Все записи автора admin

Вуруди тадриҷии Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ба коргоҳ

[b]Баъди дурии якмоҳа Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода — сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» субҳи имрӯз вориди шабакаи интернет шуд. Дар сӯҳбати басо кӯтоҳ бо TojNews вай аз вазъи саломатияш изҳори хушнудӣ кард, вале гуфт, ки «ҳоло барои фаъолияти корӣ фурсати бештар лозим аст».[/b]

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, таҳлилгари шинохта ва рӯзноманигори варзидаи кишвар аввали моҳи феврал каме дуртар аз бинои истиқоматияш мавриди ҳамлаи шахсони ношинос қарор гирифт. Зарбу лати афрод ба ҳадде шадид буд, ки ӯро аз пой дарафтонд ва беҳуш кард. Азбаски зарбаҳо асосан ба сари ӯ расида буданд, муддати мадиде лозим омад, ки дар бемористон бистарӣ бошад.

Аксари рӯзномаву маҷаллаҳои чопи рӯзи 10-уми феврал бо акси сару рӯяш докапечи Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода интишор ёфта буданд ва кулли таҳлилгароне, ки он замон назарашон аз ҷониби нашрияҳо пурсида шуда буд, латукӯби Сайфуллоҳзодаро марбут ба фаъолияти кории ӯ медонистанд.

Ба андешаи коршиносон, Сайфуллоҳзода чун мунаққиди ҳукумати кунунӣ маълум аст ва шахсиятест, ки дар аксар маврид расонаҳо расман аз суханони ӯ иқтибос меоранд. Ва ҳамин дидгоҳи сиёсӣ метавонист муҷиби ҷабр диданаш гашта бошад.

Ба гуфтаи пажӯҳишгар ва рӯзноманигор Ҳошим Холзода, ба ҳар ҳол то анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноии бозшуда, ки ҳамоно натиҷааш маълум нест, наметавон хулоса баровард, ки ангезаи ин ҳамла чӣ будааст. Вале метавон гуфт, ки ҳамла ба аҳли қалам ин ҳамла ба сухан аст ва то замоне, ки сухан боқист, ин гуна ҳамлаҳо суде барои омилонаш нахоҳад дошт. Сарнавишти мардуми адабпарвар ва тамаддунсози тоҷик гувоҳи ин иддаост.

Ба гуфтаи зиндаёд устод Лоиқ:

[i]Тирборон кардани мо кӯшиши беҳуда аст,
Ҳар кӣ моро мекушад,бо шеърборон зинда бод.[/i]

Фирӯзи МУҲАММАД, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12084&Itemid=28

А. Мирзо: «Худкомаҳо бояд аз сарнавишти Муборак битарсанд»

[b]Додгоҳ баъди як соли баҳс миёни Вазорати кишоварзӣ ва «Миллат» ҳалномаи худро ба манфиати ниҳоди давлатӣ навишт.[/b]

Ҳамакнун ин нашрия муваззаф шудааст, ки ба маблағи 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима бисупорад.

Аммо масъулини «Миллат» ин қарорро ноодилона ва ғайримунсифона шуморида, изҳор доштанд, ки баҳсро дар зинаҳои болоии додгоҳ идома хоҳанд дод.

Дар оғози сӯҳбат аз Адолати Мирзо, сардабири нашрияи «Миллат» пурсидем, ки ба чӣ далел?

Матни пурраи мусоҳибаро дар бахши таҳлилии сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=26]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=26[/url]

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник:

Р.Мирзобекова: “Иттилоъ намедиҳанду мегӯянд “ноҳаққед”

[b]Баҳси «Азия-Плюс» ва Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД дар додгоҳ идома дорад.[/b]

Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати мазкур ҳафтаномаи «Азия-Плюс»-ро ба додгоҳ кашида, гуфтааст, дар мақолаи «Тафтишот ё инквизитсия?», ки ин нашрия чоп кардааст, ӯ ва кормандони раёсати ӯ тавҳин ва тӯҳмат шудаанд.

Муаллифи ин мақола Рамзия Мирзобекова аст. Вале ин танҳо матлаби рӯзноманигор нест, ки боис ба баҳсҳои додгоҳӣ шудааст.

Ҳамчунин чанд матлаби дигари хонум Мирзобекова боис ба ифтитоҳи парванда алайҳи ин нашрия ва худи муаллиф шудааст. Мо низ сӯҳбатро аз мақолаҳои “ҷангҷолӣ”-и ӯ оғоз кардем.

Матни пурраи мусоҳибаро дар бахши таҳлили сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=27]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=27[/url]

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник:

Р.Мирзобекова: “Иттилоъ намедиҳанду мегӯянд “ноҳаққед”

[b]Баҳси «Азия-Плюс» ва Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД дар додгоҳ идома дорад.[/b]

Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати мазкур ҳафтаномаи «Азия-Плюс»-ро ба додгоҳ кашида, гуфтааст, дар мақолаи «Тафтишот ё инквизитсия?», ки ин нашрия чоп кардааст, ӯ ва кормандони раёсати ӯ тавҳин ва тӯҳмат шудаанд.

Муаллифи ин мақола Рамзия Мирзобекова аст. Вале ин танҳо матлаби рӯзноманигор нест, ки боис ба баҳсҳои додгоҳӣ шудааст.

Ҳамчунин чанд матлаби дигари хонум Мирзобекова боис ба ифтитоҳи парванда алайҳи ин нашрия ва худи муаллиф шудааст. Мо низ сӯҳбатро аз мақолаҳои “ҷангҷолӣ”-и ӯ оғоз кардем.

[b]»ҶАВОБГАРИ АСОСӢ»[/b]

Яке аз ин навиштаҳо «Адвокат уполномочен заявить» унвон дорад. Ин матлаб дар бораи сарнавишти гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Исфара, ки аз ҳукми додгоҳ алайҳи бастагонашон норозӣ буданд, ҳикоят мекунад. Он гуна ки огоҳед, ин як парвандаи хеле пурсарусадо буд, ки ба он таваҷҷӯҳи тақрибан тамоми расонаҳо ҷалб шуд. Мурофиаи он ҳозир дар як ҳолати номуайян қарор дорад. Мақоларо ба экспертиза ё ташхиси лингвистӣ ба Институти забон ва адабиёт равон кардаанд, то дар он ҷо бифаҳманд, ки дар ин мақола аз тавҳин ва таҳқир кор гирифта шудааст ё хайр. Чунки онҳо шикоят кардаанд, ки гӯиё нисбат ба онҳо дар ин мақола таҳқир раво дида шуда, шаъну шарафи онҳо паст зада шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар дасти ташхис аст.

«Охота на валютчиков» навиштаи дигарам дар бораи сарнавишти коргарони нуқтаҳои табодули пули пойтахт сӯҳбат мекард. Як вақт чунин ҳолатҳое пеш омада буд, ки «валютчик»-ҳоро ғорат ва ҳатто нобуд мекарданд ва як куштор дар маркази шаҳр низ рух дода буд.

