Все записи автора admin

МУЛОҲИЗАҲО ДАР РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

11 март, Рузи матбуоти Тоҷикистон ба мо имконият медиҳад то дар бораи чолишҳое, ки рӯзноманигорони саросари ҷаҳон рӯ ба рӯ мешаванд, андеша кунем. Рӯзноманигорони мустақили Тоҷикистон бо майлу рағбати худ ба рӯшани андохтан ба масъалаҳои мубрами ҷомеа фарқ мекунанд. Дар тӯли 20 соли истиқлолияти Тоҷикистон хабарнигорони тоҷик лаҳзаҳои ҷангу сулҳро мустанад карданд, масоили иҷтимоию иқтисодиро таҳқиқ мекарданд ва аҳли ҷомеаро аз ҳодисаҳои сиёсӣ воқиф менамуданд. Аксари онҳо ҷасурона мавзӯъҳоеро бардоштанд, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон аҳамияти калон доштанд.

Кори хабарнигорони мустақили Тоҷикистон ба мо аз нақши муҳими воситаҳои ахбори умум дар рушди ҷомеаҳои солиму огоҳ, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки воситаҳои ахбори умуми он ба шаҳрвандон ва масъулини ҳукумат минбарерро барои мубодилаи иттилоот ва афкор фароҳам меоранд ва онҳоро ба мунозираи солим ҷалб менамоянд, ёдовар мешавад. Ислоҳоти Якуми Конститутсияи Иёлоти Муттаҳида қонунҳоеро, ки озодии суханро маҳдуд мекунанд, манъ мекунад ва ҳамин тариқ рӯзноманигорони амрикоиеро, ки роҳбарони сиёсии моро, аз ҷумла то ба сатҳи Президент ва худи онро зери танқид мегиранд, ҳимоя мекунад. Гузоришдиҳии ҷасурона ва мустақил ҳукумати моро бо ҷомеаи мо мепайвандад. Рӯзноманигороне, ки масъалаҳоро ошкор мекунанд ва афкори аҳли ҷомеаро нисбати онҳо пешкаш менамоянд, ба роҳбарони мо иттилоотеро дастрас менамоянд, ки онҳо метавонанд барои ҳалли беҳтари масъалаҳои мубрами интихобкунандагони худ истифода баранд.

Рӯзноманигорони ИМА дар рушди давлати мо нақши марказиро мебозанд. Онҳо фасоди ҳукумати моро фош мекунанд, сӯйъистеъмолҳо аз мансабро мустанад мекунанд ва ба сиёсати давлатӣ таъсир мерасонанд. Гузоришҳои мустақими хабарнигорони амрикоӣ аҳли ҷомеаро аз ҷанги Ветнам ва Ҳаракати ҳуқуқҳои гражданӣ воқиф намуда онро ба фишороварӣ ба ҳукумат ҷиҳати тағйир додани сиёсати худ ҳидоят намуданд. Дар солҳои 1970 хабарнигорони ҷасур сӯйъистеъмолҳо аз мансабро дар Қасри сафед ошкор намуданд, ки ин боиси истеъфои Президент Никсон гардид. Мансабдорон танқидро дӯст намедоранд, аммо додгоҳҳои мо мунтазам аз ҳуқуқҳои хабарнигорон ба гузоришдиҳӣ ва танқиди амалҳои ҳукумат пуштибонӣ мекунанд. Хабарнигорони амрикоӣ кори масъулини давлатӣ ва ходимони ҷамъиятиро мунтазам бе ҳарос аз даъвоҳои судӣ ва таъқибкунӣ зери танқид мегиранд. Мо мутмаинем, ки чунин фазои озод барои мунозираҳои озод муҳити солимеро фароҳам меорад ва барои ибрози манфиатҳои ҷомеа манбаъи созандагиро таъмин мекунад.

Тибқи таҷрибаи мо хабарнигорон дар назорат, пурсиш ва гузоришдиҳӣ дар бораи фаъолияти ҳукумат, фошкунии қонуншиканиҳои эҳтимолӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорон барои амалҳои онҳо нақши муҳим мебозанд. Соли 1997 хабарнигорони шаҳри Ню-Йорк ҳодисаи зишти ваҳшонияти кормандони пулисро нисбати муҳоҷири Ҳаитии Абнер Луима сабт карда буданд. Рӯзноманигоре, ки дар ин бора мақолае ба табъ расонд барои шарҳи мумтози ҳамлаи мазкур ба Ҷоизаи Пулитсер ноил шуд. Кормандони гунаҳкори полис боздошт шуда барои амалҳои худ маҳкум шуда буданд. Асосан ба шарофати кори хабарнигороне, ки аҳли ҷомеаро аз рӯйдод воқиф сохтанд, сардори кормандони полис ба 30 соли маҳбас маҳкум шуда буд. Аммо якчанд мавридҳое низ ҷой дошта буданд, ки масъалаҳое, ки дар воситаҳои ахбори умум пахш шуда буданд аз ҷониби мақомоти давлатӣ рад шуданд ва расонаҳои хабарӣ гузоришҳои пештараи худро ислоҳ карданд. Ин гуна ҳодисаҳо дар мавридҳои кам то додгоҳ расонида мешаванд. Ҳукумати мо дарк кардааст, ки барқарор намудани робитаҳои зичи мақомоти давлатӣ бо воситаҳои ахбори умум ва доштани кормандони мутахассиси робитҳо бо ҷомеа, ки хабарнигоронро бо иттилоот дар бораи фаъолияти онҳо таъмин мекунанд, ҳам ба манфиати аҳли ҷомеа ва ҳам ба манфиати худи он аст.

