Все записи автора admin

«Афзоиши фишорҳо бар рӯзноманигорон»

«Системи нокомили ҳимоят аз матбуъот ба афзоиши фишорҳо бар рӯзноманигорон дар Тоҷикистон мунҷар шудааст.»Ин матлаб дар баёнияи «Media Group & Mercy», як созмони ғайридавлатии рӯзноманигорон дар вилояти Суғд, ки рӯзи душанбеи 7 феврал мунташир шуд, зикр шудааст.

Ин созмон боло бурдани сатҳи тахассусии марокизи матбуъотии ниҳодҳои давлатиро аз роҳҳои ҳалли ин мушкил хонда ва гуфтааст, ки дар сурати вокуниши сареъи марокизи матбуъотӣ ба матолиби интиқодӣ мумкин аст аз ихтилофоти эҳтимолӣ ва даъвоҳои додгоҳӣ ҷилавгирӣ шавад.

Созмони «Media Group & Mercy» дар соли 2002 дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон таъсис шуда ва дар миёни созмонҳои рӯзноманигории ин кишвар то кунун чандон шинохташуда набудааст.

Зимнан, интизор мерафт рӯзи душанбеи 7 феврал дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии муқаддамотии қазияи нашрияи “ASIA-Plus” баргузор шавад. Аммо ба далели ҳозир нашудани намояндагони ҷониби муддаъӣ ин ҷаласа то ба як ҳафтаи дигар ба таъвиқ афтодааст.

Дар пайи чопи матлаби Рамзия Мирзобекова, хабарнигори “ASIA-Plus” таҳти унвони “Бозрасӣ ё истинтоқ?” дар 21 декабри соли гузашта дар мавриди истифодаи шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ Анвар Тағоймуродов, раиси Идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин нашрияро ба «таҳвину бӯҳтон» муттаҳам кардааст.

Ӯ нашрияи “ASIA-Plus”-ро ба яке аз додгоҳҳои шаҳри Душанбе кашида ва тақозои пардохти ғаромат ба миқдори 1 милюн сомонӣ ё муъодили 165.625 юруро кардааст.

Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон пештар зимни интиқод аз ин иқдоми оқои Тағоймуродов аз Додситонии кул ва ниҳодҳои дигари интизомӣ даъват карда буданд, ки ин ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор дода ва аз мавориди нақзи қавонин дар заминаи дастрасии мардум ба иттилоъот ва озодии баён ҷилавгирӣ кунанд.

Созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз низ пайгарди қазоии ин ҳафтаномаро аз ҷониби раиси Идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон маҳкум карда ва ин амалро нақзи муқаррароти байналмилалӣ ва қавонини кишвар дар бораи озодии баён талаққӣ кардааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110207_mm_media.shtml

Омодагии Эрон ба оғози кори телевизиюни муштарак

[b]Сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки кишвараш таҷҳизоти зарурӣ барои роҳандозии телевизиюни муштараки кишварҳои форсизабонро дар Олмон харидорӣ кардааст.[/b]

Ба гуфтаи Алиасғари Шеърдӯст, мақомоти эронӣ мунтазири тасмими ҷониби Тоҷикистон дар бораи роҳандозии ин телевизиюн ҳастанд ва дар сурати иттихози ин тасмим имкон дорад «телевизиюни муштараки се кишвар ба забони форсӣ» дар остонаи Наврӯз фаъол шавад.

Идомаи мавод дар саҳифаи таҳлилии сомонаи мо: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=20]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=20[/url]

Источник:

Оғози баҳси Вазорати адлия ва муассиси «Пайкон»

[b]Вазорати адлияи Тоҷикистон аз додгоҳ хостори қатъи фаъолияти созмони молики ҳафтаномаи “Пайкон” шуд.[/b]

Ин вазорат мегӯяд, созмони Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ки муассиси ҳафтаномаи «Пайкон» аст, суроға ё нишонии идораро тағйир дода, вале дар ин бора ба мақомот хабар надодааст.