Ниҳоят мақолаи сеюм «Следствия или инкивизитсия?» аст. Нисбат ба ин мақола низ ба додгоҳ муроҷиат карданд. Ин баҳс ду маротиба мурофиаро пушти сар кард. Дар мурофиа аввал салоҳияти Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияро эътироф накарданд ва мебоист Умед Бобохонов, роҳбари «Азия-Плюс» иштирок мекард. Вале чун дар мурофиаи дуюм Мамадшоев ваколатномаро пешниҳод кард, нисбат ба имзои сармуҳаррири мо шубҳа пайдо шуд. Додгоҳ ба ин натиҷа расид, ки онро таҳқиқ кунад, то дурустӣ ва ё ҷаълӣ буданаш ошкор шавад. Аммо дар ин навбат тарафи даъвогар дархост кард, ки маро ҳамчун ҷавобгари асосӣ бишиносанд ва рӯзнома ҳамҷавобгар дониста шавад. Мурофиа то чанд муддат ба ақиб андохта шуд.»

[b]МАҚОЛАҲОИ «ЗАКАЗНОЙ»[/b]

[b]Суол:[/b] Бархе бар ин боваранд, ки ҳоло муносибат ва бархӯрд бо матбуот ба унвони як тараф сурат мегирад, на ҳамчун як рукни собиту доимиву зарурии ҷомеаи шаҳрвандӣ. Ба назари Шумо, чаро чунин вазъ пеш омадааст?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Фикр мекунам, ин аз он ҷиҳат аст, ки ашхоси мансабдори мо ба қабули танқид омода нестанд ва таҳаммул надоранд, ки танқид бишаванд. Агар журналист дар чаҳорчӯби рисолати касбӣ ва масъулияти шаҳрвандие, ки дорад бихоҳад таваҷҷӯҳро ба ягон мушкил ҷалб созад, натиҷа тавре мешавад, ки ба худаш проблема сохтааст. Яъне ашхоси мансабдор ба ҳалли мушкил диққати худро ҷалб намекунанду аз рӯи мақоли русӣ «лучшая защита это нападение» амал мекунанд. Баъзе вақт ҳатто дар гирдоби гумону шубҳа афтода мегӯянд, ки ин мақолаи шумо «заказной» ё фармоишӣ буд.

Ин қабил ҳарфҳоро журналистҳо бисёр мешунаванд. Шояд ин ашхоси мансабдор хоҳиши ҳал кардани он мушкилотро надоранд ё наметавонанд ҳал кунанд. Аз тарафи дигар, онҳо маҷбуранд, ба ин ҳарфҳо посух гӯянд. Зеро амри раисҷумҳур чанд сол пеш содир шуда буд, ки мансабдоронро маҷбур мекард ба матолиби матбуот посух диҳанд. Аз ин рӯ, ҷавобашон ҳамин хел мешавад. Миллион сомонӣ ҷуброн талаб мекунанд. Медонанд, ки ин як кори ношуданӣ аст, рӯзномаҳо чунин маблағ надоранд.»

[b]ҶУБРОН НА, ФИШОРИ РАВОНӢ[/b]

[b]Суол:[/b] Дар бораи маблағҳо гуфтед. Фикр мекунед, чаро ин гуна маблағҳоро талаб мекунанд, дар ҳоле медонанд, ки иҷронашуданист?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Ин як фишори равонӣ ба матбуот аст. Баъд аз ин, журналист пеш аз он ки матлаберо чоп кунад боз чанд бори дигар фикр мекунад, таҳлил мекунад. Ин як навъ ҳушдоре мешавад, ки журналистҳо чунин мақолаҳои танқидиро камтар нависанд. Ин эҷоди маҳдудият ба кори журналист ва озодии сухан аст. Барои он ки ба додгоҳ рафтану омадан ҳазору як мушкил дорад. Муҳокимаҳои додгоҳӣ вақти зиёдеро мегиранд, хароҷоти пулӣ ҳам дорад. Ҳаматарафа фишор аст: маънавӣ, пулӣ ва талафи вақт…»

[b]ТАЛОШЕ БА ДИФОЪ АЗ ХУД[/b]

[b]Суол:[/b] Раисҷумҳури Тоҷикистон дар як мулоқоташ бо хабарнигорон гуфта буд, ки журналистҳо ёрдамчии ҳукумат, ёрдамчии президентанд ва ташвиқ кард, ки дар бораи камбуди ҷомеа ва ҳукумат бинависанд. Аммо вақте журналистон чунин матолиб менависанд, ба додгоҳ кашида мешаванд. Он чизе, ки раисҷумҳур гуфт зоҳирӣ буд?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Агар президент ба журналистон бовар дорад ва журналистон камбудҳои афроди мансабдорро чоп мекунанд, пас, онҳо аз ин тарзи кор тарс доранд. Бим доранд, ки президент мехонад ва шояд ягон чора нисбат ба онҳо андешад.

Барои ҳамин, онҳо ба додгоҳ муроҷиат мекунанд, ки ин як роҳи худро сафед кардан аст. Ва онҳо худро як хел сафед мекунанд, ки журналстҳоро айбдор мекунанд. Камбудро дар кори рӯзноманигор мекобанд. Чунин менамояд ки онҳо бо ин роҳ мехоҳанд худашонро дар назди роҳбари давлат сафед кунанд, вале фаромӯш мекунанд, ки дар назди ҷомеа низ ҷавобгаранд ва бояд дар чашми халқ низ сафед бошанд. Аз ин бештар, бояд аввал дар назди халқ ҷавобгӯ бошанд.

Барои мисол, як мақолаи ман дар бораи мавҷудияти шиканҷа буд. Ҳама мегӯянд, ки бале, ин мушкил вуҷуд дорад, аммо ҳеҷ кас то имрӯз ошкоро намегӯяд. Барои он ки ба таври расмӣ дар бораи мавҷудияти ин мушкил мо маълумоте дар ихтиёр надорем ва онро дастрас карда наметавонем. Вале мешунавем, ки шиканҷа вуҷуд дорад. Яъне, ки зиндагии расмии мо аз реалиамон фарқи калон дорад. Вақте ки ҳамон паҳлуи реалии зиндагиро мехоҳем рӯшан намоем, ҳамин хел вокуниш мешавад. Фикр мекунам, ин ҷо шахсоне, ки танқидро ба ин шакл қабул мекунанд, бояд кӯшиш кунанд, як роҳи дурустро ёбанд ва ҳамроҳ бо журналистҳо, ҳамроҳ бо ҷомеа. Ин хел ҳам намешавад, ки мушкилӣ ҳасту онро қатъиян инкор кунанд…

Шояд дар ягон ҷои мақолаи мо хато бошад, шояд, лекин мо намедонем, ки куҷои он хато аст, зеро аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мо ягон маълумот гирифта натавонистем. Ба мо дақиқ намегӯянд, ки шумо дар куҷо хато кардед, куҷояш нодуруст буд, чун дар дасти мо ҳам, ки ягон хел маълумот нест. Фақат маълумоти яктарафа мерасад, ки шиканҷа ҳаст. Лекин намегӯянд, ки дар ин замина тафтишот доир шуд, ин ҷояш нодуруст будааст, вале дар ин қисмат одамҳоро сафед карданд. Манзурам ин аст, ки маълумоти дақиқ намедиҳанду аммо мегӯянд шумо ноҳақ ҳастед.»