Кори хабарнигорон ҳеҷ гоҳ осон нест. Чун соли 2010 Котиби давлатӣ Клинтон ба муносибати Рӯзи байналмиллалии озодии воситаҳои ахбори умум қайд кардааст, «хабарнигорони ҷасури саросари ҷаҳон баҳри таъминнамоии иттилооти озод дар бораи амалҳои ҳукумат ва оқибатҳои онҳо, гузоришдиҳӣ аз минтақаҳои зимни низоъ қарор дошта, фошкунии ҷиноёт, фасод ва қонуншиканиҳо ва ошкоркунии мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон – ин ҳама дар мавридҳои алоҳида бо вуҷуди кӯшишҳои ҳукуматҳо ва ҷонибҳои дигар ҷиҳати назорат аз болои он чизе ки одамон мехонанд, мешунаванд ва фикр мекунанд, озодӣ ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.»

Дар Тоҷикистон, хабарнигорони мустақил сарфи назар аз рӯ ба рӯшавӣ бо аксари ин чолишҳо дар бораи масъалаҳои муҳим гузориш медиҳанд. Ба расонаҳои чопӣ хадамотҳои хабарии электронӣ, блогҳо ва форумҳои интернетӣ ҳамроҳ шуданд. Фишороварӣ ба хабарнигорон фазои тарсу ваҳмро ба вучуд меорад, ки боиси худдории онҳо аз интишори маводҳои муҳим аз тарси он мешавад, ки онҳо ё расонаҳои хабарии онҳо мавриди ҷазо қарор мегиранд. Ба аҳли ҷомеа он вақт хизмати беҳтар расонида мешавад, ки мансабдорон дар мавриди асоснокии масъалаҳои дар расонаҳои хабарӣ бардошташуда тадбирҳои ислоҳӣ андешанд то онҳоро ҳал намоянд. Ин беҳтар аз истифодаи системаи судӣ барои тарсонидани хабарнигорон ва фурӯ нишондани паҳншавии иттилоот аст.

Мо итминон дорем, ки барои тақвияти расонаҳои мустақили хабарӣ ҳукумат бояд ба масъулин ва шаҳрвандони худ паёми возеҳ фиристад, ки фишороварӣ ба хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ номақбул аст ва таҳаммул карда намешавад. Таҷрибаи мо нишон медиҳад, ки воситаҳои ахбори умуми мустақили нерӯманд, ки дар гузоришдиҳӣ дар бораи фаъолияти ҳукумат озоданд, қисми таркибии ҳаётан муҳими пешбарии инкишофи ҷомеаи солим, демократӣ, боадолат ва аз ҷиҳати иқтисодӣ нерӯманд мебошад. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо ҳукумат, ҷомеаи воситаҳои ахбори умум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри таҳкими воситаҳои мустақили ахбори умум дар Тоҷикистон астем.

[b]Кен Гросс
Сафири ИМА дар Тоҷикистон[/b]

Источник:

Дар Кӯлоб хабарнигорро боздошт карданд

[b]Баҳриддин Сангмадов, хабарнигори нашрияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб мавсум ба «Анвори дониш» ва нашрияи шаҳри Кӯлоб мавсум ба “Пажвок” дар назди бинои ин донишгоҳ ба ҳангоми аксбардорӣ аз манзараи буриши дарахт тавассути як корманди донишгоҳ ва сипас як корманди пулис боздошт шуд.[/b]

Вай пас аз истинтоқи понздаҳдақиқаӣ дар дохили сохтмони раёсати донишгоҳ раҳо шудааст.

Баҳриддин Сангмадов мегӯяд, ки ӯро Ватан Сафаров, муъовини раиси донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ҳангоми иҷрои вазифаи хабарнигориаш, ҳангоми аксбардорӣ «ба ӯ бо лаҳни тунд фармудааст», ки ба утоқи кориаш биояд.

Чун оқои Сангмадов ба кори ҳирфаии худ идома дод, оқои Сафаров аз гиребони ин хабарнигор гирифта ва ӯро бо зӯр ба дохили сохтмони донишгоҳ бурдааст. Дар ин кор ба ӯ яке аз кормандони интизомӣ дар донишгоҳ ҳамроҳ шудааст. Оқои Сангмадов дар ин бора гуфт: «Дар асари зӯроварии онҳо остинҳои куртка ва джемпирам дариданд.»