Қурбоналӣ Бобоев, намояндаи Вазорати адлияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии шикояти ин вазорат дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, БМСТЖ бо ин амали худ муқаррароти қонунро нақз кардааст.

Аммо Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ мегӯяд, ин ниҳоди рӯзноманигорӣ тағйири суроға накарда, балки аз ошёнаи якуми бинои «Шарқи озод» ба ошёнаи дигари он «кӯчидааст».

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъаи Толиб, раиси ин Бюро ва сардабири нашрияи «Пайкон» мегӯяд, чоп шудани матолиби интиқодӣ нисбат ба вазорати адлия бо номҳои «Истеъфо» ва «Бузкашӣ дар атрофи ЦУМ» дар шумораҳои моҳи октябри соли гузашта ва январи соли ҷорӣ дар ин ҳафтанома, боис ба додгоҳ кашонда шудани созмонаш шудааст.

Вай гуфт, ҳадаф аз ин баҳси додгоҳӣ эҷоди мушкил барои чопи ҳафтаномаи «Пайкон» аст.

Ин дар ҳолест, ки охири моҳи январи соли гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе дар баҳсе миёни нашрияи «Пайкон» бо Агентии «Тоҷикстандарт» ҳафтаномаро барои нашри матлаби тӯҳматомез мутаҳҳам донист ва пардохти маблағи 300 ҳазор сомонӣ товонро тақозо кард.

Ҳамакнун рӯшан аст, ки дар сурати ҳал шудани баҳс ба нафъи Вазорати адлия дар додгоҳи Фирдавсӣ, на танҳо фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ мутаваққиф хоҳад шуд, балки ҳафтаномаи «Пайкон» низ аз чоп хоҳад монд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2304615.html

Омодагии Эрон ба оғози кори телевизиюни муштарак

[b]Сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки кишвараш таҷҳизоти зарурӣ барои роҳандозии телевизиюни муштараки кишварҳои форсизабонро дар Олмон харидорӣ кардааст.[/b]

Ба гуфтаи Алиасғари Шеърдӯст, мақомоти эронӣ мунтазири тасмими ҷониби Тоҷикистон дар бораи роҳандозии ин телевизиюн ҳастанд ва дар сурати иттихози ин тасмим имкон дорад «телевизиюни муштараки се кишвар ба забони форсӣ» дар остонаи Наврӯз фаъол шавад.

Оқои Шеърдӯст, ки дар як нишасти матбуъотӣ бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, ҳамчунин гуфт, ки дар оянда барои ҳалли бархе масоили марбут ба тасмимгирии ҷониби Афғонистон дар мавриди ин телевизиюн ба Кобул сафар хоҳад кард, то бо вазири фарҳанг ва иттилоъоти он кишвар музокира кунад.

Қаблан як масъули сафорати Эрон дар Душанбе дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ иддаъои ахири Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон, дар бораи омода набудани ҷониби Эрон ба оғози кори телевизиюни муштаракро рад карда буд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Эрон аз Олмон куллияи таҷҳизоти зарурӣ барои оғози кори ин телевизиюнро харидорӣ кардааст. Вай афзуд: «Як ширкати олмонӣ омода аст дар тӯли бист рӯз ин таҷҳизотро насб ва ба кормандон наҳваи истифода аз онҳоро омӯзиш бидиҳад.»

Вале ба гуфтаи ин масъули сафорати Эрон, сохтмоне, ки ҷониби Тоҷикистон барои таъсиси дафтари ин телевизиюн дар шаҳри Душанбе ихтисос додааст, ба сурати комил бозсозӣ ва такмил нашудааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ин манбаъ, шароити окустикии истудиюҳо ҳанӯз фароҳам нашуда ва ба ин далел мутахассисини олмонӣ наметавонанд ба насби таҷҳизот шурӯъ кунанд.