[b]»ҲАРЧӢ ДИЛАМ ХОҲАД, НАВИШТА НАМЕТАВОНАМ»[/b]

[b]Суол:[/b] Пеш аз он ки матлаб бинависед, фикр мекунед, ки баъзе чизҳояшро нагӯям ва ё ин ки ҳар чизе дилатон кашад, менависед?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Не, ҳар чизе, ки дилам хоҳад, навишта наметавонам. Барои он ки ҳар чизе, ки менависам бояд тасдиқ дошта бошад. Зеро журналист бояд барои матлаби нашркардаи худ омода бошад, ки ҷавоб диҳад. Он чизе, ки тасдиқ карда наметавонӣ, ҳарчанд ҳам бихоҳӣ, вале барои навиштан ҳақ надорӣ. Зеро он шубҳабарангез аст ва пагоҳ ё фардо дарди сари худат мешавад. Гап дар сари он аст, ки аввал факту рақамҳоро дастрас бояд кард.

Агар шумо худсонсуриро дар назар доред, худсонсурӣ на ба маънои он аст, ки инро бинависам шояд пагоҳ ба ман проблема шавад. Гоҳо мешавад, ки шахсони мансабдор ба таври расмӣ ба мо як чизро мегӯянд, вақте ки маълумот медиҳанд, вале чун каме сӯҳбат кардед, чизҳои ғайрасмиро ҳам мегӯянд. Дар чунин сӯҳбатҳо проблемаҳоро ошкоро мегӯянд. Вале чун ба таври расмӣ нагуфт, наметавонам он чизҳоро рӯи коғаз оварам. Бисёр чизҳоро метавон навишт, вале чун тасдиқи онҳоро наметавон пайдо кард, мушкил аст.»

[b]»РОҲБАРИЯТ ҲИМОЯ МЕКУНАД»[/b]

[b]Суол:[/b] Назари роҳбарияти нашрия ба он ки се-чаҳор матлаби шумо ба додгоҳ кашида шуд, чӣ аст? Оё роҳбарони «Азия-Плюс» аз шумо ҷонибдорӣ мекунанд ва ё ин ки мегӯянд, чун чоп кардӣ, худат ҷавоб бидеҳ?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Роҳбарияти мо, масалан Марат Мамадшоев, шахсан кӯшиш мекунад, ки маро ҳаматарафа ҳимоят ва ҳифз кунад. Вай кӯшиш мекунад, ки ҷавобгариро бар дӯши худ бигирад. Аз тарафи дигар, навиштани ин мақолаҳо супориши редаксия буд. Дигар ин ки ҳатто агар ташаббуси ман ҳам мебуд, онҳо маро ҳифз ва ҳимоят мекарданд. Дастгирӣ мекунанд. Ин ҷо ҳуқуқшиносҳо ҷамъ меоянд ва чун ин масоилро баҳс мекунанд, Марат Мамадшоев ҳатто маро даъват намекунад, ки дар ин сӯҳбатҳо бинишинам. Ҳамин ҳоло ҳам, ки маро ҷавобгар ҳисоб кардан мехоҳанд, ӯ гуфт, ки дар ташвиш набошам, ҳуқушиносҳо ҳастанд, агар бихоҳӣ онҳо туро дар додгоҳ иваз мекунанд.»

[b]»ҲУКУМАТ КОРЕРО МЕКУНАД, КИ БОЯД НАКУНАД»[/b]

[b]Суол:[/b] Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки ҳама чизҳоро наметавон дар доираи қонун ворид кард, махсусан анъана ва маросимҳо ва меъёрҳои ахлоқиро, ки хос ба табиат ва хислати инсонӣ аст. Фикри шумо дар ин бора чӣ аст, ки ҳоло мехоҳанд тарбияи кӯдакро аз тарафи волидон ва ё ришдориро ба мардум санад созанд ва нагузоранд, ки аз ин санаде, ки менависанд мардум берун равад?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Фикр мекунам, ин корҳо кори ҳукумат нест. Таълиму тарбияи кӯдак, ки падару модар дорад, ба фикрам ба ҳукумат шояд камтар дахл дошта бошад. Ҳукумат дар ин маврид метавонад шароитро барои одамон муҳайё кунад, ки агар нахоҳад шахсони ришдор ва ё ки занони ҳиҷобпӯш бошанд ва гарданд. Мо ҷумҳурии дунявӣ ҳастем, вале нишонаҳои ин сохти дунявӣ дар мо тақрибан, ки дида намешавад. Ягон алтернатива ба инҳо нест.

Дин дар шароити имрӯз барои халқ як роҳи наҷот аст. Шояд камбуди мо дар ин аст, ки як идеология надорем. Барои ҳамин, одамон бештар ба идеологияи динӣ равона мешаванд. Интихоб бояд дар ҳама чиз бошад. Имрӯз бештар ба дин тамоюл мекунанд, ки дар ҳақиқат аз он чизе барои худ меёбанд. Вале ин корҳо аз тарафи ҳукумат дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон аст. Ҳукумати мо бисёр корҳоро бояд накунад, лекин мекунад бисёр корҳоеро, ки бояд кунад онҳоро иҷро намекунад.»

[b]»МОДАРАМ БЕМОР ШУДАНД»[/b]

[b]Суол:[/b] Дар бораи мақолаҳоятон, ки боис ба баҳсҳо дар додгоҳ мешавад, ҳамкорони дигаратон чӣ назар доранд. Намегӯянд, ки чаро ба сари мо ҷангҷол меорӣ?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Не, не. Дар идораи мо чунин ҳарфе нест. Ҳама вақт дастгирӣ мекунанд. Одамони бегона дастгирӣ мекунанд. Фикр намекунам, ки маҳз нисбат ба шахси ман ягон чиз бошад, дигар кас ҳам менавишт, ҳамин гуна вокуниш ва натиҷа медод.»

[b]Суол:[/b] Оё аз роҳҳои ғайрирасмӣ низ фишорҳоро эҳсос мекунед, ки мегӯянд ором бош, сокит шав, чаро чунин чизҳо навиштӣ?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Фишор, не. Вале як каме хавотирӣ дар оилаи мо мушоҳида мешавад. Модарам бисёр фикр карданд ва аз ин сабаб бемор шуданд, дар беморхонаанд. Баъзе чизҳоро ҳис мекунам, вале дар ин маврид беҳтараш сухан нагӯям…»

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/ramziya_mirzobekova_about_her_job_and_journalism/2324703.html

А. Мирзо: «Худкомаҳо бояд аз сарнавишти Муборак битарсанд»

[b]Додгоҳ баъди як соли баҳс миёни Вазорати кишоварзӣ ва «Миллат» ҳалномаи худро ба манфиати ниҳоди давлатӣ навишт.[/b]

Ҳамакнун ин нашрия муваззаф шудааст, ки ба маблағи 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима бисупорад.

Аммо масъулини «Миллат» ин қарорро ноодилона ва ғайримунсифона шуморида, изҳор доштанд, ки баҳсро дар зинаҳои болоии додгоҳ идома хоҳанд дод.

Дар оғози сӯҳбат аз Адолати Мирзо, сардабири нашрияи «Миллат» пурсидем, ки ба чӣ далел?

[b]»Ҳарферо, ки нагуфтем, чӣ гуна инкор кунем?»[/b]

[b]Адолати Мирзо:[/b] “Қабл аз он ки ин хабар, яъне мавҷудияти фасод дар вазорати кишоварзиро «Миллат» чоп кунад, ду ҳафта пештар он дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ мунташир шуда, вале аз сӯи ин вазорат кадом вокунише нашуд. Вале бо чопи ин матлаб дар нашрияи мо, намедонам кадом омил боис шуд, ки вазорати кишоварзиро водор кард маҳз аз болои «Миллат» шикоят кунад. Асли матлаб ин аст, ки ин маълумот ба ҳангоми баррасии буҷаи соли 2009 дар парлумон пайдо шуд. Вакилони Маҷлис гузориши роҳбари Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистонро шуниданд, ки аз вуҷуди фасод дар ин вазорат ва ба маблағи 6,1 миллион сомонии ғайримақсад истифодашуда ҳикоят мекард. Дар номае ҳам, ки аз сӯи раҳбари ин Оҷонсӣ ба унвони раиси пешини парлумон ирсол шудааст, ин маълумот ошкоро зикр шудааст.

