Все записи автора admin

«Ронандаи Ландкрузер ба хатти муқобили роҳ баромадааст»

[b]Мақомоти БДА-и кишвар мегӯяд, тибқи таҳқиқоти аввалия, ронандаи мошини Ландкрузер ба хатти муқобили роҳ баромада, бо худрави хабарнигори Би-би-си бархӯрдааст.[/b]

Амирхон Ҳасанов, сармуфаттиши БДА-и Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 17-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи гузашта муфаттиши БДА Таибов дар ҷои ҳодиса нақшаи ҳолати садама дар хиёбони Исмоили Сомониро аксбардорӣ карда, ба онҳо пешниҳод намудааст.

Ба қавли Амирхон Ҳасанов, мувофиқи ин нақша, ронандаи Ландкрузер, ки аз самти Қаряи боло ба тарафи маркази шаҳр ҳаракат мекардааст, ба хати муқобили роҳ баромада, ба худрави ҳомили хабарнигори Би-би-си Искандари Фирӯз бармехӯрад.

Амирхон Ҳасанов мегӯяд, ки ин ба маънои дар ҳоли ҳозир кадоме аз тарафҳоро гунаҳкор кардан нест. Вай афзуд, ки ҳоло муфаттишон нақшаи ҳолати садамаро омӯхта, бар асоси он ташхиси фаннӣ намуда, сипас натиҷаи ниҳоии онро рӯзи 19-уми октябр эълон хоҳанд кард.

Амирхон Ҳасанов афзуд, ки пас аз номаи журналистон ба унвонии вазири умури дохила Рамазон Раҳимов, гуруҳи муфаттишон ба таври ҷиддӣ дар пайи мушаххас кардани ҳолати ин садама ҳастанд.

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон бо ирсоли як номаи дастҷамъӣ ба унвони вазири умури дохилӣ дар ҳафтаи гузашта аз Рамазон Раҳимов тақозо кардаанд, парвандаи садамаи хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ, Искандари Фирӯз, ки ҷароҳати сангин бардоштааст, мунсифона сурат гирад.

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Шӯрои ВАО, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва «Медиа-алянси Тоҷикистон» дар номаи худ навиштаанд, садамаи нақлиётӣ, ки дар натиҷаи он рӯзноманигор, Искандари Фирӯз ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ (кома) ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шуд, боиси ташвишу нигаронии ҷомеаи журналистист. Дар муроҷиатномаи ин созмонҳо таъкид шуда буд, ки шахсан вазири умури дохилӣ ҷараёни тафтиши ҳодисаи мазкурро таҳти назорат гирифта, барои воқеъбинона муайян намудани ҷониби гунаҳгор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ ҳамаҷониба мусоидат намояд.

Искандари Фирӯз, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, шоми сешанбе (9 октябр) дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷароҳати сангин бардошта дар ҳолати беҳушӣ (кома) ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шуд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24741987.html

Тарафдорону мухолифони таъсиси телевизиони Вазорати маориф

[b]Эҳтимолан то Иди Наврӯз дар Тоҷикистон радио ва телевизиони Вазорати маорифи Тоҷикистон ба кор дарояд.[/b]

Ба гуфтаи Маҳмуд Шоев, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳоло санадҳои лозим таҳия мешаванд, ки имкон хоҳанд дод, то литсензия ё иҷозатномаи фаъолияти шабакаҳо ҳар чӣ зудтар дастрас гардад. Вай пинҳон надошт, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон аз бозтоби фаъолияти он дар расонаҳои мавҷудаи ахбори ом қонеъ нест.

Коршиносони умури иттилои ом иқрор мекунанд, ки дар чанд соли охир дар бораи риштаи маориф асосан маълумоти манфӣ ба нашр мерасад, вале онҳо мегӯянд, чунин бозтоб аз вазъи соҳа маншаъ мегирад. Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон низ борҳо Вазорати маорифро дар ҷумлаи фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ номбар кардааст.

