Все записи автора admin

Мулоқоти рӯ ба рӯи журналистон бо ниҳоди вижаи ҳукуматӣ

Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тасмим доранд бо журналистони ватанию хориҷӣ мулоқот анҷом диҳанд.Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тасмим доранд бо журналистони ватанию хориҷӣ мулоқот анҷом диҳанд. Тибқи иттилои расида, нишасти мазкур рӯзи 13-уми майи соли равон дар бинои муҷтамаи мавсум ба «Шарқи Озод» баргузор хоҳад шуд. Зимнан, масоили инъикоси кори агентӣ дар ВАО, фаъолияти кормандони соҳа ва вазоифи дар пеш доштаи ниҳоди мазкур мавриди баррасӣ қарор мегирад. Масъулини агентӣ омодаанд, дар рафти мулоқот ба суолҳои рӯзноманигорон посух гӯянд.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/323-2011-05-10-04-18-47.html

Ба журналистони Тоҷикистон инъикоси масоили нашъамандиро меомӯзанд

Дар шаҳри Душанбе барои рӯзноманигорон давраи омӯзишии шашрӯза баргузор мешавад.

Аз ташкилоти ҷамъиятии «Хома», ки созмондиҳандаи тренинги мазкур аст ба «Озодагон» гуфтанд, давраи омӯзишӣ амалӣ буда дар доираи он журналистон бо фаъолияти ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, беморхонаву марказҳои махсус, ки фаъолияташон ба ҳалли масоили нашъамандӣ равона шудааст шинос мешаванд. Зимнан, иштирокчиёни давраи омӯзишӣ бо шахсони аз нашъамандӣ табобатёфта низ сӯҳбат хоҳанд кард. Журналисти шинохтаи Олмон, тренери «Deutsche welle akademie» Беттина Руигис дар қатори равоншиносон, табибон ва коршиносони шинохтаи масоили нашъамандии Тоҷикистон барои иштирокчиёни тренинг дарс хоҳад гуфт. Давраи омӯзишӣ аз 16-ум то 22-юми май баргузор мешавад.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/317-2011-05-09-08-28-27.html

Ҷашни 160-солагии журналистикаи исломӣ дар Маскав

Дар Маскав 160-солагии журналистикаи исломӣ ҷашн гирифта шуда хоҳад шуд. Дар доираи ин ҷашн конфронси бузурги илмӣ-амалӣ низ пешбинӣ гардидааст.Тавре аз Кумитаи тадорукоти ин ҷашн хабар доданд, ин сана махсусан бо зодрӯзи Исмоил Гаспринский — аввалин муассиси рӯзномаи умумирусиягии мусулмонии «Тарҷумон», ки 16-уми майи соли 1883 ба чоп расидааст, дар як рӯз таҷлил мешавад.

Гуфта мешавад Исмоил Гаспринский яке аз асосгузорони ҷараёни «Ҷадидия» шинохта шуда, ҳамчунин аз ӯ ҳамчун ходими фаъоли ҷамъиятиву сиёсӣ ном мебаранад. Хидматҳои ин шахс барои ривоҷи Ислом дар Русия ва минтақа хеле бузург буда, бо таъсис ва сарварии рӯзномаи «Тарҷумон» солҳои зиёд дар ба ҳам овардани мусулмонони Русия ва минтақа талошу ҷаҳд карда будааст.

Ҷашнвора ва конфронси мазкурро Шӯрои муфтиёти Русия, Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ сарпарастӣ мекунанд. Дар кори конфронс олимон аз тамоми шаҳрҳои Русия ва кишварҳои мусулмонӣ ширкат хоҳанд кард.
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14138&Itemid=30

Бархӯрди нави ширкатҳои мобилӣ бо Бег Зуҳуров

Ахиран Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Интернет-провайдерони Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Президенти кишвар ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хоҳони хотима гузоштан ба дастури навбатии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Зуҳуров шуданд.Қабл аз ин сардори Хадамоти мазкур ба ҳамаи ширкатҳои таъминкунандаи алоқаи барқӣ Расонида буд, ки «бо сабаби таъмини бехатарии давлат ва ба танзим даровардани истифодабарии радиобасомадҳо ва воситаҳои радиоэлектронии ҳамаи намудҳои пайвастшавии интиқолшаванда аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз пайвастшавӣ тавассути оператори давлатӣ, набояд берун бароянд». Бо ҳамин далел Хадамот эълон дошт, ки аз 1-уми майи соли равон иҷозатҳои додашуда барои истифодабарии воситаҳои радиоэлектронии ҳамаи намудҳои пайвастшавӣ дар ноҳияҳои сарҳадӣ қатъ карда мешаванд.