Вале чаро мо норозӣ ҳастем аз қарори додгоҳ? Барои он ки мо манбаи паҳнкунандаи ахбор набудем. Билфарзе агар мо рад кунем, ки дар Вазорати кишоварзӣ фасод нест, ибтидо бубояд он манобеи давлатӣ, ки ин маълумотро паҳн ва дар дастрасии хабарнигорон қарор доданд, онҳо рад кунанд. Дар ин маврид раддияи онҳоро бояд нашрия ба нашр бирасонад. Дар ҳоле ин ниҳодҳо чунин кореро накарданд, мо чӣ гуна метавонем ҳарферо, ки нагуфтаем инкор кунем? Аз сӯи дигар, дар ҷараёни мурофиа ҳеҷ як аз далоиле, ки намояндаи ҳуқуқии мо ба додгоҳ пешниҳод кард, ба назар гирифта нашуд. Аз ин рӯ, тасмими мо бар он шуд, ки мо ҳатман аз ҳалномаи содиркардаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи болоӣ шикояти кассатсионӣ хоҳем бурд.»

[b]Нашрияҳои мустақил ё мухолифони давлат?[/b]

[b]Суол:[/b] Вале чаро додгоҳ, ба гуфтаи Шумо, чунин як «ҳалномаи ғайриқонунӣ» содир кардааст? Оё ин зери фишори вазорат ва вазири кишоварзӣ қарор гирифтааст?

[b]Адолати Мирзо:[/b] «Ҳоло, ки ҳалнома дар дасти мо нарасидааст, наметавонам дар ин бора кадом фикреро баён кунам. Аммо дар маҷмӯъ, дар мавриди он ки чаро додгоҳҳо ҳукми ноодилона содир мекунанд, метавонам ҳамчун як нафаре, ки дар матбуот собиқа дорад ва бо истинод ба он номаҳои зиёде, ки аз болои ҳукми додгоҳҳо ба нашрия мерасанд, тахминҳоеро ба миён бигзорам. Масалан, як омилаш метавонад ин бошад, ки ҳанӯз додгоҳҳои мо бо қонунҳои нав ва шароити нав одат накардаанд. Дуввум, ҳанӯз идеологияи Шӯравӣ аз мағзҳо шуста нашудааст. Барои ҳамин, хеле аз қозиҳои додгоҳҳои мо, ки дар даврони Шӯравӣ таҳсил кардаанд, фикр мекунанд, ки ҳанӯз вазорат ва ё ҳар ниҳоди дигари давлатӣ ин худаш ҳукумат ё давлат аст.

Фикр мекунанд, ки як нашрияи мустақил ба додгоҳ кашида бишавад, он ҳатман муқобили давлат баромад кардааст. Вале мо дар ин қазия дар додгоҳ, ки рӯи мо дарҷ шуда буд, ҳеҷ гуна фишори куллии ҳукуматро намебинем. Вазорати кишоварзӣ як ниҳоде аз ҳукумат аст, ки алайҳи нашрияи «Миллат» ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Мо аз ин истиқбол кардем, чун дигар бо зӯри силоҳу бо зӯргӯӣ масоил ҳал намешавад. Акнун ба таври демократӣ, он гуна ки нерӯҳои рӯшанфикр ва нерӯҳои демократӣ мехостанд, даъвоҳо ба додгоҳ мераванд. Вале он ки дар додгоҳ чӣ ҳукме содир мешавад, дигар ин ба виҷдон ва донишу фаҳмишу фаросати он қозиҳо ҳавола мешавад, ки онҳо чӣ ҳукме содир мекунанд.»

[b]»Ҳақ ба ҷониби «Миллат» аст»[/b]

[b]Суол:[/b] То ҷое огоҳем, аз он ки бархе аз созмонҳои байналмилалӣ дар гузоришҳои худ бо ишора ба баҳси шумо бо Вазорати кишоварзӣ «Миллат»-ро низ дар баробари дигар нашрияҳо, аз ҷумла «Фараж», «Озодагон» ва «Азия-Плюс» зикр ва зери фишор арзёбӣ карданд, нороҳат шудед, ки бо ҳукумат мушкил надоред. Воқеан, ҳеҷ фишореро эҳсос намекунед?

[b]Адолати Мирзо:[/b] «Агар фишор аз тарафи ҳукумат вуҷуд медошт, додгоҳ шояд маблағи ҷаримаи моро аз сесад то пансад ҳазор сомонӣ ҳукм мекард ва бо ҳамин нашрияро муфлис мекарду аз як «дарди сар» халос мешуд. Вале ба маблағи якуним ҳазор сомонӣ қарор гирифтани ҷарима ва ризоияти Вазорати кишоварзӣ ба маънои он аст, ки воқеан ҳақ ба ҷониби «Миллат» буд ва ҳеҷ қонунеро мо убур накардем, қонуншикание дар рафтори мо дида намешуд.

Дар Қонуни матбуоти Тоҷикистон ҳам зикр ёфтааст, ки нашрия барои нақли қавли ахбори расмӣ ва суханони вакили Маҷлиси намояндагон, ки дар ҷаласаи вакилон садо медиҳад, ҷавобгар нест. Ин ҷо фақат метавонам бигӯям, ки то дарёфти ҳалнома изҳори назар набояд кунам. Вале дар мавриди мудохилаи ҳукумат, ки шумо саволро дубора матраҳ мекунед, боз ҳам мегӯям, ки ниҳодҳое дар зери чатри ҳукумат он ҷурмҳое, ки содир карданд мехоҳанд онҳоро рӯпӯш кунанд. Ин як амри маъмулист, вақте як ниҳоди ҳукуматӣ даъво пешниҳод мекунад. Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, ки ҳанӯз низоми демократӣ дар он урф ва одат нашудааст, ҳатман хелеҳо бар он назар буданд, ки мо дастболо намешавем. Вале мо талошамонро мекунем, то ба он ҳақиқат ниҳодҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон арҷ бигузоранд. Мо мехоҳем онҳоро ба ин чиз водор созем, ки дар баробари ҳаққи мо эҳтиром қоил бошанд. Ҳоло воқеъият ин аст, як бахше аз ҳукумат, ки агар он вазорати кишоварзӣ бошад, дар муқобили мо дар додгоқ қарор гирифтааст. Ва он аз кадом асбобе дар ин мубориза истифода мекунад, инро беҳтар аст аз онҳо бипурсед.

Акнун дар бораи он баёнияи созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ ва ба истилоҳ мудофеи озодии баён. Аввал ин ки касе биояд ва ба мушкили шумо бихоҳад кӯмак кунад, шумо ба ӯ танҳо ташаккур мегӯед, вале агар касе биояд ва ба ҷои кӯмак ба мушкили шумо биафзояд, ҳатман ба ӯ мегӯед, ки кори худатро бикун. Мутмаин бошед, ки агар мо ба ҳаёҳуи онҳо дода мешудем, вазъи ба маротиб бадтаре медоштем ва посух ба он суоли шумо дар бораи фишори ҳукумат яксон, ё ба истилоҳ «однозначный» бале. Он гоҳ бо интизор ва шоҳиди фишори воқеӣ мебудем.