Оқои Сангмадов афзуд: «Пас аз таҳдиду тундгӯиҳои зиёд боз ду милисаи дигарро ба он ҷо даъват карданд. Чун диданд, ки аз лиҳози қонунӣ маро муттаҳам карда наметавонанд, маро ҷавоб доданд.”

Нуралӣ Солеҳов, ректори донишгоҳ ва мақомоти дигари ин муассисаи давлатии таълимӣ аз шарҳи ин қазия ба хабарнигорон худдорӣ карданд.

Ба бовари Ҷумъахон Алимӣ, коршиноси маҳаллӣ ахиран мақомоти Кӯлоб аз фишорҳо ба нашрияҳо дар Душанбе-пойтахт «илҳом гирифтаанд» ва ба ин хотир кӯшиши фишор овардан ба хабарнигорони маҳаллӣ дар ин минтақа афзоиш ёфтааст.

Аммо барои бори нахуст нест, ки хабарнигорони Кӯлоб мавриди озор ва лату кӯби мақомот қарор мегиранд.

Ба ақидаи оқои Алимӣ фишорҳо нисбати рӯзноманигорони мустақил дар Кӯлоб беш аз ҳар мантақаи дигари Тоҷикистон аст. Вай мегӯяд: «Соли гузашта на яку ду бор, балки чандин мавриди фишор ва таҳқири журналистон Абдулмӯъмин Шерхонов аз тарафи мақомоти гуногуни маҳаллӣ сурат гирифт. Дар соли соли 2009 ӯ мавриди лату кӯби гурӯҳӣ низ қарор гирифта буд.»

Дар ду соли ахир ҳамчунин аз мавориди фишор ва таъқиби Рустам Наботов, Баҳриддин Сангмадов, Зулайхо Саидова, Сафаралӣ Мирзоев, Абдулмӯъмин Шерхонов, Раҳматалӣ Назриев, Худоёри Валӣ ва худи Ҷумъахон Алимӣ, хабарнигорони маҳаллӣ гузориш шуда буд.

Орзуи Ҳамид

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/03/110308_rm_ah_kulob_journalist.shtml

Мурофиаи додгоҳии 3 нашрия дар Душанбе аз сар гирифта шуд

Мурофиаи додгоҳии нашрияҳои «Фараж» ва «Азия-плюс» ва «Озодагон» дар Душанбе аз сар гирифта шуд.Додраси додгоҳи ноҳияи Сино гуфт, забоншиносон дар матолиби «Фараж» ва «Азия-плюс» иштибоҳе наёфтаанд, аммо дар як мактуби Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъ ба Додгоҳи Олӣ ва матлаби нашрияи «Озодагон» мавҷудияти таҳқирро ошкор кардаанд. Амриддин Сафоев-додраси додгоҳи ноҳияи Сино аз тавзеҳи мавзӯъ ба рӯзноманигорон худдорӣ кард, вале гуфт:

«Дар ҳама расонаҳо эълон шуда буд, ки маводи нашрияҳо ба ташхис фиристода шудаанд. Рӯзи 28 мо натиҷаҳоро гирифтем ва имрӯз корро сар кардем.»

Бо вуҷуди ин Абдураҳмон Шарифов- вакили мудофеи нашрияҳои «Фараж» ва «Озодагон» мегӯяд, ин нашрияҳо ташхисро ғайри қобили қабул меҳисобанд, зеро Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон расман салоҳияти чунин ташхисро надорад ва кормандонаш коргари давлатӣ нестанд. Мурофиаи додгоҳии ин нашрияҳо баъд аз таваққуфи нӯҳмоҳа аз сар гирифта шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20110304/538/538.html?id=2328174

Вокунишҳо ба тарҳи таъсиси нахустин радиои ҳизбӣ

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба таъсиси як радиои ҳизбӣ омодагӣ мегирад.

Пешниҳоди таъсиси радиои ҳизбӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ҲХДТ матраҳ шуда ва дар ин замина қарор аз сӯи раиси ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст.

Гуфта мешавад ҳадаф аз роҳандозии ин радио таблиғ ва ташвиқи густардаи ормонҳои ҳизби халқӣ-демократӣ дар ҷомеаи кишвар ва бахусус дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурист, ки ба баргузории он то ду соли дигар фурсат мондааст.

Ва аммо ин тасмим дар ҳоле садо медиҳад, ки аҳзоби дигари кишвар барои роҳандозии радио ва телевизионҳои худ дучори мушкил шуда масъалаи дарёфти муҷаввиз низ барои ин навъи фаъолият ба як мушкилии дигар табдил ёфтааст.

Матни пурраи мавод дар бахши таҳлилии сомонаи мо: h[url=ttp://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=29]ttp://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=29[/url]

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник:

Забондонон аз матлаби «Озодагон» таҳқир ёфтаанд

Додгоҳ мегӯяд, ин таҳқирро Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академяии улум дарёфтааст, ҷавобгарон мухолифанд.

Додраси додгоҳи ноҳияи Сино гуфт, забоншиносон дар матолиби «Фараж» ва «Азия-плюс» иштибоҳе наёфта, аммо дар як мактуби Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили дифоъ ба Додгоҳи Олӣ ва матлаби нашрияи «Озодагон» мавҷудияти таҳқирро ошкор кардаанд.