Зимни муроҷиати худ намояндагони Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Интернет-провайдерони Тоҷикистон дастури навбатии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. С. Зуҳуровро, ки тибқи мактуби расмӣ аз 27-уми апрели соли 2011 таҳти №1-203 ба ширкатҳо-аъзоёни Ассотсиатсияҳо ирсол карда шуд, ғайриқонунӣ ва беасос мехонанд.

«Қарори мазкури мӯҳтарам Зуҳуров Б. С. бо вайрон намудани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Низомномаи комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо қабул шудааст, ки тибқи он чунин қарорҳо бояд дар мувофиқа бо мақомоти амнияти кишвар қабул карда шавад»,- омадааст дар муроҷиатнома.

Муроҷиаткунандагон мегӯянд, ки иқдомҳои нави Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо сарварии Бег Зуҳуров садди роҳи инкишоф ва фаъолияти технологияи муосири амалкунанда шуда, сабаби коҳиш ёфтани буҷаи давлатӣ ва паст шудани обрӯю эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ мегардад. Онҳо бар ин назаранд, ки ҳамзамон, «пешниҳоди» Б. Зуҳуров оид ба амалӣ намудани пайвастшавӣ бо воситаи оператори давлатӣ ба он оварда мерасонад, ки дар натиҷаи зиёд шудани талаботи операторони дигар имкониятҳои техникии оператори давлатӣ кифоягӣ накарда, дар натиҷа тамоми алоқа метавонад аз кор монад ва боиси ба вуҷуд омадани зарари назаррас ба давлат ва тамоми сохторҳои он гардад.

«Чунин сиёсати Зуҳуров Б. С. ба он оварда расонд, ки имрӯз кишвари мо дар минтақа мавқеи пешсафро ҷиҳати ба маркази транзитии телекоммуникатсионӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз даст додааст. Дар натиҷа, ширкатҳои телекоммуникатсионии Афғонистон бо воситаи нахи нурӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст шуда, кишвари мо аз фоидаи зиёди ин трафик маҳрум гардид»,- мегӯянд муроҷиаткунандагон ва хоҳиш мекунанд, ки барои дастгирии вазъи кунунии соҳаи алоқа ва инкишофи минбаъдаи он чора андешида шавад.

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14009&Itemid=30

Иштироки намояндагони ВАО дар мурофиаи судии ҷиноятӣ

[b]Масоили иштироки намояндагони ВАО дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, ҳамчунин иттилоотонии аҳли ҷомеа оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.[/b]

Дар робита имрӯз бо ибтикори мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Инъикоси масоили адолати судӣ дар мурофиаҳои ҷиноятӣ тавассути ВАО» мизи мудаввар баргузор намуд, ки дар он намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент, судҳои олӣ ва конститутсионӣ, шӯрои адлия, прокуратураи генералӣ, дафтари ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамчунин созмонҳои байналмилалию ҷамъиятии рӯзноманигорӣ ширкат намуданд.

Мақсади ин чорабинӣ мусоидат ба таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ буд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар муаррифии лоиҳаи «Инъикоси масоили адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО» матраҳ гардид. Тарҳи мазкур аз ҷониби Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» бо дастгирии Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Ҳадафи асосии лоиҳа ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба масоили ҳуқуқи инсон ва адолати судӣ дар Тоҷикистон, ташкили замина барои муҳокимаи ҷамъиятии масъалаҳои мазкур, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО мебошад.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/301-2011-05-06-1538.html

Зафари Суфӣ: Талош мекунем, хабаргузории «Озодагон» муваффақ шавад

Рӯзи 3 майи соли ҷорӣ хабаргузории «Озодагон» ба фаъолият шурӯъ кард. Раҳбарии ин хабаргузориро Зафари Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи «Озодагон» ба дӯш дорад. Хабарнигори нашрияи «Миллат» дар ин росто бо Зафари Сӯфӣ сӯҳбате дошт.