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи оқои Шеърдӯст, ҷониби Эрон барои оғози кори ин телевизиюни муштарак чандсад соъат барномаҳои тавлидӣ ва муқаддамотӣ таҳия карда ва теъдоде гӯяндаву наттоқу нависанда ҳам интихоб шудаанд. Ҷониби Тоҷикистон низ миқдоре аз барномаҳо барои ин телевизиюнро омода мекунад.

Оқои Шеърдӯст афзуд: «Мо мунтазири эъломи назари расмии давлати Тоҷикистон ҳастем барои таърихи шурӯъ. Он ширкате, ки ин таҷҳизот аз он харидорӣ шуда, 20 рӯз аз мо вақт хоста, ки дар ин муддат дастгоҳҳоро насб кунад, таҳвил диҳад, озмоиш кунад, як муддат ҳам бар сари мутахассисин биистад, ки онҳо ин дастгоҳҳро омӯзиш бубинанд, шаш моҳ горонти (замонат) ҳам кардааст.»

Сафири Эрон афзуд, ки агар мақомоти тоҷик назари расмии худро то охири баҳманмоҳ (то 20 феврал) эълом кунанд, ҷониби Эрон барои Наврӯз омодагии ифтитоҳи ин шабакаро дорад.

Дар гузашта ин мавзӯъ матраҳ буд, ки ҷонибҳои Тоҷикистону Эрон бо Афғонистон дар мавриди роҳандозии телевизиюни муштараки кишварҳои форсизабон ихтилофи назар доранд.

Бархе манобеъ гуфта буданд, ки ҷониби Афғонистон мехоҳад ин телевизиюн ба забони пашту низ барномаҳое пахш кунад, зеро «бахши умдаи ҷамъияти ин кишварро паштуҳо ташкил медиҳанд.»

Бо ишора ба ин нукта сафири Эрон дар Душанбе хабар дод, ки қарор аст дар ояндаи наздик сафаре ба Афғонистон анҷом диҳад ва бо мақомоти фарҳангии ин кишвар дар мавриди роҳандозии телевизиюни муштарак музокира кунад.

Вай гуфт дар Афғонистон бархе мақомот масоили қавмиро пеш меоранд ва мехоҳанд ки ба забонҳои дигар низ ин телевизиюн барнома пахш кунад, вале ин амр бо аҳдофи телевизиюни муштарак созгор нест.

Оқои Шеърдӯст афзуд: «Мо мехоҳем бо забони муштараки байни кишварҳо ва мардумони минтақа, яъне дарию форсию тоҷикӣ, суҳбат кунем. Инҳо масоили қавмиро матраҳ мекунанд, ки мо ақвоми дигаре дорем, ки бояд ба забони онҳо низ аз ин телевизиюн барнома пахш шавад. Хуб, агар ин тур бошад, мо дар Эрон даҳто забон дорем, ки ҳар кадом ҷамъияти касисри чандмилюнӣ доранд. Масалан, арабу турку курду луру туркман ва ғайра дар Эрон вуҷуд доранд.»

Зимнан, тасмими таъсиси чунин як шабакаи телевизиюнӣ дар дидори руасои ҷумҳурии се кишвари форсизабон, яъне Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон дар соли 2006 иттихоз шуда буд.

Тибқи тавофуқоти се ҷониб, таъмини молии фаъолияти ин телевизиюн аз ҷониби Эрон сурат мегирад. Тоҷикистон барои фаъолияти ин шабака бино ва шароити фаннӣ фароҳам мекунад. Вале ба далоили мухталиф роҳандозии ин шабакаи телевизиюнӣ тӯли чанд соли ахир ба таъвиқ дароварда мешавад.

Соле қабл мақомоти Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки қарор буд дар остонаи Наврӯзи соли гузашта ин телевизиюн ба кор оғоз кунад, аммо ин иттифоқ рух надод.

Дар ҳамин ҳол, соҳибназарон аз эҳтимоли бурузи ихтилофоти дигаре бар сари наҳваи фаъолияти ин телевизиюни муштарак ҳушдор медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, Афғонистон ва Эрон кишварҳои дорои низоми исломӣ ҳастанд, вале Тоҷикистон кишвари дунявӣ маҳсуб мешавад.