Мо аз ду баёния нороҳат будем ва далел дорем. Баёнияи аввал баёнияи Шӯрои ВАО буд, ки содир шуд. Он баёния дар бораи баҳси қозиҳо бо се нашрия буд, дар бораи «Миллат» набуд. Вале номи «Миллат» он ҷо ҳамчун исми ёридиҳанда ёд шуда буд. Гӯиё як нашрияи туфайлӣ ҳасту ҳамчунин мушкиле дорад. Ҳоло он ки қазияи «Миллат» пеш аз он се нашрия сар зада буд ва маблағи даъво ҳам қобили андеша ва 1 000 000 сомонӣ буд. Вақте дар Вена дар қароргоҳи марказии САҲА будем ва роҷеъ ба ин масъала баҳс доштем, гуфтем, ки бояд масъала мунсифона ҳал шавад. Вале сафири Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҷо «Миллат» матраҳ нест ва дар баҳси матбуоти Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи гузашта (моҳи апрели соли 2010 буд) сурат гирифт, аслан баҳси ҳамон се нашрия ва додрас матраҳ буд. Баъд таҳқиқ кардем ва маълум шуд, ки маркази САҲА дар Душанбе ба асоси ҳамин баёнияи ҷонибдоронаи Шӯрои ВАО ба маркази худ маълумот ирсол кардааст. Фақат баъди он масъули нави умури матбуоти САҲА баҳси «Миллат»-ро бо мақомот ба сурати ҷудогона дар миён гузошт. Акнун аз раҳбарони ин Шӯро бипурсед, ки ин баёнияро ба асоси равобит навиштанд ва ё завобит?

Баёнияи дигар аз САҲА ва дар мавриди санҷиши молиёт буд. Онҳо аз мо чизе напурсида буданд ва он баёния ба ягон рӯзнома кӯмаке накард, агар зарар накарда бошад, ҳама рузномаҳое, ки тафтиш шуданд, ҷарима супориданд, ин баёния як тини онро кам карда натавонист. Аммо баёнияи Сафорати Амрико дуруст, мантиқӣ ва мутавозин буд ва ҳар чор нашрияи гирифтори мушкилро дар як саф қарор медод.»

[b]Мушкили матбуот ё «дарди кӯҳна»[/b]

[b]Суол:[/b] Шумо ба унвони як нафари огоҳ аз ҳавлу ҳолу таҳавулоти матбуоти Тоҷикистон дар мавриди ҳодисаи қатъи чоп ва дубора фаъол шудани нашрияҳои «Фараж», «Нигоҳ» ва «Пайкон» чӣ назар доред?

[b]Адолати Мирзо:[/b] «Дар Тоҷикистон ҳар касе маризияш шиддат мегирад, унвонаш мекунанд саратон шудааст. Вале дар асл хеле аз ин маризиҳо саратон нест, балки маризиҳои кӯҳнашуда ҳастанд. Баста шудани нашрияҳо дар ҳар шароите мисли ҳамон маризиҳои кӯҳнашудаи Тоҷикистон ҳастанд. Ин як заъфи ниҳодҳои мудофеи озодии баён дар Тоҷикистон аст, ки натиҷаи корашон ин шуда, ки имрӯз қариб ҳеҷ нашрияи дарозумр дар Тоҷикистон надорем. Ҳар боре, ки ҳар нашрия бо ҳар далеле дар Тоҷикистон баста мешавад, мо ба ин бетафовут назар мекунем. Яъне на дарсе аз ин мегирем ва на вокуниши шадиде ҳам дар мавриди ин изҳор медорем. Аз ин рӯ, баста шудани нашрияҳо ин ҳамон идомаи баста шудани нашрияҳо аз соли навад аст, ки мо натавонистем аз ҳаққи худ дифоъ кунем. Вақте ки нашрия наметавонад аз ҳаққи худаш дифоъ кунад, он нашрия чӣ гуна метавонад аз ҳаққи мардум дифоъ кунад?!

Ҳанӯз масоили бисёр ҳалношудае дар расонаҳои Тоҷикистон мавҷуд аст, ки муносибати дурустро чӣ аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ва чӣ аз сӯи ниҳодҳои мудофеи озодии баён тақозо мекунад. Мо бояд тарзи дурусти расидагӣ ба масъаларо ҷустуҷӯ бикунем, ки бо чӣ роҳҳое метавон ба ин масъала расидагӣ кард. Ба ёд оваред баста шудани нашрияҳои «Рӯзи нав», «Оламу Одам» ва «Нерӯи Сухан»-ро дар соли 2004. Танҳо бо нашри чанд баёния иктифо кардем. Соҳибони ин нашрияҳо ва мудофеони озодии баён талоши ҷиддӣ ба харҷ надоданд. Мо пеш аз дардро даво бахшидан, бояд ташхис бикунем, ки ин дард аз куҷо маншаъ мегирад. Баъд ба мудаввои он шурӯъ бикунем.»

[b]»Рӯзномаҳои нимҷон»[/b]

[b]Суол:[/b] Фикр мекунед он маншаи дард чӣ буд?

[b]Адолати Мирзо:[/b] “Дар ин ҷо чанд омил аст. Омили аввал ирода ва ихлос надоштани аксари кули мақомоти давлатӣ ба матбуоти озод аст. Агарчанд таъмини озодии сухан, ки тавассути озодии матбуот амалӣ мешавад, вазифаи конститутсионии давлат ва ҳукумат аст. Аммо, мутаассифона, мақомот ҳама парвардаи тафаккури коммунистиянд ва ин талаботи конститутсия эъломия боқӣ мемонад Аммо онро аз миён низ бурда ба куллӣ наметавонад, чун талаби дунё ва конститутсия аст.

Барои ҳамин рӯзномаҳои ба истилоҳ нимҷон дорем. Як омили дигар ин аст, ки ҳанӯз нашрияҳое, ки дар Тоҷикистон бо заҳмат бунёд бишаванд, кам ҳастанд. Яъне бо талоши худи хабарнигорон ба таври худҷӯш. Кам ҳастанд ва онҳое ҳам, ки буданд, бар асари мушкилоти молӣ аз байн мераванд. Дуюм омил тарзи нодурусти муносибати созмонҳои имдодрасон, яъне мудаиёни мудофеи озодии баён ҳаст, ки нигоҳи яксон ба тамоми нашрияҳо надоранд. Яъне тарзи муносиботи ин созмонҳо, ҳамкории онҳо бо нашрияҳо яксон нест. Ҳамин аст, ки мегӯянд «тафриқа андозу ҳукумат намо». Муносибати нодуруст ба нашрияҳо боис шудааст, ки ваҳдати касбӣ дар миёни худи рӯзноманигорон вуҷуд надорад ва ин расонаҳоро ба ғайридавлатӣ ва давлатӣ ҷудо кардааст.»

[b]»Баёнияҳои пари коҳ»[/b]

[b]Суол:[/b] Яъне маншаъ ва ё омиле, ки боис шуд нашрияҳо баста шаванд, ин аст ки созмонҳои имдодрасон ба онҳо кӯмак накарданд ва ё ин аст, ки ин нашрияҳо ба таври худҷӯш фаъол нашуданд. Далел ин аст?