— Зафар, мо дарак ёфтем, ки оҷонсии иттилоотии «Озодагон» ба фаъолият шурӯъ кардааст, воқеан дар рӯзи ҷаҳонии озодии баён инро чун як падидаи нек арзёбӣ мекунем ва лутфан бигӯед, ки ҳадаф аз роҳандозии ин хабаргузорӣ дар чист?

— Ҳадаф аз роҳандозии оҷонсии иттилоотӣ, на фақат аз ин оҷонсӣ фикр мекунам, ки аз ҳамагуна расонаҳои хабарӣ пеш аз ҳама расондани хабар аст. Мо бар ин натиҷа расидем ва ду сол мешавад, ки дунболи он будем, ки хабаргузорие дар кишвар фаъол шавад, то фазои иттилоотии кишвар аз он пур шавад. Худоро шукр, ки ба он ҳадаф даст ёфтем ва имрӯз ин хабаргузорӣ расман ба фаъолият шурӯъ кард.

— Медонем, ки ба роҳ андохтани як хабаргузорӣ як кори хело душвор ва масъулияти гарон аст, нирӯ, маблағ ва маъош барои кормандон мехоҳад. Шумо ягон манбаи молиявӣ доред ё ҷустуҷӯ мекунед, ки ҳамин кор густурдатар ва доиман бошад?

— Инро бояд бигӯям, ки Худованд бузург аст ва ба ин ҳеч кас шак надорад ва рӯзирасон худи ӯст. Вақте ки коре шурӯъ мешавад табиист, ки як шахс барномарезиҳоеро бояд анҷом диҳад. Мо барои як соли хабаргузорӣ масрафро дар назар гирифтаем. Яъне маблағи яксолаи таъмини кормандон ва ин хабаргузориро дар даст дорем. Соли оянда Худованд бузург аст. Умед аст, ки фаъолият беҳтар шавад, зеро ин ҷо таблиғ ва дигар корҳое ҳастанд, ки метавонем маблағ ба даст биёварем. Дар мавриди молӣ ҳаминро гуфтаниям, ки ҳамон тавре нашрияи «Озодагон» аз назари молӣ мутааллиқ ба Зафари Суфӣ буд, ин хабаргузорӣ низ ҳамин тавр аст, аммо ҳамчун расонаи хабарӣ моли мардум аст.

— Дар ин хабаргузорӣ киҳо фаъолият хоҳанд кард?

— Фелан фақат метавонам сармуҳаррири оҷонсиро барои шумо муаррифӣ кунам, ки яке аз рӯзноманигорони варзида, Хилватшоҳи Маҳмуд аст. Ба ҷуз ин дар бахши тоҷикӣ панҷ нафар ба фаъолият шурӯъ кардаанд ва дар бахши русӣ ду нафар кор мекунанд.

 Чӣ сабаб шуд, ки Шумо ҳамзамон бахши русиро таъсис додед?