Амриддин Сафоев аз тафсили мавзӯъ ба рӯзноманигорон худдорӣ кард. Аммо ба гуфтаи вакилони дифоъ, масъала ин аст, ки Солеҳҷон Ҷӯраев зимни як номаи хусусӣ ба раиси Додгоҳи Олӣ, ки нашр нашудааст, яке аз додрасҳоро «майпараст» унвон карда, нашрияи «Озодагон» дар баробари ӯ ибораи «аз тарс маҷбуран»-ро истифода кардааст.

Матни пурраи мавод дар бахши таҳлилии сомонаи мо: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=30]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=30[/url]

Источник:

Забондонон аз матлаби «Озодагон» таҳқир ёфтаанд

[b]Додгоҳ мегӯяд, ин таҳқирро Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академяии улум дарёфтааст, ҷавобгарон мухолифанд.[/b]

Додраси додгоҳи ноҳияи Сино гуфт, забоншиносон дар матолиби «Фараж» ва «Азия-плюс» иштибоҳе наёфта, аммо дар як мактуби Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили дифоъ ба Додгоҳи Олӣ ва матлаби нашрияи «Озодагон» мавҷудияти таҳқирро ошкор кардаанд.

Амриддин Сафоев аз тафсили мавзӯъ ба рӯзноманигорон худдорӣ кард. Аммо ба гуфтаи вакилони дифоъ, масъала ин аст, ки Солеҳҷон Ҷӯраев зимни як номаи хусусӣ ба раиси Додгоҳи Олӣ, ки нашр нашудааст, яке аз додрасҳоро «майпараст» унвон карда, нашрияи «Озодагон» дар баробари ӯ ибораи «аз тарс маҷбуран»-ро истифода кардааст.

Абдураҳмон Шарифов, вакили дифоъи «Фараж» ва «Озодагон» гуфт, ташхисро нашрияҳо ғайри қобили қабул меҳисобанд, зеро Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон расман салоҳияти чунин ташхисро надорад: «Идорае, ки коргаронаш ин ташхисро анҷом додаанд, расман муассисаи ташхиси давлатӣ нест, яъне кормандонаш коршинос маҳсуб намешаванд. Барои мо ҳанӯз рӯшан нест, ки оё онҳо иҷозатномаи махсус барои додани хулоса доранд ё на.»

Дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон ҳеҷ кас омода нашуд, масъаларо шарҳ диҳад. Аммо Абдураҳмон Шарифов мегӯяд, ин пажӯҳишгоҳ аз додгоҳ расман дархост кардааст, ки исми афроди ташхисгарро ошкор накунад ва онҳоро ба додгоҳ эҳзор нанамояд.

Мурофиаи додгоҳии нашрияҳои «Фараж», «Озодагон», «Азия-плюс» ва додрасҳои Додгоҳи Олии Тоҷикистон ва додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баъд аз таваққуфи нӯҳмоҳа замоне аз сар гирифта шуд, ки дар ин муддат маводи баҳсангези нашрияҳо дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон аз пажӯҳиши лингвистӣ гузаштааст.
Амриддин Сафоев, додраси парванда далели тӯл кашидани ин баҳсро ин гуна шарҳ дод: «Дар ҳама расонаҳо эълон шуда буд, ки маводи нашрияҳо ба ташхис фиристода шудаанд. Рӯзи 28 мо натиҷаҳоро гирифтем ва имрӯз корро сар кардем.»

Баҳси вакили дифоъ Солеҳҷон Ҷӯраев, «Фараж», «Озодагон» ва «Азия-плюс» аз як ҷониб ва се додрас аз додгоҳи Олии Тоҷикистон ва додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе моҳи феврали соли 2010 оғоз шуда буд.

Сабаби баҳс нашри як матлаби Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили дифои 31 сокини Исфара дар нашрияҳои мазкур буд, ки ахириҳо ба ҳамдастӣ бо Низомхон Ҷӯраев, собиқ сарвари корхонаи кимиёи Исфара муттаҳам шуда, ба мӯҳлатҳои тӯлонии ҳабс маҳкум шудаанд.

Дар ин матлаб додрасҳо ба содир намудани ҳукми ноодилона муттаҳам мешаванд, аммо дар сӯҳбати хос ба вакили дифоъ гуфтаанд, ки ин корро бо супориш кардаанд.
9 моҳи қабл маводи ин нашрияҳо ба ташхиси лингвистии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон фиристода шуда, инак, ташхис анҷом ёфт ва аз се нашрия танҳо яке — «Озодагон» ҳамҷавобгари Солеҳҷон Ҷӯраев боқӣ монд.

Аммо Хуршеди Атоулло, сардабири нашрияи «Фараж» мегӯяд, ҳамроҳ бо «Азия — плюс» аз «Озодагон» дифоъ хоҳанд кард: «Он иборае, ки «Озодагон» истифода бурдааст, дар «Фараж» ва «Азия — плюс» ҳам ҳастанд. Ин ҷо шояд ягон хатои техникӣ рафта бошад»

Дар ҳамин ҳол, шурӯи баррасиии додгоҳӣ баъд аз таваққуфи нӯҳмоҳа бидуни ширкати Солеҳҷон Ҷӯраев ва даъвогарон сурат гирифт ва додрас пас аз машварат 14 мартро санаи навбатии баррасӣ муайян кард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2328128.html

Вокунишҳо ба тарҳи таъсиси нахустин радиои ҳизбӣ

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба таъсиси як радиои ҳизбӣ омодагӣ мегирад.

Пешниҳоди таъсиси радиои ҳизбӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ҲХДТ матраҳ шуда ва дар ин замина қарор аз сӯи раиси ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст.

Гуфта мешавад ҳадаф аз роҳандозии ин радио таблиғ ва ташвиқи густардаи ормонҳои ҳизби халқӣ-демократӣ дар ҷомеаи кишвар ва бахусус дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурист, ки ба баргузории он то ду соли дигар фурсат мондааст.

Ва аммо ин тасмим дар ҳоле садо медиҳад, ки аҳзоби дигари кишвар барои роҳандозии радио ва телевизионҳои худ дучори мушкил шуда масъалаи дарёфти муҷаввиз низ барои ин навъи фаъолият ба як мушкилии дигар табдил ёфтааст.

Вокунишҳо ба таъсиси радиои ҳизбӣ

Ташкили радиои алоҳида ба манзури пур кардани холигоҳи фазои иттиллоотӣ ва ҳарчи бештар таблиғ кардани ақида ва иқдомоти Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар миёни ҷомеа сурат мегирад.

Усмон Солеҳ-мудири шӯъбаи иттилоот ва таблиғоти ҲХДТ рад накард, ки ин иқдом дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пиёда мешавад ва ҳадафи ҳизб аз роҳандозии радиои алоҳида ҷалби бештари таваҷҷӯҳи мардум ва муваффақ шудан ба пуштибонии онҳо дар ин интихобот аст.

Ва аммо дар ҳоле, ки ҲХДТ барои тарвиҷ ва таблиғи ақида ва аҳдофи худ тавассути расонаҳои расмӣ низ мушкилӣ надорад ва аз сӯи дигар дар куллияи манотиқи кишвар низ нашрияҳои он ба чоп мерасанд барои таъсиси радиои алоҳида чӣ зарурат пеш омадааст. Усмон Солеҳ мегӯяд дар шароити имрӯзи Тоҷикистон на ҳама имкони харидорӣ ва обуна шудан ба нашрияҳои ҳизбиро доранд. Аз ин ҷиҳат истифода аз расонаҳое чун радио барои аҳзоби сиёсӣ аҳамияти бештар дорад.

Тасмими ташкили радиои алоҳида аз сӯи ҲХД дар ҳоле садо медиҳад, ки бархе аз аҳзоб ва созмонҳои иҷтимоӣ наметавонанд як чунин расонаҳоро фаъъол созанд.
Воҳидхон Қосиддинов- муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ки ҳизби онҳо аз панҷ соли пеш барои роҳандозии радио ба Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон муроҷиат кард. Вале аз сӯи ин кумитаи посухи мусбат дарёфт накарданд.

Дар ин миён бархе аз созмонҳои иҷтимоӣ ва афроди алоҳид низ натавонистаанд барои роҳандозии радио муҷаввиз дарёфт кунанд. Нуриддин Қаршибоев- раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз мавридҳое ёдовар шуд, ки бархе аз афрод, ки бо пуштибонии созмони Интернюс таҷҳизоти зарурӣ барои ташкили радиои мустақилро дарёфт карда буданд ба муҷарради дастрас накардани муаввиз натавонистанд ба фаъолият шурӯъ кунанд:

Масъулони ҲХДТ ба ин назаранд, ки дар гирифтани муҷаввизи пахш зоҳиран шубҳае надоранд ва онҳо мехоҳанд дар қадами аввал барномаҳои радиоии ин ҳизб дар манотиқи наздимарзӣ ва шаҳри Душанбе пахш шавад ва бо пайдо кардани сарчашмаҳои молӣ ин барномаҳо тамоми кишварро таҳти пӯшиш қарор хоҳад дод.

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2327618.html

Мушкили фурӯши нашрияҳо дар хиёбонҳои Душанбе

[b]Ҳудуди 1000-1500 нусхаи ҳафтаномаҳои мустақили чопи Душанбе дар ин ҳафта ба фурӯш нарафта ба идораи рӯзномаҳо бозгаштааст.[/b]

Панҷшанбеи ҳар ҳафта охирин рӯзи ба фурӯш гузоштани нашрияҳо мебошад.

Ахиран шаҳрдори Душанбе бо судури як дастур, ниҳодҳои зидахлро муваззаф намуд, ки фурӯши рӯзномаҳо дар хиёбони марказии пойтахт, ки ҷодаи протоколӣ ба шумор меояд, ҷилавгирӣ кунанд. Сухангӯи шаҳрдорӣ Шавкат Саидов мегӯяд, ки ҳадаф аз ин иқдом, фарҳанги рӯзномафурӯширо ба танзим овардан аст.

Вале тавре сардабирони ҳафтаномаҳо мегӯянд, кормандони интизомии шаҳр чуноне, ки ба носфурӯшони кӯчаҳо дар меафтанд, ба рӯзномафурӯшон, ки аслан занону мардони солхӯрда ҳастанд низ чунин муносибат намуда дар ҳамаи маҳаллаҳои пойтахт онҳоро таъқиб мекунанд.

Сардабири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло мегӯяд, ки дар ин ҳафта теъдоди фурӯши рӯзномаҳо коҳиш ёфт ва то якуним ҳазор нусхаи «Фараж» аз фурӯш бозмондааст: «Аз теъдоди панҷунимҳазор нусхае, ки ин ҳафта ба нашр расид, беш аз якунимҳазор ҳазор ба фурӯш нарафт. Яъне фурӯшандаҳо имкон пайдо накарданд, ки рӯзномаро ба муштариён пешниҳод кунанд»

Якуним ҳазор нусхаи «Фараж» теъдодест, ки дар хиёбони марказии пойтахт бояд фурӯхта мешуд ва ҳафтаномаҳои дигар низ ба мисли «Азия Плюс», «Миллат», «Озодагон», «СССР», «Чархи Гардун» наздики ҳамин теъдод фурӯхта натавонистаанд.

Ба қавли сардабирони ҳафтаномаҳо, чунин ҳолат пеш аз ҳама ба вазъи иқтисодии рӯзномаҳо зарба мезанад ва тавони худкифоии онҳоро заъиф мекунад. Фурӯши севунимҳазор рӯзнома ҳатто ба хароҷоти чопи шумораи нашрия кифоят намекунад. Илова ба ин, харҷи маоши кормандон, телефонпулӣ, пардохти андозу иҷорапулӣ аз масълаҳои дигари молии нашрияҳо ба шумор меояд. Кормандони рӯзномаҳо мегӯянд, ки агар ба ин масъала бознигарӣ нашавад, ин метавонад баъзе аз нашрияҳоро ба зону дарорад.

Ҷумъабой Толибов, сардабири ҳафтаномаи «Пайкон» мегӯяд, ки дар ин ҳафта беш аз 1000 нусхаи «Пайкон» баргаштааст. Вай намедонад, ки чӣ гуна маоши кормандонро пардозад дар ҳоле, ки Идораи андози шаҳри Душанбе бо як қарори худ дастур додааст, ки моҳонаи кормандони рӯзномаҳо на камтар аз 562 сомонӣ бошад: «Мо намедонем дар ин вазъият чӣ кор кунем, дар як дуроҳа қарор гирифтаем»

Дар ҳамин ҳол Раиси иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралии Саттор гуфт, ки бо пеш омадани чунин ҳол, як системаи нави фурӯши рӯзномаҳоро ба роҳ хоҳанд монд: «Бо дарназардошти ҳалли ин масъала, як умури ҷадиди фурӯши рӯзномаҳо таҳти унвони «Кооперативи фурӯши рӯзномаҳо» ба кор оғоз хоҳад кард. Дар чаҳорчӯбаи он, мо ба ҳамаи рӯзномафурӯшони шаҳр ҳуҷҷат медиҳем, онҳо либоси махсус дар бар мегиранд ва бо мошинҳо нусхаҳоро ба нуқтаҳои асосии фурӯш бурда мерасонем. Фикр мекунам, ки ин наҳваи кор метавонад ин печидагиҳоро дуруст кунад».

Аммо сардабирон мегӯянд, то замоне, ки ин Кооператив ба фаъолият шурӯъ мекунад, вазъи рӯзномаҳо боз ҳам печидатар хоҳад шуд, зеро теъдоди зиёди нусхаҳои рӯзномаҳо дар хиёбони марказии пойтахт фурӯхта мешаванд.

Шаҳрдори Душанбе фурӯши рӯзномаҳо дар хиёбони марказиро иҷозат додааст, вале фурӯшанда бояд бо борхалата рӯзномаҳоро ҳамроҳаш гардонад.

Сардабирони рӯзномаҳо мегӯянд, ки фурӯшандаҳои аслии онҳо солхӯрдагони зери 60-сола ҳастанд, ки тавони бардоштани вазни 25-30 килограмро надоранд.

Мирзонабии Холиқзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2327562.html

Таваҷҷӯҳи бесобиқа ба ҳаводиси кишварҳои хориҷӣ

[b]Тайи ҳафтаҳои ахир расонаҳои Тоҷикистон ба таври бесобиқа ба пӯшиши густардаи хабарҳои хориҷӣ аз шимоли Офриқо ва Ховари Миёна пардохтанд.[/b]

Баъзеҳо мегӯянд, далели таваҷҷӯҳи бесобиқаи расонаҳои тоҷикӣ ба инқилобҳои кишварҳои шимоли Офриқо ва Ховари Миёна вуҷуди шабоҳатҳо миёни Тоҷикистон ва ин кишварҳо будааст.

Масъулони нашрияҳои мустақилли маҳаллӣ мегӯянд, ки матраҳ шудани ин савол дар миёни ҷомеъаи Тоҷикистон, ки оё дар ин кишвар низ эҳтимоли оғози нооромиҳои мушобеҳ вуҷуд дорад ё хайр, онҳоро водор ба пайгирӣ ва таҳлили ҳаводиси инқилобӣ кардааст.

Матни пурраи гузориш дар саҳифаи таҳлилии сомонаи мо: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=28]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=28[/url]

Источник:

Таваҷҷӯҳи бесобиқа ба ҳаводиси кишварҳои хориҷӣ

[b]Тайи ҳафтаҳои ахир расонаҳои Тоҷикистон ба таври бесобиқа ба пӯшиши густардаи хабарҳои хориҷӣ аз шимоли Офриқо ва Ховари Миёна пардохтанд.[/b]

Баъзеҳо мегӯянд, далели таваҷҷӯҳи бесобиқаи расонаҳои тоҷикӣ ба инқилобҳои кишварҳои шимоли Офриқо ва Ховари Миёна вуҷуди шабоҳатҳо миёни Тоҷикистон ва ин кишварҳо будааст.

Масъулони нашрияҳои мустақилли маҳаллӣ мегӯянд, ки матраҳ шудани ин савол дар миёни ҷомеъаи Тоҷикистон, ки оё дар ин кишвар низ эҳтимоли оғози нооромиҳои мушобеҳ вуҷуд дорад ё хайр, онҳоро водор ба пайгирӣ ва таҳлили ҳаводиси инқилобӣ кардааст.

Аммо ин нукта низ таъкид мешавад, ки расонаҳои чопӣ ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон аз пӯшиши амиқи инқилобҳо дар ҷаҳони араб худдорӣ кардааст.

[b]»Расонаҳои давлатӣ намехоҳанд таҳрик кунанд»[/b]

Аҳмадшоҳи Комилзода, рӯзноманигори мустақил, мегӯяд расонаҳои давлатӣ барои тасвир накардани воқеъоти кишварҳои арабӣ далоили мушаххас доранд.

Вай мегӯяд: “Сабаби камтаваҷҷӯҳии расонаҳои ҳукуматӣ ба ин мавзӯъ ба назарам як навъ канораҷӯйии онҳо аз пӯшиши воқеъаҳое аст, ки метавонад норизоияти мардуми Тоҷикистонро, ки зиндагиашон шабеҳи зиндагии кишварҳои инқилобзада аст, таҳрик кунад.”

Дар ҳамин ҳол намояндагони телевизиюни давлатии Тоҷикистон нахостанд ба таври расмӣ дар ин мавзӯъ шарҳе ба мо ироа кунанд.

Аммо як масъули ин телевизиюн бидуни ифшои номи худ гуфт: “Тоҷикистон мустақил аст, агар хоҳад пӯшиш медиҳад, нахоҳад пӯшиш намедиҳад. Модоме, ки ки худи телевизиюни Либӣ рақсу суруд нишон медиҳад ва ин ҳодисаҳоро нишон намедиҳад, чаро мо нишон диҳем?”

Ин дар ҳоле аст ки телевизиюни Алҷазира, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳояш фаъолияти онро намуна барои рӯзноманигорон дониста буд, муваффақтарин расона дар пӯшиши таҳаввулоти ахири Ховари Миёна ва Шимоли Офриқо хонда шудааст.

Ҷолиб ин аст, ки намоиши консертҳо ва барномаҳои тафреҳӣ ва барномаҳои таблиғоти сиёсати давлат бахши умдаи барномаҳои телевизиюни Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва сокинони кишвар барои дарёфти хабарҳои олтернотив ва доғи ҷомеъа ва ҷаҳон бештар ба расонаҳои мустақил ё хориҷӣ муроҷеъа мекунанд. Бо таваҷҷух ба ситоиши раҳбари Тоҷикистон аз фаъолияти телевизиюни Алҷазира эҳтимолан ӯ низ хабарҳоро аз расонаҳои хориҷӣ дунбол мекунад.

Аммо нашрияҳои мустақили шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа ба пӯшиш, баррасӣ ва таҳлили густардаи ҳаводиси кишварҳои арабӣ дар ҳафтаҳои охир пардохтанд.

[b]Расонаҳои Русия таъсиргузор буд?[/b]

Абдуфаттоҳ Воҳидов, ҳамоҳангсози барномаҳои мониторинги Иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки аксари таҳлилҳое, ки дар робита ба ҳаводиси кишварҳои арабӣ дар расонаҳои ин кишвар пешниҳод шуд, аз таъсири “диди” расонаҳои Русия ба ин ҳаводис орӣ набуд.

Вай мегӯяд: “Вақте мо ин ё он нашрияи русиро мехонем, мо медонем, ки он матлаб мутобиқи ҳадафҳои Русия аст, агар нашрияи эронӣ мутолеъа кунем, бояд дар назар дошта бошем, ки он ҷо ҳаводис аз диди манофеъи давлати Эрон пӯшиш меёбад. Аз бас, ки бештари таҳлилгарон ва хабарнигорони мо забони русиро беҳтар медонанд, назарҳои онҳо дар бораи ҳодисаҳои ҷаҳон низ пас аз мутолеъаи расонаҳои русӣ шакл мегирад.”

Оқои Воҳидов афзуд: “Дар маҷмӯъ мехоҳам бигӯям, ки воқеъаҳои кишварҳои арабӣ густарда пӯшиш меёбад ва ман ҳеҷ маҳдудияте дар инъикоси ин воқеъаҳо эҳсос накардам.”

Дар ҳамин ҳол, Саймуддин Дӯстов, рӯзноманигор ва сардабири нашрияи “Нигоҳ”, бо оқои Воҳидов дар мавриди таъсир гирифтани нашрияҳои Тоҷикистон аз Русия дар пӯшиши хабарҳои ҷаҳонӣ ихтилофи назар дорад.

Оқои Дӯстов мӯътақид аст, ки дар се соли ахир нашрияҳои мустақилли дохилии Тоҷикистон дар заминаи пӯшиши таҳаввулоти ҷаҳонӣ ба таври қобили мулоҳиза пешрафт карданд ва нақши расонаҳои форсизабони хориҷӣ ба монанди Озодӣ ва Би-би-сӣ дар ин замина чашмрас будааст.

Вай мегӯяд, дар солҳои ахир дар фаъолияти нашрияҳои тоҷикӣ ду раванди асосӣ дар робита ба пӯшиши масоили хориҷӣ ташаккул ёфт.

[b]»Бурди» расонаҳои тоҷикзабон[/b]

Оқои Дӯстов гуфт: “Якум ин, ки тақрибан ҳамаи нашрияҳо дар инъикоси сиёсати хориҷии Тоҷикистон фаъол шуданд ва дар пӯшиши ин масоил манфиъати Тоҷикистонро дар назар мегиранд. Раванди дуввум ин, ки расонаҳои тоҷикзабон дар заминаи ҷалби хонанда бар нашрияҳои русизабон, ғалаба карданд.”

Оқои Дӯстов мутмаъин аст, ки пӯшиши хабарҳои кишварҳои Ховари Миёна ва шимоли Офриқо дар расонаҳои мустақили Тоҷикистон тавоноии расонаҳои мустақили тоҷикро ба намоиш гузошт.

Рашид Ғанӣ, коршиноси мустақил, низ дар бораи муваффақияти нашрияҳои тоҷикзабон дар рақобат бо нашрияҳои русизабон дар чанд соли охир ишора кард ва гуфт, ки “Ин муваффақият ба хотири ин ба даст омад, ки дар нашрияҳои тоҷикзабон, эҳсосоти миллат ва ватандӯстӣ бештар садо медиҳад.”

Нашрияи тоҷикзабони “Миллат”, ки маъмулан барои баррасии мавзӯъоти доғи рӯз, ки дар маркази таваҷҷӯҳи нашрияҳо қарор дорад мизи гирд баргузор мекунад, барои баррасӣ ва таҳлили нооромиҳо ва инқилобҳо дар кишварҳои арабӣ низ чунин нишаст баргузор кард.

Табодули назарҳо, ки дар ҷараёни сӯҳбати ин мизи гирди мавсум ба “Тазоҳуроти Миср ва ҷаҳони Араб чӣ таъсир ва паёмаде метавонад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дошта бошад?” садо дод, сипас дар сафҳаи нашрия ба чоп баромад.

[b]Таҳлили шабоҳат ва таъсирот [/b]

Толиб Саъидзода, аз масъулони нашрияи “Миллат”, гуфт, таваҷҷӯҳи мардуми Тоҷикистон ба инқилобҳои кишварҳои арабӣ ба хотири бархе аз шабоҳатҳои вазъияти мардумони ин кишвар зиёд аст.

Вай гуфт дар Осиёи Миёна низ бархе аз раисони ҷумҳурӣ солҳои тӯлонӣ дар қудрат буда ва мехоҳанд “умри сиёсии худро тавассути тағйири қонунҳо дарозтар кунанд.”

Оқои Саъидзода афзуд: “Раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна бояд аз ҳаводиси Миср ва дигар кишварҳои ошӯбзада сабақ бигиранд ва роҳро барои мардумсолорӣ боз кунанд.”

Рашид Ғанӣ пӯшиши хабарҳои кишварҳои арабӣ дар расонаҳои мустақили Тоҷикистонро баҳои мусбат дод, аммо гуфт, ки “таҳлилҳо метавонистанд ва мебоист амиқтар ва фарогиртар мешуданд.”

Аммо вай афзуд: “Расонаҳо ҳоло ҳам ба таври лозим рушд накардаанд. Теъдодашон кам аст ва ҳунӯз ҳам гирифтори мушкили “дар рӯйи об мондан” ҳастанд. Рӯзноманигорони дорои дониши иқтисодӣ ва сиёсӣ низ камтар дорем.”

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/03/110301_sq_taj_press.shtml