[b]Адолати Мирзо:[/b] «Вақте мо мегӯем созмонҳои имдодрасон ба ин мушкил расидагии дуруст накарданд, кӯмак накарданд ба маънои танҳо кӯмаки молӣ нест. Ҳамон кӯмакҳое, ки як ду дафъа дар бораи баста шудани ин нашрияҳо гуфтанд, бо ҳамин тамом. Масалан, баҳсе, ки имрӯз матбуоти Тоҷикистон ба миён мегузорад, яъне набудани матбааҳои мустақил аст, ки расидагӣ намешавад. Набудани матбааи мустақил боис ба он мешавад, ки ҳар дафъа ҳукумат аз ҳамон фишанги истифода аз матбааҳо кор бигирад. Кори амалие, ки ин созмонҳо метавонистанд бикунанд, масалан дар қазияҳои додгоҳӣ мо ҳам ба онҳо пешниҳод кардем, ки шумо ҳаққи адвокатро пардохт кунед, мо ҳатман пирӯз мешавем. Ҳоло ҳам мегўям, мутмаин бошед, мо пирӯз мешавем, қариб ҳамаи нашрияҳо пирӯз мешаванд, чун ҳарфи ҷинояте назадаанд, онҳо фақат бояд маоши адвокатро таъмин кунанд, халос. Вале инро накарданд, ба ҷои он ҳазорон кори беҳуда ва нишасти нодаркору баёнияе, ки пари коҳ арзиш надоранд, ҳар рӯз содир мекунанд.»

[b]»Матбааҳо низ мустақил нестанд»[/b]

[b]Суол:[/b] То ҷое огоҳ ҳастед он нашрияҳое, ки як муддат натавонистанд чоп шаванд, назди матбааҳои мустақил ҳам рафтанд ва онҳо ҳам гуфтанд, ки мутаассифона мо наметавонем шуморо чоп кунем. Ҳарчанд ки барои ин кор пул ба даст меоваранд. Вале боз ҳам ин созмонҳои мудофеи озодии баён монеаи чопи ин нашрияҳо шуда бошанд, ба фикри Шумо?

[b]Адолати Мирзо:[/b] «Матбааҳое ҳам, ки чунин далоилро пеш меоранд, маълум мешавад, ки як ниҳоди мустақил нестанд, зери фишори шояд ниҳодҳои молиёт қарор мегиранд ё ниҳодҳои дигар. Фикр мекунам, агар ки ин матбааҳо фаъолияти шаффоф дошта бошанд, ҳатман пул чизи ширине аст, мераванд ба дунболи онки нашрияҳоро чоп кунанд. Омили дигараш ин аст, ки нашрияҳо теъдоди зиёде надоранд ва он пуле ҳам, ки аз чопи онҳо матбааҳо ба даст меоранд аз он дарди саре, ки барояшон эҷод мешавад камтар аст.»

[b]»Пессимизми хабарнигорон»[/b]

[b]Суол:[/b] Яъне фикр мекунед, ки дар ин маврид ҳеҷ таъсири ҳукумат ё мақомоти ҳукуматӣ барои аз чоп боздоштану бастани ин нашрияҳо набуд?

[b]Адолати Мирзо:[/b] «Не,чаро? Мо фикр мекунем, ки ин мушкил вуҷуд дошт. Фишор мустақим буд. Ҳама онро эҳсос мекард. Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳам иқрор кард, ки чанд сомонаи мустақилро барои таъмини амнияти давлат масдуд карда буданд. Шояд дар мавриди матбуот ҳам ҳамчунин изҳори назареро интизор шуд, ки баён бишавад. Бесабаб наметавонад, ки ин нашрияҳо худ ба худ аз чоп бимонанд. Бояд дастандаркорони ин нашрияҳо ба умқи ҳамон чиз мерафтанд. Шояд он матбааҳоеро, ки бо онҳо шартнома доштанд, ба додгоҳ мекашиданд, ки қонунро нақз карданд. Мо одат кардем, ки аз қонунҳои мавҷуда истифода намекунем. Ё иктифо мекунем, ки ин ҷо дасти зӯри кадом нерӯе ҳаст ва мо нотавон ҳастем. Яъне пессимизми соҳибони худи матбуот боис ба он мешаваад, ки мушкил бештар бишавад, то камтар.»

[b]»Эрон дар пушти ҳукумати Тоҷикистон»[/b]

[b]Суол:[/b] Нашрияи «Тайм» дар гузорише дар бораи даҳ роҳбари кишварҳое, ки дар ҳоли шикаст қарор доранд, исми раиси ҷумҳури Тоҷикистонро низ зикр кардааст. Шумо ба ин арзёбӣ чӣ назар доред?

[b]Адолати Мирзо:[/b] “Фикр мекунам ин як навъ назари зоҳирӣ ва сатҳист. Нигоҳе аз дуриҳои дур аст, ки ба кишвари мо чунин баҳо додааст. Хелеҳо дар дохил ва дар хориҷ аз Тоҷикистон мунтазири он рӯзанд, ки ҳукумат ҳарчи зудтар табдил бишавад. Вале ин аз соли 1993 то ба ҳол ба як хоб табдил шудааст. Он гуна, ки матбуоти ғарб баҳогузорӣ кардааст он гуна нест. Яъне як баҳогузории дурусте накардааст. Чаро исми Узбакистон, ки мо медонем як кишвари худкома аст дар ин лист ворид нашудааст? Ин танҳо ба хотири он аст, ки баҳои дурусте ба кишварҳо дар ғарб гузошта намешавад. Онҳо бо такя ба он ҳаводисе, ки ахиран дар Тоҷикистон рух дод, хулоса кардаанд. Вале мову шумо, ки дар Тоҷикистон ҳастем ба ин суол, ки ба ҳаводиси ахири Тоҷикистон кадом нерӯ ва кӣ даст дошт, посухи дақиқ дар даст надорем. Ҳодисаи фирори зиндониён аз маҳбаси муҳими ҳукумати Тоҷикистон ба дунболи он иттифоқоти Хуҷанду Рашт ва дигару дигарҳо то ҳоли ҳозир он нафаре, ки бар дӯш бигирад, ки ин ҳаводисро ҳамон нерӯҳо содир кардаанд ҳамчуноне, ки теракти Домодедовро гурӯҳе бар дӯш гирифт чунин чизе дар Тоҷикистон нест.

Барои ҳамин, ҳоло мо посухи дурусте, ки дар паси ин ҳаводис кӣ меистад, дасти кӣ аст ҳукумат ва ё нерӯҳои хориҷ дар даст надорем. Яъне мо намедонем ҳоло ки ин нишони заъфи ҳукумат аст ё зўри он. Аз ин рӯ, давлати Тоҷикистон ба он андозае, ки дар ғарб фикр мекунанд заиф нест. Вақте худаш дар мавриди ҳодисаҳо аз ҷумла ҳаводиси шарқи Тоҷикистон тасмим мегирад, далели ин гуфтаҳост. Яъне Русияе, ки яке аз пуштибонҳои аслии ҳукумат ба шумор мерафт ҳанӯз изҳори назаре дар мавриди сард шудани муносиботаш баён надоштааст. Дуввум, қудрате, ки ҳукумати кунуниро пуштибонӣ мекунад ин Ирон аст. Ахиран раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Ирон оқои Машоӣ ҳам гуфт, ки «ҳама бояд бидонад, мо дар пушти давлати Тоҷикистон қатъан истодаем ва пуштибонӣ мекунем». Ин як сухани хушку беасаре нест. Ҳанӯз қудратҳое дар пушти ин ҳукумат меистад, ки мо наметавонем дар мавриди завол ёфтани ҳукумат ниҳодина фикр кунем, ки воқеан ин чиз аст. Ин гуна нест. Ё ҳадди ақал ман чунин нишонаеро аз ҳоло эҳсос намекунам. Шояд дигарон иттилои бештаре дошта бошанд. Фикр намекунам, розӣ нестам ба он чизе, ки дар «Тайм» чоп шудааст. Хулосабарорӣ ва баҳояш мунсифона нест. Ин ҳам мисли ҳамон баёнияҳои созмонҳои пуштибони рӯзномаҳост.»