— Воқеан, агар гӯям, ки бахши русӣ як ҳолате мешавад гуфт, ки нохун задани баъзе хабарҳо ба эҳсоси миллии мо буд, дурӯғ нагуфтам. Чун моро ҳамеша гуфтаанд, ки дар бахши ҷанги иттилоотӣ бохтем ва аммо дар ин замина касе кори ончунонае накард. Мо ҳам намегӯем, ки кори ончунонае мекунем, балки кӯшиш мекунем, ки дар ин росто коре карда бошем. Вақте дигарҳо бо забони дигар ба мо ҳуҷум мекунанд, мо гарчи дар дохил бо забони худамон гӯем, барои худамон гуфтаем. Ба он хотир ба забони русӣ ва шояд дар моҳи наздик бахши узбакӣ ҳам фаъол шавад, фақат ба он хотир, ки дар мавриди он таҳоҷуми иттилоотие, ки нисбати кишвар ва махсусан ба нисбати манофеи миллӣ ва номусу нанги миллат вақте беэҳтиромӣ мешавад ва ё як нафар аз шаҳрванди моро касе таҳқир мекунад, мо дар баробараш ба забони ҳамонҳо дар доираи қонун ҷавоб бигӯем. Ҳадафи аслии мо ҳамин аст. Ин ки мо масалан хабаррасонӣ бикунем ва барои онҳо фазосозӣ бикунем, ба забони онҳо табиист, ки бо он имкониятҳое, ки мо дорем мушкил аст. Дар сурате ки дигарҳо имкониятҳои бештар доштанд, махсусан ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон хело ҳам имкониятҳо доштанд. Метавонистанд ин корро бикунанд ва аммо накарданд ва намедонам иллаташ дар чист? Инро бояд аз онҳо пурсид, ки чаро накарданд, дар сурате ки вазифаашон ин буд, ки он корро бикунанд. Мо ҳоло ба унвони шаҳрванди кучактарин мекӯшем то хидмаде, ки метавонем бикунем. Албатта, танҳо ин ман нестам ва гурӯҳе аст, ки дар нашрияи «Озодагон» буданд. Ҳоло бошад омада ду тим шуданд ва ду командае, ки мехоҳанд дар ин росто ҷавоб бигӯянд, ба он лаҳне, ки онҳо гуфтаанд. Бигирем ҳамон тоҷикеро, ки сарашро буриданд. Дар дохил зиёд навиштем, аммо кадом рӯзноманигори мо ба забони русӣ чизе навишт, ки арзандаи вокунише бошад? Манзур ин аст. Ё вақте кишвари моро таҳқир мекунанд ё мегӯянд бояд Роғун насозанд. Ё хабари охироне, ки гӯё Бин Лодан зинда аст ва дар Бадахшон аст, ки ин таҳқири миллат аст. Дар чунин мавридҳо мо иншоаллоҳ вокуниш нишон хоҳем дод.

— Хеле хабаргузориву расонаҳо умрашон хеле кутоҳ будааст. Оё метавонӣ бигуӣ, ки ин хабаргузорӣ дарозумр ва муваффақ хоҳад буд?

— Мо талоши худамонро хоҳем кард. Ин ки фарз кардем барои як сол аз назари молӣ таъмин аст. Вақте аз назари молӣ таъмин аст ва буҷааш мушаххас аст, ин як сол муҳлати кӯтоҳе ҳам нест. Иншоаллоҳ, умедворем, ки муваффақ хоҳем шуд. Бояд бигӯям нияти мо холис аст ва танҳо хидмат кардан аст.

 Шумо, ки як журналисти ошкоргӯ ва сахтгӯ ҳастед бигӯед, ки оё маъоши кормандони расона чанд аст ё сирри идоравист?

— Дар ҳар сурат эълон кардани маъоши командон кори хубе нест. Ҳаминро бояд бигӯям, ки моҳонае барои бачаҳо дар назар гирифтаем, фикр мекунам, барои рӯзгор ва таъмини зиндагияшон басанда аст, ки онҳо ҳозир шудаанд, то кор кунанд.

 Зафар, барои шумо ва барои тамоми кормандони ин хабаргузорӣ барору комёбӣ мехоҳем.

— Муваффақ бошед!

Нуриддин Қаршибоев: «Агентӣ меҳоҳад ба оши тайёр кабудӣ шавад»

[b]Агентии сохтмон ва меъморӣ аз кормандони Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон талаб кардааст, ки утоқҳои корияшонро холӣ кунанд. Ба изҳори раиси ин Анҷуман Нуриддин Қаршибоев, Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот — 3-юми май роҳбари Агентӣ Абдувалӣ Комилов бо чанде аз тобеони худ ба идораи онҳо омада, талаби мазкурро пеш гузоштаанд.[/b]

Вале роҳбари Анҷуман Нуриддин Қаршибоев даъвои раиси Агентии сохтмон ва меъмориро, ки гуфтааст бояд онҳо то рӯзи 15-уми майи соли ҷорӣ утоқҳои кории худро холӣ кунанд, ғайриқонунӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ, онҳо барои истифодаи утоқи иҷораи худ то соли 2013 шартнома дошта, ҳаққи иҷораро ҳам пардохтаанд. Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ки дар сурати бо гуфтугӯ ҳал нашудани ин мушкил ба додгоҳ шикоят хоҳад кард.