Ба ин тартиб, имкон дорад мавзӯъи мушкили пӯшиши либос, барномаҳои тафреҳӣ ва таблиғи арзишҳои исломӣ метавонад боъиси бурузи ихтилофот миёни дастандаркорони се кишвар гардад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110208_if_iran_tv.shtml

Қарори раиси шаҳри Душанбе барои таъсиси сомонаҳои интернетӣ

Бо мақсади сари вақт бархӯрдор намудани сокинони шаҳри Душанбе аз маълумоту иттилоот оид ба амалигардонии барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, чорабиниҳои оммавию сиёсӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, назарсанҷии афкори омма ва пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ташкили тарзи нави ҳамкорӣ бо шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар асоси истифодаи фаъоли технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №318, аз 1-уми июли соли 2010 «Дар бораи ҳисоботи вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми ноябри соли 2003 №1174 «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 4, 8, 9, 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ва моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот», қарори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, ки дар асоси он роҳбарони мақомоту сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 вазифадор карда шудаанд, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ на дертар аз 31-уми марти соли 2011 дар шабакаи Интернетӣ сомонаи расмии худро таъсис диҳанд. Дар ин бора ба TojNews сухангӯи Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.Тибқи иттилои манбаъ, дар робита ба муқаррароти банди 1-и Қарори мазкур, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоту сохторҳои шаҳрӣ ҷиҳати бо сифати баланд таъмин намудани дастрасии шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба ахборот ва хизматрасониҳои давлатӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият, амалигардонии Барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сомонаи худро бо хабар, маълумот ва санадҳои дахлдор таъмин ва бо мақсади фаъолияти мунтазам сомонаро бо инфраструктураи зарурии муосир муҷаҳҳаз гардонанд.

Ҳамчунин, мақомоту сохторҳои марбутаи шаҳрии зерин муваззаф шуданд, ки дар шабакаи Интернет сомонаи расмии худро таъсис диҳанд:

1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур.

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино.

3. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе.

4. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе.

5. Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе».

6. Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе».

7. Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт».

8. Нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе — рӯзномаи «Паёми Душанбе».

9. Корхонаи воҳиди давлатии «Меҳмонсарои Пойтахт».

10. Корхонаи воҳиди давлатии «Меҳмонхонаи «Вахш».

11. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити Пойтахт».

12. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Дустӣ-Интернет кафе».

13. Раёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе.

14. Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

15. Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз аз 19-уми ноябри соли 2004 сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе www.dushanbe.tj ва аз 13-уми октябри соли 2005 почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com, аз 27-уми феврали соли 2010 сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи И. Сомонӣ www.i-somoni.tj ва почтаи электронии Раиси ноҳияи И. Сомонӣ i-somoni.tj@mail.ru ва аз 25-уми декабри соли 2010 сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ www.n-firdavsi.tj ва почтаи электронии раиси ноҳияи Фирдавсӣ n.firdavsi@mail.ru ташкил карда шуда, то ба имрӯз фаъол мебошанд.

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11466&Itemid=30

Сафорати ИМА ҳамла ба Сайфуллозодаро маҳкум мекунад

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода — сардабири нашрияи «Наҷот»-ро, ки санаи 7-уми феврал рух дод, маҳкум менамояд. Дар ин бора ба TojNews аз сафорати мазкур иттилоъ доданд.

— Ин ҳамлаи ногаҳон ба амал омада ба аъзои ҳизби қонунӣ ҳамла ба ибрози сиёсӣ дар Тоҷикистон буд. Аз ҳамин лиҳоз мо аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, то тафтиши дақиқи ин ҳамла гузаронида шавад ва гунаҳкорон бо тамоми ҷиддияти қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Одамон набояд аз зӯроварӣ ё таъқиб гаштан аз сабаби назари сиёсӣ, эътиқоди динӣ, ё худ аъзои ҳизби сиёсӣ буданашон ҳаросанд,- афзуд манбаъ.