[b]»Иштибоҳи худкомаҳо»[/b]

[b]Суол:[/b] Аммо назари шумо дар мавриди онки бархе аз гурӯҳҳо чун ҳукуматро гирифтанд дигар намехоҳанд бидиҳанд ва бо ҳар роҳҳо бо тағйири Қонуни асосӣ бо баргузории раъйпурсиҳо мехоҳанд ҳукуматашон бештар шавад чӣ аст ва ин корҳо то куҷо ба манфиати мардум аст?

[b]Адолати Мирзо:[/b] «Бубинед, сӯҳбати мо дар рӯзҳое иттифоқ афтод, ки Ҳуснӣ Муборак аз мақомаш канор рафт. Ба ин шева рафтани Муборак бояд паёме ба он кишварҳои худкома бошад, ки оқибат сарнавишти ҳамаи онҳо чунин хоҳад буд. Иштибоҳи инҳо чӣ аст? Иштибоҳи онҳо ин аст, ки мехоҳанд дар сохтори ҷумҳурӣ аз усулҳои шоҳӣ истифода бикунанд, ки ин амри бисёр нодуруст аст. Намешавад. Инҳо доранд бо сохтори ҷумҳурӣ бозӣ мекунанд. Вале дар ин маврид боз ҳам дасти ғарб ҳаст. Муносибати нодурусти ғарб бо давлатҳои худкома боиси он шудааст, ки ин ба як эпидимия табдил шавад дар минтақа.»

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2310218.html

Ҷумъабой Толибов: Ба қозӣ бовар надорем

[b]Сардабири нашрияи мустақилли “Пайкон” бо ирсоли номае ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қозии парвандаи марбут ба ин нашрия ибрози нобоварӣ кардааст.[/b]

Баррасии баҳси миёни Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистии Тоҷикистон, ки молики нашрияи «Пайкон» аст, ва Вазорати адлияи ин кишвар рӯзи 17 феврали соли ҷорӣ оғоз шуд.

Вазорати адлия иддаъо дорад, ки муассиси нашрияи “Пайкон” ин вазоратро аз тағйири макони Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ расман мутталеъ насохтааст.

Ҷумъабой Толибов, раиси ин созмон ва сардабири нашрияи “Пайкон” ин иддаъоро рад мекунад.

Дар номаи оқои Толибов унвонии қозии парванда омадааст, ки вай ба баррасии “беғараз ва холисонаи” парванда аз сӯйи додрас Машкура Содирова бовар надорад ва мехоҳад, ки ҳайъати додгоҳии парвандаи мазкур тағйир ёбад.

Аммо оқои Толибов ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба қонеъ шудани ин дархост низ аз сӯйи қозӣ “умед надорад”.

Вай дар ин бора гуфт: “Муттаасифона, тибқи қонунгузории мо, аризаи моро дар бораи нобоварӣ ба қозӣ ҳамон қозӣ, ки мо ба ӯ бовар надорем, баррасӣ мекунад. Танҳо дар сурати қонеъ нашудани дархости ин ариза, ба додгоҳи шаҳрӣ муроҷеъа хоҳем кард.”

Қаблан Ҷумъабой Толибов гуфта буд, ки ҳадаф аз шикояти Вазорати адлия алайҳи Бюрои маслиҳатдиҳӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ эҷоди маҳдудият дар фаъолияти ҳафтаномаи “Пайкон” аст, ки дар пайи чопи матолиби интиқодӣ дар бораи ин вазорат сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, ки машғули баррасии баҳси «ASIA-Plus», як нашрияи дигари мустақил бо як корманди Вазорати кишвари Тоҷикистон аст, баррасии ин парвандаро то ба 10 марти соли ҷорӣ ба таъвиқ гузоштааст.

Дар ин қазия Анвар Тағоймуродов, раиси бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати кишвар иддаъо дорад, ки «ASIA-Plus» бо чопи матлабе “тавҳиномез” ба шаъну эътибори ӯ латма задааст ва тақозо кардааст, ки ин нашрия ба ӯ як милюн сомонӣ ғаромат пардохт кунад.

Бино ба иттилоъи масъулони ин нашрия, қозии додгоҳ баррасии парвандаро ба ин хотир ба таъвиқ андохтааст, ки “тарафҳо бояд баъзе аз аснодро барои идомаи баррасии парванда омода кунанд.”

Дар ҳоле ки додгоҳ қаблан даъвои мутақобили нашрияи «ASIA-Plus»-ро ба далели ин ки он аз сӯйи сардабири нашрия на, балки муъовинаш арза шуда, рад карда буд, акнун масъулони нашрия санадеро ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, ки ҳаққи муъовини сардабирро барои ироаи шикояти додгоҳӣ қонунӣ мешиносад.

Бо ин ҳол, вакили мудофеъи оқои Тағоймуродов хостааст, ки ваколатномаи Марат Мамадшоев, ки кафили сардабирии ин нашрия аст, санҷида (экспертиза. рус) шавад.

Қазияҳои додгоҳии нашрияҳои мустақил дар додгоҳҳои шаҳри Душанбе тайи ду соли ахир аз мавориде нест, ки банудрат иттифоқ уфтад.

Бо ишора ба ин нукта, бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо аз ончи идомаи фишор бар расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон хондаанд, башиддат ибрози нигаронӣ кардаанд.

Аз ҷумла, ахиран созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки баррасии қазияи нашрияи “Пайкон” мунсифона анҷом шавад.

Қаблан додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар парвандае ҷудогона ин нашрияро ба пардохти 300 ҳазор сомонӣ ғаромат ба «Тоҷикстандарт» муваззаф карда буд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110224_sq_press_media.shtml

Муассиси нашрияи «Пайкон» талаби дигар кардани ҳайати судро намуд

[b]Директори «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» Ҷумъа Толибов ва намояндаи ваколатдори ташкилоти мазкур Шӯҳрат Қудратов бо як аризаи радкунӣ оид ба аризаи даъвогии Вазорати адлияи ҶТ нисбат ба ҷавобгарии ТҶ «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» дар бораи барҳам додани ташкилоти ҷамъиятӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат кардаанд.[/b]

Ёдовар мешавем, ки Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ — ниҳоди мустақили рӯзноманигорӣ ва муассиси ҳафтаномаи «Пайкон»-ро ба он далел ба додгоҳ кашида буданд, ки ин созмон суроғаи худро бидуни иҷозаи расмӣ тағйир дода, дар ин бора ба мақомот хабар надодааст. Ҳамчунин, ба иддаои ҷониби Вазорати адлия, ин ниҳоди рӯзноманигорӣ дар қайди мақомоти андоз набудааст.