— Онҳо тақозо доранд, ки то 15-уми ҳамин моҳ ин биноро тарк кунем. Вале мо ин корро намекунем. Мо масъалаи буду бошамонро мувофиқи қонун ба роҳ мемонем, ки инро қарори Суди Олии иқтисодӣ маълум мекунад. Чунки мо аз соли 1999 дар ин бино маскан гирифтаем ва мувофиқи тамдиди шартнома то соли 2013 қарордод дорем. Мо вақте ин биноро ба иҷора гирифтем, холиву вайрона буду баъди сӯхтор як ҳолати ногувор дошт. Гап сари ёфтани иҷора дар ҷойи дигар нест. Гап сари он аст, ки мо барои ободии ин бино, ки як саройча буд, маблағи зиёд сарф кардаем. Ин бино дар даҳ соли пеш як бинои холӣ ва вайроншудае буд, ки аз ҳисоби иҷораи созмони мо ва созмонҳои дигари ғайридавлатӣ намуди дигар гирифт. Агентӣ бошад, мехоҳад ба оши тайёр кабудӣ шавад,- мегӯяд ӯ.

Мавриди ёдоварист, ки Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳоло дар яке аз ошёнаҳои бинои Оҷонсии «Шаҳрофар», дар наздикии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷой гирифтааст.

Мушкинисо АСОЗОДА,TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14102&Itemid=28

Баҳси НАНСМИТ бо Оҷонси сохтмон ва меъморӣ

[b]Оҷонси сохтмон ва меъморӣ аз кормандони НАНСМИТ тақозо намудааст, то утоқҳои корияшонро холӣ кунанд.[/b]

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, онҳо барои истифодаи утоқи иҷораи худ то соли 2013 шартнома дошта, ҳаққи иҷораро ҳам Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, дар сурати бо гуфтугӯ ҳал нашудани ин мушкил ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд…

пардохтаанд. Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, дар сурати бо гуфтугӯ ҳал нашудани ин мушкил ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд…

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари НАНСМИТ, даъвои раиси Оҷонси сохтмон ва меъмориро, ки гуфтааст, бояд онҳо то рӯзи 15-уми майи соли ҷорӣ, утоқҳои кории худро холӣ кунанд, ғайриқонунӣ медонад.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳоло дар яке аз ошёнаҳои бинои оҷонси «Шаҳрофар», дар наздикии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷой гирифтааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Қаршибоев, ин бино дар даҳ соли пеш як бинои холӣ ва вайроншудае буд, ки бо пардохти пули иҷораи ин созмон ва созмонҳои дигари ғайридавлатӣ намуди дигар гирифт ва имрӯз мақомот мехоҳанд онро аз худ кунанд.

Раҳбари НАНСМИТ дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, рӯзи севуми май — рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, раҳбари Оҷонси сохтмон ва меъмории ҳукумати Тоҷикистон, Абдувалӣ Комилов, бо чанде аз тобеони худ ба идораи онҳо омада ва тақозо кардаанд, то утоқҳои кориро холӣ намоянд.

«Агар не, мо ба дари ин утоқҳо мӯҳр мезанем»,-гуфтааст раҳбари Оҷонси сохтмон ва меъморӣ.

То ҳанӯз мақомоти Оҷонси сохтмон ва меъмории Тоҷикистон чунин бархӯрди худро шарҳ надодаанд, вале масъулони Анҷумани миллии расонаҳои мустақил мегӯянд, сабаби чунин бархӯрд эҳтиёҷи Оҷонс ба утоқҳои корӣ будааст. Агарчӣ мегӯяд НАНСМИТ, дар ин бино ҳуҷраҳои холии зиёде низ «хобидаанд.»

Бо ин ҳол, Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, якҷониба бекор кардани шартнома аз сӯи Оҷонси сохтмон ва меъморӣ имкон надошта, танҳо Додгоҳи иқтисодӣ метавонад ба ин баҳс нуқта бигузорад.

Вай афзуд, «чунин вазъият бозгӯи он аст, ки то ҳанӯз мақомдорони тоҷик ҳарф задан бо забони қонунро ёд нагирифтаанд.»

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24091961.html

Таҷлил аз «Рӯзи ҷаҳонии матбуъот» дар Тоҷикистон

[b]Ҳамзамон бо маросими таҷлил аз «Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот» дар Тоҷикистон сойти интернетии хабаргузории мустақилли “Озодагон” ба фаъолият оғоз кард.[/b]

Ба муносибати таҷлил аз ин рӯз, ки бо 3 май мусодиф аст, ҳамчунин як муассисаи ҷадид барои тавзеъи нашрияҳо дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистон бо номи «Чархи озод» ба фаъолият пардохтааст.