Ин аст, ки бисёриҳо ҳадс мезананд, Вазорати маорифи Тоҷикистон мехоҳад, аз тариқи роҳандозии шабакаҳои таблиғотӣ имиҷи худро дар миёни ҷомеа ҳифз ва дастовардҳои соҳаро бештар ташвиқ кунад. Илҳомҷон Ҳамидов, муҳаққиқи ҷавони соҳаи радио ва телевизион, мегӯяд, бо он ки барои Тоҷикистон таҷрибаи нав аст, ин иқдом ҳатман ба боло рафтани имиҷи Вазорати маориф беасар нахоҳад буд. «Ҷониби дигари масъала ин аст, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ соҳаҳои баҳснок ҳастанд ва мушкилоти хеле зиёди ҳалношуда доранд. Пас, ҳамин радио ва телевизион аз кадом ҳисоб боз мегарданд? Барои як вазорати Тоҷикистон ифтитоҳи телевизион ва радио маблағи ниҳоят калонро талаб мекунад»,-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Аммо иддаи дигари соҳибназарон мухолиф ба ташкили шабакаҳои алоҳидаи радио ва телевизион дар соҳаи маорифанд. Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари созмони иҷтимоии «Журналист», ин иқдомро зарурӣ намеҳисобад. Зеро ба иддаои ӯ, радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон сиёсати давлатро дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла маориф бозтоб медиҳанд, пас, ниёзе ба такрори он ҳама нест: «Агар мақсад аз таъсиси радиову шабакаи телевизионии худӣ барои тарғиби дастовардҳои соҳа ё мусоидат намудан барои ҳалли масъалаҳои соҳа бошад, фикр мекунам, бе таъсис додани шабакаи алоҳидаи худӣ, аз имкониятҳои васеи шабакаҳои давлатии телевизион метавон ба таври васеъ ва бемушкил истифода бурд.»

Иқдоми вазорати маориф барои роҳандозии шабакаҳои радио ва телевизион дар ҳолест, ки бархе аз омӯзгорони мактабҳо дар Тоҷикистонро поин будани маош нигарон кардааст ва онҳо дар ғами беҳбуди рӯзгори худанд, на ин ки дар фикри радио ва телевизиони соҳа. Ислом Саидов, яке аз омӯзгорони мактаб, афзуд, «ҳоло масъалаи зарурӣ он аст, ки омӯзгоронро бо маоши хуб таъмин кунем. Дар бозор рӯз то рӯз нарх гаронтар мешавад. Омӯзгорон аз касби худ бо сабаби камии моаш даст кашида истодаанд. Мо бояд аввал омӯзгоронро дилгарм кунем ва баъд қадами ояндаи мо ташкили радио ва телевизион бошад.»

Ин дар ҳолест, ки ба сабаби кам будани маоши омӯзгорон, бештари онҳо мактабро тарк карда ва роҳ сӯи муҳоҷират гирифтаанд. Кадрҳои ҷавон низ ба сабаби мушкилоти мавҷуд зиёд алоқаманд нестанд, ки аз рӯи ихтисоси худ фаъолият кунанд.

Зимнан, тибқи гузоришҳои расмӣ ҳоло дар мактабҳои Тоҷикистон ҳудуди ҳазор омӯзгор намерасад. Аммо куллан дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон беш аз 93 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунанд, ки маоши миёнаи онҳо беш аз 500 сомониро ташкил медиҳад. Бархе аз онҳо мегӯянд, агар Вазорати маорифи Тоҷикистон сармояи иловагӣ дорад, бояд ба ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир пардозад ва беҳбуди вазъи соҳа худ ба худ ба нашри иттилои мусбат мусоидат хоҳад кард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24740146.html

Вазорат аз робитаи донишгоҳҳо бо хориҷиён «шак» дорад

[b]Вазорати маорифи Тоҷикистон тасмим дорад, робитаи донишгоҳҳои кишвар бо созмонҳои хориҷиро танзим намояд.[/b]

Алидод Расулов, як ммасъули Вазорати маорифи Тоҷикистон, рӯзи сешанбе (16-уми октябр) ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод мехоҳад, иштироки масъулони донишгоҳҳо ва донишҷӯён дар семинарҳои созмонҳои байналмилалиро назорат намояд.

Ин дар ҳолест, ки Рустам Гулов, як блогнависи тоҷик, ба унвони президенти Тоҷикистон нома ирсол дошта, гуфтааст, Вазорати маориф дар номаи расмии худ ба донишгоҳҳову донишкадаҳои Тоҷикистон таъкид кардааст, ки «гузаронидани ҳама гуна конференсия, семинар ва ҳамоишҳо бо донишҷӯён аз ҷониби ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ба Шумо дастур дода мешавад, ки масъалаи мазкурро ҷиддӣ назорат намуда, барои иштирок нанамудани донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешед.»

Рустам Гулов бо овардани моддаи 31-и Қонуни асосии Тоҷикистон ба президент муроҷиат карда гуфтааст, нисбати чунин «талаботи ғайриқонунии Вазорати маорифи Тоҷикистон» чораҳои зарурӣ андешида, барои афроди дар ин кор дастдоштаро ба ҷавобгарӣ кашидан мусоидат намояд.

Аммо Алидод Расулов, як масъули Вазорати маорифи Тоҷикистон, ки онҳо пештар баргузории семинари созмони хориҷии «Lert International» дар Тоҷикистонро манъ карда будаанд, мегӯяд: «Мо намедонем, ҳадафи аслии ин созмонҳо чист ва баъд дар вақти дарс ва ба ҷои таҳсил донишҷӯ дар семинари созмонҳои байналмилалӣ чӣ кор мекунад? Албатта, бояд масъулони донишгоҳ ин масъаларо ҷиддӣ бигиранд.»

Блогнависи тоҷик Рустам Гулов дар номаи худ менависад, чунин талабот, ки Вазорати маориф ба ректорони донишгоҳҳо фиристодааст ва аз онҳо тақозо намудааст, ки ба иштироки донишҷӯён дар семинару конфронсҳои созмонҳои хориҷӣ монеъ шаванд, мухолифи моддаҳои 28 ва 29-и Қонуни асосии Тоҷикистон аст. «Чунки ин талабот ҳуқуқи донишҷӯён ба муттаҳидшавӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятиро нақз менамояд»,-гуфтааст ӯ.

Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, номаи ин ниҳод ба донишгоҳҳо ва донишкадаҳои кишвар, дар таърихи 8-уми октябр фиристода шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24740848.html

«Regnum» барои наҷоти Искандари Фирӯз аз пойгоҳи 201 кӯмак хост

[b]Ин хабаргузории русӣ аз пизишкони пойгоҳи 201 хостааст, ба ҳамкори онҳо Искандари Фирӯз кӯмаки тиббӣ расонанд.[/b]

Хабаргузории русии Regnum рӯзи 12-уми октябр аз қавли пайвандони журналисти тоҷик Искандари Фирӯз навиштааст, шаби гузашта дастгоҳе, ки барои ҳифзи сунъии ҳолати шуш фаъол буд, якбора аз кор монда, вазъи Искандарро боз ҳам вахимтар кардааст.

Хабаргузории REGNUM мегӯяд, Хадамоти тиббии пойгоҳи ҳарбии Русия низ чунин дастгоҳро дорад ва бинобар ҳамин, онҳо аз пойгоҳи низомии Русия кӯмак талаб кардаанд. Аз ин рӯ, масъулони ин хабаргузорӣ аз Хадамоти тиббии пойгоҳи 201-и Русия дархост кардаанд, ин дастгоҳро барои ҳифзи саломатии ҳамкорашон Искандари Фирӯз ба беморхонаи Қарияи Болои Тоҷикистон диҳанд

Аммо дар ҳамин ҳол масъулини бемористони Қаряи боло гуфтаанд, ки ҳоло ин дастгоҳ фаъол шуда ва ниёз ба кӯмаки Хадамоти тиббии пойгоҳи 201 боқӣ намондааст. Пас аз кор мондани дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, вазъи саломатии Искандари Фирӯзро нигаронкунанда мегӯянд.

Дар ҳамин ҳол Раёсати бозрасии автомобилии пойтахт рӯзи ҷумъа гуфтааст, ки тибқи шавоҳиди аввалия, ҳодиса бо айби ронандаи мошини «Тайота Ландкруйзер» рух додаст.

Аз ин қабл Шерафкан Латифов, сухангӯи идораи БДА-и шаҳри Душанбе гуфта буд, ки садамаи мазкур аз тарафи кормандони Бозрасии автомобилии шаҳр мавриди таҳқиқ қарор дорад. Ба гуфтаи вай, ин садама баҳсбарангез аст ва бинобар ҳамин тасмим гирифта шуд, ки барои ташхиси тарафи айбдор, бозрасии фаннӣ анҷом дода шавад. Ӯ афзуд, ки то замони анҷоми бозрасии фаннӣ, наметавон ҳеҷ яке аз тарафҳоро гунаҳкор донист.

Искандари Фирӯз, хабарнигори шабакаи Би-би-си ва ҳамзамон ҳамкори хабаргузории русии «Regnum», шоми сешанбе (9 октябр) дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷароҳати сангин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ ба бемористони Қарияи Боло интиқол дода шуд.

Дархости созмонҳои хабарнигорӣ аз Рамазон Раҳимов

Шуҳратёр, яке аз наздикони Икандари Фирӯз рӯзи 10 октябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, Искандар ҳамроҳи писараш Ҷавоншер савори мошини «Тойота Камрӣ» дар хиёбони Исмоили Сомонӣ тарафи Қаряи боло ҳаракат мекарданд, аммо дар наздикиҳои Боғи ҳайвонот як мошини «Ландкрузер» аз самти муқобил бо суръати беш аз 100 километр дар соат, ба мошини онҳо бармехӯрад.

Шуҳратёр мегӯяд, ки пушти фармони «Тойота Камри» писари Искандари Фирӯз, Ҷавоншер менишаст. Тавре пизишкони беморхонаи Қарияи боло ташхис кардаанд, дар натиҷаи ин зарбаи сангин ду пои Искандари Фирӯз аз се ҷой шикаста, ҷигараш кафида ва сараш шадидан зарб хӯрдааст. Вазъи Ҷавоншер, ки мошинро идора мекард, беҳтар арзёбӣ мешавад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24737002.html

ВАЗЪИ ИСКАНДАРИ ФИРӯЗ БЕҲТАР ШУДААСТ

[b]Вазъи саломатии Искандари Фирӯз, яке аз хабарнигорони маъруфтарини тоҷик ва хабарнигори бахши форсии Би-би-си, ки 10-уми октябр дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ ҷароҳати сангин бардошта буд, беҳтар шудааст.[/b]

Бинобар иттилои табибони Шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ба ТоjNews рӯзи гузашта, 10-уми октябри соли ҷорӣ, ҷарроҳии ҷигари хабарнигор бомуваффақият анҷом ёфта, гардиши хунаш муътадил арзёбӣ мешавад.

Пойҳои ӯ, ки аз се ҷо шикаста буданд, шикастабандӣ шуда, айни ҳол Искандари Фирӯз ба худ омадааст.

Аммо даромадан ба наздаш ҳанӯз мумкин нест. Искандари Фирӯз яке аз хабарнигорони муваффақи Тоҷикистон буда, беш аз 6 сол аст, дар бахши форсии Би-би-си кор мекунад.

Вай шаби 9-уми сентябр бар асари садамаи нақлиётӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуд. Писари хабарнигор, ки мошинро идора мекард, ҷароҳати ҷиддӣ надидааст.

Источник: http://tojnews.org/node/4464

Дархости созмонҳои рӯзноманигорӣ аз вазири кишвари Тоҷикистон

[b]Шуморе аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон дар номае ба вазири умури дохилии ин кишвар хостори таҳқиқи мунсифона ва шаффофи парвандаи сонеҳаи Искандари Фирӯз, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ, шудаанд.[/b]

Дар ин нома, ки баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбеи 11 октябр мунташир шуд, аз вазири кишвар ва раиси пулиси роҳи Тоҷикистон хоста мешавад, ки таҳқиқи ин парвандаро таҳти назорати худ бигиранд.

Ин нома аз сӯйи Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорон, Зинатуллоҳ Исмоилов, раиси Шӯрои расонаҳо, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақил ва Хуршед Ниёзов, раиси «Медия-алянси Тоҷикистон» имзо шудааст.

Дар ин нома омадааст: «Садамаи фоҷиъабори нақлиётӣ, ки дар натиҷаи он рӯзноманигори шинохта, узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ Искандари Фирўз ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шуд, боъиси ташвишу нигаронии ҷомеъаи журнолистии ҷумҳурӣ гардидааст.»

Ҳодисаи тасодуми ду худрав, ки Искандари Фирӯз дар асари он ҷароҳоти сангин бардошта ва дар бемористон бистарӣ шуд, шаби 9 октябр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, дар наздикии Боғи ваҳши шаҳри Душанбе, рух дод. Вай то кунун дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористон аст.

Дар замони ҳодиса Искандар ба ҳамроҳии писараш Ҷавоншер дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз маркази Душанбе ба самти Қарияи боло ҳаракат мекарданд. Вале ба гуфтаи пайвандонашон, онҳо дар наздикии Боғи ваҳш як мошини «Ландкрузер»-ро дидаанд, ки аз масири худ мунҳариф шуда ва бо суръати зиёд ба муқобили онҳо ҳаракат дошт.

Ҷавоншер талош кардааст мошини худро канор бигирад, вале мошине, ки аз муқобил меомад, ба паҳлӯи рости мошини ӯ (ҷое, ки Искандар нишаста буд) бархӯрда ва сипас чанд метри дигар фосиларо дар масири муқобили ҳаракати худ рафта ва суқут кардааст.

Дар ин ҳодиса Ҷавоншер, писари Искандари Фирӯз, низ осеб дида ва ду нафари дигар аз мошини «Ландкрузер» ҷароҳатҳои ҷиддӣ бардошта ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Дар номаи созмонҳои рӯзноманигорӣ аз қавли Шуҳратёр, хоҳарзодаи Искандар, омадааст, ки кормандони пулис шабҳангом ронандаи «Ландкрузер»-ро дар ин ҳодиса муқассир донистаанд, вале субҳи дигар назари худро тағйир додаанд.

Раҳбарони созмонҳои рӯзноманигорӣ бо ибрози нигаронӣ аз ин амр менависанд: «Чунин рафти таҳқиқ воқиъан ҳам нигаронкунанда аст, зеро нисбати мунсифона будани таҳқиқот ва муқаррар намудани ҳақиқати ҳол шубҳа эҷод мекунад.»

Дар идома онҳо аз вазири кишвар ва раиси пулиси роҳи Тоҷикистон қотеъона дархост кардаанд, ки имкони расидагии шаффоф ва мунсифона ба ин ҳодисаро таъмин кунанд.

«Созмонҳои журнолистӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш доранд, ки тафтишоти ҳодисаи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дода, ҷиҳати воқеъбинона ва мунсифона муъайян намудани ҷониби гунаҳгор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ ҳамаҷониба мусоъидат намоед.»

Дар ҳамин ҳол, масъулони пулиси роҳ ҳануз натоиҷи таҳқиқи ин ҳодисаро эълом накардаанд. Пештар Шерафган Латифов, сухангӯйи ин ниҳод, гуфта буд, ки сабаби аслии ин ҳодисаро танҳо озмоишҳои фаннӣ муъайян хоҳад кард.

Источник: HTTP://WWW.BBC.CO.UK/TAJIK/NEWS/2012/10/121011_EA_MEDIA_NGOS_ISKANDAR.SHTML

Дархости созмонҳои хабарнигорӣ аз Рамазон Раҳимов

[b]Созмонҳои журналистӣ хостаанд, вазири умури дохилӣ парвандаи садамаи Искандари Фирӯзро шахсан назорат кунад.[/b]

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон бо ирсоли як номаи дастҷамъӣ ба унвони вазири умури дохилӣ — Рамазон Раҳимов тақозо кардаанд, парвандаи садамаи хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ, Искандари Фирӯз, ки ҷароҳати сангин бардоштааст, мунсифона сурат гирад.

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Шӯрои ВАО, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва «Медиа-алянси Тоҷикистон» дар номаи худ навиштаанд, садамаи нақлиётӣ, ки дар натиҷаи он рӯзноманигор Искандари Фирӯз ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ (кома) ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шуд, боиси ташвишу нигаронии ҷомеаи журналистист. Дар муроҷиатномаи ин созмонҳо таъкид шудааст, ки шахсан вазири умури дохилӣ ҷараёни тафтиши ҳодисаи мазкурро таҳти назорат гирифта, барои воқеъбинона муайян намудани ҷониби гунаҳгор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ ҳамаҷониба мусоидат намояд.

Искандари Фирӯз, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, шоми сешанбе (9 октябр) дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷароҳати сангин бардошта дар ҳолати беҳушӣ (кома) ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шудааст.

Шуҳратёр, яке аз наздикони Икандари Фирӯз рӯзи 10 октябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, Искандар ҳамроҳи писараш Ҷавоншер савори мошини «Тойота Камрӣ» дар хиёбони Исмоили Сомонӣ тарафи Қаряи боло ҳаракат мекарданд, аммо дар наздикиҳои Боғи ҳайвонот як мошини «Ландкрузер» аз самти муқобил бо суръати беш аз 100 километр дар соат, ба мошини онҳо бармехӯрад.

Шуҳратёр мегӯяд, ки пушти фармони «Тойота Камри» писари Искандари Фирӯз, Ҷавоншер менишаст. Тавре пизишкони беморхонаи Қаряиболо ташхис кардаанд, дар натиҷаи ин зарбаи сангин ду пои Искандари Фирӯз аз се ҷой шикаста ҷигараш кафида ва сараш шадидан зарб хӯрдааст. Вазъи Ҷавоншер, ки мошинро идора мекард, беҳтар арзёбӣ мешавад. Ба қавли кормандони Бозрасии автомобилӣ, ҳодисаи мазкур дар ҳоли омӯзиш қарор дорад. Тибқи иттилои расида, мошини «Ландкрузер»-ро Аёмиддин Раҳмиддинов, як сокини шаҳри Душанбе идора мекард.

Аммо Шуҳратёр, додарзодаи Искандар мегӯяд, ки пас аз ин садама ронандаи «Ландкурзер» фирор кардааст ва то ҳол аз ӯ хабаре нест. Ба қавли вай, кормандони БДА шоми дирӯз мегуфтанд, ки ин садама бо айби ронандаи «Ландкурзер» рух додааст, аммо субҳи имрӯз кормандони Бозрасии автомобилӣ протокол тартиб дода, Искандари Фирӯзро гунаҳкор медонанд.

Аммо Шерафкан Латифов, сухангӯи идораи БДА-и шаҳри Душанбе гуфт, ки садамаи мазкур аз тарафи кормандони Бозрасии автомобилии шаҳр мавриди таҳқиқ қарор дорад. Ба гуфтаи вай, ин садама баҳсбарангез аст ва бинобар ҳамин тасмим гирифта шуд, ки барои ташхиси тарафи айбдор, бозрасии фаннӣ анҷом дода шавад. Ӯ афзуд, ки то замони анҷоми бозрасии фаннӣ, наметавон ҳеҷ яке аз тарафҳоро гунаҳкор донист.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки зарби бархӯрди «Ландкрузер» ба «Тойота Камри» ба андозае сахт буд, ки дуввуми комилан корношоям шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24734933.html

Ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҳимов Р. Ҳ.

[b]Нусха: Ба сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов М.Б.[/b]

Садамаи фоҷиабори нақлиётӣ, ки дар натиҷаи он рўзноманигори шинохта, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон Искандари Фирўз ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ (кома) ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шуд, боиси изҳори ташвишу нигаронии ҷомеаи журналистии ҷумҳурӣ гардидааст.

Бино ба хабарҳои иттилоотӣ, ҳодисаи мазкур шоми 9-уми октябр дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт рўх додааст. Тафсилоти воқеа ин аст, ки Искандар ҳамроҳи писараш Ҷавоншер савори мошини «Тойота Камри» дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷониби Қарияи боло ҳаракат мекарданд ва дар наздикии БоҒи ҳайвонот бо автомошинаи тамҒаи «Ландкрузер», ки аз самти муқобил бо суръати беш аз 100 километр дар як соат ҳаракат мекард, бархўрд ба амал омад.

Шоҳиди ҳодиса Шуҳратёр, додарзодаи Искандар, мегўяд, ки пас аз ин садама ронандаи «Ландкрузер» фирор кардааст ва то ҳол аз ў хабаре нест. Ба қавли вай, кормандони БДА шоми дирўз, яъне бевосита пас аз садама, эътироф карданд, ки ҳодиса бо айби ронандаи «Ландкрузер» рух додааст, аммо субҳи имрўз онҳо назари худро тағйир дода, мавриди тартиби протоколи рафти ҳодиса, Искандари Фирўзро гунаҳгор медонанд.

Чунин рафти таҳқиқ воқиан ҳам нигаронкунанда аст, зеро нисбати мунсифияти таҳқиқот ва муқаррар намудани ҳақиқати ҳол шубҳа эҷод мекунад.

Бинобар ин, созмонҳои журналистӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш доранд, ки тафтишоти ҳодисаи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дода, ҷиҳати воқеъбинона ва мунсифона муайян намудани ҷониби гунаҳгор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ў ҳамаҷониба мусоидат намоед.

[b]Сатторов Акбаралӣ, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон;

Исмоилов Зинатулло, Раиси Шўрои ВАО-и Тоҷикистон;

Қаршибоев Нуриддин, Раиси Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ниёзов Хуршед, Раиси ТҶ «Медиа-алянси Тоҷикистон»[/b]

Источник:

БАРҚАРОР ШУДАНИ ДАСТРАСӣ БА ТОҶНЮС ВА ЮТУБ

[b]Соати 14:00, 10-уми октябри соли ҷорӣ дубора дар ҳудуди Тоҷикистон ба сомонаи Тоҷнюс дастрасӣ барқарор карда шуд.[/b]

Бино ба иттилои як манбаъ аз Хадамоти алоқаи кишвар, ҳамзамон, Ютуб ва шуморе аз сомонаҳои дигар дар Тоҷикистон, ки чанд вақт боз масдуд шуда буданд, кушода шуданд.

Сомонаҳои маҳдудшуда дубора бо супориши шифоҳии Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон фаъол гардидаанд.

Имрӯз пас аз нисфирӯзӣ Бег Зуҳуров ба интернет-провайдерҳои кишвар дастур додааст, ки маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои Тоҷнюс ва Ютубро бекор кунанд..

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои Хоруғ сомонаи ҷаҳонии Ютуб дар Тоҷикистон баста шуда, шоми 8-уми сентябр, соати 19:40, аввал, бо смс-и муовини сардори Хадамоти мазкур ва баъдан, бо мактуби расмии Хадамот дастрасӣ ба сомонаи Ожонси иттилоотии «Тоҷнюс» тавассути хизматрасонии бархе аз интернет-провайдерҳо маҳдуд шуд буд.