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Ҳикматулло Сайфуллозода беҳшавии ҳарчи зудтар ва бозгаштан ба фаъолияти хешро орзу намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҳикматулло Сайфуллозода дар баробари кор карданаш дар маркази таҳлилии «Диалог», соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи «Наҷот» — нашрияи расмии ҲНИТ-ро бар ӯҳда гирифт.

Нилуфари КАРИМ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11432&Itemid=28

Вокунишҳо ба фошкориҳои Викиликс

Як масъули вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, нашри номаҳои «Викиликс» ва доман задани онҳо тавассути расонаҳои Ғарб дар ҳеҷ сурат ба таври ҷиддӣ пазируфта намешавад ва ин номаҳо ба равобити Тоҷикистон бо сойири кишварҳои дунё таъсир надорад.Ин манбаъ афзуд, муносибат ва ҳамкории Тоҷикистон бо Русия ва Амрико дар чаҳорчӯби қарордодҳо сурат мегирад ва давлат талош хоҳад кард то ин ҳамкориҳо густариши бештар пайдо кунанд.

Ҳарфҳое, ки сари забонҳо буд

Дар матлаби ба нашррасида дар рӯзномаи бритониёии «Гардиан» бо истинод ба маводи Викиликс фаъолияти давлати Тоҷикистон таҳти раҳбарии раисиҷумҳури он мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.

Аммо доираҳои сиёсӣ ва рӯзноманигорони тоҷик мегӯянд «Викиликс» дар ошкоргӯиҳои худ ҳеҷ иттилоъи фавқулодда махфӣ ва муҳимро пешниҳод накардаст. Ба эътиқоди хабарнигорони тоҷик, мӯҳтавои ин мақола аз хабарҳое таркиб ёфтааст, ки қаблан низ сари забонҳо буданд.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи «Озодагон», мегӯяд, бархе аз навиштаҳои сомонаи Викиликс қаблан низ дар маҳфилҳои таҳлилгарон матраҳ шудаанд, вале барои нашри онҳо далели қотеъ вуҷуд надорад.

Таъсири фошкориҳои Викиликс ба сиёсати ИМА

Аммо коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ки нашри ин номаҳо дар равобити кишварҳо ва аз ҷумлаи робитаи Амрико бо кишварҳои дигар бетаъсир нахоҳад буд. Рашид Ғанӣ, коршиноси тоҷик, мегӯяд, таъсири нашри ин матлаб дар он зоҳир мешавад, ки масъулини давлатӣ дар сӯҳбат бо дипломатҳо аз эҳтиёти шадид кор мегиранд.

Вале аз сӯи дигар, мегӯяд оқои Ғанӣ, кишварҳо ҳамеша дар тарозуи сиёсат манофеи худро мегузоранд ва муносибат ва ҳамкориҳо низ бо назардошти ин манфиатҳо сард ва ё гарм мешавад.

Клинтон: WikiLeaks амниятро аз байн мебарад

Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷаи Амрико дар бораи номаҳои ифшошудаи электронӣ аз сӯи сомонаи интернетии WikiLeaks изҳори назар кард ва онро «ҳамла ба ҷомеаи байналмилалӣ» хонд. Хонум Клинтон гуфт, Амрико аз ифшои санадҳо амиқан ибрози таассуф мекунад.

Ӯ афзуд: «Амрико ба таври ҷиддӣ ифшои ғайриқонунии асноди касбиро маҳкум мекунад. Ин ҳаёти одамонро дар хатар мегузорад, ба амнияти мо таҳдид мекунад ва талошҳои моро барои ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар ҷиҳати ҳали мушкилоти муштарак аз байн мебарад».

Хонум Клинтон изҳор дошт, ки чунин кор вазифаҳоро дар бахши амнияти байналмиллалӣ ва ташкили эътилофҳо бо муттаҳидини хориҷӣ душвортар хоҳад кард.

Вокуниши сафорати Амрико

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон зимни ироаи посухи катбӣ ба радиои «Озодӣ» маводи чопшуда дар нашрияи «Гардиан»-ро шубҳаовар хонд ва таъкид кард, «дар робита ба маълумоте, ки даъвои махфӣ буданро дорад, ибрози назар нахоҳад кард».

Дар номаи сафорат таъкид шудааст, ки Амрико «яке аз якумин кишварҳои ҷаҳон мебошад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуда ва ҳеҷ гоҳ ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат накардааст. Ҳамчунин ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ вақт барои ивази ҳукумати Тоҷикистон талош наварзидааст.»

Бо ин ҳама маводи нашршуда дар торнамои Викиликс дар ҳоли ҳозир аз пурсарусадотарин матолиб ва гузоришҳо ба ҳисоб мераванд. Чопи матолиби марбут ба Тоҷикистон дуввумин мавриде аз маводҳои ин торнамо аст, ки дар ду ҳафтаи ахир мунташир мешавад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2247032.html

Нашри се номаи WikiLeaks дар бораи Тоҷикистон

Рӯзномаи «The Guardian», чопи Лондон, дар шумораи навбатии хеш се барқияи махфии сафорати Амрико дар Тоҷикистонро, ки Викиликс дастрас кардааст, ба чоп расонд ва бо истинод ба онҳо навиштааст, ки Тоҷикистон бо маҷмӯе аз мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯст ва яке аз муҳимтарини онҳо президенти ин кишвар аст.Ин дар ҳолест, ки бино бар номаҳои дипломатӣ, Тоҷикистон метавонад дар эътидол ва рушди минтақа нақши муҳим дошта бошад, аммо мушкилоти чандгонаи сиёсӣ ва иқтисодӣ, фақр, муносибатҳои бад бо Узбакистон, фасоди фарогир, саноате бо сохтор ва нақшасолории мероси Шӯравӣ, низоми ғайридемократӣ, заъфи мудаввом дар амнияти озуқавӣ ва пойбандӣ ба муҳоҷирати корӣ дар Русия ин кишварро гирифтор кардаанд.

Паёми меҳварии ҳар се номаи дипломатӣ ба як мавзӯъ — равобити байни Тоҷикистон, Амрико, Русия ва Чину Эрон пайванд дошта, давраеро нишон медиҳанд, ки Душанбе аз Маскав дилсард шудааст ва хостори кӯмакҳои густардаи дигарон, махсусан Иёлоти Муттаҳида аст. Аммо сафорати Амрико дар Тоҷикистон бархе аз чунин интизориҳоро «ғайривоқеӣ» мешуморад, аз ҷумла «сармоягузорӣ дар нерӯгоҳҳои баҳсталаб, нақбҳое ба Покистон ва пулҳое ба нокуҷо.»

Мушкили давомдор ва хусумати шахсии ду раҳбар

Мушкили давомдори Тоҷикистон бо Узбакистон, ки гуфта мешавад, хусумати шахсии байни ду роҳбар ба оташи он рӯған мерезад, ба вазъи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон асари манфӣ гузоштааст ва набуди эътидол дар Афғонистон онро бо мушкили маводи мухаддир рӯбарӯ кардааст. «Тоҷикон ҳарос доранд, ки густариши ақидаҳои тундгароёна ва убури ситиезаҷӯён аз марзи пуршикофи Тоҷикистону Афғонистон амнияти Тоҷикистонро зери хатар мегузорад.»

Танҳо Чин аст, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад ва Эрон ҳарчанд бархе аз тарҳҳо дорад, ҳамраъйии форсизабонон натавонистааст, шубҳаву тафовути амиқи саромадони шаробӣ ва шуравимаоби сунниро бо муҳофизакорони мазҳабии шиъа бипӯшонад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз созишномаи сулҳ бо мухолифонаш, ки дар соли 1997 ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошт, кайҳо хориҷ шуда, мухолифонро аз ҳукумат берун кардааст. Бархеи онҳо дар маҳбасанд, бархе ҷилои ватан карданд ва бархи дигар ба шакли мармузе мурдаанд. Дар моҳи майи соли 2009 яке аз фармондеҳон Мулло Абдулло Раҳимов ба Тоҷикистон баргаштааст ва мақомоти Тоҷикистон ба ин боваранд, ки Русия аз Мулло Абдулло ҳимоят мекунад.

«Муҳимтарин монеъаҳои пешрафти кишвар»

Дар асноди ифшошуда дипломатии Иёлоти Муттаҳида гуфта мешавад, Тоҷикистон бар замми он, ки аз қашшоқтарин кишварҳои қаламрави Шӯравии пешин аст, «аз заминларзаҳо, обхезиҳо, хушксолу ҳамлаи малах», «муҷозотгариҳои Узбакистон» ва «ҷангзадагии Афғонистон» азият мекашад.

Аммо дар номаҳои дипломатии Амрико омадааст, «бадтарин монеа»-и ин кишвар, раисиҷумҳурии он Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар барқияи махфии сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз 16-уми феврали соли 2010 гуфта мешавад, ки Раҳмон иқтисодиёти ин кишварро ба манфиати хеш истифода мекунад ва кишвар ба хешутаборбозию фасод фурӯ рафтааст.

Дар ин нома омадааст: «Раҳмон ва хонадони ӯ бизнесҳои асосӣ, аз ҷумла бузургтарин бонкро зери назорат доранд ва барои дифоъ аз манофеи бизнеси хеш сахткӯшанд, қатъи назар аз он, ки ин барои иқтисодиёт чӣ пайомад хоҳад дошт. Тавре, ки як дипломати хориҷӣ хулоса кардааст, президент Раҳмон ба он бартарӣ медиҳад, ки 90 дарсади дастархони даҳдоллариро назорат кунад, то 30 дарсади дастархони саддоллариро.»

Дар ин барқия гуфта мешавад, даромади бузургтарин корхонаи Тоҷикистон, «Талко», ки ба тавлиди алюмин машғул аст, ба дасти ширкати махфии оффшорие медарояд, ки аз тарафи президент назорат мешавад. «Будҷаи давлат аз ин корхона даромади каме дорад.»

Дар ин нома ҳамчунин аз истифодаи пинҳонии зиёда аз 1 миллиард доллар аз тарафи Бонки миллӣ ёд шудааст.

Аҳамияти Тоҷикистон барои Ғарб

Бино бар номаҳои сафорати Амрико дар Тоҷикистон, аҳамияти Тоҷикистон барои Иёлоти Муттаҳида ҳамчун роҳи такмили нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст. Аммо талошҳои қатъи қочоқи беохири маводи мухаддири Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон ба Русия ва Аврупо, то ҳол натиҷае надодааст.

Дар соли гузашта Тоҷикистон танҳо 5 дарсади 40 тонна мухаддироти афғониро, ки ба Русия қочоқ шуданд, кашф ва мусодира кардааст. Фасод мушкили асосист ва бар замми он нерӯҳои марзбони Тоҷикистон омӯзиши нокофӣ, музди нокофӣ ва таҷҳизоти нокофӣ доранд.

Хунсо шудани кӯшиши табаддулот

Дар номаи сафири Амрико дар Тоҷикистон, Ричард Ҳугланд, ки мулоқоташ бо Раҳмонро пас аз хуруҷи марзбонони рус аз марзи Тоҷикистону Афғонистон қаламдод кардааст, гуфта мешавад, Раҳмон шарҳ додааст, ки Маскав нерӯҳои марзбонашро барои таҳияи табаддулоти зидди ӯ дар ҳамкорӣ бо фармондеҳи Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев истифода мекардааст.

Бино ба гузориши Ҳугланд, Раҳмон дар ин мулоқот ба ӯ гуфтааст, ки андешаи ихроҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистону Афғонистон аз худи ӯст ва барои иҷрои он худ хеле пойфишорӣ кардааст.

Ба гуфтаи Раҳмон, Маскав хостори хуруҷ набуд, аммо замоне, ки Раҳмон генерал Ғаффор Мирзоевро барканор кардааст, танҳо он вақт Путин ноилоҷ монда, аз тарҳи табаддулот даст кашида ва ба хуруҷи марзбонон розӣ шудааст.

Вай афзудааст, ки дар ин кор ба ӯ раҳбари Хадамоти федероли Русия дар назорат бар маводи мухаддир, Виктор Черкесов кӯмак кардааст. Черкесов дар Тоҷикистон вазъи қочоқи маводи мухаддирро омӯхтааст ва ба хулосае омадааст, ки марзбонони Русия дар ин қочоқ нақши бузург доштаанд. Президенти Тоҷикистон»Вай аз номи ман ба назди Путин рафт».

Раисиҷумҳури Тоҷикистон сарусадоҳои матбуоти Русияро дар бораи бадтар шудани қочоқи маводи мухаддир пас аз ихроҷи марзбонони рус кори генералҳое номидааст, ки мехоҳанд, ба ин марз баргарданд ва назорат бар қочоқро ба дасти худ гиранд.

«Русия Тоҷикистонро ноором карданӣ буд»

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, хадамоти махфии Русия вазифадор шудаанд, ки дар Тоҷикистон нооромӣ эҷод кунанд. «Ин аз Кремлин меояд ва бархе аз ин корҳо аз сатҳи олӣ. «Мо ҳаргиз набояд фаромӯш кунем, ки худи Путин дар таҳти дилаш «чекист» аст.»

Дар нома омадааст, президент изҳори омодагӣ кардааст, ки бархилофи Кремлин барои пойгоҳи Амрико дар ҳудуди Тоҷикистон ҷой диҳад.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ дар соли 2006 гуфтааст, ба бовари он, Русия барои коҳиши ҳузури Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб дар Тоҷикистон ба Душанбе фишори зиёд меорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2246493.html

ҲНИТ: «Ҳамла ба Сайфуллозода амали тарҳрезишуда аст»

[b]Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозодаро «амали тарҳрезишуда» алайҳи ин ҳизб номид.[/b]

Дар изҳороти ин ҳизб, ки пас аз зуҳри8-уми феврал мунташир шуд, гуфта шудааст, «ин амал идомаи фишорҳо ва фазосозиҳоест, ки алайҳи ҲНИТ аз тарафи доираҳои муайян сурат мегирад.»

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ гуфт, шӯрои сиёсии ҳизбаш дар баробари маҳкум кардани ин ҳодиса, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, то фармоишгарон ва иҷрогарони латукӯби сардабири «Наҷот»-ро ошкор ва ба ҷавобгарӣ бикашад.

Идомаи маводро дар бахши таҳлилии сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=17]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=17[/url]

Источник:

Номаҳои нави WikiLeaks дар бораи Тоҷикистон

Аз савум то панҷуми феврал торнамои ифшогари WikiLeaks панҷ номаи нави марбут ба Тоҷикистонро мунташир кард.

Ҳарчанд порчаҳо ва ишораҳое аз ин номаҳо пештар дар расонаҳои ахбори оми Олмон, Бритониё, Иёлоти Муттаҳида ва Русия чоп шудаанд, матни комилтари онҳо ҷузъиёти ҷолиб ва донистание дорад.

Се барқия аз дидору гуфтугӯҳои сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, сафири вақти Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида, Ҳамроҳхон Зарифӣ, ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон, Муҳиддин Кабирӣ ҳикоят мекунанд. Яки дигар аз мулоқоти сафири Амрико дар Тоҷикистон Кеннетс Гросс бо муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Абдулло Назаров ва барқияи панҷум аз сафири Амрико дар Лондон аст, ки ба оғози кори телевизиони форсии Би-Би-Сӣ бахшида шудааст.

Идомаи маводро дар саҳифаи таҳлилии сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=16]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=16[/url]

Салими Аюбзод

Источник: