дар Покистон таълим мегиранд ва ба ҷомеаи Тоҷикистон хатар доранд.

Ин сомона мегӯяд, ҷаноби Назаров дар бораи пайравони «Ҷамоати таблиғ» ҳам сӯҳбат карда, гуфтааст, агарчӣ пайравони ин ҷамоат созмони худро мубаллиғӣ меноманд, вале дар ҳодисаҳои Тавилдара симои воқеии бархе аз аъзои ин гурӯҳ ошкор шуд. Чунки онҳо, ба гуфтаи генерал Назаров, талош доштанд, то ба ҷангиён дар ин қаламрав бипайванданд.

Вай гуфтааст, гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар Тоҷикистонро барои бархӯрди шадид бо пайравони «Ҷамоати таблиғ» интиқод карданд, вале агар давлат чунин бархӯрди шадид намекард, Тоҷикистон ба як Кашмири дигар табдил меёфт.

Қонуни дин ва «Эрони кӯчак»

Дар посух ба ин суол, ки оё қонуни нави дини Тоҷикистон барои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм кӯмак кард ё халал расонид, Абдулло Назаров гуфта, ки «моро барои қабули ин қонун шадидан интиқод карданд, бахусус, дар мавриди он банди ин қонун, ки ҳузури наврасонро дар масоҷид манъ мекунад.»

Ҳамон тавре ки Викиликс менависад, генерал Назаров афзудааст, ки «як ба инқилоби исломии Эрон нигаред. Масоҷид одамонро ба ҳам овард ва сипас ба хиёбонҳо рехт. Тоҷикистон Амрико нест. Қонуни нав нуфузи раҳбарони диниро маҳдудият мекунад. Кӯдакон бояд аввал таълимоти дунявӣ гиранд, сипас ба масҷид раванд.”

Вай ҳамчунин гуфтааст, “имомоне, ки дар хориҷ аз кишвар таълим гирифтаанд, дар мавъизаҳои худ ибораи «марг бар Амрико»-ро истифода кардаанд.” Ҷаноби Назаров афзуда, ки «бояд пеши роҳи инро гирифт, вагарна Тоҷикистон як Эрони кӯчаке хоҳад шуд.»

Бо ин вуҷуд, то ҳол аслияти ин нома аз ҷониби сафорати Амрико ё мақомоти Душанбе таъйид ё такзиб нашудааст.

Тоҷикистон ва ифшогариҳои Викиликс

Аммо дар моҳи декабри соли гузашта рӯзномаи «The Guardian», чопи Лондон, се барқияи махфии сафорати Амрико дар Тоҷикистонро, ки Викиликс дастрас кардааст, ба чоп расонда буд.

Ин рӯзнома бо истинод ба ин барқияҳо навишт, ки Тоҷикистон бо маҷмӯе аз мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯст ва яке аз муҳимтарини онҳо президенти ин кишвар аст.

Матбуоти дохилии Тоҷикистон ҳам баъзе аз ин номаҳоро дар саҳифаҳои худ чоп карданд. Аз ҷумла, дар бораи охирин дидори Ричард Ҳоугленд, сафири собиқи Амрико дар Душанбе ва вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев.

Ҳамчунин, расонаҳои Русия аз қавли Викиликс дар як матлаб Ҳамроҳхон Зарифиро дастнишонда ва номзади Амрико барои раисҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда буданд, ки баъдан нусхаи англисии он пайдо нашуд.

Дар матлаби дигар аз сӯҳбати махфии вазири корҳои хориҷӣ, он замон сафири Тоҷикистон дар Амрико бо сафири вақти Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд сухан мерафт. Дар ин номаи дипломатӣ, ки Викиликс нашр кардааст, сафири амрикоӣ менависад, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ ӯро итминон медиҳад, то дар амри густариши нуфузи Амрико дар Тоҷикистон сабур бошад.

Ҳамроҳхон Зарифӣ баргузории сӯҳбат бо сафири амрикоиро таъйид кард, вале гуфт, тафсилоти ин сӯҳбатро, ки Викиликс чоп кардааст ё фантазияи худи сафир Ҳоугленд аст ё кормандони расонаҳо.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2299285.html