[b]Барои мутолиаи давоми матлаб тугмаи зеринро пахш кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=54]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=54[/url]

Мардони Муҳаммад, Би-би-си

Источник:

Таҷлил аз «Рӯзи ҷаҳонии матбуъот» дар Тоҷикистон

[b]Ҳамзамон бо маросими таҷлил аз «Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот» дар Тоҷикистон сойти интернетии хабаргузории мустақилли “Озодагон” ба фаъолият оғоз кард.[/b]

Ба муносибати таҷлил аз ин рӯз, ки бо 3 май мусодиф аст, ҳамчунин як муассисаи ҷадид барои тавзеъи нашрияҳо дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистон бо номи «Чархи озод» ба фаъолият пардохтааст.

Хабаргузории «Озодагон» аз ҷониби Зафари Сӯфӣ, муассис ва сардабири ҳафтаномаи “Озодагон” таъсис шудааст. Вай ҳадафи таъсиси ин сойтро тавлиди хабар ва ироаи сареъи он ба хонанда унвон кард.

Дар назар аст дар марҳилаи аввал хабару матолиби таҳлилии сойти хабаргузории “Озодагон” ба забони тоҷикӣ ва баъдан ба забони русӣ ва алифбои форсӣ низ мунташир шавад.

[b]»Ахбори кӯҳна»[/b]

Зимнан, дар Тоҷикистон ҳашт хабаргузорӣ сабти ном шудаанд, ки дар миёни онҳо “Ховар” хабаргузории давлатӣ буда ва бақия хабаргузориҳои мустақил ва умдатан русизабон ҳастанд.

Муассисони бархе аз хабаргузориҳо, монанди Тоҷнюзу Asia-Plus ва ҳоло Озодагон, ҳамзамон муассисони нашрияҳои ҳамноми инҳо ҳастанд, ки ҳафтае якборӣ чоп мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳамоише дар иртибот бо «Рӯзи ҷаҳонии матбуъот» дар шаҳри Душанбе гуфта шуд, ки бештари нашрияҳои тоҷикӣ дар тавлиди хабар нақши муассире надоранд ва хабарҳои онҳо «маъмулан кӯҳна буда ва ё аз сойтҳои интернетӣ» гирифта шудаанд.

Раҷаби Мирзо, хабарнигори тоҷик, гуфт, ки ба истиснои “ИмрӯзNews” нашрияҳои дигари Тоҷикистон ҳафтае як ё ду маротиба мунташир шуда ва бахши аслии матолиби ин нашрияҳоро гузоришҳои сойтҳои форсии Би-би-сӣ ё “Озодӣ” ташкил медиҳанд.

Ба эътиқоди оқои Мирзо, мумкин аст камбуди ҳазинаю кормандони ҳирфаӣ ва нигаронӣ аз моҷароҳои додгоҳии матолиби интиқодию баҳснок боъис шуда, ки нашрияҳои мустақил аз ин шеваи кор истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз, теъдоди хонандагони нашрияҳои мустақил ҳамсола коҳиш меёбад.

[b]Тавзеъи нашриёт[/b]

Аммо Рустами Ҷонӣ, раиси кулли нашрияи “ИмрӯзNews”, ин иддаъоро бепоя хонда ва гуфт, ки ба додгоҳҳо кашида шудани чанд нашрияи мустақил дар соли гузашта ҳамин худ нишонаи хабарсоз ва серхонанда будани нашрияҳои мустақил аст.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Ҷонӣ, нашрияи “ИмрӯзNews” ва родиюи “Имрӯз” аз хабару матолиби хабарнигорони худ истифода мекунанд.

Ҳамзамон, дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки нашрияҳои чопи Душанбе тақрибан ба манотиқи рустоии Тоҷикистон, ки тибқи иттилоъи расмӣ, 70 дар сади мардум дар он ҷоҳо зиндагӣ мекунанд, намерасанд ва сокинони ин манотиқ ба шабакаҳои интернетӣ низ дастрасӣ надоранд.

Ба ин тартиб, дар манотиқи рустоии Тоҷикистон як халоъи иттилоъотӣ ба миён омада ва сокинон танҳо аз родиюву телевизиюни давлатӣ иттилоъ мегиранд ва ба иттилоъи манобеъи мустақил сахт ниёз доранд.

Дар ҳамин ҳол, Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, хабар дод, ки аз рӯзи сешанбе як ниҳоди тавзеъкунандаи нашрияҳо бо номи “Чархи озод” дар ин кишвар фаъол шудааст.

Вай гуфт, ки ин муассиса нашрияҳои чопи Душанберо дар марҳилаи аввал ба навоҳии атрофи пойтахт ва баъдан ба куллияи шаҳру навоҳии кишвар мунтақил ва ба мардум тавзеъ хоҳад кард.

[b]Эътои ҷоизаҳо[/b]

Созмони “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон дар «Рӯзи озодии матбуъот» ба чанд тан аз рӯзноманигорон, нашрияву родиюҳо ва вакилони мудофеъ барои хидматҳои зиёд дар заминаи озодии матбуъот ва дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ҷоизаҳое эъто кард.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири “Наҷот”, нашрияи ҳизби наҳзати исломӣ, ҷоизаи ҷасорати журнолистии ба номи Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоевро дарёфт кард.

Оқои Сайфуллозода дар авоили соли милодии ҷорӣ ҳадафи ҳамлаи афроде номаълум қарор гирифт ва муддатеро дар бемористон ба сар бурд. Гурӯҳҳои мудофеъи озодии баён ин ҳодисаро маҳкум карда буданд.

Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъи нашрияҳои “ASIA-Plus”, “Озодагон” ва “Фараж” дар қазияи додгоҳии ин се нашрия барои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо ҷоизаҳои дигари созмони “Медиа-Алянс”-ро гирифтанд.

Дар ҳамоиши рӯзи озодии матуъот рӯзноманигорон ҳамчунин пешнависи як муроҷиъатнома ба порлумон бо пешниҳодҳо барои ислоҳи лоиҳаи қонуни ҷадид дар бораи расонаҳоро баррасӣ карданд.

Аммо қарор бар ин шуд, ки дар зарфи ду рӯзи оянда куллияи пешниҳодҳои нашрияву расонаҳо ва хабарнигорони алоҳида аз ҷониби Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва сипас, матни ниҳоии он ба порлумон ироа шавад.

Тарҳи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” (расонаҳо) се сол қабл аз сӯйи Олим Салимзода ва Акрамшо Фелалиев, намояндагони порлумон, таҳия шуда ва пешнависи он бо ширкати хабарнигорон, раҳбарони расонаҳои мустақил, намояндагони созмонҳои ғайридавлаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шудааст.

[b]Поси хотири шаҳидон[/b]

Ширкаткунандагони ҳамоиши «Рӯзи ҷаҳонии матбуъот» барои поси хотири хабарнигороне, ки ба ҳангоми адои вазифаи касбии худ ҷон бохтаанд, як дақиқа сукут карданд.

Гуфта мешавад, аз замони касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 то ба ҳол беш аз 80 хабарнигор дар ин кишвар дар шароити мухталиф кушта шудаанд.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи “Озодагон”, посдории хотираи рӯзноманигорони шаҳидро гоме муҳим ва зарурӣ хонд, аммо гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба мусалмон будани бахши аъзами сокинони Тоҷикистон беҳтар аст ба ҷойи як дақиқа сукут ояте аз Қуръон хонда шавад.

Вале ҳозирин ба ин пешниҳод вокунише накарданд. Оқои Сӯфӣ гуфт, ки дар солҳои ахир мавориди қатли рӯзноманигорон сабт нашуда, аммо ҳолатҳои таъқибу фишор бар хабарнигорон ва нашрияҳои мустақил ва қазияҳои додгоҳӣ алайҳи онҳо афзоиш ёфтааст.

Ӯ аз лату кӯби Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири “Наҷот”, нашрияи ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷониби афроди номаълум ва ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои “ASIA-Plus”, “Озодагон”, “Фараж”, “Миллат”, “Чархи гардун” ва “Пайкон” ёдовар шуд, ки дар зарфи як соли ахир иттифоқ афтодаанд.

[b]Муҳокимаҳои додгоҳӣ[/b]

Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ ё НАНСМИТ) дар «Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот» зимни интишори баёнияе аз пойинравии сатҳи озодии матбуъот дар ин кишвар хабар додааст.

Дар баёнияи ин созмон омадааст: “Дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ 34 мавриди нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон сабт шуда ва се ҳолати муттаҳам кардани нашрияҳои мустақил ба таҳқиру тавҳини ашхос ва ҳафт маврид аз мушкилоти дастрасӣ ба иттилоъот ба мушоҳида расидааст.»

Бахусус, АМРМТ таъкид кардааст, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақилли “Нури зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт, дар шимоли Тоҷикистон, дар муддати шаш моҳ дар боздоштгоҳ ба сар бурда ва баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи вай ҳамчунон идома дорад.

Оқои Исмоилов ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ муттаҳам шудааст. Аммо масъулони АМРМТ илали боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут хондаанд.

Хуршед Ниёзов, раиси созмони “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон, соли гузаштаро барои хабарнигорону расонаҳои мустақилли ин кишвар аз душвортарин солҳо унвон кард.

Ба гуфтаи вай, дар пайи ҳаводиси водии Рашт дар соли гузашта фаъолияти бархе аз нашрияҳои мустақил барои муддате мутаваққиф ва чанд сойти интернетӣ масдуд шудаанд. Теъдоди муҳокимаҳои додгоҳии нашрияҳои мустақил дар муқоиса бо солҳои қаблӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Далели афзоиши муҳокимаҳои додгоҳӣ ба фармони рақами 622–и Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 7 феврали соли 2009 рабт доштааст, ки дар он ба густариши робитаи миёни мақомоти давлатӣ ва расонаҳои хабарӣ таъкид шудааст.

Дар ин санад мақомоти давлатӣ муваззаф шудаанд, ки ба матолиби расонаҳо вокуниш нишон диҳанд.

Рӯзноманигор Зафари Сӯфӣ дар ин бора гуфт: “Вокуниши бештари мақомоти давлатӣ дар ин росто на дар шакли ислоҳи норасоӣ, балки дар шакли талош барои бегуноҳ нишон додани худ сурат гирифтааст.”

[b]»Марзҳои тоза, мавонеъи тоза»[/b]

Дар ҳамин ҳол, Созмони Милали Муттаҳид зимни як баёния дар иртибот бо «Рӯзи ҷаҳонии матбуъот» матбуъоти озодро василаи аслӣ барои ифшои фасод ва аъмоли бад ва ҳифзи эътимоди ҷомеъа арзёбӣ кардааст.

Дар ин баёния омада, ки то ҳол дар бархе аз давлатҳои худкомаи ҷаҳон талошҳое барои эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи матбуъоти озод ва назорат ва ҷорӣ кардани сонсур барои сойтҳои интернетӣ анҷом мешаванд.

Созмони Милал имсол мавзӯъи баҳсу баррасӣ дар рӯзи ҷаҳонии матбуъотро «Марзҳои тоза, мавонеъи тоза» гузошта ва аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, ки дар қарни тавсеъаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоъӣ, ки мардум беш аз ҳар вақти дигаре бо ҳам басуръат мухобара мекунанд, аз эҷоди мавонеъ бо истифода аз текнулужиҳои имрӯзин даст бардоранд.

Бино ба иттилоъи созмони омрикоии Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, дар соли гузашта шаш хабарнигори сойтҳои интернети хабарӣ кушта шудаанд.

Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот дар соли 1991, ба дунболи фурӯпошии девори Берлин ва лағви маҳдудият барои матбуъоти озод дар Урупои Шарқӣ бо ширкати рӯзноманигорони офриқоӣ таъсис шудааст.

Дар ин сол бо ҳамкории Муассисаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид ё ЮНЕСКО дар шаҳри Виндҳуки Намибӣ, дар қораи Офриқо, эъломияе дар бораи васоили иттилоърасонии мустақил тасвиб шуд.

Пас аз ду сол Маҷмаъи Умумии СММ ин рӯзро «Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот» эълом кард.

Мардони Муҳаммад, Би-би-си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/05/110503_mm_press_freedom_day.shtml