Дар шарҳи ин хабар, масъулини Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ», ки муассиси Тоҷнюс мебошад, гуфтанд, «аз ин гуна ранг гирифтани кор, ки далели волоияти қонун дар Тоҷикистон аст, шод ҳастем».

Источник: http://tojnews.org/node/4443

Гуфтугӯи президенти УЕФА бо хабарнигорони тоҷик

[b]Гуфтугӯи Мишел Платинӣ, раиси UEFA (Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо) бо хабарнигорон дар Душанбе анҷом шуд.[/b]

Имрӯз, 11-уми октябр, дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” нишасти матбуотӣ бо ширкати Мишел Платинӣ, раиси UEFA (Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо) баргузор гардид. Дар ин нишаст Мишел Платинӣ бо ҳамроҳонаш, раҳбарони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва хабарнигрони дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар оғози нишаст гуфт, “хеле хушнудам, ки Шумо, ҷаноби Платинӣ, ба кишвари мо ташриф овардед ва умедворам, ки ин сафари Шумо ба Тоҷикистон охирин нахоҳад буд.”

Мишел Платинӣ дар оғоз аз номи худ ва ҳамроҳонаш ба мизбонон барои пазироии хуш изҳори сипос карда, гуфт, “барои аввалин бор ба Тоҷикистон омадам ва ин бароям ифтихори бузург аст. Мақсади сафари мо посух ба даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Инчунин мехоҳем бифаҳмем, ки УЕФА чӣ гуна метавонад ба рушди футболи тоҷик кӯмак кунад. Албатта, мо наметавонем, ки ҳама чизро иҷро кунем, вале мекӯшем, ки дар ҳалли баъзе масъалаҳо ба футболи тоҷик кӯмак намоем. Ин сафари мо сафари дӯстист ва кӯмак кардан ба футболи тоҷик мебошад.

Ҷаноби Платинӣ баъдан аз бардоштҳои худ аз Тоҷикистон сӯҳбат карда, ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Дар охири нишаст хабарнигорон барои хотира бо Мишел Платинӣ аксбардорӣ карданд. Пас аз анҷоми нишасти хабарӣ Мишел Платинӣ ба ҳар як футболбози навраси тоҷик, ки барои истиқболи ӯ омада буданд, тӯби футбол бо соядасташро туҳфа кард.

Ёдовар мешавем, Мишел Платиниро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, дирӯз, 10-уми октябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Дар ин мулоқот вазъи кунунию дурнамои футболи тоҷик ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ бо УЕФА ва созмонҳои вобаста ба футболи кишварҳои Аврупо баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз маҳбубияти баланд ва рушди батадриҷи футбол дар Тоҷикистон ҳикоят карда, иҳори боварӣ намуд, ки дар ояндаи наздик ин намуди варзиш дар кишвари мо оммавияти боз ҳам бештар пайдо мекунад ва футболбозони тоҷик ба қуллаҳои баланди мусобиқоти бонуфузи он дастёб мешаванд.

Гуфтугӯи судманд доир ба бунёди иншооти муосири варзишӣ, тарғиби оммавияти тарзи ҳаёти солим, омодасозии футболбозони наврас, такмили ҳунари онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, ташкил намудани бозию мусобиқаҳои шавқовари минтақавӣ ва дигар роҳҳои рушди футбол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа сурат гирифт.

Дар ҷараёни ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Мишел Платинӣ ҳавасмандии амиқи худро ба густариши ҳамкорӣ доир ба рушди футбол таъкид намуданд.

Собиқ футболбози машҳури мунтахаби Фаронса Мишел Платинӣ ба ҳайси раҳбари футболи Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст. Меҳмонон, ки бо ҳавопаймои худ аз Бишкек ба Душанбе омаданд, имрӯз пеш аз зӯҳр озими Тошканд шуданд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24735847.html