Қаблан гуфта мешуд, ки суроғаи ин ташкилот ошёнаи 1-уми бинои «Шарқи озод» будаву барои чӣ ба ошёнаи 14-уми бинои мазкур баромада, дар ин бора мақомотро огоҳ накардааст? Аммо Шӯҳрат Қудратов — намояндаи ваколатдори «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ»он вақт гуфта буд, ки дар шартномаи миёни Бюро ва соҳиби бино — маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳои «Шарқи озод»-и Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суроғаи созмони рӯзноманигорӣ дақиқ муайян нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъа Толибов — муассиси «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» гуфта буд, ки далели ба додгоҳ шикоят бурдани Вазорати адлия нашри ду матлаб дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Пайкон» аст, ки раҳбарони ин ниҳод низ интиқод шудаанд.

Дар аризаи радкунии ҷониби Бюро гуфта мешавад, ки «Вазорати адлияи ҶТ ба суд бо аризаи даъвогӣ барои барҳам додани ТҶ «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» муроҷиат намудааст, ки яке аз ваҷҳҳои асосии он пас аз гирифтани Огоҳинома ягон маълумот надодани ТҶ «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» мебошад. Вале пас аз як рӯзи гирифтани Огоҳинома аз тарафи ТҶ «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» ба Вазорати адлия маълумотнома дар бораи фаъолияти ТҶ ирсол карда шуда буд. Намояндагони Вазорати адлияи ҶТ то санаи 23-юми феврали соли 2011 ин санадро ҳамчун маълумотнома эътироф намекарданд. Аз тарафи ҷавобгар ба суд оид ба гузарондани ташхиси судӣ дар бораи муайян намудани ба кадои санади меъёрию ҳуқуқӣ марбут будани санади ба Вазорати адлия пешниҳодшуда дархост шуда буд. Дар дархост аз ҷумда қайд мешуд: дар баррасии парванда маълум гардид, пас аз огоҳиномаи Вазорати адлия аз тарафи ТҶ БМСТЖ маълумотнома ирсол карда шуда буд. Вале намояндагони Вазорати адлия онро ба инобат нагирифта, аввал барои боздоштан, баъд барои барҳам додани ТҶ БМСТЖ аризаи даъвогӣ пешниҳод карданд. Дар рафти мурофиаи судӣ ба Шумо ҳисоботе аз кадом ташкилоти ҷамъиятӣ пешниҳод карда шуд, ки бояд ТҶ БМСТЖ дар ҳамон шакл ба Вазорати адлия ахбор пешниҳод мекард. Дар моддаи 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиходияҳои ҷамъиятӣ» таъкид мешавад, ки Ташкилоти ҷамъиятӣ ба мақомоти болоии худ бояд маълумотнома пешниҳод намояд. Азбаски бе муайян кардани он, ки маводи ба Вазорати адлия (пас аз гирифтани огоҳнома) пешниҳод намудаи ТҶ БМСТЖ ба кадом намуди санади ҳуқуқӣ дохил мешавад, ба ҳалли объэктивона ва холисонаи парванда ғайриимкон аст, аз Шумо мепурсем, ташхиси судӣ гузаронида шавад».

Ҷониби Бюро дар аризаи радкунии худ қайд намудаанд, ки ҳангоми муҳокимаи дархост дар маҷлиси судӣ риоя нашудани мавқеи бетарафӣ ва тарафи даъвогарро гирифтани раисикунандаи мурофиаро мушоҳида кардаанд. Ба ҳамин хотир онҳо талаб намудаанд, ки аризаи радкунӣ қонеъ ва баррасии парванда ба ҳамин суд дар ҳайати дигар гузаронида шавад.

Бояд зикр намуд, ки айни замон «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ», ки соли 2008 бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдии Шерозӣ 16 сабти ном шудааст, ҳоло дар ошёнаи 14-и ин бино фаъолият мекунад.

Фаромарзи ФОЗИЛ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11903&Itemid=28

Додгоҳ бояд ҳукми Ассанжро эълон кунад

[b]Додгоҳе дар Лондон бояд имрӯз ҳукми худро дар нисбати муассиси сомонаи ифшогари WikiLeaks Ҷулиан Ассанж эълон кунад, ки оё ӯро ба Шветсия истирдод мекунанд ё на.[/b]

Додгоҳи Шветсия Ассанжро дар гуноҳҳои марбут ба бадрафториҳои ҷинсӣ айбдор мекунад. Ассанж шаҳрванди Австралия буда зидди ӯ дар Шветсия ду зани сокини ин кившар ба додгоҳ шикоят бурда гуфтаанд, ки замони боздидаш аз ин кишвар августи порсол Ассанж ба онҳо дастдарозӣ кардааст.

Ассанж ҳама иттиҳомоти зидди худро рад мекунад. Ҳоло ӯ аз додгоҳи Лондон тақозо дорад, ки ба истирдори ӯ монеъ шавад, ба он хотир, ки ҳарос дорад дар Шветсия муҳокимаи зидди ӯ одилона нахоҳад буд.

Вакилони дифоъ инчунин мегӯянд, ки Ассанжи 39-сола эҳтимол дорад барои муҷозот ба ИМА низ фиристода шавад. Чопи матолиби маҳрамонаи дипломатҳои амрикоӣ дар сайти WikiLeaks хашми мақомоти амрикоиро барангехт.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/latest/538/538.html?id=2319239

Тағоймуродов мехоҳад Мирзобековаро низ ба ҷавобгарӣ кашонад

[b]Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тақозо кардааст, ки дар баҳси судии ӯ бо нашрияи «Азия-Плюс» муаллифи мақола Рамзия Мирзобекова низ баробар ҷавобгӯ шавад.[/b]

Рамзия Мирзобекова, муаллифи мақолаи «Тафтиш ё инкивизитсия?» дар ҳафтаномаи «Азия-Плюс» аст, ки маъмурони пулисро ба истифода аз шиканҷа ва зӯроварӣ алайҳи боздоштшудагон муттаҳам кардааст.

Вале нашрия мегӯяд, ки тамоми факту далелҳои дар мақола зикршуда бар пояи парвандаҳои ҷиноӣ ва ҳам шаҳодати ҷабрдидаҳо таҳия шудааст. Анвар Тағоймуродов талаби пардохти як миллион сомониро чун ҷуброни маънавии тӯҳмату бӯҳтони дар матлаб нашршуда мекунад.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/latest/538/538.html?id=2319186

Нигаронии Омрико аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон

[b]Намояндаи Омрико дар Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) вазъияти озодии баён дар Тоҷикистонро башиддат нигаронкунанда хондааст.[/b]

Айан Келли гуфтааст, ки дар ин кишвар дар муддати кӯтоҳе чанд расонаи мустақил, аз ҷумла, нашрияҳои «Пайкон» ва «Миллат» ба додгоҳ кашида шудаанд ва сардабири як нашрия шадидан латукӯб шудааст.

Оқои Келли зимни суханронии худ дар ҷаласаи кишварҳои узви САҲУ, ки рӯзи 17 феврал доир шуд, аз мавориди густардаи нақзи озодии баён дар чанд кишвари узви ин созмон интиқод кардааст.

Вай афзудаст, ки дар даҳ рӯзи ахир дар бархе аз ин кишварҳо иддае аз хабарнигорон бо иттиҳомоти ҷаълӣ зиндонӣ шудаанд, ба додгоҳ кашида шудаанд ва боздошт ва ё ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Давоми гузоришро дар саҳифаи таҳлилии сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=25]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=25[/url]

Источник: